Шахсони наздик ба хонаводаи Лутфуллои Назримад, яке аз гумонбарони ҳамла ба "Крокус"-и Маскав гуфтанд, ки ӯ тобистони соли гузашта Донишгоҳи шаҳри Бохтарро хатм карда, дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафтааст. Мақомоти Русия ӯро рӯзи 28-уми март ба ҳабс гирифтанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳеч вокуниш накардааст.