Мақомоти Русия як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дар пайванд ба ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав ба ҳабс гирифтанд.
Шахсони наздик ба хонаводаи Лутфуллои Назримад, яке аз гумонбарони ҳамла ба "Крокус"-и Маскав гуфтанд, ки ӯ тобистони соли гузашта Донишгоҳи шаҳри Бохтарро хатм карда, дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафтааст. Мақомоти Русия ӯро рӯзи 28-уми март ба ҳабс гирифтанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳеч вокуниш накардааст.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл", воқеъ дар Красногорски Русия, рӯзи 22-юми март сабаби марги 144 нафар шуд. Масъулияти онро гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба дӯш гирифт. Ин созмон дар аксар кишварҳои дунё террористӣ эътироф шудааст.
Расонаҳои ғарбӣ ҳанӯз ҳам дар бораи ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар Маскав мақолаву таҳлил менависанду мегӯянд, ки чаро чунин ҳодиса иттифоқ уфтод. Мо чанде аз ин нашрияву сомонаҳо, инчунин, расонаҳои мустақили Русияро варақ задем ва матолиби онро барои Шумо хулоса кардем.
Расонаҳои ғарбӣ ҳанӯз ҳам дар бораи ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус" дар Маскав мақолаву таҳлил менависанду мегӯянд, ки чаро чунин ҳодиса иттифоқ уфтод. Мо чанде аз ин нашрияву сомонаҳои хабариву таҳлилӣ ва расонаҳои мустақили Русияро варақ задем ва матолиби онро барои Шумо хулоса кардем.
Нерӯҳои ОМОН-и Русия рӯзи 3-юми апрел ба хобгоҳи муҳоҷирони тоҷик ҳамла карда, дару тирезаи онҷоро шикаставу беш аз 60 нафарро барои тафтиши сандаҳо бо худ бурдаанд.
Садҳо муҳоҷир аз 70 минтақаи Русия ронда шуда, нисбат ба қариб чоруним ҳазор нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ ва маъмурӣ боз гаштааст. Дар ин бора расонаи русии "Агентство" хабар дод. Як қисми ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон бозпас фиристода шудаанд ва ҳаққи сафар ба Русияро нахоҳанд дошт.
Маъмурони ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия се зодаи Осиёи Марказиро ба гумони кумак ба ҳамлаварони "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав дастгир кардаанд.
"Бародарон, эҳтиёт кунед, бо либоси ғайринизомӣ амалиёт мегузаронанд. Патент дорӣ ё надорӣ, ихроҷ мекунанд." Ин паёми муҳоҷири тоҷик аз як шуъбаи пулиси Русия аст. Ба далели амниятӣ ному насаби ӯ ва ҷойи нигаҳдорияш зикр намешавад.
Ҳукумати Маскав аз мусалмонон хостааст, ки намози Иди Рамазон (Иди Фитр)-ро "дар хона гузоранд".
Диловар Исломов, узви сеюми хонаводаи Исломовҳо, ки ба фуруши мошин ба ҳамлаварони маҷмааи “Крокус Сити Ҳолл” айбдор дониста мешавад, аз қарори ҳабсаш шикоят карда, хостори бозбинии парвандааш шудааст.
Модари Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарони ҳамлаи маргбор дар Маскав, бовар надорад, ки писараш дар ҳодисаи террористӣ даст дошта бошад.
Ёфтҳои бештар