Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯянд, танҳо дар соли 2023 ҳудуди 10 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо нияти адои ҳаҷҷи умра ба Арабистон рафтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то давраи бемории ҳамагирии Ковид аз 2 то 3 ҳазор нафар мерафтанд.