Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу рӯзи 4-уми феврал нахустин меҳмони Доналд Трамп пас аз маросими савганди ӯ ҳамчун президенти ИМА хоҳад буд. Он ҳам дар нуқтаи атфи оташбаси Ғазза ва ҳамзамон бо пешниҳоди баҳсбарангези Трамп ба кӯчондани фаластиниҳо аз Борикаи Ғазза.
Дар ин дидор даври дувуми оташбас миёни Исроил ва "Ҳамос", ки ҳам аз тарафи Исроил ва ҳам Иёлоти Муттаҳида созмони террористӣ унвон гирифтааст, баррасӣ мешавад.
"Ин як мулоқоти бисёр муҳим аст, ки ба андозаи зиёд равиши тамоми ҷанг ва созиши поёни роҳро муайян мекунад," -- гуфт Овӣ Меломед, афсари пешини иктишофии Исроил ба Радиои Озодӣ.
Тахминҳо сари ин гуфтушунид ба ҳар навъе мечарханд ва баъзе коршносон фикр мекунанд, Трамп талош хоҳад кард, оташбасро тақвият диҳад ва Нетаняҳуро аз идомаи ҷанг боздорад. "Ин аслан талоши ҳарчӣ зудтар поён додан ба вазъи феълист," -- мегӯяд Меломед.
Аммо сафари Нетаняҳу дар рӯзҳое рух медиҳад, ки Трамп аз фаластинҳо даъват кард, Ғаззаро ба қасди Урдун ва Миср тарк кунанд. Нақша "пок кардан"-и Навор аст ва тавре ӯ гуфт, то "онҳо тавонанд бо ин тағйир мумкин дар сулҳ ба сар баранд".
Ин пешниҳод аз тарафи аъзои сарсахти ҳукумати Нетаняҳу истиқбол шуд, вале бо хашми кишварҳои араб рӯбарӯ гашт. Ин мавзеъгириҳо ҳамхони афкори ҷомеаи ин кишварҳо низ ҳаст. "Дар Ховари Миёна, ин нокоро, нохоҳам ва ғайриқонунист," – гуфт ба Радиои Озодӣ Крис Дойл, мудири Шӯрои Ҳамдигарфаҳмии Арабу Бритониё.
"Ин на танҳо дар давраи президент [Абдулфаттоҳ] Сисӣ, балки дар давраи [президенти собиқ Ҳуснӣ] Муборак як нуқтаи охир ё марзи маҳкам аст, ки онҳо бипазиранд, то Ғазза ба Миср кӯчонда шавад," -- илова кард ӯ.
Чанд миллион фаластинӣ аллакай дар Урдун ва даҳҳо ҳазор нафари онҳо дар Миср зиндагӣ мекунанд. Зоҳиран Доналд Трамп ба он такия мекунад, ки ёриҳои хеле бузурги ҳарбӣ ва пулии ИМА ин ду кишварро водор ба итоат мекунад. "Мо барои онҳо кори зиёде мекунем ва онҳо ҳамин хел хоҳанд кард," -- гуфт ӯ рӯзи 30-юми январ.
Меломед мегӯяд, баъзе садоҳо дар шабакаҳои иҷтимоии арабӣ мавзеъгири расмиро зери суол мебарад: "Одамон мегӯянд, фаластиниҳо дар Ғазза чизе надоранд, ки ба хотири он баргарданд. Он ҷо на хона доранд, на хадамоте” ва хулоса мекунад: “Ман мехоҳам бачаҳоям оянда дошта бошанд ва ман мехоҳам хона дошта бошам, на хайма."
Меломед иқрор мекунад, ки чунин ақидаҳо ба андозаи як тамоюл фарогир нестанд.
Ба ақидаи Дойл, пешниҳоди Трамп "як роҳёбӣ ба гуфтушунид аст, бо донистани ин ки онҳо 1,5 миллион гурезаро қабул нахоҳанд кард.” Дар иваз, меафзояд Дойл, “вай мумкин онҳоро ба қабули шумори камтар, 100 ҳазорнафарӣ ҳар кадом водор кунад ва дар масъалаҳои дигар гапдаротар намояд.”
Дигар доноёни умури Исроил низ сари пешниҳоди Трамп шубҳа доранд.
Шореҳи собиқадори сомонаи хабарии “Ҳааретс” ва артишии бознишаста Звӣ Барел гуфт, пешниҳоди Трамп дар мавриди Ғазза оташбаси феълии Ғаззаро зери хатар мегузорад. Вай гуфт, он мумкин сабаб шавад, ки «Ҳамос» дигар гаравгонҳоро озод накунад.
“Раҳоии ҳамаи гаравгонҳо талаб мекунад, ки Исроил на танҳо ҷангро поён диҳад, балки аз идома додани он худдорӣ намояд ва гуфтушуниди бозсозии Ғаззаро ба роҳ монад. Агар пешниҳоди Трамп рӯйи миз аст, «Ҳамос» талаби бекор кардани онро ҳамчун як шарти калидӣ пеш хоҳад гузошт ва идомаи созишҳоро зери хатар хоҳад бурд”, -- навиштааст ӯ.
Як унсури дигари эҳтимолии гуфтушуниди Трамп ва Нетаняҳу дурнамои беҳбуди равобити Исроил бо Арабистони Саудӣ аст. Фиристодаи Трамп дар Ховари Миёна Стиф Виткофф ҳафтаи гузашта ба Исроил ва Риёз сафар дошт.
Ин беҳбуд қадами муҳими дигаре пас аз Созиши Иброҳимии даври аввали президентии Трамп аст, ки муносибатҳои дипломатии Исроилро бо Имороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн барқарор кард.
Лек қатл ва тахрибҳое, ки Исроил пас аз ҳамлаи 7-уми октябри 2023 аз тарафи «Ҳамос» дар Ғазза бапо кард, ба ақидаи бисёриҳо созишро бо Арабистони Саудӣ дар ҳоли ҳозир аз лиҳози сиёсӣ душвор кардаанд. Илова бар ин, Риёз робита бо Исроилро ба ташкили давлати Фаластин дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ рабт медиҳад.
Охири ҳафтаи гузашта Арабистони Саудӣ ҳамроҳи Миср, Урдун, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб, Худгардонии Фаластин ва Лигаи Араб эъломияи муштаракеро имзо кард, ки андешаи кӯчондани аҳолии Ғаззаро маҳкум мекунад.
Дар ин баёния гуфта мешавад, ки "мо радди [ҳама гуна кӯшиши] поймол кардани ҳуқуқҳои ҷудоинопазири фаластиниёнро, хоҳ бо шаҳраксозӣ бошад, хоҳ кӯчонидани онҳо ё ишғоли заминҳояшон ё холӣ кардани ин заминҳо аз соҳибонашонро таъкид мекунем."