Пайвандҳои дастрасӣ

"Моро эътироф кунед”. Баҳси сабти Ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон. ВИДЕО


Рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) барои сабти номи ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон ба Кумитаи дин муроҷиат кардааст. Раиси Кумитаи дин мегӯяд, ба ин рӯзноманигор талаботи қонунгузорӣ барои сабти иттиҳодияҳои диниро фаҳмонданд.

Талбаков гуфт, ҳама санадҳоро барои сабти номи ҷамъияти зардуштиён омода кардааст, танҳо аз шаҳрдории Душанбе наметавонад маълумотнома дарёфт кунад.

Абдуқодир Талбаков моҳи феврали имсол ва пас аз марги Одина Шоҳӣ, яке аз пайравони ойини зардуштӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, гуфт, ки ҷомеаи зардуштиёнро таъсис хоҳад дод.

Абдуқодир Талбаков мегӯяд, то ҳанӯз ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон расман сабт нашудааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

10 муассис, эътирофи ҳукумати маҳаллӣ ва...

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими анъана 1-уми август дар ҳузури хабарнигорон гуфт, Абдуқодир Талбаков на бо шакли хаттӣ, балки шифоҳӣ ба ин ниҳод муроҷиат кардааст. “Ба он тараф шарту шароитро гуфтанд, ки кадом ҳуҷҷатҳоро бояд оранд. Аммо дигар муроҷиат накарданд,”-афзуд, Давлатзода.

Ҳуқуқшиноси Кумитаи дин дар ин нишаст гуфт, бар асоси Қонун дар бораи озодии виҷдон танҳо он иттиҳодияи диние расман сабт мешаванд, ки ҳадди ақал 10 муассис дошта бошад. Оиннома, рўйхати ҳайати муассисон ва маълумотнома аз мақомоти маҳаллӣ дар бораи мавҷуд будани пайравони ташкилоти динӣ дар давоми на камтар аз 5 соли охир, аз талаботҳои дигари қонун барои қайди расмии иттиҳодияи динӣ дар Тоҷикистон мебошад.

“Агар шаҳрдорӣ будани моро эътироф накунад...”

Абдуқодир Талбаков 1-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳама санадҳоро барои сабти номи ҷамъияти зардуштиён омода кардааст, танҳо аз ҳукумати Душанбе наметавонад маълумотнома бигирад. Дар ин маълумотнома бояд шаҳрдории Душанбе будани пайравони дини зардуштиро тасдиқ кунад.

Маълум нест, ки чаро шаҳрдории Душанбе аз додани чунин маълумотнома худдорӣ кардааст. Ҳарчанд худи Абдуқодир Талбаков иддао дорад, ки танҳо дар пойтахт беш аз 200 пайрави дини зардуштӣ бо ӯ робита доранд.

“Ман ба Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе ва сарпарасти соҳа мактуб навишта, 8-10 пайрави дини зардуштиро бо акс ва суроғаи ҷойи зист пешниҳод кардам. Қонун се нафар талаб мекунад, вале мо даҳ нафар пешниҳод кардем. Дархост кардем, ки “Шумо мавҷудияти моро эътироф кунед”. Он кас чанд ҳуқуқшиносро даъват кардааст, вале мутаассифона гувоҳномаро то ба ҳол ба ман надодаанд. Агар ҳукумати шаҳр дар симои муовини раиси шаҳр мавҷудияти моро эътироф накунанд, Кумитаи дин ҷамъияти моро ба қайд намегирад. ”-афзуд Абдуқодир Талбаков.

"Ман пардаҳоро даррондам ва яхҳоро об кардам"

Эълони Абдуқодир Талбаков дар бораи гаравидан ба дини зардуштӣ ва ташкили ҷамъияти пайравони ин дини қадимӣ вокунишҳои зиёдро дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба миён овард.

Ин рӯзноманигор, ки номашро ба Ориёмеҳр Зардушт иваз кардааст мегӯяд, пас аз эълонаш дар бораи пайравӣ аз ойини зардуштӣ ва ташкили ҷомеаи ҳамандешонаш таҳдиду фишор ва бадгӯйӣ дар ҳаққаш афзуд. Гоҳе маҷозӣ ва гоҳе ҳузурӣ.

Мухолифонаш ӯро барои нохун задан ба эҳсоси динии мусалмонҳо ва таҳқири руҳониёни суннатӣ танқид мекунанд.

Абдуқодир Талбаков мегӯяд, озорҳои лафзӣ ва таҳдидҳо нисбати ӯ кам шудаанд, аммо то ҳол ҷой доранд. Вай гуфт: "Ростӣ хаста шудам аз ин ҷангу ҷанҷолҳо. Фаразан чор нафар дар кӯча рӯ ба рӯи ман меояд, якеаш мегӯяд ин ҳаромӣ зардуштӣ аст. Якташ мегӯяд, ки устоди муаззам мо ихлосманди шумо, дигараш мегӯяд, ин кори худаш ҳаст, дар пеши Худованд худаш ҷавоб медиҳад. Вале аз баҳс кардан бо инҳо хаста шудам. Аммо бори дигар мегӯям, ки дар ин роҳ собитқадам ҳастам, дониста ҳамин корро кардам ва ҳеч гоҳ барнамегардам. Ман ин пардаро даррондам, яхҳоро об кардам, ҳамаш хуб мешавад.”

Абдуқодир Талбаков аввалин нафаре нест, ки мехоҳад ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистонро таъсис диҳад. Пештар Рӯдакии Самадӣ Анҷумани пажӯҳишӣ ва фарҳангии "Маздоясно"-ро дар Тоҷикистон таъсис дод, вале дар моҳи июли соли 2001 аз тарафи шахсони ношинос кушта шуд.

Дар Тоҷикистон 66 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ фаъол аст. Тақрибан чаҳор ҳазор масҷиди панҷвақта, ҷомеъ ва ҷомеаи марказӣ низ фаъол аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG