Мақомоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон имомҳо ва имом-хатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъро ба тамошои Осорхонаи миллӣ ҷалб кардааст.
Дар Тоҷикистон аз сокинон талаб шудааст, ки садақаи фитрро ба раисони маҳалла ё имомони масҷидҳо супоранд. Мақомот гуфтанд, ки кумисюни махсус дар маҳалҳо садақаи фитрро ба дасти афроди камбизоат хоҳад расонд.
Таъмири мактаб, роҳ ваё сохтмони купрӯку майдончаҳои варзишӣ. Дар Тоҷикистон баъзе аз талабгорони зиёрати Ҳаҷ бо тавсияву ташвиқи мақомот аз сафар даст кашида, маблағи онро барои иҷрои чунин корҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд.
Баъди озод кардани шаҳри Мавсил аз дасти гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” сокинони шаҳр баъзе анъанаҳои қадимии Рамазонро эҳё мекунанд, ки ҷангҷӯён онро куфру гуноҳ эълон карда буданд.
Шаҳбоз Маҷидов, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе, як ҷавони замонавӣ аст, аммо фароизи исломро ҳам риоя мекунад.
Мақомоти тоҷик барои танзими одобу либоси намозгузорон дар масҷид дастурамали махсусе омода кардаанд. Пӯшидани либоси мувофиқ барои намоз яке аз бахшҳои аслии, дастурамали "Одобномаи намозгузорӣ дар масҷид" аст.
Исми Шамшод Муҳиддинов имомхатиби масҷиди ҷомеаи деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор пас аз нашри як видео кутоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вирди забонҳо шуд.
Бино ба Консепсияи нави сиёсати давлатии Тоҷикистон дар умури дин айни замон дар кишвар 3900 масҷид, 1 ҷамоатхонаи пайравони мазҳаби исмоилия ва 68 ибодатгоҳи пайравони динҳои ғайриисломӣ сабтином шудааст.
Идораи кор бо занон ва оила дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, барои маълум кардани занону духтарони ҳиҷобпӯш “рейд” гузарондааст.
Дар шаҳри Тошканд ҳангоми фурӯши нахустин китоби Қуръон, ки дар Узбекистон нашр шудааст, навбатпоии тӯлонӣ ба вуҷуд омад. Гузоришгари бахши узбекии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар таърихи истиқлоли ин кишвар нахустин бор аст, ки мардум барои харидани китоб чунин навбат мепоянд.
Муҳаммад бин Салмон – валиаҳди Арабистони Саудӣ – эълон кард, ки занон ба пӯшидани чодар ё ҳиҷобу рӯсарии сиёҳ муваззаф нестанд. Ба шарти онки, ба қавли ӯ, “либоси муносиб ва муҳтарамона ба бар кунанд”.
Шӯрои уламо, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аз сокинон хост, ки аз Ҳаҷҷи такрорӣ ва, бахусус, аз фурӯхтани хонаҳояшон ба хотири зиёрати Хонаи Худо худдорӣ кунанд.
Ёфтҳои бештар