Соли гузашта як навраси сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бар асари газидани саги гирифтори бемории ҳорӣ ҷон бохтааст. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, беш аз 900 нафари дигар, ки сагҳои бесоҳиб онҳоро газида буданд, табобати хоси зидди бемории ҳорӣ гирифтаанд.
Фатоҳ Саидов, раиси Маркази бехатарии озуқаворӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфт, дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин, дар марз бо Афғонистон, ду саги ҳориро аз байн бурдаанд. Ӯ гуфт, ин сагҳо шояд бемориро аз он сӯи марз, аз Афғонистон ба Тоҷикистон овардаанд.
Ӯ дар бораи ҳалокати наврасе, ки аз газидани саги ҳорӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ осеб дида буд, ҷузъиёт дод: “Ҳаминхел шудааст, ки падари ҳамон кӯдак ду эмдоруро гузаронда, дафъаи сеюм худи кӯдакро равон кардааст. Падар мепурсад, ки доруро гузарондӣ, писараш мегӯяд, ки гузарондам. Баъди нагузарондани доруи сеюм касал дар вуҷудаш паҳн шуда, ба марг расонд.”
Видеоро инҷо бинед:
Айни ҳол дар шаҳру навоҳии минтақа безараргардонии сагҳои дайду идома дорад. Масъулон эътироф мекунанд, ки ҷой ва имконияти нигоҳубини онҳо вуҷуд надорад ва бештар сагҳои бесоҳибро қатл мекунанд. Дар гузашта ин амал боиси интиқоди ҷонвардӯстдорон шуда буд. Онҳо гуфта буданд, ки мақомот ба ҷойи нигаҳбонии сагҳо дар макони махсус онҳоро бераҳмона нобуд мекунанд.
Сайдакобир Бодомзода, муовини раиси ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, “мо макони нигаҳдории сагҳоро надорем, аммо ҳамон сагҳои дайдуе, ки бесоҳибанд, соҳиб надоранд, ҳамонҳоро нест мекунем. Партовгоҳ аз ноҳия дуртар аст, ҷои махсус кардагӣ ҳастанд, бурда безарар мегардонанд.”
Сагҳои бесоҳиб бештар дар бозорҳо ва маконҳои серодам ҷамъ меоянд.
Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ гуфт, онҳо барои пайдо кардани ғизо ба назди бозорҳо меоянд.
Дар соли 2024 дар шаҳри Кӯлоб шумораи зиёди сагҳои дайду безарар гардонида шуданд.
Рустам Нуралиев, раиси Маркази бехатарии озуқавории шаҳри Кӯлоб гуфт, соли гузашта “450 саги дайдуи бесоҳиб безарар гардонида шуд.”
Ин мақомдор мегӯяд, сокинони деҳоти атроф сагҳои нодаркори худро ба шаҳр оварда раҳо мекунанд, аз ин рӯ, дар маркази шаҳру навоҳӣ сагҳои бесоҳиб бештар шудааст.
Гуфтугӯ