Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз 4 то 10 ҳазор доллар." Пайванди гурдаву ҷигар дар Тоҷикистон афзудааст


Ризқуддин Қосимов, сокини шаҳри Тирмизи Узбекистонро таҷрибаи пизишкон ва арзонтар будани ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар ба Тоҷикистон овардааст. Ӯ мегӯяд, “табибони Самарқанд, Тошканд ва Сурхондарё гуфтанд, ки ба назди Мирғозиев меравед, ӯ хуб ҷарроҳӣ мекунад ва бисёр ҳам арзон”.

Маҳмадшариф Мирғозиев, мудири шуъбаи пайвандсозии ҷигар дар Маркази илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони Тоҷикистон аст. Вай бо пизишкони дигари тоҷик соли 2024 дар Узбекистон 12 ҷарроҳии пайвандсозии узвҳои инсонро анҷом додааст.

Мирғозиев мегӯяд, эътимод ба таҷрибаи табибони тоҷик афзудааст ва дар ду моҳи соли 2025 чор амалиёти пайвандсозиро дар кишварҳои ҳамсоя анҷом додаанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода
Ҷамолиддин Абдуллозода

Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ моҳи феврал афзоиши хориҷиёнеро, ки ба Тоҷикистон барои пайвандсозӣ ё табдили ҷигару гурдаҳояшон меоянд, “дастоварди тибби тоҷик” номид. Ӯ гуфт: “Соли гузашта дар марказҳои пайвандсозии Тоҷикистон дар 298 нафар ҷарроҳии пайвандсозӣ анҷом шудааст, ки 30 дарсади онҳо хориҷиён буданд.”

Ба иттилои вазир, соли 2024 баъзе шаҳрвандон аз Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Қатар, Исроил ва Канадову кишварҳои дигар барои анҷоми ин гуна амалиёт омадаанд.

Муқоисаи нарх бо Ҳиндустон

Як далели таваҷҷуҳи хориҷиён барои анҷоми ин гуна амалиёти нодир, агар таҷрибаи 15-солаи пизишкони тоҷик дониста шавад, далели дигар нисбат ба ҳама кишварҳои дигар арзонтар будани пайвандсозӣ гуфта мешавад.

“Пайванди гурда 48 ҳазор сомонӣ (4 400 доллари амрикоӣ) аст. Пайванди ҷигар 118-120 ҳазор сомонӣ ($10 900) мешавад. Наздикони яке аз беморони мо гуфтанд, ки дар Ҳиндустон пайванди ҷигар аз 28-30 ҳазор доллар оғоз мешавад, ки 45-50 ҳазор мешавад,” -- мегӯяд Маҳмадшариф Мирғозиев.

Ба гуфтаи масъулони Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои Тоҷикистон арзиши ҷарроҳӣ барои хориҷиён 10 ҳазор сомонӣ бештар аз шаҳрвандони Тоҷикистон мешавад.

Ин шабурӯзҳо Ризқуддин Қосимов, падари чор фарзанд, таҳти муроқибати пизишкони тоҷик барои ҷароҳии пайвандсозии ҷигар омода мешавад. Донори Ризқуддин, Икром Содиқов, омодааст, порае ҷигари худро барои наҷоти бародарзанаш бидиҳад. “Ман язнааш мешавам ва розӣ шудам, ки ниме аз ҷигари маро ба ҷигари Ризқуддин пайванд кунанд”,- мегӯяд Икром Содиқов.

Икром барои он ниме аз ҷигарашро ба Ризқуддин медиҳад, ки ҳоло дар Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ барои пайвандсозӣ танҳо наздикони бемор донори зинда шуда метавонанду бас. Далели инро ба ҷуз ҷанбаи биологиву тиббӣ, ҳамчунин роҳ надодан ба хариду фурӯши узвҳои инсон марбут медонанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дар Тоҷикистон пайвандсозии узви бадан зиёд шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

"Хариду фурӯш набошад"

Саидмаҳмуд Исмоилзода, мудири маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои Тоҷикистон мегӯяд, барои дарозумрии узве, ки мо пайванд мекунем, агар донор хешутабор бошад, яъне аз ҷиҳати генетикӣ ба якдигар наздик бошанд, ин натиҷаи хуб медиҳад.

“Аввалин маротиба пайванди муваффақе, ки дар дунё анҷом шудааст, ин аз дугоникҳо буданд. Дугоникҳои аз як ҳуҷайра бордоршуда, ки инҳо метавонанд қариб, ки доруҳои имуноспресӣ нахӯранд. Боз аз ҷиҳати дигар гирем, мо бояд тамоми кӯшишро кунем, ки узвфурӯшӣ набошад”, -- мегӯяд Исмоилзода.

Саидмаҳмуд Исмоилзода
Саидмаҳмуд Исмоилзода

Мудири Маркази пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон афзуд, онҳо мутахассисони озмоишдидае доранд, ки метавонанд пайванди узвҳое чун дил, шуш ва ғадуди зери меъдаро низ анҷом диҳанд. Аммо чун дар Тоҷикистон таҷрибаи гирифтани узвҳои инсон пас аз лаҳзаи маргимағзӣ барои пайвандсозӣ роҳандозӣ нашудааст, мушкили пайдо кардани узвро ба бор овардааст.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ иҷоза дода шуда аст, ки узвҳои инсон пас аз лаҳзаи маргимағзӣ барои пайвандсозӣ истифода шаванд, аммо ба далели ҳассосиятҳои иҷтимоӣ ва эътиқоду боварҳои мардумӣ ҳанӯз онро ба кор намебаранд.

Дар Тоҷикистон ҳоло ду Маркази пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, яке дар Душанбе ва дигаре дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон амал мекунад. Пизишкони Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар 15 соли кор наздик ба 1,5 ҳазор пайвандсозии гурда ва ҷигарро анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG