"Нозирони зиндон бе огоҳӣ, ҳар вақте хостанд, ба утоқ даромада, хӯрокҳоро ба замин мепартоянд, либосу рахти хобро ба ҳар сӯ меандозанд ва фишори равонӣ меоранд. Агар эътироз кунед, дар ҳуҷраҳои якнафарӣ нигоҳ медоранд."
Ду шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар маҳбаси рақами 2-и шаҳри Тюмени Русия бо баёни ин ҷумлаҳо шикоят карданд, ки барои рафтан ба ҷанги зидди Украина зери фишор мондаанд. Номи онҳо дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, вале ба далели амниятӣ нашр намешавад.
"Агар пештар фақат ташвиқ мекарданд, ҳоло фишор меоранд, то маҷбур шавию бо пой ва ихтиёри худат ба ҷанг равӣ," -- гуфт яке аз онҳо рӯзи 9-уми март дар тамоси телефонӣ. Тасдиқи мустақилонаи маълумот имконпазир нест.
Ин шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон иддао кард, ки дар се моҳи охир аз маҳбаси шаҳри Тюмен "даҳ тоҷик ба ҷанг дар Украина бурда шуда", гуё дар бораи марги чаҳор ва асир афтодани як нафар гузориш расидааст. Зиндониён ному насаби онҳоро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, вале то замони пурра тасдиқ шуданаш нашр намешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ, ду шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон мехоҳанд, ки барои идомаи адои ҷазо ба маҳбасҳои кишвар фиристода шаванд.
"Дар зиндони шаҳри Тюмен қариб 60 тоҷик ҳаст, ки асосан бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир, қаллобӣ ва дуздӣ маҳкум шудаанд," – гуфт яке аз шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистон. Солҳои охир дар бораи табодули зиндониён миёни Русия ва Тоҷикистон хабару оморе нашр нашудааст, ба ҷуз боздошт ва ба Тоҷикистон супурдани чанд мунтақиди ҳукумат.
Дар посух ба суоли он ки чаро ба мақомоти Русия ва ё намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар муроҷиат накардаанд, ӯ гуфт, "чанд маҳбус ҳафтаи гузашта аз рафтори номатлуби зиндонбонҳо ба Додситонии шаҳри Тюмен шикоят карданд. Ҳеч чора дида нашуд. Баръкас, кормандони маҳбас онҳоро гирифтанду ба утоқҳои алоҳида бурданд."
Бори аввал нест, ки зиндониёни тоҷик аз эҳтимоли ба майдони ҷанг бурда шуданашон нигарон ҳастанд. Соли 2023 шикояти ба ин монанд аз зиндони шаҳри Қазони Тотористон расида буд.
Мақомот дар Тоҷикистон чаҳор сол пеш гуфта буданд, ки дар боздоштгоҳу зиндонҳои Русия зиёда аз 10 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ қарор доранд. Омори нав дастрас нест.
Ҳамчунин дақиқ нест, ки чӣ теъдод аз маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина бурдаанд. Танҳо дар моҳи августи соли 2023 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи ба ҷанг сафарбар шудани тақрибан сад муҳоҷири тоҷик хабар гирифтанд.
Ҷанги Русия дар Украина се сол боз идома дорад ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо ҳазор кас кушта ва садҳо ҳазор тан захмӣ шудаанд. Ҳоло маъмурияти Доналд Трамп дар Амрико мехоҳад, ба ин ҷанг поён диҳад ва биноан аз тарафҳо хостааст, ба музокира ҳамзамон гузаштҳо омода бошанд.