Дин ва ҷомеа. Гузориш, мусоҳиба, сӯҳбатҳои мизи гирд дар бораи муносибати давлат ва дин. Шарҳи фатво ва нукоти мазҳабӣ.
Дар Узбакистон барои бори аввал 11 пайрави равияи тасаввуфии Нақшбандияро ба додгоҳ кашондаанд. Дар Тоҷикистон низ асоси мактаби тасаввуфро пайравони ҳамин тариқати Нақшбандия ташкил медиҳанд.
Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нархи имсолаи Ҳаҷ (28 649,10 сомонӣ) бо дарназардошти қимати парвоз ба Арабистони Саудӣ ва нархи хидматрасониҳо дар Маккаву Мадина баровард шудааст ва зоирони тоҷик имсол дар наздикии масҷиди Ҳарам иқомат хоҳанд кард.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Орифҷон Эргашев, имом-хатиби пешини масҷиди “Тақво” ва узви фирории “Ихвонулмуслимин”, ки аввали моҳи ҷорӣ худро ба пулис таслим карда буд, аз боздошт раҳо нахоҳад шуд.
Як узви фирории “Ихвонулмуслимин” худро ба пулиси вилояти Суғд таслим кардааст ва ҳоло таҳқиқи парвандааш идома дорад. Аз ин нафар Орифҷон Эргашев – ноиби пешини сархатиби масҷиди марказии Хуҷанд ном бурда мешавад.
Субҳи 5 июл садҳо тан аз мусалмонони сокини шаҳри Прага дар маркази исломии маъруф ба “масҷиди туркӣ” намози иди Фитрро адо ва аз анҷоми моҳи Рамазон таҷлил карданд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ин амри раисиҷумҳур рӯзи 4 июл ба имзо расида ва яке аз талабҳояш ин аст, ки фитри рӯза танҳо ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда дода шавад.
Ёфтҳои бештар