Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро дар Балҷувон ва Темурмалик сифати интернет бад аст?


Сокинони ноҳияҳои Балҷувон ва Темурмалик солҳост аз сифати пасти интернет ва алоқаи мобилӣ шикоят мекунанд.

Мақомот эътироф мекунанд, ки таҷҳизоти кӯҳна яке аз сабабҳои асосии ин мушкил аст. Раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода мегӯяд, барои ҳалли масъала ба Хадамоти алоқа муроҷиат кардааст. Ӯ гуфт, таҷҳизоте, ки дар ноҳия вуҷуд дорад, барои интернети 2G ва 3G муносиб аст. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки соли ҷорӣ таҷҳизот нав мешавад.

Дар ҷамоати дурдасти Сари Хосор, ки дар қаламрави ноҳияи Балҷувон аст, алоқаи мобилӣ амалан вуҷуд надорад. Сокинон асосан аз хидматрасонии ширкати Tcell истифода мебаранд, аммо на танҳо интернет, балки ҳатто барои суҳбат низ пайвастшавӣ мушкил аст. Бахтиёр Сафарзода дар ин бора гуфт: “Суръати интернет як тараф, ҳатто сифати алоқаи мобилӣ ҳам паст аст. Дар ҷамоати дурдасти мо - Сари Хосор, - шумо худатон шоҳиди ҳол ҳастед. Алоқаи мобилӣ чандон хуб нест. Ҳозир бояд манорае созанд, ки тамоми ноҳияро фарогир бошад.”

Вазъият дар ноҳияи Темурмалик низ беҳтар нест. Раиси ноҳия Шералӣ Ҳасанзода сабаби аслии ин мушкилро ба кӯҳӣ будани минтақа рабт медиҳад.

Ҳасанзода ҳам паст будани сифати интернетро тасдиқ мекунад. Ӯ гуфт, барои ислоҳи вазъ «маблағҳои калон лозим аст. Барои васл кардани ҳамаи он дар кӯҳҳо маблағ лозим аст».

Кай дар деҳоти дурдасти Тоҷикистон интернету алоқаи мобилӣ беҳбуд меёбад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Сокинони Темурмалик бештар аз симкортҳои Megafon истифода мебаранд. Вале дар баъзе деҳаҳо, аз ҷумла Нурафшон, мардум комилан аз алоқа маҳруманд. Онҳо барои занг задан маҷбуранд ба теппаву қуллаҳои кӯҳ бароянд.

Сайфиддин, як сокини деҳаи Нурафшони ноҳияи Темурмалик мегӯяд: “Барои бештар суҳбат кардан ба ин тарафҳо мегузаранд, он ҷо саҳро ҳаст ва деҳаи Ҷайралӣ мегӯянд, дар ҳамон ҷо стансия ҳаст, аз ҳамон истифода бурда, аз ҳамон гап мезананд. Як хелаш аз ин тарафҳо баландкӯҳҳо баромада гап мезананд.”

Ду сол пеш, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ аз сифати пасти интернет ва алоқаи мобилӣ интиқод карда буд. Он замон мақомот ваъда дода буданд, ки мушкилро ҳал мекунанд. Аммо бо гузашти ду сол вазъ тағйир наёфтааст. Ҳоло на танҳо сокинони Балҷувон ва Темурмалик, балки ҳатто шумори бештари аҳолии Кӯлоб низ аз интернети суст ва алоқаи бад шикоят доранд. Ширкатҳои мобилӣ дар бораи беҳтаршавии хидматрасонӣ чизе намегӯянд.


Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG