Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмон ва Путин дар остонаи яксолагии ҳамла ба "Крокус"


Феврали соли 2024, шаҳри Қазон
Феврали соли 2024, шаҳри Қазон

Вохӯрии президентони Тоҷикистон ва Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Маскав рӯзи 17 март баргузор мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуоти Кремлин хабар дод. Бар асоси иттилоияи ахири ВКХ Тоҷикистон, сафари расмии Раҳмон ба Маскав 16-17-уми март барпо хоҳад шуд. Қаблан ин ниҳод санаи сафари расмии президенти Тоҷикистонро ба Русия 15-17 март хабар дода буд.

Кремлин навиштааст, ки дар ҷараёни ин сафар мавзӯъҳои вобаста ба «рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия, ҳамкориҳои стратегӣ бо такя ба масоили тиҷоратию сармоягузорӣ баррасӣ мешаванд». Инчунин мавзӯъҳои вобаста ба мушкилоти умдаи минтақавӣ ҳам дар ин дидор матраҳ мешаванд. Чанд санад ҳам имзо хоҳад шуд.

Ғайр аз ин, дар ҷараёни ин мулоқот ду раҳбар дар як маросиме тавассути конфронси видеоӣ дар маъракаи оғози сохтмони Маркази байналмилалии кӯдакони боистеъдод ва Театри давлатии драмавии ба номи В.Маяковский иштирок хоҳанд кард. Бинои театри Маяковский дар Душанбе соли 2016 дар доираи нақшаи куллии бозсозии шаҳр ё Генплан тахриб шуда мавриди интиқоди дӯстдорони фарҳангу ҳунар гардид.

Русия, ки дар пасманзари ҷангаш дар хоки Украина дар талоши тақвияти нуфузи забониву фарҳангиаш дар қаламрави кишварҳои собиқ шӯравӣ низ мебошад, гуфтааст, мусоидат дар сохтмони бинои нави театр «иқдоми муҳиме дар дастгирии театрҳои русӣ дар хориҷа хоҳад буд».


Як сол баъди «Крокус»

Сафари президент Раҳмон ба Маскав дар остонаи яксолагии ҳамлаи террористӣ ба толори консертии «Крокус сити ҳолл» барпо мешавад, ки бо гумони содир кардани он беш аз бист нафар, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд. Сохторҳои интизомии Русия ҳангоми боздошту бозпурсии шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври ошкору бераҳмона гумонбарони тоҷикистониро шиканҷа карданд ва маълум нест аҳволи ин гумонбарон дар боздошт чӣ гуна аст.

Ин ҳодиса боиси якбора боло рафтани эҳсоси бегонаситезӣ ва муҳоҷирбадбинӣ дар Русия шуд. Мақомоти Русия даст ба ихроҷи даҳҳо ҳазор муҳоҷирон, асосан тоҷикистониҳо зада, қонунҳои муҳоҷирати корӣ ба ин кишварро бисёр сангин карданд. Ин таҳаввулот ҳам дар сатҳи мардуми оддӣ ва ҳам мақомоти тоҷик эҳсоси нороҳативу дилмондагии бештаре аз Маскав эҷод кард, ҳарчанд мақомот мегӯянд, «равобити байнидавлатии ду кишвар бар принсипҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ асос ёфтааст».

Маълум нест оё дар мулоқоти ду президент парвандаи «Крокус» баррасӣ мешавад ё на, вале мақомоти Тоҷикистонро барои мавқеи заъиф дар амри ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандони азиятшудааш дар Русия интиқод мекунанд.

Бо ин вуҷуд Русия макони муҳими муҳоҷирати кории шаҳрвандони ҷӯёи кори Тоҷикистон боқӣ мемонад. Додугирифтҳои тиҷоратии миёни Тоҷикистону Русия дар соли гузашта 1,9 миллиард долларро ташкил додааст, ки 15% бештар назар ба соли аз ин пеш аст.

Мулоқоти Раҳмон ва Путин чор рӯз баъди имзои созишномаи марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон барпо мешавад, ки ВКХ Русия онро санади муҳим барои тақвияти субот ва амнияти минтақа номида гуфтааст, баъди ин «муносибатҳои муттафиқон ва шарикони стратегии Русия – Қирғизистон ва Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав мебароянд».

Русия кишварҳои Осиёи Марказиро аз минтақаи мавриди меҳвари манфиатҳои худ меномад ва дар Тоҷикистон азимтарин пойгоҳи ҳарбии 201-уми худро ҷой додааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG