Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 14-уми март фармонеро имзо кард, ки ихтисори шадиди буҷаи ҳафт ниҳод, аз ҷумла Оҷонси Расонаҳои Байнулмилалии Амрико (USAGM)-ро дар бар мегирад. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бахше аз ин Оҷонсӣ аст.
Дар миёни ниҳодҳои дигар ташкилоту идораҳое ҳастанд, ки бо шахсони бесарпаноҳу бехона, баҳсҳои корӣ ва рушди ҷомеа сарукор доранд. Аз ҷумла, Маркази байнулмилалии Woodrow Wilson барои донишмандон дар Пажӯҳишгоҳи Смитсониан, ки дар Вашигтон кори осорхонаҳо ва боғи ҷонваронро барои аҳолӣ ройгон фароҳам мекунад.
"Дар муддати 7 рӯз аз лаҳзаи нашри қарор раҳбари ҳар идораи давлатии ёдшуда бояд ба номи раиси Идораи мудирияти буҷа гузориш дода, риоя кардани ин қарорро тасдиқ кунад ва шарҳ диҳад, ки кадом ҷузъиёт ё фаъолиятҳои ин идораи давлатӣ аз рӯйи қонун зарур ҳастанд,” – гуфта шудааст дар фармон.
Соате пас аз нашри фармони Доналд Трамп, расонаҳо номаеро аз Оҷонси Расонаҳои Байнулмилалии Амрико (USAGM) дастрас карданд. Дар он эълон шудааст, ки ёрии молии тасдиқшуда аз тарафи Конгресс қатъ гардид.
Номаро Кэри Лейк (Kari Lake) имзо карда ва худро мушовири аршади мудири муваққати USAGM номидааст. Кэри Лейк аз тарафи президент Доналд Трамп ба раёсати “Садои Амрико” муаррифӣ шуда буд.
Стивен Капус, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ эълом кард, ки қатъи буҷаи ин расона “ҳадяи бузурге ба душманони Амрикост”.
Вай рӯзи 15-уми март дар баёнияе гуфт, “оятуллоҳои Эрон, раҳбарони коммунисти Чин ва ҳокимони худкома дар Маскаву Минск пас аз 75 сол марги Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ҷашн хоҳанд гирифт. Тақдими ин пирӯзӣ ба душманон онҳоро қавитар ва Амрикоро заифтар мекунад.”
Капус афзуд, “дар тӯли таърихи дурахшони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз пуштибонии қавии ду ҳизб баҳраманд будем. Бидуни мо, ҳудуди панҷоҳ миллион нафар дар ҷомеаҳои баста, ки ҳар ҳафта барои гирифтани ахбори дақиқ ба мо такя мекунанд, ба ҳақиқат дар бораи Амрико ва ҷаҳон дастрасӣ нахоҳанд дошт.”
Аз сӯйи дигар, Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ) аз раҳбарони Конгресс хостааст, ки аз USAGM дар баробари дастури Доналд Трамп ҳимоят кунанд. Мудири ин созмон дар Ню-Йорк дар баёнияе рӯзи 15-уми март гуфт, “ин ки Кохи Сафед қасд дорад ин ниҳоди таъминшуда аз сӯи Конгрессро, ки аз рӯзноманигории мустақил дар баробари ривоятҳои ҳукуматҳои худкома ҳимоят мекунад, суст кунад, иқдоме такондиҳанда аст.”
Ӯ афзуд, “аз раҳбарони Конгресс мехоҳем, аз ин ниҳоди ҳаётӣ, ки ахбори бидуни сензураро барои кишварҳое бо расонаҳои маҳдуд нашр мекунад, дифоъ кунанд.”
Буҷаи USAGM барои соли молии 2025 ба маблағи 950 миллион доллар дархост шудааст ва ин пул барои кор ва пардохти маоши кормандон равона мешавад. Ин оҷонсӣ кори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Садои Амрико, Радиои Осиёи Озод, Радиои Мартӣ (барои Куба), шабакаҳои Ховари Миёна ва Бунёди фанновариҳои бозро назорат мекунад.
Бар асоси гузориши баъзе аз расонаҳо, рӯзи шанбе ба коргарони “Садои Амрико” иттилоъ дода шудааст, ки ба рухсатӣ бираванд. Вазъияти расонаҳои дигари таҳти чатри USAGM ҳанӯз мушаххас нест.
Доналд Трамп, ки дар давраи аввали раёсатҷумҳуриаш бо USAGM сари сиёсати таҳрири мустақилонаи ин ниҳод баҳс кардааст, дар давраи дуюми президентияш гуфтааст, ҷиддан аз пайи коҳиши харҷҳои давлатӣ мешавад. Ӯ баъди дубора сари кор омаданаш ин нигарониҳои худро такрор намуд.
Тарафдорони расонаҳо мегӯянд, онҳо василаи муҳими дипломатияи амрикоӣ ба ҳисоб мераванд.