Чанде аз занони афғон, ки дар зиндонҳои Толибон зулму ситам дидаанд, вазъи зиндонҳои таҳти назари онҳо ва рафтори посбону мақомоти интизомӣ бо занонро ба Радиои Озодӣ тасвир карданд.
Бозгашти Толибон ба қудрат ва бекор мондани афроди зиёде дар Афғонистон теъдоде аз сокинони Бадахшонро ба самти кори сахте бурдааст. Ба сӯйи заршӯӣ, ки фоидаи зиёде дорад, ба шарте иқболи инсон баланди кунаду аз дили сангу кӯҳ тилло ба даст орад.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл", воқеъ дар Красногорски Русия, рӯзи 22-юми март сабаби марги 144 нафар шуд. Масъулияти онро гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба дӯш гирифт. Ин созмон дар аксар кишварҳои дунё террористӣ эътироф шудааст.
Мушовирони амнияти миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи 3-юми апрел дар Остона, пойтахти Қазоқистон, мулоқот карданд. Ин нишасти нахустини ҳайатҳои баландпояи кишварҳои узв пас аз ҳодисаи хунини "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав аст.
Як сол пеш Муска Шоҷии 13-сола ҳамроҳи оилааш аз Афғонистони зери назорати "Толибон" фирор кард ва ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико паноҳ бурд. Ин духтар ҳоло дар синфи 7 мехонад ва медонад, ки агар дар Афғонистон мебуд, таҳсил барояш номумкин мешуд.
Кумиссиёни Олии Ҳуқуқи Башари Созмони Милал қатли се нафар дар мазҳари ом дар Афғонистонро ваҳшатнок хонд ва аз Толибон хост, ин шеваи ҷазо доданро фавран бас кунанд.
Маркази хабарнигорони Афғонистон рӯзи 25-уми феврал хабар дод, ки як фармондеҳи амниятии Толибон дар вилояти Хусти Афғонистон тамоси духтарону занон бо радиову телевизионҳоро манъ кардааст.
Як Пажуҳишгоҳи швейтсарӣ ба нақл аз чанд манбаъ мегӯяд, байни ҳукумати Тоҷикистон ва “Толибон” гуфтушуниди махфӣ идома дорад.
Фотима Амирӣ ва хонаводааш ду сол пеш аз Афғонистон ба Покистон фирор карданд, чун Толибон ба ӯ ва хоҳаронаш иҷоза намедонанд, ки ба мактаб бираванду савод бигиранд. Аммо дар Покистон ҳам иқболи Фотима баландӣ накард, чун дар инҷо ҳам имкони рафтан ба мактабро надоранд.
Муҳоҷирони афғони муқими Арабистони Саудӣ дар як сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи зиндагии худу ҳамватанон ва назарашонро ба имрӯзи Афғонистон баён карданд
Ёфтҳои бештар