Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хешонамро куштанд." Дар бораи хушунат дар Сурия чӣ медонем?


Маросими дафни як донишҷӯйи курд, ки рӯзи 9-уми март дар Лозиқия кушта шуд
Маросими дафни як донишҷӯйи курд, ки рӯзи 9-уми март дар Лозиқия кушта шуд

Даргириҳои даҳшатбор дар Сурия ба ҳузури Русияву Эрон дар ин кишвар ва хатари ҷиддӣ ба ҷони мардуми осоишта ишора мекунад. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо анҷоми мусоҳибаҳо ва дарёфти иттилоъ аз манбаъҳои боз талош кард, ба он чӣ ки ҳоло дар дохили Сурия мегузарад, равшанӣ андозад.

Сар задани хушунату бераҳмиҳо дар ғарби Сурия суолҳоеро дар мавриди тавоноии ҳукумати дар ҳоли гузор барои назорат аз гурӯҳҳои наздик ба худаш ба вуҷуд оварда, дар айни замон таваҷҷуҳро ба дахолати Русияву Эрон дар Сурия ҷалб кардааст.

Ба иттилои гурӯҳҳои гуногуни ҳуқуқи башар, ки вазъро дар Сурия назорат мекунанд, аз оғози даргириҳо байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва тарафдорони раисҷумҳури сарнагуншуда Башор Асад 800 кас, аз ҷумла ғайринизомиҳо кушта шудаанд. Даргирӣ рӯзи ҳафтуми март сар шуда буд.

Моҳи декабри соли 2024 гурӯҳҳои шӯришгар бо раҳбарии Аҳмад Шаръ (Абумуҳаммади Ҷулонӣ) ҳукумати Башор Асадро сарнагун карда, ба ҳукмронии нимасраи хонаводаи вай дар Сурия поён доданд. Русия ва Эрон аз ҳукумати Асад ҷонибдорӣ мекарданд. Маскав бо раҳбарони нави ин кишвар ҳам робита барқарор кард, аммо Эрон комилан ронда шуд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, дар миёни кушташудаҳо садҳо ғайринизомӣ ва аз ақаллият ё камшуморони алавӣ ҳастанд. Башор Асад ҳам пайрави ин мазҳаб аст. Созмони Милал рӯзи 11-уми март эълон кард, ки дар пайи хушунат баъзе оилаҳо бо шумули занону кӯдакон пурра кушта шудаанд.

Тарҳи таҳқиқотии "Схема", бахши украинии Радиои Озодӣ, бо санҷиши наворҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ маълум кард, ки баъзе аз амалҳои ваҳшатноку хушунатбор алайҳи сокинони одӣ дар шаҳри Лозиқия, ҷойи зисти пайравони мазҳаби алавӣ, сурат гирифтааст. Пойгоҳи ҳарбии Русия ҳам дар ҳамин макон ҷойгир аст.

Дар баъзе наворҳо дида мешавад, ки мардони бесилоҳро аз пушт мепаронанд ва ҷабрдидаҳои дигарро таҳқиру латукӯб мекунанд. Иддаеро маҷбур мекунанд, ки мисли саг аккос зада, дар болои ҷасадҳо чорпо бигарданд.

Нобил, як сокини Лозиқия, ки ҳоло дар Олмон зиндагӣ дорад, ба тарҳи "Схема" гуфтааст, шӯришгарони пайрави ҳукумати дар ҳоли гузор шаби 6-уми март ба зодгоҳи ӯ, деҳаи Музайра даромада, хонаҳоро бо мусалсал ё пулемёт, ки дар болои мошинҳо гузошта шуда буд, тирборон кардаанд.

Вай гуфт, дар ин ҳамла 6 хешовандаш, аз ҷумла ду хола ва ду бародарзодааш кушта шуданд. Бародараш тавонистааст, ки фирор кунад.

Нерӯҳои ҳукумати нави Сурия дар вилояти Тартус. 9-уми марти 2025
Нерӯҳои ҳукумати нави Сурия дар вилояти Тартус. 9-уми марти 2025

Муҳаққиқони тарҳи “Схема” тавонистаанд саҳифаи яке аз ҳамлагарони эҳтимолӣ, маъруф бо номи Абубакр Морк ё Талҳаро дар шабакаи Фейсбук пайдо кунанд. Саҳифаи ӯ пур аз навору навиштаҳо дар бораи ҳамла дар ғарби Сурия будааст.

Вай дар яке аз навиштаҳои худ аз мардон даъват кардааст, ки ба ин минтақа биёянд, чун "ҳамаи мардҳо нобуд шудаву занон бешавҳар мондаанд." Навиштаи дигари ӯ дар бораи "маъракаи поксозии боқимондаҳои низоми сарнагуншуда", манзур ҳукумати Башор Асад аст.

Паноҳҷӯйӣ дар пойгоҳи ҳавоии Русия

Тибқи тасвирҳои моҳвораие, ки ширкати Planet Labs нашр кард ва хабарнигорони тарҳи "Схема" онро санҷиданд, мардум ҳанӯз рӯзи 7-уми март дар назди пойгоҳи Русия дар Ҳмеймим ҷамъ омада, зоҳиран мехостанд, аз даргириҳои шадид панаҳ баранд.

“Бо назардошти он ки ягон ҷониб намехоҳад дар ҳоли ҳозир муносибаташро бо Русия бад кунад, ин воқеан метавонад, ягона макони амн барои мардум бошад,” – гуфт Игор Семиволос, мудири Маркази пажӯҳишии Ховари Миёна ба тарҳи “Схема.”

Дар роҳ ба Ҳмеймим. Акси моҳвораӣ аз рӯзи 8-уми марти 2025
Дар роҳ ба Ҳмеймим. Акси моҳвораӣ аз рӯзи 8-уми марти 2025

Русия аз пуштибонҳои асосии Башор Асад буд. Ин кишвар ба артиши Башор Асад ва ҷангиёни таҳти пуштибонии Эрон ҳангоми даргириҳо бо ДОИШ ё гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ва мухолифони ҳукумат аз ҳаво кумак мекард.

Ҳамон шӯришиён акнун дар сари қудрат қарор доранд, вале Маскав тавонист худро чун як шарики муҳими раҳбарони нави Сурия муаррифӣ кунад. Баъд аз сарнагун шудани ҳукумати Асад, русҳо ҳузури худро дар ду пойгоҳи низомӣ, махсусан дар Ҳмеймим нигаҳ доштанд.

“Система”, тарҳи таҳқиқотии Радиои Озодӣ, маълум кард, ки аз моҳи декабри соли 2024 то март, на камтар аз 37 парвози ҳавопаймоҳои боркаши Ан-124 сурат гирифтааст. Ҳар як ҳавопаймо тавони бардоштани то 150 тонна бору таҷҳизотро дорад.

Тааҷҷубовар нест, ки Русия талоши нигаҳ доштани равобити қавӣ бо раҳбарони нави Димишқро дорад. Назорати пойгоҳи ҳавоии Ҳмеймим ва пойгоҳи низомии баҳрӣ дар Тартус барояш дастрасии стратегӣ дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Баҳри Миёназаминро фароҳам хоҳад кард.

Камшуморони алавӣ дар ҳоли фирор аз Сурия. 11-уми марти 2025
Камшуморони алавӣ дар ҳоли фирор аз Сурия. 11-уми марти 2025

Эрон чӣ нақш дорад?

Ягон далели собитшудае вуҷуд надорад, ки Русия дар барангехтани даргириҳои хунин дар соҳили ғарбии Сурия даст дорад, вале баъзе аз коршиносон Эронро ба ширкат дар ин ҳодисаҳо айбдор мекунанд.

Бо рафтани Асад аз қудрат, Эрон яке аз шарикони калидии худро аз даст дод. Шарикеро, ки барояш шароит фароҳам оварда буд, то Сурияро чун як долони заминӣ барои пайванди намояндагони минтақаии худ дар Ироқу Лубнон истифода кунад.

Вақте ситезаҷӯён дар Сурия Асадро сарнагун карданд, раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Ҳоманаӣ савганд хӯрд, ки суриягиҳо бармехезанд ва зидди ҳукумати шӯришӣ мубориза хоҳанд бурд. Ҳоло Эрон имкони интиқоли маводу аслиҳа ба Сурияро надорад.

Вале чанд чеҳраи калидӣ, ки гурӯҳҳои тарафдори Башор Асадро дар мубориза бар зидди ҳукуматдорони нави Сурия раҳбарӣ мекунанд, бо Теҳрон наздиканд ва аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ омӯзиш гирифтаанд. Тарафдорони зиндамондаи Асадро чаҳор нафар: генерал-майор Суҳайл ал-Ҳасан, Муқдад Фотеҳа, муассиси як гурӯҳи низомӣ, Иброҳим Ҳавиҷа, раҳбари собиқи Хадамоти истихбороти Сурия ва Ғиёс Далла, собиқ афсари элитаи Сурия раҳбарӣ мекунанд.

Низоъшинос Филипп Смит ба Радиои Озодӣ гуфт, Эрон аз ҳукумати дар ҳоли гузор “вокуниши тунд”-ро интизор дошт ва он чизеро, ки мехост, гирифт. "Теҳрон шод аст, ки чунин ҳодисае рух дод, махсусан ба он хотир, ки ин исботи он аст, ки Эрон метавонад, ихтилофи густурдаеро дар Сурия ба вуҷуд орад," -- шарҳ дод ӯ.

XS
SM
MD
LG