Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеваи иҷрои ҳукми қатл аз тарафи Толибон Созмони Милалро ваҳшатзада кард


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Кумиссиёни Олии Ҳуқуқи Башари Созмони Милал қатли се нафар дар мазҳари ом дар Афғонистонро ваҳшатнок хонд ва аз Толибон хост, ин шеваи ҷазо доданро фавран бас кунанд.

Ҷеремӣ Лоуренс, сухангӯи ин идора дар нимаи ҳафтаи гузашта гуфт, ки баъди бозгашти Толибон ба қудрат 5 ҳукми қатл бо амри Мулло Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари Толибон иҷро шудааст.

Ӯ афзуд: “Мо аз қатли се нафар дар мазҳари ом дар ҳафтаи гузашта дар варзишгоҳҳои Афғонистон бисёр ваҳшатзада шудаем. Иҷрои ин ҳукмҳо дар шаҳрҳои Ғазнӣ ва Шибирғон дар ҳузури мақомҳои додгоҳҳои ҳукумат ва мардум сурат гирифт. Бар асоси гузоришҳо ба маҳкумшудагонро чандин тир задаанд.”

Ҷеремӣ Лоуренс, қатл дар назди мардумро, як амали золимона, ғайриинсонӣ номид ва онро мухолифи аҳдномаҳои байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсии башарӣ хонд, ки Афғонистон ҳам ба онҳо пайвастааст.

Кумиссиёни Олии Ҳуқуқи Башари Созмони Милал, ҳамчунин аз татбиқи ҷазои дигар дар пеши чашми мардум танқид кард. Бино ба гузоришҳо рӯзи 25-уми феврал маъмурони Толибон як писари 12-сола ва як мардро барои “фасоди ахлоқӣ” шаллоқ задаанд. Дар ҳамин рӯз як зану як марди дигарро, ки бо иттиҳоми “фирор аз хона” ва “фасоди ахлоқӣ” дар Балх боздошт шуда буданд, дар пеши чашми мардум 35 шаллоқӣ задаанд.

Кумиссиёни Олии Ҳуқуқи Башари Созмони Милал мегӯяд, ин шеваи ҷазо, амали золимона, ғайриинсонӣ ва таҳқиромез аст, ки онро қонунҳои байналмилалӣ мамнӯъ кардаанд.

Додгоҳи Толибон дар бораи иҷрои ҳукми қатл дар чанд вақти пеш дар вилояти Ҷузҷон гуфт, марде бо номи Назармуҳаммад бо иттиҳоми қатли як нафар бо зарби теғ дар варзишгоҳи шаҳри Шибирғон тирборон шуд.

Нигаронии идораи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид чанд рӯз пеш аз он матраҳ шуд, ки Ричард Беннет, гузоришгари вижаи созмон барои Афғонистон гузоришеро дар бораи авзои ин кишвар ба 55-умин нишасти Шӯрои Ҳуқуқи Башар пешниҳод кард.

Дар ин гузориш, ки рӯзи 28-уми феврал ба шӯро пешниҳод шуд, омадааст, бо бозгашти дубораи Толибон, дар Афғонистон вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар бисёр бадтар шудааст.

Ба гуфтаи Ричард Беннет, Толибон ҳуқуқи инсонӣ ва бунёдии мардум, бахусус занону духтаронро ҳеч муроот намекунанд. Беш аз ду сол аст, ки Толибон дар Афғонистон ба қудрат расидаанд, аммо дар ин муддат ҳатто як кишвар ҳам ҳозир нашудааст, ки ҳукумати онҳоро ба расмият бишиносад.

XS
SM
MD
LG