Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Беларус дар Душанбе доир мешавад


Тими миллии футболи Тоҷикистон
Тими миллии футболи Тоҷикистон

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Беларус 20-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегардад.

Ба иттилои федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстонаи футболбозони тоҷику беларус рӯзи панҷшанбеи 20-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 16:00 оғоз меёбад. Нархи билети тамошои ин бозӣ 20 сомонӣ мебошад.

Бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Беларусро ҳайати доварон аз Узбекистон ҳакамӣ мекунад.

Довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Рустам Лутфуллин довари марказӣ хоҳад буд. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари FIFA Санҷар Шоҳюсупов ва Акмал Ғиёсов кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши довари FIFA Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон вогузор шудааст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Беларус рӯзи якшанбеи 16-уми март, пас аз анҷоми даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, оғоз мекунад.

Бозӣ бо мунтахаби Беларус барои тими миллии Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба нахустин бозии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ мебошад, ки 25-уми март дар Душанбе доир мегардад.

Мунтахаби Беларус бошад, бо роҳбарии Карлос Алос Феррери испаниягӣ, ки аз моҳи августи соли 2023 вазифаи сармураббии дастаро ба зимма дорад, ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 омодагӣ мебинад.

Футболбозони беларус дар гурӯҳи “С” бо тимҳои миллии Юнон ва Шотландия рақобат мекунанд. Аввалин бозии мунтахаби Беларус 5-уми сентябри соли равон дар меҳмонӣ бо тими миллии Юнон доир мегардад.

Дар ҳамин ҳол дар радабандии FIFA мунтахаби Беларус бо 1226,31 имтиёз дар ҷойи 98-ум ва Тоҷикистон бо 1203,08 имтиёз дар зинаи 104-ум қарор доранд.

Бозии дӯстона

20-уми март (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Тоҷикистон - Беларус

Сардовар: Рустам Лутфуллин (Узбекистон).

Кӯмакдоварон: Санҷар Шоҳюсупов, Акмал Ғиёсов (ҳарду аз Узбекистон).

Довари эҳтиётӣ: Гулмуроди Саъдулло (Тоҷикистон).

Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Тоҷикистон).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG