Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 2 то 23 сол зиндон. Эълони ҳукми даҳҳо сокини Язгулом


Даромадгоҳи Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз соли 2017
Даромадгоҳи Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз соли 2017

Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 нафарро аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз 2 то 23 сол зиндонӣ кардааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, маҳкумшудаҳо сокинони деҳаи Жамак, Андарбак ва Будун ҳастанд ва “барои омодагӣ ба харобкорӣ” ва узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” гунаҳкор дониста шудаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 нафарро аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз 2 то 23 сол зиндонӣ кардааст. Шарҳи мақомот дастрас нест. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, маҳкумшудаҳо сокинони деҳаи Жамак, Андарбак ва Будун ҳастанд ва “барои омодагӣ ба харобкорӣ” ва узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” гунаҳкор дониста шудаанд.

Ин афрод дар моҳи майи соли 2024 боздошт шуда, ҳукми додгоҳ моҳи декабр содир гардидааст. Хешовандони се маҳкумшуда хабарро рӯзи 10-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Бо далели ҳарос аз интиқомҷӯии мақомот онҳо хостанд, ки номашон нашр нашавад.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, мурофиаи наздиконашон дар Додгоҳи олии Тоҷикистон паси дарҳои баста ва бе иштироки наздикон барпо гардид. “Аксари маҳкумшудаҳо бо вакили дифоъ таъмин набуданд. Маълум нест, ки чӣ кор кардаанд. Аз ҷузъиёти парванда хабар надорем,” -- гуфтанд хешовандон.

Дар ин ҳолат хешовандони маҳкумшудаҳо мегӯянд, ба ҳақиқӣ будани айбномаи додгоҳ бовар надоранд ва онро беасос меноманд. Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, фарзандонашон ба зиндагии маъмулӣ машғул буданд ва теъдоди дигарашон дар Русия кору зиндагӣ мекарданд.

Мақомот дар Тоҷикистон ҳукми сокинони Язгуломро шарҳ намедиҳанд.

Ба иттилои ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, дар миёни маҳкумшудаҳо ду волидони боздоштшудаҳо аз деҳаи Жамак ҳам ҳастанд. Онҳоро барои хабар надодан дар бораи кирдори фарзандонашон ба дусолӣ ҳабс маҳкум кардаанд.

Аз 31 маҳкумшҳуда барои Радиои Озодӣ номи 25 нафар маълум аст. Танҳо аз як хонаводаи Хоҷаевҳо аз деҳаи Жамак шаш нафар аз 16 то 23 сол зиндонӣ карда шудаанд. Назари ин хонавода ё наздиконашон дастрас нест.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон танҳо як дафъа хабари ҳабси гурӯҳе аз сокинони Язгуломро тасдиқ карда буданд. Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии ин ниҳод рӯзи 8-уми августи 2024 гуфт, 27 сокини Язгулом барои узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” боздошт шудаанд.

Ӯ афзуд, “4 нафари дигар дар хориҷи кишвар дар кофтукоб ҳастанд”. Вале ӯ низ аз ин бештар шарҳе надод ва мушаххасан нагуфт, ки барои кадом кирдор ин гурӯҳи калони сокинони як ҷамоат боздошт шудаанд.

Рӯйхати маҳкумшудаҳо:

  1. Раббонӣ Файзуллоев
  2. Амза (Ҳамза) Лайлиев
  3. Гулбуддин Алаёров
  4. Муттақӣ Маҳмадуллоев
  5. Муҳиддин Ширинов
  6. Бурҳонидин Ширинов
  7. Муҳибуло Алаёров
  8. Абуҷиҳод Шукуров
  9. Бисмиллоҳ Қуқандов
  10. Насиб Абдуллоев
  11. Маҳбуб Тошов
  12. Аслидин Хоҷаев
  13. Муслиҳидин Хоҷаев
  14. Суҳроб Хоҷаев
  15. Шакармаҳмад Хоҷаев
  16. Эҳсон Хоҷаев
  17. Шермаҳмад Хоҷаев
  18. Ёралӣ Маҳмадуллоев
  19. Наврӯз Сабзалиев
  20. Меҳтоҷ Шайхов
  21. Фарҳод Шайхов
  22. Аҳад Ғайратшоев
  23. Муллоқурбон Авазов
  24. Аъзам Одинаев
  25. Ҷалол Мардов

    Боздошти навбатии гурӯҳӣ

Ҳукми додгоҳ нисбат ба даҳҳо сокини Язгулом дар ҳоле маълум шуд, ки ахиран мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дар пайи як амалиёт беш аз 20 сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.

Ҳарчанд дар дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон дар ин бора изҳори бехабарӣ карданд, ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, "аксар боздоштшудаҳо язгуломӣ ҳастанд". Ҷамоати Язгулом дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон ҷойгир аст ва баъзе аз зодагонаш дар маҳаллаи "Дарвоз"-и шаҳри Душанбе ва гӯшаҳои дигар зиндагӣ мекунанд.

Наздикони онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар бораи иттиҳом ё гуноҳи боздоштшудаҳо чизе мушаххас нест ва бо гузашти қариб як ҳафта аз ин боздоштшҳо дар бораи ҳолу аҳволи азизонашон хабаре надоранд.

Язгулом, ҷамоате дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст. Мақомот пештар гуфта буданд, ки даҳҳо сокини ин ҷамоат ба гурӯҳҳои тундрав дар хориҷ аз кишвар пайвастаанд. Сокинони Язгулом мегӯянд, ин минтақа дурафтода буда, бошандагонаш кору зиндагии хуб надоранд ва ягона роҳи ҳалли душворӣ беҳтар кардани шароити зиндагии дар онҷост.


XS
SM
MD
LG