Дар наздикии "Красная поляна", маҳалли истироҳатӣ дар Сочи ва дар қитъаи замине, ки пештар расман ба Беларус тааллуқ дошт, бунёди маҷмааи боҳашамате ҷараён дорад. Бар асоси аксҳое, ки рӯзноманигорон ба даст оварданд, дар онҷо аллакай чанд бино сохта шуда, атроф бо деворҳои баланд иҳота гардидааст.