Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавзу ҳаммому кабобпазӣ. Қароргоҳи “бознишастагӣ”-и як раҳбари худкома


Мухтасар

  • Дар наздикии "Красная поляна", маҳалли истироҳатӣ дар Сочи ва дар қитъаи замине, ки пештар расман ба Беларус тааллуқ дошт, бунёди маҷмааи боҳашамате ҷараён дорад.
  • Бар асоси аксҳое, ки рӯзноманигорони Маркази Таҳқиқотии Беларус ба даст оварданд, дар онҷо аллакай чанд бино сохта шуда, атроф бо деворҳои баланду посгоҳҳои амниятӣ иҳота гардидааст.
  • Ба маълумоти дарёфтии таҳқиқгарон, пули сохтмон аз ширкатҳои одамони наздик ба Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, мерасанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, тахмин зада мешавад, ки маҷмаа мумкин аст қароргоҳи бознишастагии раисҷумҳури Беларус бошад.

Хонаҳо чӣ доранд?

Бино ба аксҳои моҳвораӣ, сохтмон аз тобистони соли 2022 ҷараён дорад. Рӯзи чоруми июли ҳамон сол дарахтбурӣ сар шуда, то поёни тобистон идома кардааст.

Аз моҳи майи соли 2024 пойдевори аввалин хонаҳо пайдо шуда, то тирамоҳи ҳамон сол сохтмони тақрибан ёздаҳ иншооти калону хурд оғоз ёфт. Хабарнигорони Маркази Таҳқиқотии Беларус дар моҳҳои июл ва октябри соли 2025 бо ёрии дрон маҳалли бинокориро акс гирифтанд. Дар тасвирҳо дидан мумкин аст, ки сохтмон идома дорад.

Дар ҳоли ҳозир чор коттеҷ сохта шуда, кори берунии се коттеҷ анҷом ёфтааст, агарчи онҳо ҳанӯз дару тиреза надоранд. Дар вебсайти тарҳҳои сармоягузории Сочи навиштаанд, ки дар ин ҷо гуё "меҳмонхонае бо 31 ҳуҷраи VIP" сохта мешавад. Масъули асосии бинокорӣ ширкати русии "Комплекс-Инвест" аст. Тибқи нақша, бинокорӣ бояд то охири соли 2025 ба поён расад.

Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ гуфта шудааст, ки маҷмаа аз бинои асосӣ, се коттеҷи VIP, меҳмонхона, тарабхона, ҷойи кабобпазӣ, истгоҳи даҳ мусофирбару мошини сабукрав, ҳуҷраи истироҳати ронандагон ва биноҳои дигар иборат хоҳад буд.

Бинои асосӣ тақрибан 3000 метри мураббаъ аст, ки дар дохилаш ҳавзу ҳаммому толори варзишӣ, кинотеатр ва анбори таҷҳизоти лижаронӣ низ дорад. Дар тарҳ гуфта мешавад, ки бино барои истиқомати шахсони камтавон ё имконияти ҷисмияшон маҳдуд низ мутобиқ аст, аз ҷумла касоне, ки бо аробаи маъюбӣ мегарданд. Лукашенко ҳозир 71-сола аст.

Се коттеҷи дигар нисбатан хурд ҳастанд. Ҳар кадоме 700 метри мураббаъ. Онҳо низ ҳавзи шиноварӣ ва ҳаммому ошхона доранд. Шумораи ин хонаҳо ба теъдоди фарзандони Лукашенко – Виктор, Дмитрий ва Николай – мувофиқат мекунанд.

Нақша девори пӯлодии ба таркиш тобовар (баландияш на кам аз дуним метр) ва дарвозаи касногузар дорад. Инчунин, дар тарҳ тақрибан шаш посгоҳи амниятӣ, ҳуҷраи ҷудогонаи силоҳдорӣ, низоми безараргардонии дронҳо, металсанҷ ва "таҷҳизоти назорати радиатсионӣ" сабт шудаанд.

Ин тасвирро ба воситаи дрон дар моҳи октябри соли 2025 гирифтаанд
Ин тасвирро ба воситаи дрон дар моҳи октябри соли 2025 гирифтаанд

Фармони махфӣ

Александр Лукашенко ҳанӯз дар соли 2021 фармони махфиеро имзо кард, ки тибқи он замини ҳудуди "Красная поляна", ки ба Ҷумҳурии Беларус тааллуқ дошт, ба ширкати русии "Комплекс-Инвест" фурӯхта шудааст. Арзиши ин қитъаи замин аввал 13 миллион доллар буд, вале пас аз ним сол онро то 6,4 миллион доллар поин оварданд.

Бар асоси ҳуҷҷатҳои расмӣ, ки Маркази Таҳқиқотии Беларус ба даст овард, нархи воқеӣ ё бозории ин порча замин тақрибан 20 баробар бештар, яъне 131 миллион доллар аст.

Маҳалли сохтмон. Акс рӯзи 12-уми июли 2025 аз тарафи ширкати Planet Labs гирифта шудааст
Маҳалли сохтмон. Акс рӯзи 12-уми июли 2025 аз тарафи ширкати Planet Labs гирифта шудааст

Соҳиби нахустини "Комплекс-Инвест" зани бознишастае бо номи Елена Бортсева буд – хоҳари ҳамсари соҳибкори беларус Владимир Япринтсев, яке аз шарикони қадимии хонаводаи Лукашенко ва миллиардери маъруф Юрий Чиж. Чиж солҳои зиёд яке аз сармоягузорони асосии клуби футболи “Динамо”-и Минск ва раиси Федератсияи гӯштии Беларус буд.

Тибқи маълумоти Маркази Таҳқиқотии Беларус, Чиж дар тиҷорати фурӯши нафти Русия ба Беларус машғул буд ва молиёт ё андози давлатро намедод. Япринтсев дар тобистони 2015 дастгир ва сипас озод шуд, аммо Чиж дар моҳи марти 2016 боздошт ва дертар барои гурез аз пардохти молиёт ба зиндон маҳкум гардид. Ширкат дар моҳи феврали соли 2024 ба дасти муҳофизи пешини Лукашенко – Александр Романовский – гузашт.

Ҳуҷҷатҳо баёнгари онанд, ки ширкати "Комплекс-Инвест" дар Русия ҳеч фаъолияти тиҷоратӣ надорад. Мудири кулли он, Алексей Прудников, низ дар моҳи июли соли 2023 дар идораи молиёти Русия гуфтааст, ки ширкат "аз ҳисоби қарз кор мекунад".

Александр Лукашенко. Акс аз моҳи сентябри 2025
Александр Лукашенко. Акс аз моҳи сентябри 2025

Пули сохтмон аз куҷо меояд?

Бар асоси маълумоти таҳқиқгарон, маблағгузории "Комплекс-Инвест" аз ҷониби ширкатҳо ва шахсони наздик ба Александр Лукашенко, раҳбари Беларус, анҷом гирифтааст.

Аз ҷумла:

  • Ширкати беларусии "Регионалний заказ", вобаста ба "Гардсервис" (зери роҳбарии Виктор Шейман, ки ӯро аз “вагнериҳои Лукашенко” мехонанд), 6 миллион қарз доллар додааст;
  • Александр Романовский, муҳофизи пешини Лукашенко, ки баъдан соҳиби "Комплекс-Инвест" шуд, ба ҳамин ширкат тақрибан 4 миллион доллар додааст;
  • Ширкати русии M.R.I.S. Group, ки бо хонаводаи собиқ сардори дастгоҳи Лукашенко робита дорад, ним миллион доллар саҳм гузоштааст;
  • Ширкати Rostumel Holding Limited дар Кипр, вобаста ба Андрей Свиридов (шогирди Шейман), якуним миллион доллар қарз додааст;
  • Ширкати Winshun Trade Limited (беларусиву чинӣ), ки пештар бо қочоқи “пойҳои мурғ” машҳур буд, зиёда аз 10 миллион доллар ҷудо кардааст.
  • Ширкатҳои русии "Домино" ва "Беван" пулҳои камтар додаанд.

То лаҳзаи нашри таҳқиқот, "Комплекс-Инвест" барои сохтмони маҷмааи боҳашамат дар ҳудуди деҳаи истироҳатии "Красная поляна" дар Сочи ба камияш 19,5 миллион доллар сарф кардааст.

Хабарнигорони Маркази Таҳқиқотии Беларус кӯшиш карданд, ки бо намояндагони ширкат ва шахсони наздик бо он дар бораи соҳиби воқеии маҷмаа ва сарчашмаи пулҳо гап зананд, аммо тамоми зангҳои телефонӣ ва номаҳо бепосух монданд.

Бинои асосӣ. Акс аз моҳи октябри 2025
Бинои асосӣ. Акс аз моҳи октябри 2025
XS
SM
MD
LG