Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқ. Мухолифонро чӣ гуна ба Тоҷикистон бозмегардонанд?


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Дар чанд соли охир даҳо нафар аз мухолифони сиёсӣ ё фаъолони маданӣ бо ёрии давлатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон бозгардонданд ва аксарият зиндонӣ шуданд. Аммо шуморе аз шаҳрвандон гӯё бо хоҳиши худ ва бо орзуи афв бармегарданд. Бархе афв мешаванд, вале аксарият бар пояи “далелҳои нав” зиндонӣ мегарданд.

Номи Шамсулло, сокини 33-солаи шаҳри Бохтарро ба мақомоти амниятии Тоҷикистон зоҳиран “Сбербанк”-и Русия додааст. Моҳи майи имсол ин бонки русӣ номи даҳҳо нафарро ба мақомоти тоҷик дод, ки ба мухолифони сиёсӣ, аз ҷумла сардабири “Ислоҳ.нет” Муҳаммадиқболи Садриддин кумаки молӣ кардаанд. Ҳабс бар пояи маълумоти "Сбербанк"? Шумори боздоштшудаҳои Кӯлоб афзоиш ёфт.

Дар ин таҳқиқ хоҳем дид, ки мақомоти Тоҷикистон барои бозгардони норозиён аз чӣ шеваҳо кор мегиранд. Шамсулло дархосту даъвату таҳдидҳоро дар ин замина сабт кардааст.

Алишер Бобоев, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта: “Ман бо худат гап мезанам, омаданӣ ҳастӣ, бархез аризаатонро бинавис, биё. Наомаданӣ бошӣ, дастгир мекунем, бешӯхӣ маҳкам мекунем. Бе ягон таҳдид, бе ягон шайтонӣ.”

Порчае аз гуфтугӯи телефонии як муфаттиши Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати умури дохилӣ бо Шамсулло Амонов, муҳоҷири корие, ки дар Тоҷикистон ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад. Cуҳбат ҳам тобистони соли 2024 сабт шудааст.

Шамсулло Амонов: “Гуфтанд, ки ту дар гурӯҳҳои мухолиф лайк гузоштӣ. Ҳамин қадар сухан гуфтанд, халос. Бояд баргардӣ ба ватан гуфтанд.”

Барои “лайк” зидди ӯ бар пояи банди 179 Кодекси ҷиноӣ парванда боз карданд. Дар Тоҷикистон 7 сол пеш барои гузоштани лайку “шарҳу мулоҳизаҳои дорои мазмун ва муҳтавои террористию экстремистӣ" дар Интернет ҷазо таъйин карданд. Дар ин муддат бештар аз 500 нафар ҳам паси панҷара рафтаанд. Баъди шикояти зиёд аз сӯистифода ва танқиди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи имсол вакилони мардумӣ ин банди Кодекси ҷиноиро бардоштанд. Аммо Шамсулло Амонов ба ҷинояти сахттаре ҳам муттаҳам мешавад, ки “маблағгузории тероризм” аст.

Чӣ гуна мухолифинро ба Тоҷикистон бармегардонанд? Таҳқиқи Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Шамсулло Амонов: “Баъдан аз байн чанд муддат гузашт, гуфтанд, ки ту маблағгузорӣ кардӣ. Ба Муҳаммадиқболи Садриддин. Сад сар сад воқеият дорад. Ман ду маротиба 1000 рублӣ равон кардам. Бо корти худам, аз Сбербанки худам, дар ин ном.”

Муҳаммадиқболи Садриддин муқими Аврупо ва соҳиби вебсайти "Ислоҳ" аст ва сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва бахусус Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёни ӯро бо лаҳни тунд танқид мекунад. Додгоҳи олӣ расонаҳои Муҳаммадиқболи Садриддинро ифротӣ эълон кардааст ва худаш дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ дорад. Шамсулло Амонов, сокини 33-солаи шаҳри Бохтар, яке аз онҳоест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон хостаанд, дар талоше барои пешгирӣ аз густариши ифротгароӣ дар байни ҷавонон, ӯро бе фиристодан ба зиндон ислоҳ кунанд.

Сӯҳбат барои мойил кардан?

Алишер Бобоев, муфаттиши Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ: “А бача ақлатро кор фармо. Ман туро бо одаме, ки ариза нанавишт, маҳкам шуд, ҳамсӯҳбат кардам. Одаме, ки ариза навишт, омад, ҳамсӯҳбат кардам. Худам мегӯям, ариза навис, бархез биё. Барои одами боақл ҳамин қадар бас, ҷӯра.”

Ариза ҳам бояд ба унвони ё вазири корҳои дохилӣ ва ё раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва бо изҳори пушаймониву надомат аз “ҷиноят” ва чунин бошад.

Шамсулло Амонов: “Яъне, ки ман аз ҳамин гуноҳи кардаам, пушаймон ҳастам. Ҳамингуна суханон, яъне ба ман нишон дод, ки ман мегӯям, ту навис. Бинавис, ки ман аз гуноҳи кардаам, пушаймон ҳастам, дигар такрор намекунам. Яъне ҳамин гуноҳи кардаамро, аз тарафи мухолифин болои ман як ҳилаву фанду фиреб буд, ки маро ба ин роҳ бурданд.”

Соли 2024 зимни як суханронии расмӣ, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “дар даҳ соли гузашта парвандаҳои 1640 нафар аз шаҳрвандони фиребхӯрдае, ки ба ватан баргаштанд, қатъ шудааст. Соли 2023 – 328 нафар ва дар ду моҳи аввали соли 2024 бештар аз 140 нафар аз ин имкон истифода бурдаанд. Ҳадафи ин ба гуфтаи мақомот фароҳам овардани шароити баргашти онҳоест, ки дар ҷиноятҳои вазнин даст надоштаанд ва мехоҳанд зиндагии осоишта пеш баранд. Аз ин роҳ ба қавли мақомот ҳукумат кӯшиш мекунад, «фирефташудагонро ба ҷомеа баргардонад ва онҳоро аз таъсири гурӯҳҳои тундрав берун оварад.» Сиёсати мазкурро онҳо як усули “пешгирӣ” аз ифротгароӣ номида гуфтаанд, ки ба ҷойи ҷазо додан, давлат имкони авфу бозгашти шаҳрвандонро фароҳам овард.

Шамсулло Амонов мегӯяд, татбиқи афв олуда ба фасоду ришвахорӣ, қонуншиканӣ ва таҳдид ба хешовандони муттаҳамон ба ҷиноят, ё мухолифону мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон аст. Ба қавли ӯ, мақомоти интизомӣ, волидону хешовандони наздикашро ба идораҳои худ мехонанд ва аз тариқи онҳо фишор меоранд, ки фарди муттаҳам ба ҷиноятро мойил ба бозгашт кунанд. Дар як видеое, ки Шамсулло Амонов ба Радиои Озодӣ фиристод, намояндаи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта падар ва хушдомани ӯро нишон медиҳад, ки дар назди ӯ нишастаанд.

Фишор бо кӯмаки хонавода?

Шамсулло Амонов: «Ҳамсарам ҳатто рафтагӣ аст. Ҳамсарам ҳоло бо ман аст, инҷо. Худаш нақл мекунад, мегӯяд, ки мисли як ҳайвон барин дар якҷо мемонанд, дар ҳамонҷо як рӯз то бегоҳ гушнаву ташна, ҳатто намемонанд, ки ҳоҷатхона равӣ. Фақат ҳамин қадар гап мегӯянд, ки занг занед ба фарзандатон, ё ба шавҳарат занг бизан, баргардад. Рӯз то бегоҳ, кор фақат ҳамин.»

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки ҳадафи онҳо аз даъвати хешовандони муттаҳамон ба ифротгароӣ на фишор, балки огаҳ кардани онҳо аз оқибатҳои амалкардҳои фарзанд ё хешованд барои худаш аст.

Алишер Бобоев, муфаттиш: “Падару хушдоманатро даъват кардам. Агар фарзанди нек мешудӣ, нек мешудӣ, майлаш аз падарат рӯ гардондӣ, лекин бо хушдоманат гап мезанӣ ку. Хушдоманатро пурс.”

Шамсулло Амонов мегӯяд, ба ӯ на фақат аз Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона, балки идораҳои маҳаллии вазорати умури дохилӣ занг мезаданд ва ҳар навъ ваъда медиҳанд. Гоҳе ваъдаи афви бечунучаро, гоҳо таҳдид ва гоҳо аз ӯ гӯё пул талаб мекардаанд.

“Таҳдид ҳамин буд, ки мо туро дастгир мекунем, дар куҷое, ки бошӣ набошӣ. Дастгир мекунем, меоӣ, кунҷи зиндон меравӣ. На кам аз 12 сол кунҷи зиндон меравӣ. Зиндониат мекунем. Номашро хато накунам, Алишер Бобоев, аст, ки мегӯяд, ман худам туро дастгир мекунам, 12 сол зиндон мекунам. Ҳатто гуфтагӣ аст, ки чандин нафарро аз Сурия оварданд, баъзеро озод, баъзеро зиндонӣ карданд.”

Баъди ин ҳама таҳдид, Шамсулло Амонов, Русияро тарк кардааст, чун аз инҷо садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ё бо мухолифони давлат ҳамкорӣ доштаанд ё ба ифротгароӣ муттаҳам мешаванд, бо дархости мақомоти интизомӣ ба Душанбе фиристодаанд. Аммо теъдоде ҳам будаанд, ки ба гуфтаи мақомот, ихтиёрӣ ба Душанбе баргаштаанд ва озод ҳам шудаанд.

Намунаҳои афви гумонбарон ба ифротгароӣ

Вазорати умури дохилӣ моҳе пеш дар барномаи телевизионии худ гуфт, ки Абдураҳмон Аҳмадов, ном сокини Хуҷанд, ки ба ифротгароӣ муттаҳам буд ва бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргашт, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шудааст.

Абдураҳмон Аҳмадов дар ин барнома ва дар ҳузури муфаттишон мегӯяд: “Гуфтанд, ки парвандаатро қатъ мекунем, ариза карда, омадем, дар ҳақиқат чунин корҳо вуҷуд доштааст. Омадем, аз фурудгоҳ пешвоз гирифтанд, дар байни 10 рӯз корҳоямро ҳал карданд, ҳоло ҷавоб дода истодаанд. “

Шамсулло Амонов бовар надорад, ки ӯро мебахшанд.
Шамсулло Амонов бовар надорад, ки ӯро мебахшанд.

Шамсулло Амонов, ба ин гуфтаҳо бовар надорад, аз ин рӯ намехоҳад ба Тоҷикистон баргардад. Ӯ мегӯяд: “Якчанд нафар ҳаст, ки бо гумонбарӣ, яъне экстремизм, салафия пушти зиндон ҳастанд. Яъне ҳамсинфҳои ман ҳастанд, дар зиндон. Ҳамонҳое, ки бекас буданд, падар надоштанд, ё пуштибон надоштанд, онҳо дар зиндон ҳастанд. Ҳаст инсонҳое, ки ҷавонони 23- 24 сола. Як нафар ҷавон аз ҷамоати деҳоти мо нопадид шуд аз Маскав. Аз ҷамоати деҳоти мо. Понздаҳ рӯз нопадид шуд, дар Русия. Тамоми ҷойро кофтанд, наёфтанд. Вақте падараш Тоҷикистон рафт, тамоми мақомотро кофтуков кард, фарзандашро ёфт. Падараш гуфтаст, чаро ин корро кардед, гуфтаанд, ки писарат дар Одноклассники чӣ лайке мондаст, риши баланд дорад ва ё чӣ коре кардааст. Барои ҳамин пушти зиндон рафт, як сол ҳам нашудааст. “

Дар воқеъ додгоҳи Душанбе тобистони имсол Алишер Махсудов, як ҷавони 22-соларо, ки бо ваъдаи бахшида шудани гуноҳаш аз хориҷа ба кишвар омад, ба 14 сол зиндон маҳкум кард. Алишер Махсудов ба узвият дар созмони "Салафия" ва ширкат дар ҷанги Сурия гунаҳкор дониста шудааст, агарчӣ хешовандонаш гуфтаанд, ки Алишер ҳеч гоҳ ба Сурия нарафта буд.

Бим аз бозгашт ба зодгоҳ

Шамсулло Амонов, танҳо касе нест, ки мегӯяд, агар ба Тоҷикистон баргардад, ҳатман паси панҷара меравад. Баҳори имсол Муллоиди Мирзоолимзода, як сокини Хуҷанд ҳам дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти интизомӣ ба ӯ ҳам пешниҳод кардаанд, ки аризаеро бо ибрози пушаймонӣ ва дархости озодӣ аз ҷавобгарӣ имзо карда баргардад, парвандаашро мебанданд, аммо ӯ ин корро накард, чун худро бегуноҳ медонад.

Дар Тоҷикистон ӯро ба ҳамкорӣ бо ҳизбу иттиҳодияҳои мамнуъ ва мусоидат ба фаъолияти онҳо гумонзад медонанд ва ба ҷустуҷӯ додаанд. Ин банди қонун аз панҷ то ҳашт сол зиндонро дар назар дорад, вале тибқи эзоҳе, ки ба Кодекси ҷиноӣ илова шудааст, имкони аз ҷавобгарии ҷиноӣ раҳо шудан вуҷуд дорад. "Агар шахс ихтиёрӣ аз ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ даст кашад ва дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад", – ишора шудааст дар қонун.

Шамсулло Амонов, ки ҳоло дар Аврупо аст, бим дорад, ки баргардад, касе ӯро афв намекунад ва ба ин ақида аст: «Воқеан чандин зиндонии сиёсӣ ҳаст, ки агар инҳоро озод кунанд, баъд ман бовар мекунам ва метавонам баргардам ба ватан, агар на, ҳеч имконе надорад, ки ман ба ватан баргардам. Агар ҳоло баргардам, на камтар аз 12 сол пушти зиндон мешавам.»

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG