Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асрори "Рубикон". Нерӯҳои паҳподии вижа дар парки "Патриот"


Низомиёни украинӣ ва коршиносони байналмилалӣ якдилона мегӯянд, ки маркази "Рубикон" яке аз муассиртарин ташаббусҳои Вазорати дифои Русия дар бахши истифодаи ҷангии паҳпод (дрон)-ҳо мебошад.

Бахши русии Радиои Озодӣ муайян кард, ки сарвари "Рубикон" кӣ аст ва пойгоҳи асосии он дар куҷо қарор дорад (дар ин кор мубаллиғи ҳукумати Русия Владимир Соловёв ёрӣ додааст). Ҳамчунин бо коршиносон сӯҳбат кард, ки сирри муваффақияти ин ибтикор дар чист ва Украина кадом унсурҳои онро метавонад ба кор бигирад..

Доно бисёр чизҳоро аз душман меомӯзад. Эҳтиёткорӣ роҳи наҷот аст! Он чиро, ки як душмани сарсахт ба зебоӣ метавонад ба шумо биёмӯзад, наметавонед аз дӯстонатон биёмӯзед. . Мо на аз дӯстон, балки аз душманон ёд гирифтаем, ки шаҳрҳои мустаҳкам ва киштиҳои ҷангӣ бисозем. Ин дониш аз хонаҳо, пул ва фарзандон муҳофизат хоҳад кард

Аристофан, «Паррандаҳо», соли 414 пеш аз милод

"Сохтори сатҳи баландтар"

Дар бораи Маркази омӯзишии фановариҳои пешрафтаи бесарнишини Русия - "Рубикон" аввалин бор моҳи октябри 2024, пас аз он ки, тавассути вазири дифоъ Андрей Белоусов мавриди бозрасӣ қарор гирифт, ошкоро ҳама хабардор шуданд. То 11 октябр, ки навори боздиди вазир нашр шуд, номи "Рубикон" дар ҳеч расона ё шабакаҳои иҷтимоӣ зикр нашуда буд, ҳарчанд бино ба фарзияи расмӣ, "Рубикон" бо фармони шахсии Белоусов дар асоси яке аз воҳидҳои ҳавопаймоии бесарнишини Русия моҳи августи 2024 таъсис ёфта буд ва дар ду моҳ тавонист "беш аз 400 адад силоҳу техника Неруҳои муссалаҳи Украина (НМУ)-ро"-ро хароб кунад.

Шабакаи расмии "Рубикон" бо гузашти ним сол эълон кард, ки ин лоиҳа ҳадди ақал аз июли 2024 вуҷуд доштааст.

Андрей Белоусов ҳангоми боздид аз маркази “Рубикон”, октябри соли 2024.
Андрей Белоусов ҳангоми боздид аз маркази “Рубикон”, октябри соли 2024.

"Он замон тасмим гирифта шуда буд, ки гурӯҳи хурди иборат аз 5-7 нафар созанд, омӯзишро оғоз карданд, донистанд, ки ин ҳамаро чӣ гуна мешавад анҷом дод, шабеҳасоз (симулятор) ёфтанд, каму беш дар ин навъи варзиш маҳорат пайдо карданд, баъд ба полигон ва аз полигон ба амалиёти ҷангӣ гузаштанд",- мегӯяд шахсе, ки дар як филми кӯтоҳи бахшида ба солгарди "Рубикон", дар титрҳо ҳамчун фармондеҳи отряд бо лақаби "Мотсарт" муаррифӣ шудааст. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки дар марҳилаи аввал, "Рубикон"-и оянда паҳподҳо ва таҷҳизоти дигарро аз баталёни довталабони ба номи Судоплатов дарёфт мекард.

"Рубикон" танҳо як бахш нест, балки сохторе дар сатҳи баландтар аст, ки масъули харидҳои мутамарказ ва таҳия кардани системаҳои бесарнишин, татбиқи тактикҳо, равишҳо ва тартибҳои истифодаи паҳподҳои заминӣ ва баҳрӣ, инчунин омӯзиши операторҳо мебошад", - мегӯяд дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ афсари собиқи нерӯҳои баҳрии ИМА, корманди илмии Институти таҳқиқоти сиёсати хориҷӣ (Foreign Policy Research Institute, FPRI) Роб Ли.

"Барои раҳбарии низомии Русия ин самт авлавият дорад. Русия дар ҳоли ҳозир дар ҳоли сохтани нерӯи системаҳои бесарнишин худ аст, ки яке аз ҷузъҳои калидии он "Рубикон" аст. Бинобар ин, онҳо буҷаи қобили таваҷҷуҳе барои таҳқиқ ва тавсеа дарёфт мекунанд ва ҳамчунин метавонанд интихоб кунанд, ки киҳоро ба сафҳои худ роҳ диҳанд. То баҳори 2025, онҳо ҳафт воҳиди шинохта шуда доштанд, ки ҳар кадоме тақрибан аз 130 то 150 тан дорад",- афзуд Роб Ли.

Аввалин маҷмуаи видеоҳои худро, ки нобудсозии ҳадафҳоро нишон медод, шабакаи расмии телеграмии "Рубикон" 14 октябр нашр кард ва як рӯз пас гурӯҳи "Рубикон" аввалин бор ба унвони ширкаткунандаи "амалиёти вижаи низомӣ" дар канори дигар ҷузъу томҳои русӣ ном бурда шуд. Муовини сардори Раёсати асосии низомӣ-сиёсии артиши Русия Апти Алаудинов навори зарба ба нуқтаи назоратии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина (НМУ) дар самти Харковро нашр кард, ки ин зарба бо ҳамкории баталёни "Ваха", неруҳои вижаи "Ахмат", шӯъбаи марзии "Октябрский" ва гурӯҳи "Рубикон" анҷом ёфтааст.

Саҳнае аз видеои Вазорати дифои Русия, ки 8 августи соли 2024 нашр шудааст ва ҳамлаи як бесарнишини Русия ба мошинҳои зиреҳии Украина дар Суджа, вилояти Курскро нишон медиҳад.
Саҳнае аз видеои Вазорати дифои Русия, ки 8 августи соли 2024 нашр шудааст ва ҳамлаи як бесарнишини Русия ба мошинҳои зиреҳии Украина дар Суджа, вилояти Курскро нишон медиҳад.

То миёнаи моҳи январи соли 2025, шабакаи "Рубикон" тақрибан, видеоҳои нобудсозии ҳадафҳоеро нашр мекард, ки ҳамагӣ аз вилояти Курск буданд. 6 феврал Вазорати дифоъ "Рубикон"-ро дар миёни ҷузъу томҳое ном бурд, ки дар зиддиҳамлаҳо алайҳи мавзеъҳои НМУ қарор доранд ва 3 рӯз пештар аз ин, дар барномаи Владимир Соловёв дар шабакаи "Россия 1" сужаи бузурги таблиғотие дар бораи маркази "Рубикон" пахш шуд. Сарбозони "Рубикон" иддао доранд, ки хатҳои логистикии артиши Украина дар минтақаи Судҷаро қатъ кардаанд. Бахши ҷудогонае аз филме, ки ба "Амалиёти Курск" ихтисос дода шудааст, ба солгарди ин марказ бахшида шудааст.

"Баъзе аз воҳидҳои "Рубикон" дар амалиётҳои вилояти Курск ширкат доштанд ва маҳз онҳо то андозае таъмин карданд, ки Русия тавонист моҳи феврал–март қариб тамоми қаламраверо, ки НМУ ишғол карда буд, баргардонад. Низомиёни Украина он вақт таъкид мекарданд, ки "Рубикон", амалан логистикаи маъмулии украиниҳоро номумкин гардонид: танҳо чанд роҳ ба Судҷа боқӣ монда буд ва таъмини нерӯҳо дар вилояти Курск ниҳоят мушкил гардид",-мегӯяд Роб Ли.

Роб Ли мегӯяд, "Дар ин самт Русия чанд ҷузъу томи қавии зарбазани паҳподӣ дошт, вале аз ҳама асосӣ он ҷо маҳз "Рубикон" буд. Ба ҳамин далел, Украина натавонист таъминоти нерӯҳоро ба таври маъмулӣ идома диҳад ва дар натиҷа Русия тавонист бештар муваффақ шавад ва Нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро ақиб гардонад".

Аз охири моҳи январи 2025 ҷуғрофиёи кори "Рубикон" васеъ шуд. Дар навори зарбаҳо ҳадафҳое дар бахшҳои Купянск ва Покровск пайдо шуданд, аз миёнаҳои феврал дар самтҳои Харков ва Угледар ва аз оғози март дар самти Ҷануби Донетск падидор шуданд. Аз моҳи май "Рубикон" асосан дар вилояти Донетск фаъолият мекард, пуштибонии ҳамлаҳои тобистонии Русияро ба дӯш дошт.

"Рубикон" операторҳои хеле хуби паҳподҳо дорад. Ғайр аз ин, онҳо вазифаи омӯзишдиҳиро низ иҷро мекунанд: дар тамоми хатти фронт ба ҷузъу томҳо дастур медиҳанд. Отрядҳои онҳоро дар мавзеъҳои гуногуне, ки он ҷо ҷузъу томҳои маҳалии паҳподҳои зарбазанро омӯзиш медиҳанд, ҷо ба ҷо мекунанд, ки барои операторон дар қаламравҳои ишғолшуда мактабҳо ташкил медиҳанд ва самтҳои авлавиятдоштаро тақвият мекунанд",- мегӯяд Роб Ли.

Аз моҳи феврал зарбаҳои операторҳои "Рубикон" бештар на ба ҳадафҳои рӯйизаминӣ, балки ба паҳподҳои душман равона шуданд. Дар оғоз инҳо, умдатан ҳексокоптерҳои бомбафкаи "Баба-яга" буданд, баъдан қариб ҳамаи намудҳои паҳподҳои иктишофӣ ва зарбазани украинӣ низ ба онҳо илова шуданд. Агар ба оморе, ки тарҳи русии LostArmour бар асоси видеоҳо ҷамъоварӣ мекунад, бовар кунем, то сентябри соли 2025 беш аз чоряки зарбаҳои "Рубикон" маҳз ба паҳподҳо рост меомад, ҳамчунин, тақрибан 15 фоизи ҳадафҳо ба системаҳои гуногуни радарӣ, иртиботӣ ва ҷанги радиоэлектронӣ равона шуда буданд. Моҳҳои охир, бар асоси видеоҳо, нақши "Рубикон" ба унвони падофанди ҳавоии ҷабҳаӣ (дифои зиддиҳавоӣ) афзоиш меёбад ва теъдоди техникаи мавриди ҳадаф, аз ҷумла, мошинҳо ва мотосиклҳо ҳарчи камтар мешавад. Тобистон шумораи зарбаҳо ба паҳподҳо қариб нисфи ҳамаи ҳамлаҳои "Рубикон"-ро ташкил дод.

Низомиёни Русия симтӯрҳои ҳимоявиро барои пешгирии паҳподҳои укроинӣ дар давродаври як боғчаи кӯдакона дар Белгоград насб мекунанд, 25 августи соли 2025.
Низомиёни Русия симтӯрҳои ҳимоявиро барои пешгирии паҳподҳои укроинӣ дар давродаври як боғчаи кӯдакона дар Белгоград насб мекунанд, 25 августи соли 2025.

"Онҳо сохтори дақиқе бо мутахассисон риштаҳои нодир доранд. Ҳар ҷузъи "Рубикон" дар заминаи мутафовите тахассус дорад: бархеҳо ба паҳподҳои FPV рӯй овардаанд, баъзеи дигар дар ҳоли муқобила бо паҳподҳои иктишофии украинӣ ҳастанд ва қисме ҳам дар мубориза бо бомбафканҳои шабона. Қисми дигар паҳподҳои зарбазани "Молния"-ро истифода мебаранд",-мегӯяд Роб Ли.

Ин коршинос мегӯяд, вижагии мунҳасир ба фарди "Рубикон", шиносои қавии радиоэлектронии он аст, ки ба он ёрӣ мекунад, то ба таври муассире паҳподҳои украинӣ ва операторҳои онҳоро пайдо кунад. Ҳамлаҳо ба хадамаи паҳподҳои украинӣ дар манотиқи хосе таъсири чашмгире доштааст. Ба гуфтаи Ли, тайи як ҳафтаи амалиёти "Рубикон" дар яке аз мавзеъҳо, то 70 дарсад аз мавқеиятҳои паҳподҳои як бригадаи украинӣ нобуд шуд.

"Рубикон" тақрибан аз тамоми паҳподҳои зарбазан ва иктишофие, ки дар силоҳҳои артиши Русия мавҷуданд, ба истиснои "Шаҳид" ва "Геран"-ҳо, истифода мебарад. Ба ин паҳподҳои маъмуливу нахинурии FPV, ВТ - 40, КВН, паҳподҳои таҳоҷумии "Молния" ва “Лансет”, бесарнишинҳои иктишофии ZALA, "Орланҳо", паҳподҳои SuperCam, паҳподҳои вижаи падофандӣ шомиланд. Тобистон ба ин рӯйхат, қоиқҳои бесарнишини баҳрӣ, ки Украина хеле шуд дар ҷанг истифода мебарад, илова шуданд.

28-уми август Вазорати дифои Русия аз ҳамлаи як қоиқи бесарнишин (БЭК) ба киштии иктишофии украинии "Симферопол" дар даҳанаи Дунай хабар дод. Ин аввалин боре буд, ки артиши Русия аз БЭК-ҳо барои ҳамла ба аҳдофи низомӣ истифода мекард. Як моҳ қабл, дар баҳри Балтик тамринҳои "Тӯфони июл"-и Русия баргузор шуд, ки бахши муҳиме аз онро тамрини тавсеи истифода аз қоиқбҳои бесарнишин ва нобудсозии шабеҳсозии киштии душман дар бар гирифт.

Саҳнаҳое аз ин тамринҳо дар филми "Рубикон" намоиш дода шуд. Дар наворҳо ҳамчунин худ қоиқҳое нишон дода мешаванд, ки зоҳиран ба ихтиёри "Рубикон" супурда шудаанд. Инҳо ба эҳтимоли зиёди намунае аз "Оркан"-ҳои русӣ ҳастанд. Оё "Рубикон" дар тамринҳои моҳи июл ширкат кардааст ва оё он ба ҳамлаҳо ба киштии "Симферопол" рабте дорад, ҳанӯз маълум нест, вале яке истихдомкунандагони "Рубикон" аз ҳисоби кормандони ниҳодҳои низомии русӣ дар мукотиба бо Радиои Озодӣ дар Телеграм таъйид кард, ки дар ҳоли ҳозир ин марказ ба истихдом (ҷалби сарбозҳо) барои омӯзиши операторҳои қоиқҳои бесарнишин аст машғул аст.

Қоиқи бесарнишине, ки дар наворҳои “Рубикон” намоиш дода шудааст.
Қоиқи бесарнишине, ки дар наворҳои “Рубикон” намоиш дода шудааст.

Сергей "Флеш" Бескрестнов, коршиноси украинӣ, самти нави амалиёти "Рубикон"-ро таҳдиде барои Украина медонад.
"Маркази бошаҳомати системаҳои бесарнишини "Рубикон" метавонад (аз рӯйи қиёс бо "Шаҳид") масалан, дар як рӯз ба 400 қоиқ (зербаҳриву рӯйибаҳрӣ), ба тамоми бандарҳо, манораҳо назоратӣ, киштиҳо ва тамоми зерсохтҳои баҳри ҳамла кунад. Оё мо барои ин омодаем? То пас аз ин маҷбур набошем ба дунболи гунаҳгор бигардем: чаро ин гуна шуд?» - менависад Бескрестнов дар Телеграм.

Сардори бригадаи посдорон

Маркази "Рубикон" дар рӯйхати пойгоҳҳои додаҳои шахсони ҳуқуқии Русия нест. Ба таври ошкоро бо ҳеч воҳиди низомии Вазорати дифоъ пайванде надорад ва дар титрҳои расонаҳои Русия бо номи мустаори "махфӣ" ёд мешавад. Аммо Радиои Озодӣ бо истифода аз манбаъҳо тавонист фармондеҳи "Рубикон" ва пойгоҳи аслии онро пайдо кунад.

Насаб ва ҳарфи аввали номи раиси Маркази омӯзишии фановариҳои пешрафтаи бесарнишини Русия "Рубикон" (МОФПБ) дар интернет ду бор ба чашм мехӯрад: яке дар сипосномаҳое, ки дар вебсайти бунёди хайрияи "Ҳамдилии бародарона" нашр шудаанд ва дигаре дар сипосномаҳо ба ёридиҳандагони ширкаткунандагони ҷанг бо Украина дар шӯрои сарпарастоне, ки аъзои он, умдатан аз хадамоти вижа, ХРХ (Хадамоти разведкаи хориҷӣ) ва ХАФ (Хадамоти амнияти федеролӣ)-и Русия мебошанд. Ҳар ду нома (1, 2) дар таърихи 24-уми июли 2025 ҳастанд ва ҳар ду тавассути "сарҳанги горд, сардори МОФПБ "Рубикон" С.В. Будников", имзо шудаанд.

Дар гузориши телевизионии Владимир Соловёв, ки болотар зикр шуд, муҷрии барнома дар баробари дигарон аз маркази омӯзишии "Рубикон" боздид мекунад. Чеҳраи кормандони ин марказ, ки дар наворҳо сӯҳбат мекунанд, ба андозаи зиёд хира карда шудааст, аммо онҳое, ки муҷриро ҳамроҳӣ мекунанд, нишон дода мешаванд. Ҳамроҳи Соловёв, Алексей Криворучко, муовини вазири дифои Русия дар биноҳои "Рубикон" қадам мезананд ва паси онҳо ду тани дигар низ меоянд. Яке аз онҳо Евгений Шмирин, сардори Раёсати тадқиқоти пешрафтаи байнисоҳавӣ ва тарҳҳои вижаи Вазорати дифои Русия (баҳори имсол намояндаи ин раёсат масъули "силоҳҳои оянда" ба Эрон сафар кард; октябри 2023 худи Шмирин дар музокирот бо вазири дифои Эрон дар Теҳрон ширкат намуд, ки дар бораи нақши ниҳоди Шмирин дар эҷоди "Рубикон" поёнтар хоҳем гуфт).

Тавре Радиои Озодӣ маълум кард, марди дувуме, ки чеҳрааш дар навор тира карда нашудааст, худи Будников аст. Аксҳои ӯро, аз ҷумла аксе бо дипломи духтари сарҳанге бо ҳамин насаб, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат карда буд, дар ҳисоби корбарии ҳоло ҳазфшудаи ҳамсари Будников дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" пайдо кардан мумкин аст.

Сергей Викторович Будников 24 декабри соли 1987 дар Белгород таваллуд шудааст. Аз соли 2010 то соли 2012 дар бригадаи 61-уми ҷудогонаи нерӯҳои горди баҳрӣ дар вилояти Мурманск хидмат кардааст. Сипас, ҳадди аққал то соли 2019 дар бригадаи 9-уми тӯпхонаи горд дар Лугаи вилояти Ленинград хидмат карда, он ҷо то охири хидматаш вазифаи сардори ситодро ба дӯш дошт. Эҳтимолан Будников дар ҳамин ҷо рутбаи сарҳангро соҳиб шудааст. Дар соли 2022, пас аз оғози ҳамлаи густардаи Русия ба Украина, фармондеҳи "Рубикон" хонаводаи худро ба Белгород овард, ки ӯ ва ҳамсараш дар ин ҷо таваллуд шудаанд.

Сергей Будников бо ҳамсараш.
Сергей Будников бо ҳамсараш.

Тибқи як махзани ифшошудаи Хадамоти марзбонии Русия, ки бахше аз онро тарҳи украинии "Сулҳофар" ("Миротворетс") нашр кардааст, аз моҳи март то августи соли 2023, Сергей Викторович Будников бо ҳамон таърихи таваллуд ва рақами шиноснома марзи миёни Русия ва вилояти ишғолшудаи Донетски Украинаро дар гузаргоҳҳои "Куйбишев" ва "Матвеев Курган" камаш 19 маротиба убур кардааст.

Сергей Будников ба суолҳои Радиои Озодӣ, ки тавассути почтаи электронӣ ба ӯ равон шуда буданд, посух надод.

Чӣ гуна Владимир Соловёв пойгоҳи Рубиконро "таслим" кард

Дар маҷмӯъ, дар интернет се наворе нашр шудааст, ки "пойгоҳи махфӣ"-и маркази "Рубикон"-ро нишон медиҳанд. Нахустин бор 11 октябри соли 2024 дар шабакаи Telegram-и Вазорати дифоъ. Дуюм, гузориши телевизионии Соловёв, ки 2 феврали соли 2025 нашр шуд. Ниҳоят, 1 августи соли 2025 дар шабакаи телевизионии "Рубикон" ба муносибати солгарди таъсиси он наворе нашр шуд, ки саҳнаҳое аз ду навори қаблӣ ва саҳнаҳои нашрношудаеро низ дар бар мегирад.

Дар ҳар се видео, ҳама ҷузъиёте, ки метавонистанд ҷойгиршавии пойгоҳҳо ва маркази омӯзишии "Рубикон"-ро нишон диҳанд, ба андозаи зиёд тира ва дасткорӣ шудаанд. Дар ҳоле ки "Рубикон" ва Вазорати дифоъ, воқеан тавонистанд, ки видеоҳои худро амалан ғайри қобили пайгирӣ кунанд, видеои Соловёв ба мо имкон медиҳад, ки макони наворбардориро дақиқ муайян кунем, ки толорҳои маркази намоишии "Патриот" дар вилояти Маскав мебошанд.

Моҳи августи соли 2025 Вячеслав Ахмедов, мудири собиқи парки "Патриот" бо иттиҳоми қаллобии бузург ва сохтакории расмӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. Тавре баъдтар маълум шуд, то ин вақт "Рубикон" аллакай шаш моҳ буд дар он ҷо ҷойгир шуда буд.

Парки "Патриот", намоишгоҳи "Артиш-2021".
Парки "Патриот", намоишгоҳи "Артиш-2021".

Пиксели артиш нест

Навиштаҷоти тарроҳишудаи болои даромадгоҳи ҳоҷатхона ва тоблуи равшани болои онро тира кардаанд. Тоблуе, ки тавре аз видеоҳои дар дастрас қарордоштаи "Патриот" дида мешавад, навиштаҷоти "ҳоҷатхона" ба забонҳои русиву англисӣ дар он сари ҳар чанд сония иваз мешавад (ин тоблу махсусан дар боло гузошта шудааст, зеро дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳҳо дарҳои ҳоҷатхона аз назари боздидкунандагон бо овезаҳо пинҳон карда шудааст, вале лаҳзаи табдил шудани забонҳо дар он дар навори Соловёв омадааст).

Илова бар ин, ҳамон ҷойе, ки Соловёв, Криворучко, Шмирин ва Будников дар толор қадам мезананд, тирагии тасвир ба канор меравад ва худи Соловёв пайдо мешавад, ки сутуне бо ҳамон қоббандӣ ва баландгӯякҳову таҳҷизоти дигар намоён мешаванд, ки дар аксу видеҳои зиёди оммавишуда аз ин Маркази намоишгоҳи "Патриот" ба назар мерасанд.

Наворҳое, ки дар ҳамин фазоҳои дохилӣ наворгирӣ шудаанду дар видеои Соловёв намоиш дода нашудаанд, дар видеои солгарди "Рубикон" дида мешаванд. Дар байни ҷузъиёти мушобеҳ овезаҳо бо навиштаҷоти "ватандӯстона" ва монеаҳои бодӣ барои омӯзиши бесарнишини FPV дида мешаванд (ҳамин гуна монеаҳоро дар тасвирҳои таблиғотии "Рубикон", ки ҳангоми ташвиқи мардум ба сафҳои худ нашр мекунад, дидан мумкин аст).

Дар як видеое, ки Вазорати дифоъ моҳи октябри соли 2024 нашр кард, ҳамчунин вуҷуди чанд ҷузъиёт ба сабт шудани он дар Маркази намоишгоҳи "Патриот" ишора мекунанд: масалан, даричаҳои филизӣ дар фаршҳо, ки сӯрохиҳои фаннӣ доранд (инҳоро дар анбори таҷҳизоти "Рубикон" дар навори Соловёв дидан мумкин аст).

Мо инчунин далелҳои дигаре пайдо кардем, ки "Рубикон" барои ҳамеша дар "Патриот" ҷо ба ҷо шудааст ва пойгоҳе, ки дар ҳар се видео нишон дода шудааст, саҳнасозии телевизионӣ набуд.

Дар вебгоҳи Маркази намоишгоҳи "Патриот" тақвиме вуҷуд дорад, ки чорабиниҳои солҳои 2023 ва 2024-ро пешниҳод мекунад. Моҳи сентябри соли 2024 дар ин тақвим сатри доимӣ илова карда мешавад, ки ҳафт рӯз дар як ҳафта ва ҳар ҳафта то охири солро дар бар мегирад. Он "Машғулятҳои илмӣ ва амалӣ (РТПБ ва ТВ)" ном дорад. РТПБ ва ТВ ин ҳамон "Раёсати таҳқиқоти пешрафтаи байнинавъӣ ва тарҳҳои вижа" мебошад, ки онро Евгений Шмирин сарварӣ мекунад ва Владимир Соловёвро ҳангоми боздид аз "Рубикон" ҳамроҳӣ мекард.

Мо ҳамчунин тавонистем порае аз видеои Соловёвро маконёбӣ кунем, ки дар он ӯ, Будников, Криворучко ва Шмирин "баханка"-ҳоро аз назар мегузаронанд ва тавре дар навор гуфта мешавад, операторони паҳподҳоро "ба хатти аввали ҷабҳа", интиқол медиҳанд. Ин таваққуфгоҳи мошинҳо дар парки "Патриот" аст, ки дар наздикии маҷмааи асосии намоишгоҳ, дар қисмати "Маҷмааи низомию саноатӣ" ҷойгир аст.

Радиои Озодӣ ҳамчунин маълум кард, ки барои маркази "Рубикон" толори D ва қисме аз толори С-и Маркази намоишгоҳи "Патриот", ки ҳар ду дар қисми ҷанубии маҷмаа ҷойгиранд, ихтисос дода шудааст. Дар тасвирҳое, ки аввали моҳи апрели соли 2025 аз намоишгоҳи "Мотовесна 2025" аз толори бардошта шудаанд, ҳамон тӯрҳои рӯйпӯшкунандае, ки толори D-ро пӯшонидаанд дида мешаванд, ки он ҷо қароргоҳи "Рубикон" аст.


Соли 2025 форуми "Артиш", ки ҳамасола аз соли 2015 дар парки "Патриот" баргузор мешуд (аз ҷумла дар ҳамаи чаҳор толори маркази намоишгоҳ) бори аввал лағв шуд . Парки "Патриот" аз моҳи апреля соли 2024 то дирӯз, вақте ки "Конгресси байнулмилалии техникӣ" дар маркази намоишгоҳ кушода шуд, ҳеч намоишгоҳе баргузор накарда буд. Тавре дар аксҳо дар Instagram дида мешавад, ин чорабинӣ дар толори В мегузарад, яъне байни он ва "Рубикон" як толор хол аст. Намоишгоҳ ду рӯз давом кард ва намоишгоҳи баъдӣ танҳо дар моҳи декабр дар назар гирифта шудааст.

"Раванди интихоби ибтидоии "Рубикон" дар Маскав сурат мегирад ва пас аз он баргузидашудаҳо "ба минтақаи АВН" (амалиёти вижаи низомӣ) фиристода мешаванд",- гуфт яке аз истихдомкунандагони ин марказ ба Радиои Озодӣ, ки мо бо ӯ тавассути паёмрасони Макс тамос гирифтем. Пардохти якдафъаинае, ки "Рубикон" навинтихобшудаҳоро ҷалб мекунад, бо маблағе, ки барои имзои шартнома дар пойтахти Русия баста мешавад, мувофиқат мекунад: 2,3 миллион рубл бо дарназардошти пардохти федеролии 400 ҳазор рублӣ. Ба гуфтаи ин истихдомгар, пас аз интихоб, омӯзиши операторҳои бесарнишинҳо ва мутахассисони дигар "дар пойгоҳи отряде сурат мегирад, ки имзокунандаи шартнома ба он равон шудааст".

Як пайванди дигар ба Маскавро метавон дар навори солгарди таъсиси "Рубикон" дид: дар девори яке аз утоқҳо акси марде низомипӯше овезон аст, ки дар ҳоли идора кардани паҳпод аст Дар байни логотипҳои акс на танҳо логотипҳои Вазорати дифоъ ва "Рубикон", балки логотипи ҳукумати Маскав низ ба назар мерасанд.

22 майи соли 2025 ба маркази намоишгоҳҳои "Патриот" як ҳавопаймои бесарнишини украинии "Лютий" зарба зад. Бо гузашти се рӯз, 25 май он ҷо сохтмони манора барои системаи падофанди "Пантсир" оғоз ёфт, ки 16 июн ба анҷом расид.

"Бозӣ тағйир кардааст": Украина аз "Рубикон" чӣ омӯхта метавонанд

Қаҳрамони Украина ва фармондеҳи полки бесарнишинҳои К-2 Кирилл Верес кори "Рубикон"-ро дар дараҷаи "болотарин" арзёбӣ кард. "Дар ҳар куҷое ҳастанд ва дар ҳар ҷойе кор мекунанд, ман ба бахшҳои худамон ҳасад намебарам, онҳо беҳтарине аз беҳтаринҳо ҳастанд. Фақат умедворам, ки миқёсашонро густариш надиҳанд".

Мария Берлинская, раиси Маркази пуштибонии разведкаи ҳавоии Украина, бар ин аст, ки "Рубикон" дар як соли мавҷудияташ ба "беҳтарин воҳиди фановарии Русия" табдил ёфтааст, ки масъули тахриби ҳазорон таҷҳизот, бесарнишинҳо ва ҳамчунин захмиву кушта шудани сарбозони украинӣ, аз ҷумла операторони паҳподҳо аст.

"Рубикон" мудирияти фавқулодае дорад, ба таври систематик амал мекунанд, беҳтарин интихоби ҳайати шахсӣ, омодасозӣ, ҳама василаҳои лозим дар ихтиёрашон қарор дорад. Дар пул ғарқ карда мешаванд беҳтарини кадрҳо, омӯзиш доранд ва бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд. Дар ҳоли сармоягузории бештар ба он ҳастанд. Онҳо акнун ба таври фаъол дар ҳоли афзоиши теъдод: аз як воҳиди чандсаднафарӣ ба ҳазорон тан густариш меёбанд, то тамоми ҷабҳаро фаро бигиранд. Тибқи пешбиниҳои ман, то тирамоҳ (2025) мо шоҳиди ҳади аққал 5-6 ҳазор мутахассисон дар гурӯҳҳои ҳамоҳанг ва муҷаҳҳазшуда мешавем. Ҳар касе шеваи кори “Рубикон”-ро медонад, рӯйи як чиз ҳамназаранд, ки ин система хеле муассир аст, дар ҳоле, ки дар мо дар бештари қисматҳои ҷабҳа ҳанӯз "махновшина" кор бурда мешавад",- мегӯяд Берлинска.

Низомиёни украинӣ паҳподи “Вампир”-ро феврали соли 2024 дар наздикии хатти муқаддам дар вилояти Запороже ба парвоз дароварданд.
Низомиёни украинӣ паҳподи “Вампир”-ро феврали соли 2024 дар наздикии хатти муқаддам дар вилояти Запороже ба парвоз дароварданд.

Денис Мишенко, як ҷанговари бригадаи 12-уми нерӯҳои вижаи "Азов" менависад, "Рубикон" яке аз сохторҳое аст, ки артиши Украина бояд "онро биомӯзад, роҳҳои муқовимат бо онро пайдо кунад ва онро аз байн бибарад". "Ин як рақиби хеле қавӣ аст, ки бояд ба он бештар таваҷҷуҳ кард",- меафзояд ӯ.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Мишенко таъкид кард, ки "Рубикон" барои бахши зери фармондеҳии ӯ "мушкилоти фаровони локистикӣ", эҷод кард.

Бо ин дидгоҳ, ки нобудсозии логистикаи украинӣ вазифаи асосии "Рубикон" аст, ҷанговари дигари баталони 419-уми паҳподҳо бо лақаби "Мерфи" низ ҳамназар аст. "Вақте онҳо ба ин ҷо расиданд, бозӣ дигар тағйир кард",- мегӯяд Ребека Матсировски, фармондеҳи бахши тиббии баталони 53-и бригадаи Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки дар наздикии Константиновка дар вилояти Донетск меҷангад.

Мария Берлинская ҳамчун чораи муқовимат бо "Рубикон" пешниҳод мекунад, ки "Анти-Рубикон" эҷод карда шавад, ки ҳадафмандона гурӯҳҳои "Рубикон"-ро "шикор" кунад. Ба ҷуз ин, ӯ бар ин аст, ки зарур аст таҷрибаи ҷузъу томҳои русиеро, ки "бо фарқ аз украиниҳо аз пазириш ва густариш додани роҳҳалҳои пешрафтаи душман ибо намекунад", ба кор гирифта шавад.

Берлинская ҳамчунин даъват мекунад, ки бояд дар ҳар як бригада касоне масъули ҷамъоварӣ ва миқёсбандии роҳҳои ҳалли фановариҳои корӣ бошанд, зеро бештари вақт бригадаҳои ҳамсоя "аз беҳтарин тарҳҳои кории якдигар иттилое надоранд ва бо якдигар шарик намекунанд". Ба гуфтаи ин ризокор, ин се марҳилаи аввалиятдоро метавон дар як моҳ анҷом дод.

Роб Ли низ мувофиқ аст, ки Нерӯҳои мусаллаҳи Украина метавонистанд баъзе аз таҷрибаҳои "Рубикон"-ро ба кор бигиранд. "Яке аз сабақҳои омӯзанда он аст, ки отрядҳои "Рубикон" ба бахшҳои мушаххаси ҷабҳа бо маъмурияти дақиқу нозук роҳ пайдо мекунанд. Масалан, номумкин кардани тадорукоти украиниҳо дар як минтақаи хос: қатъи таъминоти нерӯҳо, аз кор андохтани муҳимоти ҷангӣ, имкони кори муқаррарии паҳподҳоро аз миён бурдан. Ҳарчанд мавзеъҳо метавонанд хеле хурд бошанд, вале таъсирашон бисёр ҷиддӣ аст. Баъзан вақт аз ин ки, нерӯҳои украинӣ тақрибан натавонистанд мавқеъҳояшонро ҳимоят кунанд, Русия пеш меравад",-мегӯяд Ли.

Паҳподи русии FPV, ки бо нахи нурӣ (кабел) кор мекунад.
Паҳподи русии FPV, ки бо нахи нурӣ (кабел) кор мекунад.

"Ман такрор мекунам, ки Украина дар бахши рушд ва истифодаи фановариҳои бесарнишин пештоз буд ва мемонад, вале дар бисёр ҷойҳо аз ҳисоби "Рубикон" ин фосила кӯтоҳ шуда истодааст. Гурӯҳҳои русӣ доранд босифаттар амал мекунанд ва дар баъзе мавридҳо онҳо метавонанд дар мавзеъҳои ҷудогона ҳайати зиёди операторҳои паҳподҳоро ҷо ба ҷо кунанд ва он ҷо дар ҳаво бартарӣ доранд. Агар ин ҳайатҳо бештар шаванд, барои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина низ душвориҳо зиёд мешавад. Онҳо аз таҷрибаи украиниҳо сабақ гирифтанд ва дарк карданд, ки бояд дар бахши рушд ва истифодаи бесарнишинҳо сармоягузории ҳангуфт кунанд. Ин бахшро миқёсбандӣ кунанд ва дар авлавият қарор диҳанд. Фикр мекунам ҳоло мо шоҳиди ҳамин саҳна ҳастем",-ҳадс мезанад ин коршинос.

Дар омода кардани ин матлаб тарҳи таҳқиоқтии "Система"-и Радиои Озодӣ ва "Настоящего Времени"саҳм гузоштаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG