Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар куҷост? Кремл чӣ гуна ҷойи воқеии ӯро пинҳон медорад?


“Система”, бахши таҳқиқотии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мегӯяд, Кремл дар солҳои охир дар бораи макони воқеии раисҷумҳури Русия борҳо дурӯғ гуфтааст
“Система”, бахши таҳқиқотии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мегӯяд, Кремл дар солҳои охир дар бораи макони воқеии раисҷумҳури Русия борҳо дурӯғ гуфтааст

Мухтасар

  • Таҳқиқ нишон дод, ки Кремл дар бораи макони президент Владимир Путин, ки аз се дафтари бо ҳам монанд дар гӯшаҳои гуногуни Русия истифода мебарад, борҳо мардумро гӯл задааст.
  • Бахши таҳқиқотии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар навору аксҳо ва барномаи сафари шахсони наздик ба Путин ноҳамоҳангиҳоро маълум кард. Бисёре аз мулоқоти ӯ, ки иддао мешавад, дар ҳошияи Маскав баргузор шудаанд, дар асл дар Сочи ё Валдай гузаштаанд.
  • Владимир Путин дар пасманзари ҷанги идомадор дар Украина ва афзоиши ҳамлаҳои паҳподии Киев ба ҳадафҳо дар хоки Русия бештар ба қароргоҳаш дар Валдай бартарӣ додааст.

"Ново-Огарёво", Сочи ё Валдай?

Рӯзи 11-уми октябри соли 2020. Як гузоришгари телевизиони давлатии Русия хулосаи мусоҳибаи ихтисосияшро бо президент Владимир Путин ва хабарҳоро аз санҷиши як мушаки фавқуссадо (ҳайперсоник) нақл кард. Гузоришгар бо лаҳни монанд ба баёнияҳои Кремл гуфт, “пас аз мусоҳиба боз кор.” Ва ишораи ӯ ба талоши гуё беисти Путин барои қавӣ ва амн нигоҳ доштани кишвараш аст.

Дар кунҷи ҳамин навор навишта шуда буд, ки “Ново-Огарёво”, қароргоҳи аслии раисҷумҳури Русия дар канораи шаҳри Маскав. Дар идома тасвирҳое аз Путин нашр шуд, ки ба самти дафтари корияш меравад ва дастаи дарро медорад. Ва ҳамин дастаи дар ва чанд ҷузъиёти дигар нишон доданд, ки ҷойи наворгирӣ дар асл “Ново-Огарёво” нест. Инро як таҳқиқи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ низ тасдиқ кард.

Навор беш аз 1500 километр дуртар, дар дафтари мушобеҳе дар “Бочаров Ручей”, қароргоҳи давлатӣ дар Сочи забт шудааст. “Система”, бахши таҳқиқотии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, маълум кард, ки на танҳо як, балки ду дафтари бо ҳам монанд ба “Ново-Огарёво” вуҷуд дорад. Яке дар Сочи ва дигаре дар Валдай, тақрибан дар миёнаи роҳи Маскав ва Санкт-Петербург.

Бахши таҳқиқотии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мегӯяд, Кремл дар солҳои охир дар бораи ҷойи воқеии раисҷумҳури Русия борҳо дурӯғ гуфтааст. Илова бар ин, “Система” дар гузорише дар моҳи августи имсол нишон дод, ки дастикам панҷ мулоқоти Путин, ки бар асоси иддаои Кремл дар моҳҳои апрел ва май анҷом шуда буданд, дар асл моҳҳо қабл забт шудаанд. Ин шева ҳамчунон идома дошта, Кремл тайи се моҳи охир дастикам ҳафт навори кӯҳнаро аз мулоқоти Владимир Путин ба унвони тасвирҳои нав нашру паҳн кардааст.

Дастаи дар ва чанд ҷузъиёти дигар

“Система” ҳангоми баррасии тақрибан 700 навори нашршуда аз сӯйи ҳукумат ё телевизиони давлатии Русия ва аксҳои вебсайти Кремл, фарқҳои ҷузъии се дафтари бо ҳам монанди Путинро дарёфт. Хабарнигорони “Система” ҳамзамон ҷамъе аз ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла матлабҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилоотро дар бораи сафари шахсони наздик ба Путин, бавижа аъзои дастаҳои амниятӣ ва расонаии ӯ арзёбӣ карданд. Гузориши телевизионии моҳи октябри соли 2020 як намунаи сода, аммо дар айни ҳол бисёр муҳим аст.

Рӯзноманигорони таҳқиқотгар мегӯянд, тафовут чанд сантиметр аст, аммо намешавад нодида гирифт
Рӯзноманигорони таҳқиқотгар мегӯянд, тафовут чанд сантиметр аст, аммо намешавад нодида гирифт

Дар дафтари “Ново-Огарёво” дастаи дари Путин дар наздикии мизи ӯ, каме поинтар аз хати рӯйи девор қарор гирифтааст. Аммо дастаи даре, ки дар гузориши рӯзи 11-уми октябри соли 2020 дида шуд, андаке болотар аз он ҷой дорад. Тафовути чандсантиметрӣ, аммо намешавад нодида гирифт. Фарқе, ки собит мекунад мусоҳиба дар Сочи анҷом шудааст, на дар Маскав. Аз ҷузъиёти дигари фарқкунанда дар ин ду макон метавонад шакли мизи телевизион, чароғҳои рӯйи миз ва тарҳи як варақдон бошад.

Тибқи иттилои расмӣ, мусоҳибаи Владимир Путин бо Сергей Брилов дар “Ново-Огарёво” сабт шудааст, аммо дар асл ҷойи мусоҳиба “Бочаров Рочей” дар Сочи аст
Тибқи иттилои расмӣ, мусоҳибаи Владимир Путин бо Сергей Брилов дар “Ново-Огарёво” сабт шудааст, аммо дар асл ҷойи мусоҳиба “Бочаров Рочей” дар Сочи аст

Сафарҳо чиро бозгӯ мекунанд?

Дар мавриди дигар, Кремл иддао карда буд, ки як навори марбут ба моҳи сентябри 2020 дар қароргоҳи Путин дар Маскав забт шудааст. “Система” ба имейле дастрасӣ ёфт, ки нишон медиҳад яке аз таҳиягарони телевизиони давлатӣ аз ҳамкораш хоста буд, сафари Павел Зарубин, рӯзноманигори машҳури наздик ба Кремл ва теъдоде аз аъзои тими телевизиониашро дар ҳамон сана ба Сочи барномарезӣ кунад.

Бахши таҳқиқотии Радиои Озодӣ мегӯяд, Зарубин, ки аз таҳиягарони барномаи ҳафтагии хабарӣ бо тамаркуз ба Владимир Путин аст, муратаббан ба Сочи сафар карда, вале Кремл иддао мекард, наворҳои ӯ дар Маскав забт шудааст. Владимир Путин ҳамчунин замони зиёдеро дар Валдай мегузаронад, ҷое бисёр монанди ду дафтари дигараш дар Маскав ва Сочи.

Ба иттилои Кремл, ин ду акс дар як рӯз, 12-уми июли соли 2024 ва дар як макон гирифта шудаанд. Таҳқиқи аксҳо нишон дод, ки онҳо аз ду макони гуногун ҳастанд
Ба иттилои Кремл, ин ду акс дар як рӯз, 12-уми июли соли 2024 ва дар як макон гирифта шудаанд. Таҳқиқи аксҳо нишон дод, ки онҳо аз ду макони гуногун ҳастанд

Дур аз назарҳо

Майли Владимир Путин ба Валдай дар солҳои охир бештар шудааст. Аз моҳи феврали соли 2023 ба баъд, як сол пас аз ҳамлаи густардаи Маскав ба Украина, ӯ аз дафтари Сочи бисёр кам истифода кардааст. Илова ба ин, навору тасвирҳое, ки “Система” баррасӣ кард, нишон дод, ки макони тақрибан ҳамаи дидорҳое, ки иддао мешавад дар соли ҷорӣ дар дафтари Маскав баргузор шудаанд, дар асл Валдай будааст.

Валдай илова ба як иқоматгоҳи давлатӣ, маҳалле барои дидорҳо ва ҷаласаҳо ҳам ҳаст, ки дар соли 2016 бино шуд. Ширкати бинокор ҳамоне аст, ки “Ново-Огарёво”-ро дар канори Маскав ва “Бочаров Ручей”-ро дар Сочи бозсозӣ кардааст.

Ончи ки тафовути Валдай бо ду макони дигарро ошкор мекунад, як дастгоҳи назорати дамо аст, ки дар миёнаи як девор ба чашм мехӯрад. Ҳамчунин тарҳи коғаздони чӯбии рӯйи мизи Путин фарқкунанда аст. “Система” маълум кард, ки аз 24-уми феврали соли 2022, яъне оғози ҳуҷуми Маскав ба Украина то 12-уми апрели ҳамон сол, Путин дастикам 12 мулоқотро дар дафтари Валдай гузарондааст.

Таҳлили аксҳо ва далелҳои дигар нишон медиҳанд, ки аз миёни 30 ҳузури расонаии Владимир Путин дар нуҳ моҳи соли 2025 ҳам, ба ҷуз аз як маврид, ҳамагӣ дар Валдай забт шудааст.

Тасвири моҳвораӣ (Maxar Technologies) дар наздикии қароргоҳи президенти Русия дар Валдай як низоми дифои ҳавоиро нишон медиҳад
Тасвири моҳвораӣ (Maxar Technologies) дар наздикии қароргоҳи президенти Русия дар Валдай як низоми дифои ҳавоиро нишон медиҳад

Ҷомеашинос Константин Газ гуфт, дар пайи ҷанги Украина ва ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Киев ба зербунёдҳои низомӣ ва энержии Русия як далели сода ва рӯшане барои бартар шумурдани Валдай вуҷуд дорад ва он ҳам амният аст. Ба гуфтаи Газ, “Бочаров Ручей” дар як нуқтаи нисбатан баланди Сочи ҷойгир аст ва метавонад аз ҳамла осебпазир бошад.

“Чораҳои афзояндаи амниятӣ ва дифоӣ дар атрофи қароргоҳи Маскав низ метавонад таваҷҷӯҳро ҷалб кунад. Қароргоҳи Валдай дуртар ва амн аст,” – гуфт ӯ.

Тибқи таҳқиқоти бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар атрофи Валдай дувоздаҳ низоми дифои ҳавоӣ насб шудааст, ки бештари онҳо маҷмӯаҳои мушакии “Pantsir S-1” мебошанд.

Пеш аз нашри ин матлаб Дмитрий Песков, сухангӯйи Владимир Путин, суолҳои “Система”-ро дар бораи се қароргоҳи раисҷумҳури Русия гирифт, вале посух надод. Ӯ дар соли 2020, вақте расонаи русии "Проект" гузориш дод, ки гуё дар “Ново-Огарёво” ва “Бочаров Ручей” ду идораи комилан якхела вуҷуд дорад, ин хабарро рад кард ва иддао намуд, ки чунин “дафтарҳои ҳамсон” вуҷуд надоранд.

Ҳукумати Владимир Путин ба далелҳо дар бораи гумроҳ кардани мардуми Русия дар бораи макони баргузории садҳо мулоқоту ҷаласаи раисҷумҳур вокуниш нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG