Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи аз кор мондани корхонаи нави дӯзандагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ пас аз боз шудани он бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон на танҳо посухи расмии ҳокимияти ноҳия, балки талошҳои дубора ба кор андохтани корхонаро сабаб гашт.
Сокинони чаҳор деҳа дар ноҳияи Ваҳдат мегӯянд, ки бо гузашти як сол аз расонаӣ шудани мушкили онҳо ва омодагии чанд нафар барои кумак, ҳанӯз кӯдаконашон соҳиби мактаб нашудаанд.
Дар робита ба марги сарбози қисми низомии "87740"-и Вазорати дифои Тоҷикистон, Рамазон Зоиров, чаҳор ҳамхидмати ӯро дастгир кардаанд.