Акбари Турсон, номи ошно на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар доираҳои илмӣ ва фикрии дунё аст. Дар оғози даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ масъулияти раёсати Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хатии Академияи илмҳоро ба дӯш дошт. Дертар ба Амрико рафт ва 17 сол дар он ҷо буд.
"Ту дон, ки хоҳ район аст, хоҳ вилоят ё ҷумҳурӣ, ҳокими асосӣ котиби дуюм ҳисоб меёбад. Ҳамаи дигаргуниҳо, шикасту рехт, ки дар ҷумҳурӣ ба вуқуъ меоянд, котиби дуюм бо роҳу каналҳои махсус ба Маскав мерасонад, қоида чунин аст."
Вақтҳои охир дар “Инстаграм” видеоҳои зиёде дар бораи латукӯби ҳамсар, духтар ё зане нашр мешавад. Сабаб чист? Ҷабру ситам ба занону духтарон зиёд шудааст ё зиёд буду пинҳон мемонд? “Салом, хоҳар” бо ҳамин пурсишҳо ба чанд нафар рӯй овард.
Бо вуҷуди он ки пешвозгирии мансабдорон бо ҷалби кӯдакону ҷавонон дар Тоҷикистон расман танқид карда мешавад, ҳамчунон идома дорад.
Қонунгузории Тоҷикистон латукуби кудакро манъ кардааст ва барои ин муҷозот низ пешбинӣ шудааст. Вале борҳо навори латукуби кӯдакон аз сӯи падару модар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шудааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ ин дафъа аз сокинон пурсид, ки ба латукуби кӯдак аз ҷониби волидайн чӣ назар доранд?
18 август дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи табибон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз аз кори табибон тавсиф мекунанд, аммо аз мушкилоташон, аз ҷумла кам будани маош камтар мегӯянд. Назарҳо ба кори пизишкон яксон нест. Як шикояти асосӣ аз ин бахш фасод ҳаст. "Озодӣ" аз сокинон назарашонро ба кори табибон пурсид.
Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз таъсири бади корхонаҳои чинии истихроҷи маъдан дар кишвар беморие сабт нашудааст. Ин нуктаро Ҷамолиддин Абдуллозода дар посух ба таҳқиқоти нави Радиои Озодӣ баён дошт, ки аз шикояти даҳҳо сокини Тоҷикистон ва баъзе аз пизишкони маҳаллӣ маншаъ мегирад.
Рақобати Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори тоҷик бо варзишгари исроилӣ Борух Шмаилов дар Бозиҳои олимпии Порис ҷанҷолӣ шуд. Рақобати ин ду варзишгар 28-уми июл бо пирӯзии ҷудокори тоҷик анҷомид.
Дар ду ҳафтаи ахир чанд навори ҷанҷолу занозании занону духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд ва баҳсҳои зиёдро ба миён овард. Назарҳо ба ҷанҷоли занон гуногун аст. Бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ инро ба бекорӣ ва иддае ба мушкилиҳои оилавӣ рабт доданд. "Озодӣ" назари мардумро дар ин бора пурсид.
Чанд корбари Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки дар озмунҳои бурдноки блогерон ширкат карда, фиреб хӯрдаанд.
Сарфи назар аз баҳсҳо ва нигарониҳои мардум, ду иловаи ҷанҷолиро дар бораи “либоси бегона” ва “идгардак” ба қонуни танзим дар Тоҷикистон ворид карданд.
Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 19-уми июн мавқеи худро нисбат ба тарҳи баҳсбарангези иловаҳо ба қонуни танзими ҷашну маросим маълум хоҳад кард. Манъи "воридот, фурӯш ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои иҷтимоӣ" яке аз тағйироти асосист.
Ёфтҳои бештар