Аз ҳамла ба толори мусиқии "Крокус Сити Ҳолл" дар канори Маскав, ки ба гумони тарҳрезӣ ва иҷрои он камаш 14 зодаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд, 7 моҳ гузашт.
Дар Тоҷикистон зану мард барои пешбурди зиндагии хонавода якҷоя кор мекунанд. Қонунгузорӣ ҳам дар ин робита маҳдудият пешбинӣ накардааст. Вале гоҳе баҳсҳо атрофи кору машаққати занону мардон ва нақши онҳо дар таъмини рӯзгор садо медиҳад. Бори рӯзгор бар дӯши кист -- занон ё мардон?
Чаро намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба нишасти солонаи ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки 10 рӯз дар Варшава, маркази Лаҳистон (Полша), идома кард, нарафтанд? Набудани онҳо чӣ маънӣ дорад? Беэътиноӣ ба уҳдадориҳои байнулмилалӣ ё чизи дигар?
Аз "Кохи Миллат" дар Тоҷикистон то "Оғузхон" дар Туркманистон. Ҳамаи ин қасрҳо ва қароргоҳҳо бо пули ҳангуфт дар майдонҳои васеъ сохта шудаанд. Биноҳое, ки сарват ва қудрати ҳукуматҳои худкомаро бозгӯ мекунанд.
Дар Туркия бо ислоҳи барномаи таълимии таърих барои хонандагони мактабҳои миёна ибораи “Осиёи Марказӣ”-ро ба “Туркистон” иваз кардаанд.
Мудирони баъзе аз расонаҳо ва созмонҳои рӯзноманигорӣ аз вазъи ҳозираи озодии баён ва муносибати мақомоти давлатӣ бо хабарнигорон дар Тоҷикистон нигаронанд. Онҳо мегӯянд, бар асари ин ва омилҳои дигар расонаҳо бо суръати бисёр баланд нуфузи худро аз даст медиҳанд.
Чаро дар баъзе аз оилаҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз аз замони таваллуд ба писар бартарии бештар медиҳанд? Дар барномаи “Салом, хоҳар” ба ҳамин масъала рӯй овардем. Дар остонаи рӯзи байнулмилалии духтарон, ки ҳар сол 11-уми октябр таҷлил мешавад.
Акбари Турсон, номи ошно на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар доираҳои илмӣ ва фикрии дунё аст. Дар оғози даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ масъулияти раёсати Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хатии Академияи илмҳоро ба дӯш дошт. Дертар ба Амрико рафт ва 17 сол дар он ҷо буд.
"Ту дон, ки хоҳ район аст, хоҳ вилоят ё ҷумҳурӣ, ҳокими асосӣ котиби дуюм ҳисоб меёбад. Ҳамаи дигаргуниҳо, шикасту рехт, ки дар ҷумҳурӣ ба вуқуъ меоянд, котиби дуюм бо роҳу каналҳои махсус ба Маскав мерасонад, қоида чунин аст."
Вақтҳои охир дар “Инстаграм” видеоҳои зиёде дар бораи латукӯби ҳамсар, духтар ё зане нашр мешавад. Сабаб чист? Ҷабру ситам ба занону духтарон зиёд шудааст ё зиёд буду пинҳон мемонд? “Салом, хоҳар” бо ҳамин пурсишҳо ба чанд нафар рӯй овард.
Бо вуҷуди он ки пешвозгирии мансабдорон бо ҷалби кӯдакону ҷавонон дар Тоҷикистон расман танқид карда мешавад, ҳамчунон идома дорад.
Қонунгузории Тоҷикистон латукуби кудакро манъ кардааст ва барои ин муҷозот низ пешбинӣ шудааст. Вале борҳо навори латукуби кӯдакон аз сӯи падару модар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шудааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ ин дафъа аз сокинон пурсид, ки ба латукуби кӯдак аз ҷониби волидайн чӣ назар доранд?
Ёфтҳои бештар