Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ӯ кушта мешавад, шумо пул мегиред." Ҳушдор аз "беваҳои сиёҳ" дар Русия


"Расонаҳои зард" ва блогерҳои миллатгарои Русия бо асабоният сарбозони ин кишварро аз қаллобии ба истилоҳ "беваҳои сиёҳ", яъне заноне ҳушдор медиҳанд, ки сарбозонро фирефта ва ба издивоҷ ҷалб мекунанд, то дар сурати кушта шуданашон дар ҷанги Украина кумакпулӣ бигиранд ва аз имтиёзҳо бархӯрдор шаванд.

Дар яке аз ин навиштаҳо блогери рус Анастасия Кашеварова иддао кардааст, ки гурӯҳҳое аз ин занон дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина аз сӯи Русия фаъол ҳастанд ва бо фиреби сарбозони рус аз онҳо пул ва имтиёз мегиранд. Ӯ навишт, "дар Луҳанск чанд дастаи занони фиребгар боздошт шуданд. Онҳо метавонанд ин қаллобиро борҳо такрор кунанд."

Тибқи қонунҳои Русия, агар сарбозе дар майдони набард кушта шавад, ҳамсар ва хонаводааш метавонанд, то 60 ҳазор доллар кумак дарёфт кунанд ва нафақа бигиранд. Дар сурати ҷиддӣ захмӣ шудан низ то 36 ҳазор доллар ба ӯ ёрӣ пардохт мешавад.

Андрей Черкасов, гузоришгари "Current Time", як тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, мегӯяд, мавзӯи "беваҳои сиёҳ" борҳо дар расонаҳои зарди Русия матраҳ шудааст. Яке аз нашриёти маҳаллии Сибир гузориш дод, ки модари як сарбози кушташуда аз Тюмен арӯси хонадонро муттаҳам кардааст, ки издивоҷаш сохта ва фиребкорона буд.

Ҷанҷоли дигар замоне сар зад, ки як агенти амвол дар шаҳри Томск ба мизоҷон машварат дод, ки барои хариди хона бо сарбозони ширкаткунанда дар "амалиёти махсус" (Русия ҳамла ба Украинаро чунин меномад) издивоҷ кунанд. Ӯ бо ханда гуфт, "ӯ кушта мешавад ва шумо 100 ҳазор доллар мегиред".

Ин изҳорот бо вокунишҳои сахти корбарони рус дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд.

Яке аз блогерон бо номи Гаспарян навишт, "суол инҷост, ки оё як агенти амвол ҳозир аст масъулияти чунин нақшаи ҷинояткоронаро барои хариди хона ба уҳда бигирад?"

Блогери дигар бо номи мустаори "Шекспир" таъкид кард, ки "ин як ҷиноят аст ва бояд ҳукмаш зиндон бошад".

Дар саҳифаи дигаре бо номи "Ёддоштҳои як чатрбоз" ҳам навишта шуда буд, "занҳои зиёде ҳастанд, ки ҳатто барои гирифтани ҷуброни бештар бачадор мешаванд".

Ин иттиҳомҳо тасвири "ҳамсари қаҳрамон"-ро, ки расонаҳои Русия таблиғ мекунанд, хадшадор мекунад. Мақомҳои расмӣ, аъзои ҳизби ҳокими Русия ва ҳатто президент Владимир Путин пайваста бо ҳамсарон ва модарони сарбозоне, ки дар Украина меҷанганд, мулоқот мекунанд ва расонаҳои вобаста ба Кремл низ ин мулоқотҳоро пӯшиш медиҳанд.

Баъзе аз блогерҳои рус ҳамчунин ҳушдор додаанд, ки ин навъи фиребкорӣ метавонад барои артиши Русия хатари истихборотӣ дошта бошад. Анастасия Кашеварова, блогери тарафдори ҳукумат, менависад, "беваҳои сиёҳ" танҳо аз пайи пул нестанд, балки мумкин аст аз пайи ҷамъоварии маълумоти низомӣ бошанд.

Ӯ менависад, "як гумоштаи ҷинсӣ метавонад чизҳои зиёде дар бораи домодаш бифаҳмад ва онро ба душман гузориш диҳад".

Дар ҳоле ки артиши Русия бо камбуди нерӯ дар ҷабҳаҳо рӯ ба рӯ аст, мақомҳои ин кишвар ҳар чанд вақт маош ва имтиёзҳои довталабони ҷанг дар Украинаро афзоиш медиҳанд.

Бо вуҷуди ин, чунин ҳавасмандкунӣ инчунин метавонад заминасози суистифода ва фиребкорӣ шавад, зеро бархе афрод дар талошанд аз ин ҳолат ва марги дигарон суд баранд.

XS
SM
MD
LG