Ҳодиса
Ҳамлаи маргбор ба пойгоҳи нерӯҳои эътилоф дар Сурия. Пентагон посух дод

Вазорати дифои Амрико шоми 23-юми март эълон кард, ки дар ҷавоб ба кушта шудани як паймонкор ва захмӣ шудани панҷ нафари дигар пойгоҳи гурӯҳҳои вобаста ба Сипоҳи посдорони Эронро дар шарқи Сурия заданд.
Дар баёнияи Пентагон омадааст, "дар пайи ҳамлаи паҳбоди интиҳорӣ ба таъсисоти таъмир ва нигаҳдорӣ дар наздикии Хасака як паймонкори амрикоӣ кушта ва 5 низомии амрикоӣ ва як паймонкори амрикоӣ захмӣ шуд". Ин баёния мегӯяд, арзёбиҳои истихбороти маълум кард, ки паҳбод сарчашмаи эронӣ дорад.
Ллойд Остин, вазири дифои Амрико, гуфт, "ба дастури раиси ҷумҳур Байден иҷоза додам, то дар шарқи Сурия ҳамлаҳои ҳавоии дақиқеро алайҳи пойгоҳҳои мавриди истифодаи гурӯҳҳои вобаста ба Сипоҳи посдорон анҷом диҳанд. Ин ҳамлаҳои дақиқ барои муҳофизат ва дифоъ аз афроди амрикоӣ анҷом шуд ва Амрико чораҳои муносиберо анҷом дод, то аз афзоиши танишҳо пешгирӣ кунад ва талафотро ба ҳадди ақал бирасонад".
"Ҳамон тавр, ки президент Ҷо Байден ошкоро эълон кард, мо ҳама чораҳои лозимро барои дифоъ аз мардуми худ анҷом хоҳем дод ва ҳамеша ва дар замон ва макони мавриди назар посух хоҳем дод," -- афзуд ӯ.
Вазири дифои Амрико таъкид кардааст, ҳар гурӯҳе, ки ба нерӯҳои ИМА ҳамла кунад, эмин нахоҳад монд ва "муҷозот" хоҳад шуд.
Тибқи ин гузориш, ду захмӣ дар ҷойи ҳодиса муолиҷа шуда, се низомӣ ва паймонкори маҷрӯҳ ба пойгоҳи нерӯҳои эътилоф дар Ироқ бурда шуданд.
Хабаргузории расмии Сурия то ҳанӯз дар бораи ин ҳамлаҳо гузорише нашр накардаанд. Хабаргузории давлатии Қатар аз суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии он кишвар бо Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико хабар дод. Қатар нақши миёнаравро миёни Эрон ва Амрико мебозад.
Тирамоҳи соли гузашта дар пайи ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар шарқи Сурия, Ситоди фармондеҳии марказии ИМА эълон кард, ки нерӯҳои ин кишвар мавзеъҳои ҳамлаваронро ҳадаф қарор доданд.
Ба гузориши Ситоди фармондеҳии марказии Амрико, дар он ҳамла камаш се низомии ИМА дар ду ҳамлаи мушакии ҷудогона захмӣ шуданд.
Дайр-аз-Зур вилояти стратегӣ дар наздикии марзи Ироқ аст ва дар он чоҳҳои нафт вуҷуд доранд. Гурӯҳҳои ниманизомии мавриди ҳимояти Эрон ва нерӯҳои Сурия назорати ин минтақаро дар даст доранд ва ҳар гоҳе ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил қарор мегиранд.
"300 хона зарар дид, беш аз сад чорво нобуд шуд." Пайомади зилзила. АКС, ВИДЕО

Дар заминларзаи шаби 23-юми март даҳҳо хона ва иншооти ёрирасон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хароб шудааст. Масъули як деҳаи он мегӯяд, сесад хона зарар дид ва беш аз сад чорво нобуд шуд. Заминларза дар ноҳияи Рашт низ харобӣ ба ҷой гузоштааст. Мақомот зиёни умумиро нагуфтанд.
Сокинони деҳаи Палдорак мегӯянд, шаби гузаштаро дар берун рӯз карданд ва то нимарӯз аз касе ёрӣ нагирифтанд. Мақомот мегӯянд, барои ҳисоб кардани зарар кумисюнеро ба роҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода таъсис доданд.
Зилзилаи сахт соати 1:07-и 23-юми март чанд минтақаи Тоҷикистон аз ҷумла ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, минтақаи Рашт ва шаҳри Душанберо такон дод.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, маркази заминларза дар наздикии деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд.
“Қувваи он дар марказ 5-6 балл, дар минтақаи Рашт 4-5 ва дар Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд. Дар натиҷаи заминларзаи шадид дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вайроншавии баъзе иншооти ёрирасон аз қабили оғилхона ва хонаҳои истиқоматӣ сабт шуд,” -- афзуд Умеда Юсуфӣ.
Ба гуфтаи ин масъули Кумита, заминларзаи дуюм соати 7:53 дақиқаи 23-юми март рух дод, ки маркази он ҳам ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ будааст. Қувваи ин заминҷунбӣ назар ба аввалӣ сабуктар. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодисаҳо касе нафавтидааст.
Бино ба наворҳое, ки сокинони деҳаи Палдорак ба Радиои Озодӣ фиристоданд, бисёре аз хонаҳои деҳа дар заминларзаи шаби гузашта осеб дидаанд. Дар наворҳо дида мешавад, ки девори баъзе аз хонаҳо чаппа шудааст. Сокинон мегӯянд, аз тарси такрор нашудани заминларза шаби гузаштаро дар берун рӯз карданд.
Раҷабмаҳмад Бадалов, як масъули деҳаи Палдорак, ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари заминларза 300 манзил зарар дида, беш аз сад чорво нобуд шуд.
Вай афзуд, сокинони Палдорак аз бими таконҳои дигар дар хонаҳояшон зиндагӣ надоранд: “Асосан дар мошинҳо ва бархе дар бинои мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ ҳастанд.”
Бадалов мегӯяд, ба роҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода як кумисюн таъсис шудааст ва “намояндаҳои он бо мардуми зарардида суҳбат доранд”. “Бо хайма таъмин хоҳанд кард. Мувофиқ ба андозаи зарари ворида маблағ ва ғизо хоҳанд дод,” – илова кард ӯ.
Баъзе аз сокинони деҳаи Палдорак аз он шикоят доранд, ки аз касе ёрӣ нагирифтаанд ва намедонанд, имшабро дар куҷо рӯз кунанд. Як масъули идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, “зарари расидаро ҳисоб доранд.” Талошҳои мо барои суҳбат бо Хайрулло Бобозода, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бенатиҷа буд.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба Радиои Озодӣ гуфт, чун кумисюни давлатӣ таъсис шудааст, “ҳатман ба зарардидагон ёрӣ мерасонанд. Тибқи қонунгузорӣ ҳангоми рух додани ҳодисаи табиӣ, ба зарардидагон аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳатман ёрӣ расонда мешавад.”
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, нахуствазир Қоҳир Расулзода ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ рафтаанд. Ба гуфтаи сокинон, ба ҷуз деҳаи Палдорак, заминларза ба деҳаҳои Пакшиф, Деҳманора, Худгифи Эшонҳо ва Роғ ҳам осеб расондааст.
Дар ду рӯзи ахир ин сеюмин зилзилаи сахт аст, ки сокинони Тоҷикистонро нигарон кардааст. Пеш аз шоми 21-уми март зилзила як қисми сокинонро маҷбур кард, ки хонаҳои худро чанд соат тарк кунанд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Доналд Трамп гуфт, 21 март ӯро боздошт мекунанд

Доналд Трамп, собиқ президенти Амрико эълон кард, ки ӯ боздошт мешавад ва ҷонибдоронашро ба тазоҳурот даъват намуд.
Трамп дар саҳифаи худ, дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, 21 уми март ӯ дар пайванд ба тафтиши як парвандаи молӣ ба ҳабс гирифта мешавад.
Вай гуфтааст, ки ин маълумотроаз дафтари додситонии Манҳеттен дастрас кардааст. Аммо Трамп дар бораи ҷузъиёти парванда ва сабабҳои боздошти эҳтимолии худ шарҳе надодааст.
Додситонии Манҳеттен, расман дар ин робита иттилое нашр накардааст ва намояндаи Доналд Трамп ҳам гуфт, ягон санади расмие барои боздошт аз Додситонӣ нагирифтаанд.
Ба навиштаи расонаҳои Амрикоӣ, эҳтимол гап сари нақзи қоидаҳои маблағгузорӣ дар ҷарраёни маъракаи пешазинтихоботӣ меравад, ки Трамп ба он гумонбар дониста мешавад.
Гурӯҳи тафтишотӣ мегӯяд, вакили дифои собиқи Доналд Трамп, Майкл Коэн, чанд сол пеш ба Сторми Даниэлс, ҳунарманди машҳури “порно” барои ошкор накардани робитаҳои маҳрамонааш бо президенти собиқ $130 000 додааст. Ин додугирифт чанд рӯз пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат гирифта буд ва ба иттилои Додситонӣ, маблағ аз ҳисоби фонди интихоботии Трамп рӯйпуш карда шуд, ки хилофи тартиби сармоягузории маъракаи интихоботӣ аст.
Ҳафтаҳои ахир, аксар расонаҳои Амрикоӣ ҳам аз эҳтимоли ба наздикӣ эълом шудани айб нисбати Доналд Трамп менавиштанд. Аммо ҳадс мезананд, ки ӯ баъди мурофиа шартан озод хоҳад шуд. Дар ҳар сурат, агар Трампро боздошт кунанд, ин нахустин ҳодисаи зиндонӣ шудани як президенти собиқ дар таърихи Амрико хоҳад буд.
Ҷонибдорони Трамп бо ишора ба мансубияти ҳизбии додситони Манҳеттен мегӯянд, қазия ангезаҳои сиёсӣ дорад.
Сару садоҳо дар бораи боздошти эҳтимолии раиси ҷумҳури пешини Амрико дар ҳолест, ки нисбати ӯ чанд парвандаи дигари ҷиноӣ ҳам боз шудааст, вале то ҳанӯз ягон иттиҳоми расмӣ эълон нагаштааст.
Сафари ногаҳонии Путин ба Мариуполи ишғолшуда

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ғайриинтизор ба Мариупол, шаҳри аз сӯйи Русия ғасбшудаи Украина сафар кард. Дар ин бора сухангӯи Кремл, рӯзи 19-уми март хабар додааст.
Бино ба навиштаи расонаҳои Русия, Путин бо чархбол ба ин шаҳри тахрибшуда, дар даргириҳои шадид, парвоз кард ва ҳамроҳ бо муовини нахуствазир, Марат Хуснуллин шаҳрро давр зада, бо сокинон сӯҳбат кард.
Дар наворе, ки хабаргузории РИА Новостӣ нашр кардааст, дида мешавад, Путин дар сари чамбари мошин бо Ҳуснуллин масъалаи бозсозии шаҳрро баррасӣ мекунад.
Русия шаҳри Мариуполи Украинаро пас аз ҷангҳои сахт дар моҳи майи соли 2022 ғасб кард. Сафари нахустини Путин ба ин шаҳр, як рӯз баъд аз боздиди ӯ аз Қрим сурат гирифтааст, ки ба муносибати нӯҳумин солгарди ғасби нимҷазираи Қрим ба он ҷо рафта буд.
Ба навиштаи расонаҳои Русия, Владимир Путин баъди боздид аз Мариупол ба Ростови лаби Дон сафар ва бо ситоди фармондеҳии "амалиёти махсуси низомӣ" (Кремл аз ҷанг дар Украина чунин ном мебарад) мулоқот кардааст.
Нахустин сафари президенти Русия ба минтақаи ишғолшудаи Украина дар ҳолест, ки ахиран Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ (International Criminal Court) дар Гаага амр дод, ки президенти Русия Владимир Путинро боздошт кунанд.
Додгоҳ 17-уми март Владимир Путинро дар рабудани кӯдакон аз Украина ва маҷбур ба Русия бурдани онҳо гумонбар номид.
Боздошти як ҷавон барои нашри акси маҳрамонаи зане дар Инстаграм

Як ҷавони 23-сола барои паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи зане дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва талаби пул барои пок кардани онҳо боздошт шудааст.
Холмуҳаммад Назаров, сокини шаҳри Душанбе ба “тамаъҷӯи ва иръоб ё шантаж” айбдор шудааст.
Назари ин ҷавон ва пайвандонаш ба ин иттиҳом маълум нест, вале Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 9-уми март хабар дод, ки Холмуҳаммад Назаров бо як зан шинос шуда, аксҳои маҳрамонаи ӯро дар телефонаш ҳифз кардааст.
Баъдан, ӯ бархе аз ин аксҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Инстаграм ва Телеграм паҳн карда, барои пок кардани онҳо аз зан маблағ талаб кардааст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ якбор 4,5 ҳазор сомонӣ аз ин зан гирифтааст, вале боз ин корашро давом додааст.
Дар барномаи видеоии ВКД Назаров мегӯяд, ки ба ин зан таҳдид кард, то барояш даҳ ҳазор сомонӣ сомонӣ диҳад. Ӯро ҳангоми гирифтани чор ҳазор сомонӣ аз ҷабрдида боздошт кардаанд.
Нисбат ба вай бо иттиҳоми тамаъҷӯи парванда боз шудааст. Ин банди Кодекси ҷиноятӣ аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Таҳдиди бадном кардани духтарону писарони тоҷик дар Интернет бо истифода аз аксу наворҳояшон ҳодисаи нав нест. Масъала пас аз худкушии як духтари тоҷик дар Маскав дар охири моҳи декабри соли гузашта ҷиддӣ шуд. Наздиконаш гуфтанд, Раҳима Каримоваи 21-сола дар пайи нашри аксҳои дасткоришудааш дар "Инстаграм" худкушӣ кардааст.
Аз аввали сол мақомот дар Тоҷикистон аз боздошти беш аз даҳ ҷавон барои нашри аксҳои маҳрамонаи духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.
Ҳукми ҷанҷолии як мард барои куштан ва сӯзондани зану писараш. ВИДЕО
Як мардро дар вилояти Суғд барои куштан ва сӯзондани зану писараш 23 сол аз озодӣ маҳрум карданд, вале наздикони зан розӣ нестанд. Онҳо барои Зокир Аъзамови 37-сола ҳабси якумрӣ мехоҳанд. Додситон ба ӯ 25 сол ҳабс хоста буд. Хешовандони мард мегӯянд, ҳукм сангин аст.
Фирӯза Аъзамоваи 36-сола ва писараш Сайёдҷон Аъзамови 9-сола дар моҳи ноябри соли гузашта аз тарафи саробони оила, Зокир Аъзамов, кушта шудаанд. Ҳодиса дар ноҳияи Зафаробод рӯй дод.
Идораи корҳои дохилии вилояти Суғд сабаби кушторро рашк номид. Пайвандон ҷангу ҷанҷолро дар ин хонавода тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, набояд кор ба ин тарз ба поён мерасид.
Олимҷон Абдуллоев, яке аз хешовандони Фирӯза Аъзамова, рӯзи 2-юми феврал гуфт, “мо шикоят мекунем. Бояд адолату ҳақиқат бошад. Ин хел одам бояд як умр зиндонӣ шавад. Наход кӯдаки нӯҳсолаашро кушад? Мо бо ҳукми Додгоҳ розӣ нестем.”
Ин хонавода бозбинии ҳукмро мехоҳанд, вале пайвандони Зокир Аъзамови 37-сола мегӯянд, бе ин ҳам ҳукм сангин аст.
Ба қавли Иброҳимхӯҷа Аъзамов, яке аз пайвандони Зокир Аъзамов, “хиёнати давлатӣ накардааст, ки умрбод маҳкум шавад. Онҳо бояд инро фаҳманд. Бо ҳамин ҳукмаш ҳам агар барояд, шастсола мешавад. Он ҳам агар давлат тарбия кунад, мебарояд.”
Азҳампошии оилаҳо ва хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон як мавзӯи доғ гардидааст, вале куштану сӯзондани зану фарзанд сокинони минтақаро ҳайратзада карда.
Коршиносон мегӯянд, мақомот ва равоншиносон бояд бо чунин оилаҳо кор карда, аз чунин даҳшатҳо пешгирӣ намоянд.
Ронандае, ки нозири роҳро болои мошинаш кашонд, боздошт шуд

Ронандае, ки ба фармони корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ итоат накарда, ӯро рӯи мошинаш чанд метр бурду фирор кард, боздошт шуд.
Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе алайҳи ронандаи "саркаш" бо моддаи 329-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, "барои итоат накардан ба талаби қонунии корманди милитсия" парванда боз шудааст.
Ба гуфти мақомот, баъди фирор аз ҷойи ҳодиса, кормандони милиса ронандаи “Тайота кемрӣ”-ро дастгир карда, мошинашро ба ҷаримагоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бурдаанд.
Видеои талоши милиса барои нигаҳ доштани мошин, рӯзи 16-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.
Назари ронанда ба ҳодиса дастрас нест ва ҳамчунин маълум нест, чӣ боиси чунин рафтор кардани ӯ шудааст.
Дар гузашта ҳам ронандаҳо барои бо чунин роҳ саркашӣ кардан аз амри пулиси роҳ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Чанд соли пеш як ронанда барои айни чунин рафтор нисбати корманди БДА, ба 2,6 сол зиндон маҳкум шуда буд.
Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи видеои ҳодисаи ахир гуфтаанд, ки худи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ бо тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ ҷони ронандаҳоро ба лаб оварда, онҳоро ба чунин қоидашиканиҳо водор мекунанд.
Тасвири ончӣ, ки дар Хоруғ гузашт. ВИДЕО

Мақомот аз пайдо кардани ҷасади як духтари 20-сола, ки рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Хоруғ зери тарма монда буд, хабар доданд.
Шумораи қурбониёни тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 16 нафар расид. Як нафари дигар дар ноҳияи Варзоб зери тарма ҷон бохтааст.
Аксари қурбониён дар Хоруғ донишҷӯён будаанд, ки дар маҳаллаи Носири Хусрави ин шаҳр иҷора менишастаанд.
Тармаи рӯзи 15-уми феврал дар Хоруғ, ба гуфтаи мақомот, 12 каси дигарро маҷруҳ кард. Қурбониён бештар зан ва се нафар кудак буданд.
Фалокати табиӣ соати тақрибан 10-и рӯз рух дод. Аввал худи сокинон ба кумаки осебдидагон шитофтанд, ки зери барфи зиёд монда буданд.
Видеоҳои зиёде аз ҷараёни фалокату наҷоти бозмондагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезананд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, ки ҷустуҷӯи як нафари дигар, ки бенишон ҳаст, идома дорад.
Тармаи маргбор ҳамчунин даҳҳо нафарро дар Хоруғ бесарпаноҳ гузошт. Мақомот мегӯянд, шаш хона комилан вайрон ва 40 хона нимавайрон шудааст.
Анора Саркорова, хабарнигори зодаи Бадахшон мақомотро танқид кардааст, ки барои рафъи паёмадҳои фалокат омода набуданд ва абзору василаи наҷоти мардумро ҳам надоштанд.
Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, мақомот барои тарғиби кори худ дар гузориши телевизиони давлатӣ ягона тракторро дар вилоят батакрор нишон медоданд, ки машғули поксозии барф аст.
Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Бадахшон, ки маҳаллаҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ зиёд дорад, дар гузашта, шоҳиди чунин тармаи маргбор нашудааст.
Ҳоло ҳавошиносон мегӯянд, хатари боридани барфи зиёд ва такрори фалокати табиӣ боқӣ мемонад ва мардум бояд эҳтиёткор бошанд.
Ду сокини Хоруғ зери тарма ҷон доданд. АКС

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз зери тарма дар шаҳри Хоруғ ду ҷасад ва 5 нафар, аз ҷумла як кӯдаки панҷсоларо берун оварданд.
Субҳи рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Хоруғ - маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақрибан даҳ хона, консулгарии Афғонистон ва шуморе аз сокинон зери барф мондаанд.
Умеда Юсуфӣ сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 15- уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса субҳи имрӯз дар кӯчаи Носири Хусрав рух дод ва ҳоло наҷотбахшон дар маҳалли ҳодиса қарор доранд.
Ба гуфтаи ӯ, то ин соат 7 сокин, бо шумули як кӯдаки 5 сола, аз зери тарма берун кашида шудаанд. Ду нафари дигар ба ҳалокат расидааст. Ҷустуҷӯйи сокинони дигар идома дорад.
Тарма ба хатти нерӯи барқ низ осеб расонда, шаҳри Хоруғро бе барқ гузоштааст.
Аксҳоро инҷо бинед:
Танҳо дар як рӯзи охир дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақрибан 10 бор тарма фаромада, барои муддате ҳаракати мошинҳоро дар қитъаҳои гуногуни роҳ номумкин кард.
Як рӯз пеш дар шаҳри роҳи Хоруғ, Роштқалъа тарма мошинеро бо 10 мусофираш пахш кард. Мусофирон зинда монданд, вале ҷароҳат бардоштаанд. Онҳо ба бемористон интиқол ёфтаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносӣ аз боришоти пуршиддат ва хатари тармафароӣ аз 15 -ум то 17- уми феврал ҳушдор медиҳад. Бинобар ин, аз сокинон хоҳиш шудааст, аз сафари безарурат ба минтақаҳои баландкӯҳ худдорӣ намоянд.
Марги кӯдакон аз "Док-1 Макс" сабаби боздошти масъули дорухонаҳо шуд

Сардори Оҷонси рушди шабакаи дорухонаҳои Узбекистон К. С. дастгир шудааст.
Оҷонси мубориза бо фасоди Узбекистон хабар додааст, ки боздошти К. С. баъди тафтиши парвандаи фавти кудакон баъди истеъмоли шарбати "Doc-1 Max" ва "Ambronol" сурат гирифтааст.
Дар Узбекистон моҳи декабри соли гузашта 19 кӯдак аз истеъмоли доруи “Док-1 Макс” ҷон додаанд. Дар пай фурӯш ва истеҳсоли доруи мазкур дар қаламрави кишварҳои узви ин ташкилоти вобаста ба СММ манъ шуд.
Марги кӯдакон интиқоди зиёдро ба миён овард ва президент Шавкат Мирзиёев роҳбари Оҷонсии рушди саноати дорусозиро аз мақомаш барканор кард. Хадамоти амнияти Узбекистон намояндаи ширкати воридкунандаи “Док-1 Макс” ва Маркази илмии стандартизатсияи маводи дорувориро боздошт кардааст.
Тибқи ташхисҳои пешакӣ, дар таркиби доруи “Док-1 Макс” гликоли заҳрноки этиленӣ ошкор шудааст. Феълан истеҳсоли ин дору, ки барои зуком ва паст кардани ҳарорат пешбинӣ шудааст, дар Ҳинд боздошта шуд.
Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, бо назардошти хабарҳои ташвишовар воридот ва фурӯши “Док-1 Макс”- ва "Ambronol"- ро манъ кардааст.
Cе узбекистониро аз зери харобаҳо зинда берун оварданд

Консулгарии Узбекистон дар Туркия хабар додааст, ки наҷотдиҳандагон се шаҳрванди кишварашро аз зери харобаҳо зинда берун оварданд.
Тибқи иттилои манбаъ, аз зери харобаҳо Бойбеков Рашид, Акрамҷон Ҳошимов ва Шотирбекова Асал берун оварда шудааст.
Пештар хабар дода шуд, ки дар натиҷаи заминларзаи ахир дар Туркия 13 шаҳрванди Узбекистон бедарак шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ахиран хабар дод, ки ба Туркия як гуруҳи иловагии наҷотбахшон фиристода шудааст. Ҷамъан 171 корманди наҷоти Узбекистон ба Туркия сафарбар гаштааст. Онҳо дар бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар Ғозиёнтеппаи Туркия кумак хоҳанд кард.
Ҳамчунин тавассути ҳавопаймое, ки маъмурони наҷот ба Туркия сафар карданд, ёрии башардӯстона фиристода шудааст.
Даргузашти Олег Панфилов, муаллифи "Журналистон дар ҷанги Тоҷикистон"

Олег Панфилов, хабарнигору нависандаи зодаи Тоҷикистон ва аз интиқодгарони сиёсатҳои ҳукумати Русия рӯзи 10-уми феврал дар синни 65, дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон даргузашт.
Дар ин бора Оксана Маслак, ҳамсари ӯ дар Фейсбук хабар додааст.
Олег Панфилов соли 1957 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1979 донишгоҳи Хуҷандро хатм карда, дар Институти таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор пардохтааст ва солҳо боз ба рӯзноманигорӣ машғул буд.
Аз соли 2009 ба ин сӯ дар Гурҷистон ба сар мебурд ва устоди рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи давлатии Илияи ин кишвар буд. То соли 2012 вай ҳамчунин хабарнигори телевизиони "Шабакаи аввали Қафқоз" буд, ки бо ташаббуси раисиҷумҳури вақти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ таъсис ёфта буд.
Олег Панфилов солҳои 1994-2010 бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекард ва дар солҳои 2014-2019 шореҳи лоиҳаи «Крим. Воқеиятҳо»-и Бахши украинии Радиои Озодӣ буд. Ӯ аз сиёсатҳои ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон танқид мекард.
Олег Панифлов муаллифи даҳҳо китоб, аз ҷумла "Журналистон дар ҷанги Тоҷикистон", "Ҷанги фаромӯшшуда" ва ҳамчунин чандин филми мустанад аз табиат ва фарҳанги Тоҷикистон аст.
Соли 2016 китоби ӯ бо номи "Таърихи зиддишӯравӣ" дар бораи ҳодисаҳои норӯшани империяҳои Русияву Шӯравӣ дар Украина нашр шуд, ки дар он муаллиф таърихи 150-солаи ҷанги Русия ва Чукотка, аслу насаби императорҳои Русия ва далелҳои дигарро ҷамъоварӣ кардааст.
Вазир фавти шашгоникро шарҳ дод

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода сабаби марги шашгоникро дар таваллудхонаи вилоятии Суғд шарҳ дод.
Ӯ гуфт, сабаби асосии як рӯз умр дидани кӯдакон норасид ва бо вазни кам ба дунё омадани онҳо буд. Аммо дар айни замон вазир афзуд, се корманди таваллудхона дар робита ба ин қазия "ҷазои маъмурӣ гирифтаанд".
Абдуллозода, ки рӯзи 10-уми феврал дар як нишасти хабарӣ ба саволҳои хабарнигорон посух медод, афзуд: “агар хизматрасонӣ дар сатҳи паст қарор медошт, кӯдакон дар соати аввал мефавтиданд. Онҳо як рӯз баъд даргузаштанд”.
Изҳороти вазир дар ҳолест, ки моҳи январ муовини раиси вилояти Суғд, сабаби марги шашгоник дар Хуҷандро " бемасъулиятии масъулони ниҳодҳо, аз ҷумла духтурон" гуфта буд. Ба навиштаи хабаргузории "Азия Плюс", Зайнура Азимӣ ин ҳарфҳоро дар ҳузури намояндагони идораи кор бо занон ва оилаи вилоят изҳор дошт.
Аммо вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз гуфт, санҷиши вазорат ва ҳам сафари муовини вазири тандурустӣ ба зоишгоҳ маълум кард, ки “тамоми тадбирҳои зарурӣ барои нигоҳубини кӯдакон риоя шудааст”. Ӯ афзуд: “Таҷҳизоти нигоҳ кардани кӯдакон – инкубаторҳо бо 32 то 36 дараҷаи гармӣ, додани шири модар, пайваст буданашон ба кислород ҳама риоя шуда буд”.
Ба гуфтаи вазири тандурустӣ, дар ҳолатҳое, ки тифли норасид бо 500 грамм вазн ба дунё меояд, узвҳои ӯ инкишоф наёфтааст ва ӯ метавонад аз бемории роҳҳои нафас ё дарди дил даргузарад. “Имкони ташхсиси онҳо ҳам набуд”, гуфт вазир
Рӯзи 11-уми январи имсол дар таваллудхонаи вилоятии Суғд дар шаҳри Хуҷанд шашгоник ба дунё омад, вале ҳамаи онҳо як рӯз умр диданд. Пизишкон он замон сабаби марги пайиҳами ду писар ва чаҳор духтарро ба "таваллуди бармаҳал" пайванд доданд. Наздикон гуфта буданд, ба ин бовар надоранд ва бемасъулиятии пизишконро сабаби марги онҳо медонистанд.
Пас аз фавти навзодҳо Нурия Дадобоева, мудири Таваллудхонаи вилоятӣ дар Суғд, аз мақом барканор шуда буд.
Вазири тандурустӣ, Ҷамолиддин Абдуллозода сабаби аз вазифа рафтани мудирро бознишастагӣ номид. Айни замон гуфт, ки се мутахассисе, дар робита ба қазияи марги кӯдакон “барои камбудиҳои техникӣ ҷазои маъмурӣ гирифтанд”. Вазир нагуфт, ки манзури ӯ аз камбудиҳои техникӣ чӣ аст.
Шумори қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия аз 21 ҳазор гузашт

Шумори қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия ба беш аз 21 ҳазор нафар расидааст.
Дар пайи заминларзаи рӯзи 6-уми феврал дар Туркия зиёда аз 18 ҳазор нафар ҷон дода, беш аз 74 ҳазор кас осеб дидааст. Дар ин бора Фуат Октай ноиб-президенти Туркия, рӯзи 10-уми феврал хабар додааст.
Ба иттилои ӯ дар заминларзаи шадид дар Туркия 6444 бино фурӯ рехтааст.
Дар ҳамсоякишвари Туркия, Сурия 3480 кас ҷон дода, 298 ҳазор нафар бехонумон шудаанд.
Тибқи иттилои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, эҳтимол заминларза шадид ба 23 млн нафар, аз ҷумла 1,4 миллион кӯдак дар Туркия ва Сурия осеб расонидааст.
Зилзилаи пурқурбонӣ шаби 6-уми феврал дар ҷануби Туркия ва шимол-ғарби Сурия рӯй дод. Маркази зилзила, Қаҳрамонмараш ва Ғазиантеп наздик ба марзи Сурия будааст. Зилзила ба 7,8 дараҷа баробар буд.
Ба гуфтаи шоҳидон бисёре аз биноҳои баландошёна якбора фурӯ рехтаанд. Раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ин зилзиларо пурқурбонитарин офати табии аз соли 1939 номид.
Дар Туркия то рӯзи 12-уми феврал мотами миллӣ эълон шудааст. Дар 10 минтақаи осебдида аз зилзила, барои 3 моҳ, вазъи фавқулода эълон шудааст.
Ҳукумати Туркия барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза беш аз 100 млрд лир ҷудо кардааст.
Барои ҷустуҷӯ ва наҷоти одамон аз зери харобаҳо беш аз 110 нафар ҷалб шуда, ҳамчунин зиёда аз 5 ҳазор наҷотбахш аз кишварҳои дигар барои кӯмак ба Тукрия омадаанд. Аз ҷумла аз Тоҷикистон ҳам.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, то ин дам ҳеч мавриди осеб дидан ё талафоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар заминларзаи Туркия сабт нашудааст.
Бахтиёр Абдуғаффорзода, як масъули сафорати Тоҷикистон дар Анкара, рӯзи 8-уми ферал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар минтақаҳои зилзилазадаи Туркия тахминан 100 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла то 20 донишҷӯ, зиндагӣ мекарданд.
"Девору боми хона ба болоямон афтод" ВИДЕО

Идлиби Сурияро, ки дар сарҳад бо Туркия ҷойгир аст ва солҳо боз ҷабри ҷангро мекашад, заминларзаи шадиди 6-уми феврал дар вазъияте баде гузоштааст. Маъмурони идораҳои имдодӣ мегӯянд, минтақа ба кумакҳои фаврии байнулмилалӣ эҳтиёҷ дорад.
Абуҳасан Мадо, сокини Идлиб, гуфт, “замин дар зери поямон кафид ва мо аз дохили бино афтодем. Мисли ин буд, ки дар лифт ҳастем ва бо шаст ба поин мефароем. Девору боми хона ба болоямон афтод.”
Мадо ва баъзе аз аъзои оилааш аз ҷониби нерӯҳои мудофиаи шаҳрвандӣ ба номи “Кӯлоҳи сафед” наҷот дода шуданд. Ӯ бо духтараш маҷруҳ аст, аммо писарашро аз даст дод. Миқёси харобиҳо ва ҳавои сарди зимистон кори наҷотбахшонро мушкил кардааст.
Убайд Усмон аз Маркази мудофиаи шаҳрвандӣ, мегӯяд: “Барои аз зери харобаҳо берун баровардани маҷруҳон ва ҳалокшудаҳо кӯшиш дорем. Сарфи назар аз сардӣ ба кор идома медиҳем.”
Заминларзаи даҳшатбор қисми зиёди инфрасохтори бе ин ҳам дар натиҷаи ҷанг зарардидаи Идлибро вайрон кард.
Якзон Шишакли аз Бунёди Марам, мегӯяд, “ин як ҳолати сардаргумӣ аст. Биноҳо вайрон шуда, мардум чӣ кор карданро намедонанд. Ба Идлиб кумак ворид нашудааст ва мардум намедонанд, ки оё ягон ёрӣ мешавад ё не. Мо, воқеан, дар ҳолати ногуворем. Лавозимоти тиббӣ бениҳоят зарур аст, аммо ҳамин ҳоло хӯроку кӯрпа заруртар.”
Видео дар инҷост:
Гузаргоҳи марзӣ бо Туркия кушода аст, аммо бисёре аз роҳҳое, ки ба сарҳад мебаранд, бар асари заминларзаи харобиовар осеби ҷиддӣ дидаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки ба Идлиб кай кумак мерасад. Бо вуҷуди ин, Мадо аз он ки зинда мондааст, хушнуд аст. “Ҳамсояҳо ба ҳалокат расиданд. Писарам ҳалок шуд. Ин неъмати Худост, ки ман зиндааму бо аҳли оила мебошам,” – афзуд ӯ.
Дар ҳоле ки Идлиб то ҳанӯз мунтазири ёриҳои байнулмилалист, ба ин минтақаи зилзилазада хатари беморӣ, сардӣ ва гуруснагӣ таҳдид мекунад.
Гуфтугӯ