Ҳодиса
Бар асари як таркиш дар Покистон даҳҳо нафар кушта шуданд

Бар асари таркиш дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон дастикам 40 нафар кушта, қариб 200 нафар захмӣ шудаанд.
Таркиш ҳангоми гирдиҳамоии як ҳизби мазҳабӣ рух додааст. Теъдоди кушташудагон метавонад афзоиш ёбад, зеро вазъи бархе аз захмиён вазнин арзёбӣ мешавад. Дар ин бора мақомоти расмӣ хабар додаанд. Таркиш дар минтақаи Баҷаур, ки наздик ба марзи Афғонистон аст, рух додааст.
Як пулис ба хабарнигори Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, инфиҷор тақрибан соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ, як соат пеш аз оғози ҳамоиши "Ҷамъияти уламои исломӣ" рух додааст.
Бархе аз хабаргузориҳо бо такя ба пулиси Покистон мегӯянд, таркиши бомб аз сӯйи як маргталаб рух додааст.
Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, аммо дар гузашта чунин ҳамлаҳоро дар ин минтақа созмонҳои "Таҳрики Толибони Покистон", "Ҷамоат-ул-Аҳрор" ва "Таҳрики Ҷиҳод Покистон", ки нав зуҳур кардааст, анҷом додаанд.
Дар ҳамин ҳол, нигарониҳо аз афзоиши ноамнӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи Покистон бо Афғонистон бештар шудааст.
Ҳафтае пеш дар як масҷиди вилояти Ҷамрӯд дар ҳамлаи маргталабона як афсари пулиси маҳаллӣ кушта шуд. Ҳамчунин, дар як ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 10 -уми июл дар минтақаи Баҷаур як пешвои қавмӣ кушта ва писараш захмӣ шуд. Ҳамин тавр рӯзи 20 июл бар асари тирпарронӣ ва ҳамлаҳои маргталабона ба як бинои ҳукумат чаҳор пулис кушта ва даҳ тани дигар захмӣ шуданд.
Мақомоти низомии Покистон ахиран иддао кардаанд, ки ҷангҷӯёни мухолиф дар Афғонистон паноҳ бурдаанд ва аз онҷо дар Покистон ҳамла мекунанд, аммо ҳукумати Толибон дар Афғонистон ин иттиҳомро рад карданд.
Ҳалокати 10 нафар бар асари тӯфону тундбод дар Русия

Бар асари борону тӯфон ва тундбоди сахт дар қисмати марказии Русия садҳо маҳалли аҳолинишин бебарқ монда, дасти кам 10 кас ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, дар пайи тӯфон ва саросез шудани дарахтон ба болои хаймаҳо дар назди кӯли Ялчики ҷумҳурии Марий Эл 8 нафар ба ҳалокат расида, 29 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар миёни ҳалокшудаҳо се кӯдак ҳам будааст. Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба марги ин атфол парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Шоми 29-уми июл ҳашт минтақаи ҳавзаи федералии Волгаро тундбоди сахт фаро гирифт. Дар натиҷа ба гуфтаи мақомот 520 маҳали зист бебарқ монда, даҳҳо бому бино вайрон шуданд.
Ба навиштаи хабаргузории Идел.Реалии бар асари офатҳои табии дар маҷмӯъ 80 кас осеб дидаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия шумори қурбониёни харобкориҳои ахири табиатро 10 нафар гуфтааст.
Юрий Зайтсев, раҳбари Марий Эл гуфт, 36 ҳазор нафар дар ин минтақа аз рӯшноӣ маҳрум шудаанд. Ҳоло ин ҷо корҳои барқарорсозӣ идома дорад.
Худдории мақомот аз ифшои парванда наздикони омӯзгори рабудашударо нигарон кардааст

Наздикони Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки бо гузашти беш аз як моҳ аз рабуда шудани ӯ, додситонӣ онҳоро ба парванда шинос намекунад.
Ба гумони рабудани ин омӯзгор, подполковники Вазорати корҳои дохилӣ Акмал Юсуфзода ҳамроҳ бо як нафари дигар боздошт шудааст. Парвандаи онҳо ба гумони одамрабоӣ дар баррасии Додситони кул қарор дорад.
Рӯзи 24-уми июл як намояндаи дафтари матбуоти ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, парванда ҳанӯз дар баррасӣ аст ва барои шарҳи бештар мактуби расмӣ талаб намуд. Ӯ дар робита ба иддаои наздикони омӯзгор чизе нагуфт.
Наздикони Исмоил Раҳмонов мегӯянд, ба онҳо ҳушдор додаанд, ки ба расонаҳо сӯҳбат накунанд ва дар ин бора баёнот низ навиштаанд. Яке аз пайвандони Исмоил Раҳмонов, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 25-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳанд вакили дифоъ гиранд, то аз нигоҳи ҳуқуқӣ кӯмакашон кунад.
Қонунгузории Тоҷикистон шиносоии тарафҳоро ба парванда манъ накардааст.
«Мо чанд бор рафтем, ки ба парванда моро шинос кунанд, донем, ки дастгиршудаҳо чӣ баёнот додаанд ва ҳоло баррасии парванда дар чӣ сатҳ қарор дорад, лекин дар Прокуратураи генералӣ ҷузъиёти парвандаро нагуфтанд. Дар ин бора хаттӣ ариза навиштем, ки аз ҷараёни тафтиши парванда моро огоҳ кунанд. Интизорем чӣ посух медиҳанд. То ҳол аз Исмоил ҳеҷ хабаре нест, зиёд мехоҳем донем, ки тафтишот чиро маълум кардааст»-афзуд, яке аз хешовандони омӯзгори рабудашуда.
Ҳодисаи рабудани Исмоил Раҳмонов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳоеро ба миён гузошт, шаби 12-уми июн дар маҳаллаи "Якум Советский"-и Душанбе рух додааст.
Ба иттилои мақомот, гумонбарон дастони ӯро баста, дар километри 118-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ, ба дарёи Фон партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз ин ҳодиса 50 рӯз мегузарад, вале тавре хонаводааш гуфт, аз вай нишоне пайдо нашудааст.
“Ҳамроҳ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мо низ кофта истодаем. То қарибиҳои Узбекистон кофтем. 20 ҳазор сомонӣ ба дигарон додем, ки барои ҷустуҷӯ дар об ба мо кӯмак кунанд. Худдорӣ аз ифшои ҷузъиёти парванда ва бо вуҷуди ин қадар кофтан, ки пайдо нашуд шубҳаи моро бештар кардааст, ки мумкин дар дарё неву ҷои дигар бошад”-гуфт, яке аз наздиконаш. Вай таъкид намуд, ки бо ин вуҷуд, умедворанд, ки “Исмоилро зинда ё ҷасадашро пайдо хоҳанд кард”.
Дар бораи қазияи рабудани ин омӯзгор нахуст Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ гузориш дода буд.
Рӯзи 19-уми июн ба дасти Радиои Озодӣ наворе расид, ки ду нафар шахсеро, ки омӯзгор Исмоил Раҳмонов гуфта мешавад, кашола карда мебаранд.
Масъулони Додситонии кул рӯзи 24-уми июн ба гузориши Радиои Озодӣ посух дода, дар эъломияе тасдиқ карданд, ки Акмал Юсуфзода, сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байнулмилалии Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП)-ро ба ҳабс гирифтанд. Боздошти ӯ пас аз се рӯзи воқеа сурат гирифт.
Ҳамроҳи ӯ хешовандаш, Исмоилҷон Шукуров, устоди Донишгоҳи давлатии тиҷоратӣ ҳам боздошт шудааст.
Ба иттилои расмӣ ҳодиса дар заминаи рашк рух додаааст.
Ба қавли манбаъҳои Радиои Озодӣ, ҳамсари Акмал Юсуфзода бо Исмоил Раҳмонов дар Донишгоҳи тиҷорат кор мекардааст. Дар Донишгоҳ гуфтанд, ки Раҳмонов аз ихтисоси менеҷмент дарс мегуфт, ҳамсари подполковник аз забони англисӣ.
Наздикони Акмал Юсуфзода ва ҳамсараш дар бораи қазия, ки мақомот заминаашро рашк мегӯянд, то ҳанӯз чизе нагуфтаанд.
Исмоил Раҳмонов зодаи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) буда, дар кафедраи менеҷменти Донишгоҳи тиҷорат кор мекард. 38-сола ва соҳиби чор фарзанд.
Фарди кордкаш ҷазо гирифт, вале ҷабрдида қонеъ нест

Ҷанҷоли ду ҳамсоя дар Кӯлоб, ки соле пеш аз мушту лагад то ба кордзанӣ анҷом ёфта буд, дар долонҳои додгоҳу додситонӣ ҳанӯз давом дорад. Ҳамсояе, ки худро ҷабрдида медонад, даъво дорад, ки кордзанро мақомот ҷазои кам додаанд
Ҷанҷоли ҳамсояҳо дар Тоҷикистон ҳамеша сабт мешавад, вале ин бор ҷанҷол калонтар шуда, кор то хунрезӣ расид.
Моҳи декабри соли 2022 Абдулҳамиди Қурбоналӣ дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови Кӯлоб мавриди ҳамлаи ҳамсояаш қарор гирифт. Хонаводааш сари вақт огоҳ шуда, ӯро ба беморхона бурданд.
Падари Абдулҳамид, Қурбоналӣ Мирзоев мегӯяд, ки банди табобати Абдулҳамид он замон онҳо ба ҷое шикоят набурданд ва бовар доштанд, мақомот қазияро тафтишу гунаҳкорро ҷазо сазовор медиҳанд.
Қурбоналӣ Мирзоев, падари Абдулҳамид: “Ягон арз накардем, мо гумон кардем, ки ҳукумат дар ҷояш ҳаст, худаш арзу шикоятро нигоҳ мекунад, ҳақиқат кор меояд. Ҳоло ҳақиқат ба ҳамон ҷояш омада расид, пракурор 1,4 мох хонд, суд шаш моҳ.”
Ҳоло Азизҷон Сайнабиев, ҳамсояи ин хонавода дар боздошт аст. Дар Кӯлоб алайҳи ӯ бо моддаи 113 қисми 2 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Парванда дар додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баррасӣ шуд.
Дар ҳукми додгоҳ зикр шудааст, ки Абдулҳамид аз лафзи қабеҳ истифода кард ва ин ҳам сабаби ҳамлаи Азизҷон Сайнабиев шудааст. Аммо Абдулҳамиди Қурбоналӣ инро рад мекунад ва мегӯяд, ки ба ӯ бе сабаб ҳамла кардаанд. “Ман худам ҳамин ҳолатро интизор набудам. Омад аз ҳолаш пурсидам, кордро гирифта, дар байни мардум зад. Дигар худам ҳайрон мондам, хунро дидам ҳайрон монда гуфтам, ки чаро маро зада бошад.” – гуфт, Абдулҳамиди Қурбоналӣ
Дар ҷараёни мурофиа Азизҷон Сайнабиев аз додгоҳ хост, баррасии парвандааш бидуни таҳқиқи густарда гузаронида шавад. Аз хонаводаи Азизҷон Сайнабиев касе ҳозир нашуд, қазияро шарҳ диҳанд. Парванда 3 март ба поён расид ва додгоҳ Азизҷон Сайнабиевро ба шаш моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукме, ки ҳамсояи даъвогар аз он розӣ нест.
Қурбоналӣ Мирзоев, падари Абдулҳамид, хостори таҳқиқи одилонаи қазия шудааст: “Ҳамин ҳукме, ки баровардааст, якто-якто исбот кунад, дар шоҳидии ҳамсояҳо, шоҳидии давлат ва ҳар нафаре, ки буд ҳамонҳоро пурсида ҳақиқатро барорад.”
Падари Абдулҳамид, Қурбоналӣ Мирзоев хостори бозибинии парванда ва баррасии он дар зинаҳои болоии додгоҳ шудааст. Додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шикояти ӯро рад кард. Аммо вай аз роҳаш бозгаштанӣ нест ва мехоҳад то охир барои муҷозоти нафаре, ки фарзандаш корд кашид талош кунад.
Кушта шудани чандин нафар, аз ҷумла кӯдакон дар ҳамлаи Русия ба минтақаҳои Украина

Бар асари ҳамлаҳои мушакӣ ва зарбаҳои ҳавоии низомиёни Русия ба минтақаҳои аҳолинишини Украина, дар 24 соати ахир, дасти кам шаш нафар, аз ҷумла ду кӯдак кушта шуда, анборҳои ғалла осеб дидаанд. Дар ин бора артиши Украина рӯзи 22 -юми июл хабар додааст.
Бино ба гузоришҳо дар як шабонарӯзи ахир артиши Русия ба минтақаҳои аҳолинишин ва мавқеъҳои сарбозони Украна 16 ҳамлаи мушакӣ ва 20 зарбаи ҳавоӣ анҷом додаанд. Дар миёни кушташудаҳо ва захмиён ғайринизомиён ҳам ҳастанд. Дар ин ҳамлаҳо, анбор ё нуқатаҳои нигаҳдории ғалла дар ҷануби Украина осеб дида, беш аз 70 манзили истиқоматии сокинон ва биноҳои дигар вайрон шудааст.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз хатари эҳтимолии ҳамлаҳои нав хабар додааст: “Душман нерӯи аслии худро ба самти Купянск, Лиманск, Бахмут, Авдиевка ва Маринск равона кардааст. Дар як шабонанрӯзи ахир беш аз 40 задухурди мусаллаҳона ба амал омад.” -
Бино ба иттилои Павел Кириленко, раиси вилояти Донетск, дар шимоли ин минтақа, ки чанд моҳ боз он ҷо задухурди шадид идома дорад, бар асари тирборони сарбозони рус, 4 нафар, аз ҷумла ду кӯдаки 10 ва 16 сола кушта шудаанд. Ба гуфтаи Кириленко, кӯдакон бародару хоҳар буда дар як ҳамлаи мушакии низомиёни Русия ба хонаашон фавтидаанд.
Мақомоти Украина мегӯянд, дар пайи тирборон ҳамчунин дар шаҳраки “Ню-Йорки”-и Донетск, воқеъ дар тақрибан 40 километрии ҷанби Бахмут, чаҳор ғайринизомӣ аз ҷумла як зану шавҳар кушта ва як сокини дигар захмӣ шудааст.
Чанд рӯз боз ҳамлаи мушакӣ ба иншооти бандарҳои украина дар Баҳри Сиёҳ идома дорад. Дар натиҷа анборҳои нигаҳдории ғалла дар минтақаи Одесса оташ гирифта, миқдори хеле зиёди маводе, ки барои содирот нигаҳдорӣ мешуд, нобуд карда шудааст.
Русия рӯзи 21 июл гуфт, ки нерӯҳои дарёии он дар шимолу ғарби Баҳри Сиёҳ як "машқ"-и мустақими оташнишонӣ анҷом додааст.
Қаблан Вазорати дифои эълон карда буд, ки боркашонӣ ба бандарҳои Украина манъ шуда, ҳамаи киштиҳое, ки ба бандарҳои мазкур ҳаракат мекунанд, ҳамчун "интиқолдиҳандаи эҳтимолии борҳои низомӣ" ҳисобида хоҳад шуд.
Ду кушта ва як захмӣ дар ҳамла ба пули Қрим. ВИДЕО

Мақомоти Русия ва ҳам расонаҳои украинӣ хабар доданд, ки шаби 16 ба 17-уми июл пули Қрим мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Дар пайи ҳамла, ки гуфта мешавад бо дрон ё бесарнишинҳо анҷом шуд, ду нафар кушта ва як кӯдак сахт захмдор шудааст. Ҳаракати мошинҳо ҳам дар ин пуле, ки Русияро ба нимҷазираи ишғолшудаи Қрим пайваст мекунад, манъ шудааст.
Кумитаи миллии зиддитерористии Русия хабар дод, ки ҳамла ба пули Қрим ба воситаи ду бесарнишини неруҳои украинӣ анҷом шудааст. Расонаҳои украинӣ аз қавли манобеашон навиштанд, ҳамларо артиши Украина ва Хадамоти амнияти ин кишвар ҳамоҳанг кардаанд.
"РБК-Украина" ва "Украинская правда" бо истинод ба манобеи худ дар Хадамоти амнияти Украина навиштаанд, ки таркиш дар пули Қрим дар доираи як амалиёти муштараки неруҳои дарёӣ ва амниятии ин кишвар рух додааст.
"Ба пул тавассути дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла карда шуд", - гуфтаанд ҳамсуҳбатони расонаҳо.
Расонаи "Readovka" хабар додааст, ки пул ҳадафи мушак қарор гирифтааст. Канали наздик ба гуруҳи муздурии русии "Вагнер" - "Grey Zone" тасдиқ кардааст, ба пул ду зарба зада шудааст.
Шабакаи телеграми "База" ва "112" бо такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, ки дар таркиши мошин дар пули Қрим, ду узви як оила аз вилояти Белгород фавтидаанд. Раҳбари Шӯрои давлатии Қрим Владимир Константинов, таркиш дар пулро кори Украина номид. Ӯ ҳамчунин ба Киев таҳдид кард, ки "интиқом" хоҳанд гирифт. Ҷониби Украина гуфт, хабарҳо дар бораи таркиш дар пули Қрим эҳтимол як иғвои Русия бошад.
Навор аз ҷойи ҳодиса:
Сергей Аксенов, раҳбари ин минтақаи аз сӯйи Русия ғасбшудаи Украина субҳи 17 -уми июл гуфт, пули Қрим бо сабаби сар задани як "ҳолати изтирорӣ" баста шуд. Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, ки дар таркиши Қрим, танҳо қисмати роҳи мошингарди пул осеб дидааст. Расонаҳо аз вайрон шудани қисматҳои дигари он хабар медиҳанд.
Манъи ҳаракат дар пул боиси тамбашавии мошинҳои зиёде дар даромадгоҳи он шудааст. Мақомоти Қрими ғасбшуда ва Вазорати нақлиёти Русия аз сокинон хостаанд, ки ба ин минтақа аз тариқи минтақаҳои дигари ишғолшуда сафар кунанд. РИА "Новости" бо истинод ба ситоди фаврии Русия хабар иттилоъ дода, ки ҳаракати қатора тавассути пул субҳи рӯзи душанбе аз сар гирифта шуд.
Моҳи октябри соли гузашта ҳам дар роҳи мошингарди пули Қрим мошини бомбгузоришуда таркид ва сабаби оташ гирифтани 7 қатори бӯшкаи бензин шуд. Он вақт президенти Русия Владимир Путин Хадамоти махсуси Украинаро ба ташкили таркиш дар пули Керч айбдор карда буд.
Мақомоти Русия он вақт ҳам Украинаро масъули ин кор дониста, ба шаҳрҳои калони ин кишвар бо бесарнишинҳо ҳамла карданд.
Пули Қирим чор сол пеш сохта шуда, Қримро бо қаламрави Русия мепайвандад ва баъди оғози ҷанг зидди Украина барои интиқоли неруҳо, аслиҳа, таҷҳизот ва сӯзишворӣ истифода мешуд. Пуле, ки аз гулугоҳи Керч мегузарад, 19 километр тул дорад ва сохтмонаш соли 2019 ба поён расид. Пули Керч дарозтарин пул дар қаламрави Аврупо аст ва ҳадафи бунёдаш назорати комил ба Нимҷазираи Қрими Украина аст, ки Русия соли 2014 ғасб ва ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.
Истеъфои як вазири Молдова дар робита ба тирпарронии шаҳрванди Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилии Молдова пас аз ду ҳафтаи тирпаронии як шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Кишинёв аз мансабаш истеъфо дод. Хабаргузории "Ройтерс" рӯзи 14-уми июл гуфт, Дорин Речан, нахуствазири Молдова, истеъфои Анна Равенкоро пазируфт.
Вазири илм ва вазири инфрасохтори Молдова низ аз мақомҳои худ рафтаанд. Пештар намояндагони мухолифон дар Молдова дар пайванд ба тирандозӣ дар фурудгоҳи Кишинёв истеъфои вазири корҳои дохилиро талаб карданд.
Дар ҳодисаи 30-юми июн, ки масъулаш як шаҳрванди Тоҷикистон ба номи Рустам Ашӯров аст, ду маъмури фурудгоҳ кушта шуданд. Худи Ашӯров, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро яке аз гумонбарон ба рабудану куштани муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Истматуллоев медонанд, бо даҳ зарби тир захмӣ шуда, дертар дар бемористон ҷон дод.
Мақомоти Молдова гуфтанд, ҳодиса баъд аз он рӯй дод, ки Рустам Ашӯрови 43-соларо ба далели амниятӣ ба Кишинёв роҳ надоданд ва ӯ ба Истанбул пас гардонда мешуд. Аммо ба гуфтаи мақомоти Молдова, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки собиқ милиса буд, туфанги яке аз маъмурони фурудгоҳро гирифту ду касро кушт.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Ашӯров рӯзи 25-уми июн ба Туркия ва аз онҷо ба Молдова рафта буд. Дар Молдова ба ёди қурбониён 4-уми июлро рӯзи мотами миллӣ эълон карда, маъмурони кушташудаи фурудгоҳро барои шуҷоату хидмати сазовор пас аз маргашон қадрдонӣ карданд.
Ҷасади Рустам Ашӯровро ба Тоҷикистон мефиристанд

Қарор аст, имрӯз ҷасади Рустам Ашӯров, гумонбар дар рабудани муовини раиси “Ориёнбонк”, ки дар фурудгоҳи Кишинёв кушта шуд, аз Молдова ба Душанбе интиқол дода шавад.
Бино ба иттилои мақомоти Молдова наздикони ӯ бо намояндагии Тоҷикистон ва ҷамъияти тоҷикон дар Кишинёв расмиёти зарурӣ барои интиқоли ҷасадро дуруст кардаанд.
Ашӯров, шаби сеюм ба чоруми июл дар яке аз беморхонаҳои Кишинёв даргузашт. Ӯ рӯзи 30-юми июн баъди куштани ду маъмури ниҳодҳои қудратии Молдова, даҳ тир хӯрда буд.
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Молдова, қароргоҳаш дар Киев тасдиқ карданд, ки ҷасади Рустам Ашӯровро ҷониби Молдова ба наздиконаш супурдааст ва имрӯз аз Кишинёв ба Туркияву аз он ҷо ба Тоҷикистон фиристода мешавад.
Интиқоли ҷасад бо дархости пайвандони Рустам Ашӯров сурат гирифтааст. Ҷониби Молдова баъди як мулоқот бо намояндагони Тоҷикистон ба шарти омадани ягон хеши наздики кушташуда ба Кишинёв, барои супурдани ҷасад изҳори омодагӣ кардааст.
Як тан аз наздикони Ашӯров барои овардани ҷасад ҳоло дар ин кишвар қарор доштааст. Қаблан Додситонии Молдова гуфта буд, дар сурати пайдо нашудани хешовандони шаҳрванди Тоҷикистон мумкин аст ӯро дар ҳамин кишвар дафн кунанд.
Рустам Ашӯров яке аз гумонбарони қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” аст. Дар як навори пурсарусадое, ки дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва ба гуфтаи муаллифон лаҳзаи гуфтугӯи Рустам Ашӯров бо модараш аст, ӯ ҷасадеро нишон дода, мегӯяд, ду касро кушта, дар гузаргоҳи гумрукии фурудгоҳ аст. Тасдиқи мустақилонаи ҳақиқати ин навор ва ҳуввияти ин шахс номумкин аст.
Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Ашӯров яке аз 10 узви гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар қатл ва рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини раиси "Ориёнбонк"даст дорад.
Додситонӣ рӯзи 7-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ ва акси чаҳор гумонбар дар қатли бонкдори тоҷик гуфт, ки гуруҳи 10 нафарӣ аз соли 2022 нақшаи рабудани Шуҳрат Исматуллоевро кашида будаанд.
Дар баёния омадааст, ки чаҳор нафари аслӣ Исматуллоевро рӯзи 24 июн ба яке аз хонаҳои деҳаи Шодоби Варзоб бурда, баъди азобу шиканҷаи зиёд ба қатл расонида, ба дарёи Зарафшон андохтаанд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон ҷустуҷуи бақия аъзои гуруҳ ва ҷасади Шуҳрат Исматуллоев идома дорад.
Додситонии кулли кишвар гуфт, Рустам Ашӯров як рӯз баъди рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, рӯзи 25 июн ба Туркия ва 30 июн аз он ҷо ба Молдова фирор кард.
Ба иттилои мақомоти Молдова, шаҳрванди 43 солаи Тоҷикистон пас аз он ки барои даромадан ба ҳудуди Молдова посухи рад гирифт ҳангоми интиқол ба нуқтаи нигаҳдории хориҷшудаҳо, бо мусодираи силоҳи маъмури фурудгоҳ ду касро кушт ва як мусофирро захмӣ кард.
Мақомоти Молдова ба хотири гиромидошти ёди қурбониёни ҳодисаи рӯзи 30-юми июн дар фурӯдгоҳи Кишинёв 4-уми июлро рӯзи мотами миллӣ эълон карданд. Раҳбари ин кишвар бо як фармон маъмурини кушташудаи фурӯдгоҳ Игор Циофу ва Сергей Мунтянро барои шуҷоат ва хизматҳои ҳарбӣ қадрдонӣ кард.
"Суръати баланд, фасод ё бефарҳангӣ". Чаро тасодуфҳои маргбор кам намешаванд?

Тасодуфи мудҳиш дар ноҳияи Файзобод, ки боиси марги 11 нафар шуд, бори дигар баҳси фарҳанги ронандагӣ дар кишварро доғ кард. Мақомот мегӯянд, чунин садамаҳо бештар ба далели аз меъёр зиёд будани суръати ҳаракати мошин ва ба самти муқобил баромадани онҳо рух медиҳанд. Аммо, ҳуқуқдонҳо ба ин назаранд, ки сатҳи пойини фарҳанги ронандагӣ ва бемасъулиятӣ дар додани ҳуҷҷати ронандагӣ боиси ин садамаҳои маргбор мешаванд.
Шоми 2-юми июл, ду мошини навъи “Опел” дар ҳудуди деҳаи Шаҳтакиёни ноҳияи Файзобод бо ҳам бархӯрданд ва ин ҳодиса боиси ҳалокати 11 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак шуд.
Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи чунин садамаҳо гуфт, "сабабаш ин аст, ки ронандаҳо бо суръати баланд ба самти муқобили роҳ мебароянд. Азбаскӣ суръаташон баланд аст, мошинро идора карда наметавонанд ва садамаи фалокатбор рух медиҳад".
Сухангӯи ВКД афзуд, ба ғайр аз Файзобод, рӯзҳои ахир дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Ёвон ва Данғараи вилояти Хатлон ҳам садамаҳои нақлиётӣ рух дод, ки дар ин ҳодиса то даҳ нафари дигар ҷон бохт.
Рӯзи 4-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд, ки дида мешавад мусофирбари хатсайри "88" дар Душанбе бо даҳҳо мусофир чаппа шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ин мусофирбар чароғакро сурх гузаштааст ва дар натиҷа як сабукрави дигар ба он бархӯрдааст. Дар бораи вазъи саломатии мусофирон феълан иттилои дақиқе дар даст нест.
Бархе аз соҳибназарон зимни нигаронӣ аз вуқӯи садамаҳои пурталафот мегӯянд, ҷазо барои нақзи қонуни ҳаракат дар роҳ бояд сангинтар шавад. Бархе дигар мушкилро дар низоми додани шаҳодатномаи ронандагӣ ва ҷой доштани фасод дар ин бахш медонанд.
Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи тоҷик мегӯяд, ҷазо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бе ин ҳам сангин мебошад. Насруллоев сабаби зиёд рух додани садамаҳои пурқурбониро "дар бемаданиятии худи ронандаҳо ва мактабҳои ронандагӣ" медонад.
"Мактабҳои ронандагӣ ҳарчанд тибқи литсензия фаъолият мекунанд, вале ҳамаашон хусусӣ мебошанд ва ҳангоми додани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ аз тарафи масъулони ин мактабҳо бемасъулиятӣ хеле зиёд аст".
Дар Тоҷикистон шаҳрвандон барои гирифтани иҷозатномаи ронандагӣ дар мактабҳои махсус таҳсил мекунанд, вале кормандони БДА аз онҳо имтиҳон мегиранд. Дар гузашта ҳолатҳои фасод дар ин бахш расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла, соли 2021 Оҷонсии зидди фасод, мудири мактаби ронандагии “Чархи Роғун”-и шаҳри Истаравшанро бо гумони фасодкорӣ боздошт карда буд. Мақомот он вақт гуфта буданд, Неъматулло Ибодуллозода барои омода кардани “шаҳодатномаи ронандагии дараҷаҳои “В,С,Е” аз як нафар 8200 сомонӣ талаб кардаанд.
Нашрияи “Қонун ва ҷомеа”-и ВКД пештар навишта буд, дар се моҳи аввали имсол тақрибан ҳар рӯз як нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шудааст.
"Пайванди афсарони пешин ва ҷинояткорони собиқадор". Ҷузъиёти нав дар қазияи Шуҳрат Исматуллоев

Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қонун дар Тоҷикистон мегӯянд, бо гумони даст доштан дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси «Ориёнбонк» ба камияш чаҳор нафар боздошт шудаанд. Номи онҳо ба хотири халал наёфтани тафтиш гуфта намешавад, вале ҳамаи манбаъҳо мегӯянд, боздоштшудаҳо афсарони пешини ниҳодҳои қудратиянд, ки ҳамроҳ бо ҷинояткорони собиқадор ин одамрабоиро анҷом додаанд.
Як сарчашмаи наздик ба тафтишот рӯзи 2 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз боздоштшудагон афсари собиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва Оҷонси мубориза бо фасод аст. Ва як манбаи наздик ба хонаводаи Шуҳрат Исматуллоев мегӯяд, бо гумони ширкат дар ин ҷиноят як додситони собиқ низ боздошт шудааст.
Ба гуфтаи як манбаи дигар, рабояндагон аз рақамҳои давлатие истифода кардаанд, ки хоси ниҳодҳои қудратиянд ва метавонанд ба талаби пулиси роҳ итоат накунанд, бо суръати аз меъёр зиёд ҳаракат намоянд.
“Исматуллоевро 4 нафар ба мошин савор карда бурданд, аммо чанд нафари дигар ҳам дар ин кор даст доранд. Барои онки монеа пеш наояд, ҷинояткорон барои мошини “Ҳундай Соната” пешакӣ 11 рақами давлатӣ омода кардаанд. Онҳо рақамҳоеро омода кардаанд, ки мошинҳои сохторҳои қудратӣ аз онҳо истифода мебаранд ва ин гуна мошинҳоро кормандони БДА манъ намекунанд. Дар баромадгоҳи Душанбе ба тарафи вилояти Суғд як посгоҳи доимии БДА амал мекунад. Ба хотири онки мошини ҷинояткорон рақами монанд ба нақлиётҳои сохторҳои қудратиро дошт, кормандони БДА онҳоро нигоҳ надошта ва тафтиш накардаанд,”- гуфт манбаи Радиои Озодӣ.
Шуҳрат Исматуллоев, муовини 49-солаи раиси «Ориёнбонк» шоми 23-юми июни имсол рабуда ва ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон ба самти ноҳияи Айнӣ бурда шудааст. Сарнавишти ӯ то ҳол маълум нест.
Ду манбаи аз ҳам ҷудои Радиои Озодӣ дар Додситонии кулл ва Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтанд, гуруҳе, ки Шуҳрат Исматуллоевро рабуд, аз қабл омодагии ҷиддӣ дида, тақрибан аз нимаи моҳи июн ба ин сӯ ҳар қадами Шуҳрат Исматуллоевро зери назар доштааст.
Мақомоти тафтишотӣ дар мавриди сабаби рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев ба натиҷаи муайян нарасидааст. Шеваи омодагӣ ва ҷараёни одамрабоӣ нишон медиҳад, ки ҳадафи асосӣ кашидани маблағ аз Исматуллоев набудааст. Ҳанӯз рӯшан нест, ки тафтишот фармошигарони ин амалро ошкор ва эълон хоҳад кард ё на. Дар таърихи Тоҷикистон қатлҳои занҷираии афроди барҷаста зиёд рӯй дода бошад ҳам, дар таҳқиқи ҳеч кадоми онҳо фармоишгарон ошкор карда нашудаанд. Дар баъзе мавридҳо афроде айбдор ва маҳкум шудаанд, ки ба иҷрокунанда буданашон низ изҳои шубҳа шудааст.
То бегоҳи 30-юми июн дар бораи онҳое, ки Исматуллоевро рабуданд, маълумоти дақиқе рӯ назада буд. Мақомоти Тоҷикистон 30 июн шахсеро бо номи Рустам Ашӯров, ки гуфта мешавад, зимни кашокаш дар фурудгоҳи Кишинев ду корманди ниҳодҳои қудратии Моловаро кушт, ба парвандаи рабуда шудани Исматуллоев рабт доданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон Ашӯровро “узви гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ” донист, ки дар дуздидани Шуҳрат даст доранд.
Хабарнигорони Бахши молдовии Радиои Озодӣ мегӯянд, Рустами Ашӯрови 43-сола ҳангоми даргирӣ дар фурудгоҳи Кишинёв сахт захмӣ шуда, то субҳи 3 июл дар ҳоли беҳушист ва «пизишкон ба зинда монданаш чандон бовар надоранд”.
Радиои Озодӣ муайян кард, ки Рустам Ашӯров соли 2012 барои ҳамла ва ғорати 100 ҳазор доллари саррофон ба 13 соли зиндон маҳкум шуда, дар мурофиаи соли давраи ҳабси ӯ то 9,5 сол кам карда шуд. Як сарчашмаи наздик ба Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, Ашӯров тақрибан ду сол пеш аз маҳбас баромадааст. Дар як саф бо афсарони ниҳодҳои қудратӣ гумонбари рабудани Исматуллоев эълон шудани ӯ пурсишҳоеро дар бораи ширкати чунин афсарон дар ҷиноятҳои созмонёфта ба миён овардааст.
Ба иттилои манобеи Озодӣ дар Раёсати корҳои дохилии Душанбе, рабояндагони Шуҳрат Исматуллоев пешакӣ барои парвоз ба Туркия ва Русия билет гирифтаанд. Бино бар маълумоти дарёфтӣ, яке аз онҳо дар Русия боздошт шудааст.
Дуздида шудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” вокуниш ва нигарониҳоро ба миён овардааст. Мухолифини ҳукумат дар ин воқеа беқонунӣ ва худсарии афроди бонуфуз айбдор ва шикофҳоро дар таъмини амният сари забон карданд. Тарафдорони ҳукумат инро тасодуф ва амали душманона номида, набуди амниятро рад мекунанд, аммо онҳо ҳам иқрор мешаванд, ки ин ҳодиса ба фазои сармоягузорӣ дар кишвар метавонад таъсири манфӣ расонад. Рабудани чеҳраҳои маъруф аз ҷумла бонкдорон пеш аз ин дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иттифоқ афтодааст.
Изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон дар робита ба "тирандози Кишинёв"

Гурӯҳе аз намояндагони мақомоти Тоҷикистон барои маълум кардани ҳама ҷанбаҳои қазияи тирандозии Рустам Ашӯров дар фурудгоҳи пойтахти Молдова, ба Кишинёв рафтаанд, гуфтааст Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Рустам Ашӯров, шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон, рӯзи 30-юми июн, баъди посухи рад гирифтан барои даромадан ба ҳудуди Молдова, силоҳи маъмури фурудгоҳро тасарруф карда, ду касро кушт ва як мусофирро захмӣ кард.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шоми дуюми июл бо нашри изҳороте дар Телеграм канали худ, гуфт, дар робита ба ин ҳодиса, намояндагони Додситонии кул ва мақомоти дигари кишвар бо ҳамтоёни Моловии худ ҳамкорӣ доранд.
“Кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо намояндагони масъули сафорати мо дар Молдова (қароргоҳаш дар Киев) бо сафари хидматӣ ба Кишинёв рафтаанд, то якҷо бо ҳамтоёнашон аз Молдова тамоми ҳолатҳои марбут ба ҳодисаи рухдодаро маълум кунанд”- омадааст, дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Рустам Ашӯров, фарди гумонбар дар тирандозии Кишинёв яке аз аъзоёни гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк"даст дорад. Ба иттилои мақомот Исматуллоев 10 рӯз боз бедарак аст.
Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, Рустам Ашӯров, пас аз рабудани муовини раиси бонк “тавассути Туркия ба Молдова парвоз кард, то аз он ҷо ба кишварҳои Аврупоӣ фирор кунад"
Мақомоти Молдова гуфтанд, Рустам Ашӯровро, ки ҳангоми амалиёти боздошт дар Фурудгоҳи Байнулмилалии Кишинёв маҷруҳ шуд, дар Молдова муҳокима хоҳанд кард ва ба ӯ ҳабси абад таҳдид мекунад. Бино бар маълумоти дарёфтӣ вазъи Ашӯров бад буда, дар ҳолати беҳушист.
Боздошти гурӯҳе аз сокинони Истаравшан бо гумони латукӯби се милиса

9 сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони латукӯбу таҳқири кормандони милиса боздошт кардаанд.
Раёсати корҳои дохилӣ дар Вилояти Суғд бо нашри гузорише рӯзи 2-юми июл гуфт, гурӯҳе аз сокинони деҳаи Лакати Истаравшан се маъмури милисаро зада, “монеи иҷрои фаъолияти хидматии онҳо шудаанд”.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 31- уми май замоне рух додааст, ки кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Истаравшан пайи таҳқиқи як хабари оперативӣ дар заминҳои хоҷагии деҳқонии деҳаи Лакат қарор доштанд.
Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд, дар гузориши видеоӣ гуфтааст, ин гурӯҳи сокинони деҳа ба милисаҳо муқобилият нишон дода, ба кори онҳо монеа эҷод кардаанд.
Дар гузориш рӯшан гуфта нашудааст, ки баҳсу ҷанҷоли сокинон бо маъмурини милиса аз чӣ сар зад ва кормандони интизомӣ дар ин деҳ чиро таҳқиқ мекарданд.
Назар ва мавқеи сокинони гумонбар дар латукӯби милисаҳо маълум нест. Аммо ба иттилои мақомот нисбати 9 нафар бо се модда аз ҷумла авбошӣ ва “истифодаи зўроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамчунин алайҳӣ 18 сокини дигари шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Дар байни сокинони боздоштшуда, мудири як мактаби миёнаи шаҳр ҳам будааст, ки ба гуфтаи мақомот "ба ҳамдеҳагонаш кӯмак кардааст"
Боздошти гурӯҳии сокинони Истаравшан барои ҷанҷол бо милисаҳо дар ҳолест, ки шикояту норозигӣ аз рафтор ва суистифода аз мақом намудани бархе аз милисаҳо дар Тоҷикистон кам нест.
Бархе аз сокинон бар инанд, ки кормандони милиса фақат аз мардум риояти қонуну қоидаҳоро талаб мекунанд, аммо худсарӣ дар байни худи онҳо ҳам зиёд аст ва бо чунин рафторашон мардумро ба дод меоранд.
Як корбари дигари радиои Озодӣ дар робита ба рафтори кормандони интизомӣ навишта буд, ки баъзе аз кормандони милиса “дар минтақаҳо дур аз марказ ҳар коре, ки дилашон мехоҳад, мекунанд”
Ҳамлаи Русия бо бесарнишинҳои "Камикадзе" ба Киев

Бори аввал дар 12 рӯзи ахир Киев мавриди ҳамлаи бесарнишинҳо қарор гирифт.
Бино ба иттилои сардори маъмурияти низомии Киев, Сергей Попко Нерӯҳои ҳавоии он кишвар ҳамаи бесарнишинҳоро сарнагун сохтаанд. Мақомоти Украина ҳадс мезананд, ки ҳамла ба Киев бо бесарнишинҳои "Шаҳид"-и Эронӣ сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи мақомоти Киев, зарбаи мушакҳо ба ягон сохтор сабт нашудааст, аммо бар асари афтидани мушакпораҳо 3 манзили истиқоматии сокинон осеб дидааст. Дар яке аз ин хонаҳо сухтор ба амал омадааст. Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки як сокин аз пояш ҷароҳат бардоштааст.
Ба иттилои хабаргузории РБК, шаби дуюми июл нерӯҳои Русия бо бесранишинҳои Эронии “Шаҳед” ва мушаки болдори “Калибр” ба ҳудуди Украина ҳамла кардаанд. Аммо ҳамаи онҳо сарнагун карда шудааст.
Теҳрон иддаоҳо дар бораи интиқоли бесарнишин ба Русияро баъди оғози ҷанг дар Украина рад мекунад. Мақомоти ин кишвар гуфта буданд, ба Маскав то замони ҳамла ба Украина бесарнишин интиқол додаанд.
Тирпаронӣ дар Молдова. Сарвазир гуфт, "як шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар аст"

Сарвазири Молдова гуфт, ба тирпаронӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кишинев, ки рӯзи 30-юми июн ду кушта барҷой гузошт, "як марди 43-сола аз Тоҷикистон" гумонбар аст. Раиси ҷумҳурӣ Майя Санду масъули тирандозиро шаҳрванди хориҷӣ номида, аз давлате ном набурд.
Дорин Речан, нахуствазири Молдова, 30-юми июн дар изҳороте дар Фейсбук навишт, дар ҳодисаи рӯзи ҷумъа як афсари марзбонӣ ва як маъмури амниятии фурудгоҳи Кишинев кушта шуданд. Мусофире ҳам захмӣ гардид.
Аз шаҳрванди Тоҷикистон ном набурдаанд. Вай маҷруҳ аст, аммо дастгир шуда, зери назорати пизишкон қарор дорад.
Хабаргузории "Ассошиаэйтед Пресс" мегӯяд, ба ин мард барои даромадан ба ҳудуди Молдова иҷозат надоданд ва ӯ силоҳи маъмури интизомии фурудгоҳро гирифту тир холӣ кард. Мақомоти Молдова посухи радро ба сабабҳои амниятӣ рабт додаанд, аммо феълан тафсилоташ маълум нест.
Олена Шевелёва, шоҳиди ҳодиса, мегӯяд, дар фурудгоҳ садои чор-панҷ тир баромад. "Аз мо хостанд, ки дар паси биноҳо пинҳон шавем," -- нақл кардааст ӯ ба хабаргузории Reuters.
Раиси ҷумҳурии Молдова Майя Санду гуфт, "ин рӯзи ғамангез барои ҳамаи мост" ва афзуд, ки ниҳодҳои давлатӣ ба ҳолати омодабош даромаданд.
Вазорати корҳои дохилии Молдова дар изҳороте ҷудогона гуфт, қурбониён “ҳангоми иҷрои вазифа ҷони худро аз даст доданд”. "Таҷовузкор ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд. Дар пайванд ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст,” – хабар дод вазорат.
Қазияро Додситонии кулли Молдова таҳқиқ дорад.
Раъду барқ як хонаро дар Муъминобод нобуд кард. ВИДЕО

Дар як деҳаи ноҳияи Муъминобод ҳодисаи ғайриодие рух додааст, ки бархеҳо онро хашми табиат ба инсон меноманд. Дар ин ноҳия манзили як сокин аз зарби раъду барқ оташ гирифт, ки дар Тоҷикистон ҳодисаи камсобиқа гуфта мешавад.
Шоми 11-12 июн манзили Бахтиёр Бобохонов, сокини деҳаи Ризқдараи ноҳияи Муъминобод якбора оташ гирифт. Он шаб ба деҳа боди шадид ва аз пасаш борони сахт бо раъду барқ омад. Сокинони русто мегӯянд, ки бедор шуданду оташ гирифтани ин манзилро диданд.
Бахтиёр Бобохонов, соҳиби манзили сӯхта мегӯяд, баъди сар задани раъду барқ аввал болопӯши хона оташ гирифт. “Шамол ҳам сахт буд ва дар мудати ним соат то омадани мошини сухторхомушкунӣ ҳама сӯхта нобуд шуд.”
Дар ин ҳодиса касе аз аъзои хонавода зарар надидааст. Он шаб дар хона чаҳор нафар буд, ки агар ҳамсояҳо саривақт огоҳ намешуданд, шояд осеб медиданд.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Хонаводаи Бахтиёр Бобохонов зиёни раъду барқро ҷуброн карда наметавонад. Ҳоло аниқ нест, ки ин оила манзилашонро аз кадом ҳисоб барқарор мекунанд.
Ба ҷуз манзили Бобохонов, раъду барқ ба чанд манзили дигари деҳа ҳам зарар расондааст. Барои ҳамин аҳолии деҳаи Ризқдара бовар доранд, ки об ва ҳаво дар як соли гузашта тағйир кардааст.
Ҳабибулло Нураҳмадов, сокини дигари ин деҳа мегӯяд, “17-18 сол шуд дар ҳаминҷо зиндагӣ мекунам, шаш-ҳафт солаи ахир аҳамият медиҳем раъду барқ бисёр мешавад, туфонҳои сахт, ки хонаҳои чандин одамро канд. Аз он ҷумла болопӯши хонаи вакилро канда партофт, дарвозаи боқуватро чаппа кард. Болопӯши хонаи ҳамсояи дигарро ҳам шамол канда буд.”
Мақомот мегӯянд, ки зарари раъду барқ солҳои ахир бештар мушоҳида шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фақулода ба сокинон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми раъду барқи шадид дар минтақаҳои таъиншуда бимонанд.
Ҷамшед Камолзода, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, чунин равандҳои хатарнок солҳои охир бо задани раду барқ мушоҳида мешавад. Камолзода афзуд, дар пайи сар задани раъду барқ асосан подабонҳо ҷонашонро аз даст медоданд.
Нигарониҳо аз тағйир ёфтани боду ҳаво дар кишвар солҳои ахир зиёд садо медиҳад. Тибқи мушоҳидаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, боридани жолаҳои шадид дар манотиқе, ки қаблан дида намешуд, зиёд шудааст. Мутахассисон ҳамчунин мегӯянд, солҳои ахир бориши барфи зиёд дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ, ҳатто дар водиҳои Тоҷикистон сабт мешавад, ки қаблан мушоҳида намешуд. Ин ҳодисаҳои табиӣ боиси хисороти ҳангуфте ба кишоварзон ва иқтисодиёти Тоҷкистон мешавад. Обшавии босуръати пиряхҳо ва дар пайи он омадани сел аз пайомадҳои дигари тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон гуфта мешавад.
Тоҷикистон дар чанд соли ахир барои кам кардани шиддати паёмадҳои тағйрёбии иқлим Консепсия иқтисоди сабзро таҳия намуда, марказҳои пиряхшиносӣ дар академияи илмҳо, дар оҷонсии обуҳавошиноси ва дар вилояти Суғд таъсис додааст.
Радиои Озодӣ дар бораи тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мустанаде таҳия кардааст, ки метавонед инҷо тамошо кунед:
Гуфтугӯ