Ҳодиса
Пулиси ИМА гумонбар дар қатли ронандаи тоҷикро боздошт кард

Пулиси аёлати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шахси гумонбар ба қатли Илҳом Шодиев, ронандаи тоҷики мошини боркашони “Амазон”-ро, боздошт кард.
Пулис рӯзи 24-уми июн бо нашри як изҳорот дар саҳифаи расмиаш дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт, ки шахси боздоштшуда Эндрю Кристофер Ватсони 29 - сола мебошад.
Ӯ ҳанӯз гумонбар аст ва пулис дар бораи ангезаи оташкушоӣ ба сӯи ронандаи тоҷик чизе нагуфтааст.
Танҳо расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба санадҳои додгоҳӣ навиштанд, ки Эндрю Кристофер Ватсон ҳадди ақал дар 11 парванда дар байни солҳои 2013 ва 2019 ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва хилофкориҳо айбдор карда шудааст.
Қаблан наздикони Шодиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи ду фарзияи ин куштор, ки кормандони пулис ба онҳо гуфтаанд, нақл карда буданд.
Анвар Қурбонов, бародарзодаи Шодиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз Амрико гуфт, ки пулис ба наздикон танҳо ду фарзияро баён доштааст. “Тахминан ду фарзияро ба мо пешниҳод карданд. Фарзияи якум ин аст, ки эҳтимол шахси тиркушода ӯро (Шодиевро) ба каси дигар монанд карда, ӯро парррондааст. Фарзия дуввум, эҳтимол ҳангоми ҳаракат дар роҳ миёни мошини боркашони бародари мо ва он нафар ягон мушкили пеш омадааст,” – гуфта буд Қурбонов.
Илҳом Шодиев ронандаи мошинҳои боркашони тоҷик дар Амрико, рӯзи 15-уми июн ҳангоми ҳаракат дар роҳ ҳадафи тир қарор гирифта мошинаш ба садама дучор шуд. Шодиев нисфирӯзии 16-уми июн дар шифохонаи Сан Хоакини Калифорния даргузашт.
Илҳом Шодиеви сокини шаҳри Шарлоти аёлати Королинаи шимолӣ буд ва 5 сол қабл аз Тоҷикистон ба Амрико ҳиҷрат кардааст. Ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанди хурдсол мебошад.
Ба гуфтаи Идораи пулиси роҳи Калифорния, тақрибан соати 12:48-и рӯзи 15-уми июн Шодиев дар сари чанбари мошини боркашон, молҳои ширкати азими “Амазон”-ро таҳвил медод ва ин ҳангом мусофири мошини сабукрави дигар сӯи Илҳом Шодиев тир кушодааст.
Дар натиҷа мошини боркашон аз роҳ берун шуда ба ду мошини сабукрави канори роҳ ва як бино бармехурад.
Волидон ва бародарони Шодиев мехоҳанд, ҷасади ӯ ба Тоҷикистон интиқол дода шавад, то ӯро дар зодгоҳаш ноҳияи Шаҳритус дафн кунанд. Эҳтимол меравад ҷасади ӯ субҳи рӯзи душанбе 26-уми июн ба Тоҷикистон расад.
Тоҷикони муқими Амрико ҳоло бо нашри як даъват дар пойгоҳи Gofundme, ба ҷамъоварии пул барои расонидани ёрии молӣ ба оилаи Илҳом Шодиев шурӯъ карданд.
Пулис ҳанӯз шаси тиркушода ва ё гумонбарон ба ин кирдорро пайдо накардааст. Пулиси роҳи Калифорния дар як изҳороташ дар Твиттер аз рондагоне, ки рӯи 15-уми июн дар шоҳроҳи I-5 аз соати 12:48 то 13 ҳаракат мекарданд, даъват кардааст, ки сабту наворҳои дурбинҳои мушоҳидавиашонро ба пулис ирсол кунанд.
Ҳоло дар Амрико бештари ҷавонони тоҷик ба ҳайси ронандаи мошинҳои боркашон кор мекунанд.
111 ё шумораи транзитӣ? Майори милисаро сабабгори садама донистанд

Дар садамаи мудҳиш дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи 21-уми июн боис ба марги чаҳор нафар, аз ҷумла тифли сесола шуд, як майори милисаро масъул донистанд.
Раёсати корҳои дохилии пойтахт 23-юми июн дар эъломияи расмӣ гуфт, сабабгори садама Орзубек Ҳабибзода, корманди 38-солаи БДА (ГАИ)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст. Додситонии Душанбе хабар дод, ки ӯро дастгир карданд ва “дар ҳабси пешакист”.
Ба зидди майор Ҳабибзода бар асоси моддаи 212 (қисми 5)-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд.
Садамаи мудҳиш бегоҳи 21-уми июн дар назди тарабхонаи “Чаманоро” дар шаҳри Душанбе рӯй дод. Мақомот гуфтанд, Орзубек Ҳабибзода мошинашро, ки “бо суръати зиёда аз 100 километр/соат меронд”, ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба “Mersedes Benz” задааст.
Дар ин ҳодиса ронанда ва се мусофири “Mersedes” – Юсуф Забирови 22-сола, Нозим Шарифови 30-сола, Маҳмадраҳим Неъматуллоеви 34-сола ва Маҳмуд Неъматуллоеви 3-сола – ҷон бохтанд. Мусофири "BMW" Суҳроб Султонови 42-сола маҷруҳ шудааст.
Аммо ончи боис ба баҳси корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, иттилои “тағйирёбанда”-и мақомот дар бораи рақами мошине буд, ки бо гуноҳи ронандааш садама рӯй дод.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 22-юми июн бо нашри чанд акс аз ҷойи ҳодиса навишт, ки рақами “BMW” транзитӣ (С0496 j07) аст. Шоҳидони ҳодиса дар шарҳҳо нигоштанд, ки он на рақами транзитӣ, балки рақами давлатӣ дошт ва онҳо бештар аз 111 ёдоварӣ карданд.
Мақомоти идораи умури дохилии Душанбе рӯзи 23-юми июн дар эъломияе иқрор шудааст, ки рақами “BMW Х5” (соли 2015) 111 WA 01 аст. Маълум нест, чаро масъулон дар рӯзи аввали ҳодиса шумораро пинҳон доштанд. Дар ҳар сурат, чунин рафтори онҳо шубҳаро дар мавриди дуруст будани шарҳи расмии қазия бештар карда.
Соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 1100 садама рух додааст. Дар натиҷа, 416 нафар ҳалок шуда, зиёда аз ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд.
РКД сабабҳои сӯхторро дар як мактаби Душанбе шарҳ дод. ВИДЕО

Пулиси шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми июн сабабҳои сӯхторро дар як мактаби пойтахт шарҳ дод.
Мактаби рақами 71 дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур шаби гузашта ба коми оташ рафт.
Бар пояи санҷиши ибтидоӣ, сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани "кондитсионер" рух додааст. Ба иттилои мақомот, дастгоҳро дар маҷлисгоҳи ошёнаи дувуми мактаб насб карда буданд.
Баъзе аз корбарони Радиои Озодӣ шаби гузашта бо фиристодани чанд навор гуфтанд, ки алангаи оташ бисёр баланд аст ва маъмурони оташнишонӣ ба сахтӣ онро хомӯш карданд.
Мақомот мегӯянд, барои фурӯ нишондани алангаи оташ даҳҳо маъмур ва 16 нақлиёти оташнишонӣ ва 18 мошини обкашониро сафарбар карданд. "Сӯхтор масоҳати 1500 метри мураббаъро дар бар гирифт," - омадааст дар эъломияи РКД Душанбе.
Зарари расида аз сӯхтор то ба ҳол эълон нашудааст. Дар пайванд ба ҳодиса гурӯҳи корӣ таъсис шуда, сабаб ва зарари он муайян карда мешавад.
Ё ҷарима ё маҳрумӣ аз озодӣ. Ҷазои зане, ки кӯдакашро мезад. ВИДЕО

Як зани тоҷикро, ки видеои задани тифлаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт, ҷазо додаанд.
Холиса Шоева вазифадор шудааст, ки 35 ҳазор сомонӣ ҷарима супорад ё як солу ду моҳ аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд.
Ҳукмро рӯзи 20-уми июн Додгоҳи ноҳияи Данғара баровард.
Холиса Шоева рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукм розӣ нест, аммо имкони шикоят кардан ба зинаҳои болоии додгоҳро надорад.
"Ба киро кардани вакили мудофеъ зӯрам намерасад. Ҳоло дар фикри ёфтани маблағи ҷарима ҳастам, то фарзандам азоби бемодарӣ накашад," – гуфт ӯ.
Навори задани тифли дусола аз тарафи модараш моҳи апрели имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Баъзе аз корбарон хоҳони муҷозоти зан ва пешгирӣ аз бадрафторӣ бо кӯдакон дар Тоҷикистон шуданд.
Радиои Озодӣ нахустин шуда дар матлабе назари Холиса Шоева ва падари кӯдакаш, Сайфиддин Алиевро гирд овард. Он змаон хонум Шоева гуфта буд, ки "вақте кӯдак ғам дод, асабам вайрон буд, задам."
Додситонии кулли Тоҷикистон дертар дар эъломияе гуфт, ки Шоева бо мақсади интиқомгирӣ аз ҳамсари собиқаш, Сайфиддин Алиев, фарзанди хурдсоли худро намоишкорона задааст.
Сайфиддин Алиев, ҳамсари собиқи Холиса Шоева, рӯзи 21-уми июн гуфт, бо ҳукми Додгоҳ розӣ аст. Вай ҳамзамон аз ҳамсари пешинааш хост, духтари ӯро азият накунад.
Холиса Шоева ва Сайфиддин Алиев чанд сол пеш издивоҷ карданд. Ҳосили зиндагии якҷояи онҳо кӯдакест, ки ҳоло дусола аст ва зери тарбияи модар. Зану шавҳар як сол пеш ва баъди ба дунё омадани фарзанд аз ҳам ҷудо шуданд.
Бори аввал нест, ки кӯдакон дар Тоҷикистон "қурбон"-и ситезаҳои хонаводагӣ мешаванд. Дар як соли охир беш аз панҷоҳ нафар барои ҷабр ба фарзандон дастгир шуда, иддае зиндонӣ ва гурӯҳи дигар ҷарима пардохтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон рафтори чунин волидонро бемасъулиятӣ меноманд. Дигарон пайомади мушкили иҷтимоӣ медонанд, аз ҷумла бекориву фақр.
Равоншиносон мегӯянд, ҳамсарон баъд аз пошхӯрии оила ё ҷудоии дарозмуддат мехоҳанд, бо озору азияти кӯдак аз ҳамдигар қасос бигиранд ва ба ҳам фишор оранд.
Ба Исмоил Раҳмонов чӣ шуд? Боздошти сарҳанги ВКД ба гумони "одамрабоӣ". ВИДЕО

Додситонии кулли Тоҷикистон ёвари сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилиро боздошт кардааст. Сарҳанг ё полковники милиса Акмал Юсуфзодаро ба "одамрабоӣ" гумонбар медонанд.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кул хабарро шарҳ надоданд. Чанд манбаи Радиои Озодӣ гуфтанд, Акмал Юсуфзода ба он гумонзад аст, ки "шаби 12-уми июн Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро зӯран ба мошин савор карда, ба самти номаълум бурдааст".
Аз он вақт то ҳоло маълум нест, ки ба омӯзгор чӣ шуда ва ӯ дар куҷост. Мақомоти тафтишотӣ эҳтимоли кушта шудани омӯзгорро сарфи назар намекунанд. Радиои Озодӣ дар ин маврид иттилои дақиқ дар даст надорад.
Наздиконаш беш аз як ҳафта боз Исмоил Раҳмоновро ҷустуҷӯ доранд, аммо гуфтанд, ба мақомот забонхат додаанд, ки бо расонаҳо гап намезананд.
Ба дасти Радиои Озодӣ наворе расид, ки ду нафар шахсеро, ки омӯзгор Исмоил Раҳмонов гуфта мешавад, кашола карда мебаранд. Ҳодиса дар маҳаллаи "Якум Советский"-и шаҳри Душанбе рӯй додааст.
Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, шаби ҳодиса омӯзгор Исмоил Раҳмонов дар хонаи хоҳараш дар маҳаллаи "Якум Советский"-и Душанбе буд. Рӯзи 19-уми июн хабарнигорони Радиои Озодӣ ба манзили хоҳари Исмоил Раҳмонов рафтанд, аммо ӯ дар ин бора гап назад.
Як манбаъ дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 19-уми июн гуфт, Акмал Юсуфзода дар бозпурсиҳои аввал гуфтааст, гуё омӯзгорро то ҳудуди ноҳияи Варзоб бурда, дар онҷо раҳо кард, "вале метавонад ҳақиқат набошад". Ба иттилои дарёфтӣ, наздиконаш ӯро дар соҳилҳои дарёи Зарафшон низ ҷустуҷӯ доранд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ба қавли манбаъҳои наздик ба ду хонавода, ҳамсари Акмал Юсуфзода ва Исмоил Раҳмонов дар Донишгоҳи тиҷорат кор мекардаанд. Шоҳидон мегӯянд, чӣ моҷарое миёни ду ҳамкор сар зада, полковник шабона ӯро барои суҳбат даъват карда будааст.
Дар коргоҳи ӯ, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, тасдиқ карданд, ки Исмоил Раҳмонов ва ҳамсари полковник якҷоя кор мекарданд. Раҳмонов аз ихтисоси менеҷмент дарс мегуфт, ҳамсари полковник аз забони англисӣ.
Як ҳамсуҳбати мо дар Донишгоҳи тиҷорат дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, Исмоил Раҳмонов ният дошт, базудӣ рисолаи илмиашро ҳимоя кунанд. "Якуним ҳафта қабл пешдифои рисолаашро ҳимоя кард ва баъди он дигар ба донишгоҳ наомад," -- афзуд ӯ.
Исмоил Раҳмонов зодаи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) буда, дар кафедраи менеҷменти Донишгоҳи тиҷорат кор мекард. 38-сола ва соҳиби чор фарзанд.
"Хариди мошин ва ҷарима." Ҷузъиёти кордзании муҳоҷирони тоҷик

Ҷанҷол миёни муҳоҷирони тоҷик, ки дар он ду нафар қурбон шуд, бар сари хариди мошин ва маблағи ҷаримаи он будааст. Муноқиша соати сеи шаби 12-уми июни имсол дар назди мағозаи "Монетка" дар Екатеринбург рух дод. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, баҳс миёни як гуруҳ аз сокинони вилояти Хатлон ва ноҳияи Мастчоҳ сар задааст.
Фаррух Мирзоев, раиси ҷомеаи тоҷикони Екатеринбург гуфт, як сокини вилояти Хатлон ба сокини ноҳияи Мастчоҳ мошин фурӯхтааст.
“Баъди харидани мошин дар ҳаҷми 6 ҳазор рубл ҷарима меояд. Онҳо омада мегӯянд, ки ҷаримаро супорида, мошинро ба номи мо гузаронед. Мегӯянд, ки пули ҷаримаро супор, ҳар рӯз маро ташвиш дода истодаанд. Дар ин вақт миёнашон муноқиша сар мезанад ва баъд ба кордзанӣ меанҷомад. Боз миёнашон чӣ шудааст ҳоло маълум нест,”-афзуд раиси ҷамъияти тоҷикони Екатеринбург.
Номи харидор ва фурӯшандаи мошини баҳсӣ феълан аниқ нест.
Ба навиштаи нашрияи "Коммерсант" дар муноқишаи 12-уми июн "ду тоҷик кушта ва ду тоҷики дигар захмӣ шуданд". Қурбониёни ҳодиса сокинони деҳаи деҳаи Табушни ноҳияи Мастчоҳ будаанд. Темур Исмоилов 39 ва Ҳофиз Ниёззода 22 сол дошт.
Воҳидҷон Раҳматов, раиси ҷамоати Палдорак, ки деҳаи Табушн ба он шомил мешавад, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ хабари кушта шудани ду сокини ин ҷамоатро тасдиқ кард. Дар назар аст, ки то ду рӯзи дигар ҷасади Темур Исмоилов ва Ҳофиз Ниёззода ба зодгоҳашон фиристода шавад.
Фаррух Мирзоев, раиси ҷомеаи тоҷикони Екатеринбург 14-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ имрӯз дар бораи боздошти омилони ин ҳодиса тасмим мегирад. Ба гуфтаи Мирзоев, яке аз гумонбарон бо номи Фаррух дар шаҳри Челябинск боздошт шудааст. "Чанд нафари дигар ҳам бозпурсӣ мешаванд,"-гуфт манбаъ.
Баҳсу ҷанҷол миёни муҳоҷирон дар Русия зиёд иттифоқ меафтад. Аммо баҳс миёни тоҷикон, ки чанд нафар қурбон шавад камтар рух додааст.
"Хонаҳо зери об монданд, сокинон мекӯчанд." Пайомади тахриби садди обанбор дар Украина. ВИДЕО

Дар пайи рахна шудани садди обанбори Каховка бар фарози рӯди Днепр (Украина) садҳо хона зери об монда, ҳазорҳо нафар ба тарки ҷойи зист маҷбур шудаанд. Мақомоти Украина рӯзи 7-уми июн тасдиқ карданд, ки сокинонро аз минтақаҳои зарардида ба ҷойи амн мебаранд.
Садди обанбори Каховка, ки зери назари русҳо буд, рӯзи 6-уми июн бар асари таркиш рахна шуд. Киев ва Маскав ҳамдигарро ба вайрон кардани обанбори бозмонда аз Шӯравӣ дар ҳудуди вилояти Херсон гунаҳкор мекунанд.
Муқоиса: садди обанбор то ва баъди таркиш
Президенти Украина Владимир Зеленский ҳодисаро “вайронгарии махсуси ишғолгарон” ва “бобмаи қатли оми муҳити зист” номид. Ба гуфтаи Зеленский, 80 маҳалли зист дар канораҳои обанбор бо хатар рӯбарӯ ҳастанд.
Александр Прокудин, волии Херсон, ки қисман аз ҷониби русҳо ишғол шудааст, рӯзи 7-уми июн гуфт, бо вуҷуди кам кардани шиддати ҷамъшавии об, сатҳи он болотар меравад. “Пешбиниҳои мо ин аст, ки сатҳи об дар 20 соати оянда боз то як метр баланд хоҳад шуд,” – афзуд ӯ. Ин пешбиниро Игор Сирота, мудири ширкати энержии “Укргидроэнерго”, низ тасдиқ кард.
Ба иттилои Прокудин, аз минтақаҳои зери назари Украина беш аз 1450 нафар ба ҷойҳои амн кӯч дода шуданд ва тахминан 1850 хона пури об шудааст. Вай афзуд, то соати 6-и субҳи чоршанбе 1457 нафар, аз ҷумла 1286 сокини маҳаллаи Корабели вилояти Херсон кӯчонида шуданд.
Хабаргузории давлатии ТАСС гуфт, мақомоти зери назари Маскав дар қисмати дигари Херсони Украина ҳолати фавқулода эълон кардаанд.
Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал, хароб кардани обанборро “фалокати бузурги башарӣ, иқтисодӣ ва экологӣ” номид, аммо ба таври мустақим аз муттаҳам кардани Русия худдорӣ варзид.
Садди обанбори Каховская яке аз шаш сад(д) дар болои дарёи Днепр аст, аммо асоситарини онҳо ба шумор меравад. Баландияш 30 метр ва дарозияш беш аз се километр аст ва 67 сол қабл дар замони ҳукумати Шӯравӣ сохта шуд.
Ин сад(д) дар таъмини оби мардуми минтақа ва ҳамчунин оби сокинони нимҷазираи Қрим, ки 9 сол қабл аз тарафи Русия ишғол шуда буд, аҳамияти калон дорад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Раҷаб Тайиб Эрдуғон савганд ёд кард

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 3-юми июн бори дигар ба ҳайси президенти Туркия савганд ёд карда, ба даври сеюми раҳбарии худ дар кишвар оғоз кард.
Эрдуғон, ки 69 сол дорад, дар бист соли гузашта раҳбарии Туркияро дар мақоми нахуствазир ва раиси ҷумҳурӣ дар даст дошт.
Ҳафтаи гузашта, дар даври дуюми интихобот ӯ пирӯз эълон шуд ва то соли 2028 дар қудрат хоҳад монд.
Маросими савгандёдкунии президенти Туркия дар Кохи раёсатҷумҳур баргузор шуд ва ӯ барои панҷ соли оянда ваъдаҳо дод.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҳузури меҳмонон гуфт, “мо умедворем, ки ин интихобот дарвозаҳои навро ба рӯи миллати мо боз хоҳад кард.”
Раҳбари Туркия дар охири моҳи июн ҳайати нави вазирони худро эълон хоҳад кард.
Вазорат рӯйхати ҷавонони саркашро таҳия кардааст

Мақомоти Тоҷикистон рӯйхати ҷавононеро таҳия намудаанд, ки аз рафтан ба хидмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд.
Вазорати дифоъ рӯзи дуюми июн аз поён ёфтани маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ хабар дода, гуфтааст, рӯйхати ҷавононе таҳия шудааст, ки бе сабаб ба хидмати ҳарбӣ нарафтаанд." Ин рӯйхатро вазорат "барои чораандешӣ ба мақомоти дахлдор" ирсол кардааст.
Маълум нест, ки дар ин рӯйхат номи чӣ теъдод аз ҷавони синни даъват оварда шудааст, аммо Вазорати дифоъ гуфтааст, дар ин феҳраст номи онҳое ворид карда шудааст, ки “баъди гирифтани даъватномаи комиссариатҳои ҳарбӣ бе сабабҳои узрнок ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир нашудаанд”. Нисбати ин гурӯҳ, ба гуфтаи мақомот, тибқи қонун чораандешӣ мешавад.
Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳ ҳатмист ва барои бесабаб саркашӣ кардан аз он ҷарима ва то 2 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Вазорати дифоъ дар айни замон аз афзоиши сафи ҷавононе хабар додааст, ки довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд. Бино ба гузориши ин ниҳод нақшаи даъвати баҳорӣ дар ҳама шаҳру вилоятҳои кишвар рӯзи 31 уми май сад дар сад иҷро шуда, ин маърака ба анҷом расид.
Мавсими даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳарбӣ аз якуми апрел оғоз ёфта, то охири моҳи май идома кард.
Дар ин мавсими даъват ҳам шикоят аз ҳолатҳои маҷбуран ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ бар артиш ҷалб кардани ҷавонону зери фишор қарор гирифтани наздикони онҳо тақрибан аз ҳама минтақаҳои кишвар ба дасти Радиои Озодӣ мерасид.
Яке аз охирин ҳолатҳои пурсару садо, талоши ҷалби иҷбории донишҷӯёни соли охири Донишгоҳи тиббӣ ба хидмати ҳарбӣ буд. Рӯзи 29-уми май донишҷӯён бо ирсоли навор гуфтанд, гурӯҳе аз хатмкунандаҳоро дар рӯзи имтиҳони давлатӣ ва аз дохилӣ муассиса ба хидмат бурданд. Дар навор лаҳзаи фирори донишҷӯён дида мешуд. Мамъурияти Донишгоҳи тиббӣ “облава” дар муассисаро рад карданд.
Шикоятҳо дар бораи аз донишгоҳ ва зӯран ба хидмати ҳарбӣ бурдани хатмкунандаҳо аз мактабҳои олии дигар ҳам расиданд. Тибқи қонун донишҷӯён ҳақ доранд то хатми таҳсил ва гирифтани диплом, хидмати ҳарбиро ба таъхир гузоранд.
Таҳияи рӯйхати ҷавононе, ки ба гуфтаи мақомот аз рафтан ба хидмат саркашӣ мекунанд дар ҳолест, ки тайи як соли ахир Додситонии кул аз чанд ҳодисаи муҷозот шудани ҷавонон барои напайвастан ба сафи қувваҳои мусаллаҳ хабар дод.
Моҳи апрел Додгоҳи вилояти Суғд, як ҷавони 27-соларо аз шаҳри Истаравшан ба гуноҳи саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ба 6 моҳ зиндон маҳкум кард. Бино ба омори Додситонии кулли Тоҷикистон, танҳо дар соли 2022 108 ҷавон бо айни чунин иттиҳом ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, ҷарима ё зиндонӣ шудаанд.
Мақомоти Тоҷику Қирғиз имкони истирдоди маҳбусонро баррасӣ кардаанд

Ду мақоми Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва истирдоди маҳбусонро баррасӣ кардаанд.
Дар бораи мулоқоти Дилшод Талбакзода, муовини Додситонии кулли Тоҷикистон ва Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар додааст. Ин мулоқоти рӯзи 2-юми июн сурат гирифтааст.
Ба иттилои ин ниҳод ҷонибҳо дар ин вохӯрӣ масоили марбут ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Қирғизистонро дар Тоҷикистон ва имкони истирдоди маҳбусони қирғизро ба ватанашон баррасӣ кардаанд.
Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора хабаре нашр накардааст ва маълум нест, ки масъалаи истирдоди маҳбусони тоҷик аз Қирғизистон ҳам матраҳ буд ё не.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон омори маҳбусони қирғиз дар Тоҷикистон оварда нашудааст. Аммо соли 2022 Додситонии кулли ин кишвар хабар дода буд, ки 10 шаҳрванди Қирғизистон дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.
Соли гузашта мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, Тоҷикистон 11 шаҳрванди боздоштшудаи он кишварро ба зодгоҳашон баргардонд. Ҳамаи онҳо дар замонҳои гуногун ва ба иттиҳоми якхелаи ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад дастгир шуда буданд.
Қирғизистон ҳам даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми гуногун боздошту зиндонӣ кардааст.
Зеленский гуфт, Украина барои озод кардани минтақаҳои ишғолӣ омодааст

Раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский гуфт, кишвараш ба оғози амалиёт барои озод кардани қаламравҳои ишғолшуда аз сӯйи Русия омодааст. Ӯ дақиқ нагуфт, ки амалиёт кай шурӯъ мешавад, аммо таъкид кард, ки ин кор сахт хоҳад буд.
Зеленский дар мусоҳиба бо рӯзномаи Wall Street Journal, ки рӯзи сеюми июн нашр шуд, гуфт: "Мо бовар дорем, ки муваффақ мешавем." Вай таъкид кард, ки Украина барои ҳифзи шаҳрвандонаш аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва ҳимояи сарбозон дар ҷабҳа, ба ситемаҳои зиддимушакии амрикоӣ ниёз дорад.
Президент гуфт: “Артиши Украина он таҷҳизоти ҳарбиеро, ки интизор дошт, ҳоло пурра дастрас накардааст, вале мо дигар мунтазир шуда наметавонем.”
Зеленский ҳамчунин иқрор кард, ки Русия аз нигоҳи таъминот бо техникаи ҳавоӣ пешафт дорад ва набуди имконоти зарурӣ барои ҳимоя аз ҳамлаҳои ҳавоӣ метавонад бо марги теъдоди зиёде аз нерӯҳои Украина анҷом ёбад.
Пешбарии Украина ба узвияти НАТО-ро Владимир Зеленский яке аз мавзӯҳое муҳиме унвон кард, ки бояд дар нишасти сарони Паймони низомӣ дар Литва матраҳ шавад. Ин ҳамоиш моҳи июл баргузор мегардад ва раисҷумҳури Украина гуфт, интизор надорад, ки кишвараш дар давраи ҷанг ба НАТО бипайвандад, аммо мехоҳад барояш ваъда диҳанд, ки баъди анҷоми ҷанг Украина ба узвияти НАТО пазируфта мешавад.
Ин бори аввал нест, ки президенти Украина аз қасди оғози ҳамлаи ҷавобӣ ба Русия хабар медиҳад. Қаблан ӯ гуфта буд, амалиётро баҳор ва ё тобистони имсол сар мекунад. Ҳадаф аз он қомилан озод кардани минтақаҳои ғасбшуда аз сӯйи Русия гуфта мешавад.
Чанде пеш аз ин кишварҳои ғарбӣ ба артиши Украина мошинҳои зиреҳпӯш ва лавозимоти замонавии ҷангӣ пешниҳод карданд. Амрико аз оғози ҷанг ба Украина ба маблағи 37 миллиард доллар кумаки кардааст.
Русия соли 2014 Қримро ғасб кард. Соли 2022 ин кишвар аз ишғоли 4 минтақаи дигари Украина, Херсон, Запороже, Донетск ва Луганску қисме аз минтақаи Харков хабар дод. Ҳоло Украина мехоҳад заминҳои худро баргардонад.
Кремл дар гузашта гуфта буд, ки изҳороти президенти Украина ва муттаҳидонашро бо диққат пайгирӣ дорад. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, Вазорати дифоъ дар тарҳрезии "амалиёти махсуси низомӣ" (Маскав аз ҷанги зидди Украина чунин ном мебарад) ин изҳоротҳоро ба назар мегирад
“Эй кош, як бор занг мезад...” Шаҳром куҷо шуд. Чаро кӯдакону наврасон гум мешаванд? ВИДЕО

Хонаводае дар ноҳияи Восеъ беш аз 20 рӯз боз фарзанди 15 солаашонро ҷустуҷӯ доранд. Наздикон аксҳои ӯро аз Восеъ то Душанбе дар сутуну деворҳо часпонда, шабу рӯз гӯш ба зангу хабаре аз яккаписари хонадонанд.
Шаҳроми Саъдӣ, хонандаи синфи 9 рӯзи 18- уми май ба мактаб рафта, бо ҳамин бедарак шудааст.
Саъдӣ Камолов, падари Шаҳром, ки баъд аз чанд рӯзи ҷустуҷӯҳо дар пойтахт бе ягон натиҷа ба назди хонаводааш баргашт мегӯяд: “Бори охир ӯро дар истгоҳи ноҳияи Восеъ, як бача дидааст, ки дар таксиҳои Душанбе нишастааст. Танҳо. Ҳамон таксӣ ҳам чӣ тавр ноболиғро танҳо бурдааст, ман ҳайрон. Барои ҳамин мо ҳозир Душанберо кофта истодаем. Намедонем, ки куҷо аст.”
" худаш нарафтааст... эҳтимол ба доми фиреб афтидааст"
Ҷустуҷӯҳои падар дар пойтахт ва муроҷиат ба милиса натиҷа надодаанд. Волидон бовар доранд, ки писарашон наметавонист ба танҳоӣ ва бе огоҳӣ ба шаҳр равад.
Саодат Холмуродова, модари Шаҳром, мегӯяд, фарзандаш телефон ва ҳам одати шабгардӣ надошт. Бе иҷоза ба мӯҳлати тӯлонӣ аз хона берун намерафтааст. “У худаш рафтагӣ нест. Ӯ Душанбе намерафт. Мо доим назорат мекардем. Аз мактаб дер мекард, ман занг мезадам ба муаллима гап мезадам.” - афзуд, Саодат, Холмуродова.
Волидон ҳадс мезананд, ки фарзанди наврасашон ё ба доми фиреб афтодааст ва ё дар ҷое ҳаст, ки имкон надорад аз худ дарак диҳад. “Ман фикр мекунам, кадоме фиребаш дода, бурдааст намемонад ки ба падару модараш занг занад. Чунки ӯ агар ҷое мерафту дер мекард ба телефони ягон кас занг зада, мегуфт, ки ман омада истодаам. Дер мондам.”- гуфт, Саъдӣ Камолов, падари Шаҳром.
Кӯдакон куҷо мешаванд?
Мисли волидони Шаҳром, наздикони як духтари 15-солаи дигар ҳам аз ноҳияи Дарвоз оромиро аз даст додаву дар ҷустуҷӯйи фарзанданд.
Ин оила 5 моҳ боз духтари наврасашон Нилуфар Алушизодаро ҷустуҷӯ доранд. Ахиран Раёсати корҳои дохилаи вилояти Бадахшон бо нашри акси Нилуфар аз гум шудани ӯ хабар дод.
Эълонҳо бо акси кӯдакону наврасони нопадидшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хиёбонҳои кишвар зиёданд. Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо кӯдак нопадид мешавад ва ин мавзӯъ чандин сол боз дар кишвар ба як мушкили доғ табдил ёфта, сабаби ҳаросу нигаронии сокинону ҷомеа шудааст.
Пурсарусадотарин ҳодиса ин нопадид шудани Малика ва Сабина Араловаҳо аст, ки бо гузашти даҳ сол нишоне аз онҳоро пайдо накардаанд.
Духтарони 4 ва 5-сола, дар соли 2013 аз назди хонаашон дар Душанбе гум шуданд.
Мақомот мегӯянд, ҷустуҷӯи духтарон қатъ нашудааст. Ба гуфтаи наздикон, дар ин муддат чанд муфаттиш иваз шуд, экстрасенсу муттахассисон аз хориҷ ҷалб шуданд, ҷомеа ҳам барои кӯмак ба ҷустуҷӯ пайваст, аммо бенатиҷа.
" Умед аз ҳама охир мемирад. Мо интизорем"
Наздикони Маликаву Сабина то ҳанӯз мунтазири муъҷизаанд. Улуғбек Аралов, падари Сабина, рӯзи якуми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз он замон вақти хеле зиёд гузашт ва онҳо дигар намедонанд чӣ тавр ва куҷоро дустуҷӯ кунанд.
“Ягон хабару маълумот нест. Аз дасти мо ягон чӣ дигар намеояд. Вақти зиёд гузашт. Аммо албатта умед аз ҳама охир мемирад, мо то охир интизор мешавем. Кофтуков то ҳол идома дорад, ҳар чизе имкон ҳаст дида истодаем. Муфаттишон ҳам бо мо тамос доранд.” - афзуд, Улуғбек.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш ин ҳодисаро “ҷинояти доғдоркунандаи миллат” номид ва аз мақомоти умури дохилӣ талаб кард, ҳодисаро фавран ошкор кунанд. Аз он дастур даҳ сол гузашт.
Сокинони кишвар то ҳанӯз баъзан бо умед эълонҳо бо акси ин кӯдаконро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳну бознашр мекунанд ва аксарият то ҳанӯз ба ин суол ҷавоб меҷӯянд, ки духтарон куҷо шуданд ва чаро мақомот натавонистанд дар ин муддат нишоне аз ин духтаронро пайдову ҳодисаро ошкор кунад.
Ҷустуҷӯҳои бесамар ва кӯдакони беному нишон
Солҳои ахир омори расмӣ дар бораи чӣ қадар нопадид шудани кӯдакон дар Тоҷикистон нашр намешавад. Аммо бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар маҷмӯъ танҳо дар нуҳ моҳи соли 2020 709 нафар бедарак шудаанд. Аз ин 470 нафараш ёфт шуда, тақдири 239 нафари дигар то ҳол номаълум боқӣ мондааст. Дар байни гумшудаҳо кӯдакон низ кам нестанд.
Матлуба Муҳибова, корманди Маркази кӯдакони осебпазир дар Хатлон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Тариқи матбуоту телевизион бисёр мебинем, ки кӯдакон гум шуда истодаанд. Сабабҳои инро дақиқ кардан даркор. Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд бо дигар ниҳоду ҳукуматҳо тамос дошта бошанд, то сабаби гумшавиҳоро муайян кунанд. Мо дар сӯҳбатҳо бо волидон ба ин мавзӯъ таъкид мекунем ва мегӯем, ки бояд назоратро сахт кунанд.”
Мақомот ва бархе аз коршиносон ҳам дар аксар ҳолат беаҳамиятии волидонро сабаби аслии гумшавии кӯдакон медонанд. Аммо бархе аз волидоне, ки солҳо дар ҷустуҷӯи кӯдакони гумшудаи худанд, аз бесамарии ҷустуҷӯ ва ҳамин тавр беному нишон мондани фарзандонашон нигаронӣ мекунанд.
Садамаи қатор дар Ҳиндустон 288 кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷой гузошт

Бар асари бархурди ду қатор дар Ҳиндустон 288 нафар ҷон бохта, беш аз ҳазор кас маҷрӯҳ шудаанд.
Бино ба иттилои Оҷонсии News18 India садама рӯзи дуюми июн дар Иёлати Одиша, шарқи Ҳиндустон рух додааст.
Тақрибан 10 вагони як қатор аз релс ё хати роҳи оҳан берун баромада, ба хати қатори самти муқобил ворид шудаанд. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ дар натиҷаи бархурди қаторҳо як поезди борбар ҳам осеб дидааст.
Як мақоми баландпоя гуфтааст, тақрибан 900 нафари ҷароҳатбардошта дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Наҷотдиҳандагон тамоми шаб дар маҳалли ҳодиса кор карданд. Рӯзи шанбе дар иёлати Одиша рӯзи мотам эълон шуд. Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба осебдидагон ва наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.
Ин сеюм садамаи пурқурбонӣ дар роҳҳои оҳани Ҳиндустон аст. Ҳамасола дар роҳи оҳани ин кишвар садҳо садама рух медиҳад. Дар аксар ҳолат омилҳои инсонӣ ва таҷҳизоти фарсудашуда сабаби сар задани чунин ҳодисаҳо мешавад.
Пизишке, ки қурбонии дағалрафторӣ дар мусофирбар шуд, кӣ буд? ВИДЕО

Муҳаммадалӣ Акрамов, пизишки бемористони "Истиқлол"-и Душанбе, рӯзи 19-уми май пас аз зиёрати дӯсташ, ки аз Ҳаҷ баргашта буд, мехост ба коргоҳ равад. Аммо дар истгоҳи охири микроавтобусҳо дар маҳаллаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар хархашае бо ронанда ва пулчинаки хатсайри рақами 28 сахт зарба хӯрду пас аз ҷарроҳии косахонаи сар ва як ҳафта беҳушӣ ҷон дод.
Ҷавони гумонбар иддао кард, ки мусофир ӯро дашном дод ва бинобар ин як мушт зад. Наздикон ва дӯстонаш мегӯянд, Муҳаммадалӣ Акрамов қабеҳ намегуфт. Ин ҳодиса мавзӯи дағалрафториро дар мусофирбарҳои Тоҷикистон низ доғ кардааст.
"Ба кадом сабаб ин ҳодиса шудааст, мақомот маълум мекунанд. Сабаби асосиашро ҳоло нафаҳмидаем. Намедонем, ки бо кадом сабаб ӯро заданд. Мехоҳем, ҳодисаро дақиқ кунанд," – гуфт Ҷумъахони Муҳаммадризо, яке аз наздикони Муҳаммадалӣ Акрамов рӯзи 1-уми июн.
Ба иттилои пулиси Тоҷикистон, "пулчинаки нақлиёти ҷамъиятӣ, боздошт шуда, ба зидди ӯ бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноии ҶТ парванда боз шудааст." Дар навори видеоии пулис ҷавони гумонбар мегӯяд, дашноми қабеҳи мусофир ӯро ба латукӯб водор кард. Наздикони пизишк мегӯянд, вай қабеҳ намегуфт.
Санамбӣ Ғаниева, парастори бемористони "Истиқлол" ва ҳамкори Муҳаммадалӣ Акрамов, рӯзи якуми июн гуфт, "аз соли 2016 бо ин шахс кор мекардам. Гоҳе шабона, гоҳе рӯзона барои ташхиси ултрасадо беморонро ба наздашон мебурдам. Боре ҳам дашном ё сухани бадеро нашунидаам."
Ҳусейн Акрамов, писари калонии Муҳаммадалӣ Акрамов, мегӯяд, дар оила панҷ фарзанд ҳастанд ва падараш ҳамаи онҳоро, ба истиснои додари 13-солааш, соҳиби маълумоти олӣ кардааст.
Марги Муҳаммадалӣ Акрамов баҳси дағалрафториро дар мусофирбарҳои Тоҷикистон дигарбора доғ кардааст. Мақомот инкор намекунанд, ки мавридҳои дағалрафтории ронандагон бо мусофирон дар Тоҷикистон падидае наве нест.
Марям Давлатова, равонишиноси тоҷик, ҳодисаи охирро дардовар ва фавтидаро “шаҳиди ҷаҳолати одамӣ” номид: "Кормандони соҳаи нақлиёти мусофирбар пеш аз ба кор қабул шудан, бояд аз санҷиши равонӣ гузаранд, ки оё ба шароити стрессии кор омода ҳастанд ё не. Мутаассифона, ҳеч ширкати нақлиётии мусофирбар ягон зарра масъулияти рафтори дағалонаи ронандаро ба худ ба зимма намегирад."
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо навиштаанд, ки як қисми ронандагони нақлиёти иҷтимоӣ ва кондукторҳо қоидаҳои оддитарини одобро риоя намекунанд, ҳамеша дар талоши дарёфти мусофири бештар, тундгӯ ва хашмгинанд.
Онҳо ҳеч гуна эроду накуҳиши мусофиронро қабул надоранд ва на ҳамеша эҳтироми мусофиронро ба ҷой меоранд ва мусофирон низ гоҳе ба онҳо ҳамин гуна посух медиҳанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Марги Сайёраи 36-сола. Се кас ҳукм гирифт, 9 кӯдак бесаробон монд. ВИДЕО

Се узви як хонадонро дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар пайванд ба марги Сайёра Зоироваи 36-сола зиндонӣ кардаанд. Ҳукмро Додгоҳи ноҳия рӯзи 31-уми май баровард.
Сайёра Зоирова ҳашт моҳ пеш, баъд аз як муноқиша дар хонаи шавҳар ва зарб хӯрдан, бистарӣ шуд ва дар шифохона ҷон бохт.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, ки Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми июн дастрас кард, Мукамбар Исҳоқова (хушдоман) 12 сол, Хуршедаи Нозим (зани ҳевар) 12 сол ва Ҷиёншоҳ Раҳимов (бародари шавҳар) 14 сол ба гуноҳи "Қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ" (моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ, қисми ду, банди “в”) аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Дар ҳоле ки пештар модари Сайёра Зоирова аз дуруст тафтиш нашудани парванда шикоят дошт, бародари ӯ, Абдулваҳҳоб Зоиров, гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд. “Одилона буд, чун гунаҳкорон ҷазо гирифтанд,” – афзуд ӯ рӯзи 2-юми июн.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, Мукамбар Исҳоқова ва писару келинаш пас аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шудаанд. То он вақт дар озодӣ буданд.
Мукамбар Исҳоқова, хушдомани Сайёра Зоирова, рӯзи 12-уми майи имсол гуфта буд, ки арӯси хонадонро назадаанд. Вай, баръакс, иддао карда буд, ки "Сайёра бе иҷозаи шавҳар ба Русия рафт" ва ин ҳолат боиси зани дигар гирифтани писараш шуд.
Ҷаҳонгир Раҳимов, ҳамсари Сайёра Зоирова, низ латукӯби ҳамсарашро аз тарафи модару бародар ва ҳамсари бародараш рад карда буд. Вай рӯзи 2-юми июн аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ норозигӣ кард.
“Бародарам кӯдакони хурд дорад. Онҳоро ба назар нагирифтанд. Ман нигоҳубин карда наметавонам. Аслан бо ҳукм розӣ нестам”, -- гуфт Ҷаҳонгир Раҳимов.
Видеоро дар инҷо бинед:
Сайёра Зоирова дар моҳи августи соли 2022, дар пайи баҳси хонаводагӣ ба бемористон афтод ва пас аз се моҳ ҷон бохт. Дар санҷиши тиббиву додгоҳӣ сабаби марги Сайёраро “осебҳои сахт дар сар” навиштаанд. Тафтишу муҳокимаи парванда ҳашт моҳ дароз кашид ва ин вазъ норозигии хонаводаи Сайёра Зоироваро ба бор овард.
Ҳар сол дар Тоҷикистон мавридҳои зиёди муноқишаи хонаводагиро сабт мекунанд. То кунун баъзе аз ин ҳодисаҳо бо марг ва боздошту зиндонӣ шудани аъзои оила анҷом ёфтааст. Мақомот онро бештар ба якдигарнофаҳмӣ рабт медиҳанд, намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ба муҳоҷирати дарозмуддат ва мушкили иқтисодиву равонӣ.
Гуфтугӯ