Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодиса

Боз як бозор дар Тоҷикистон ба коми оташ рафт. ВИДЕО

Сӯхтор субҳи барвақт сар задааст
Сӯхтор субҳи барвақт сар задааст

Бар асари сӯхтор дар калонтарин бозори масолеҳи бинокорӣ ва сохтмонии шаҳри Ҳисор то 10 мағоза ба коми оташ рафтааст. Бозор соати 4-и субҳи имрӯз, 31-уми август оташ гирифт.

Мақомот то ҳол сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарарро расман шарҳ надоданд. Кормандони идораи сӯхторхомӯшкунӣ ва маъмурони бозор таъкид намуданд, ки барои дақиқ намудани сабабу омилҳои ҳодиса таҳқиқро шурӯъ кардаанд.

Тоҷирон мегӯянд, дар ин ҳодиса зиёни бузург диданд, вале намедонанд он чӣ гуна ҷуброн хоҳад шуд.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Оташ нисфи бозори бузурги Ҳисорро “хокистар” кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми август ба ҷои ҳодиса рафтанд ва шоҳиди он шуданд, ки бо гузашти 6 соат аз сар задани сӯхтор дар ин бозор, алангаи оташ ҳанӯз намудор буд. Сӯхтор асосан ба мағозаҳои як гӯша ё растаи бозор зиён расонидааст. То қарибии нисфирӯзӣ, равуои мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ дар саҳни бозор дида мешуд.

Кормандони мақомоти интизомӣ ва намояндагони бозор иҷоза надоданд, ки хабарнигорон ба мағозаҳои аз сӯхтор зиёндида наздик шаванду бо тоҷирон сӯҳбат кунанд.

Мақомот як чиз, соҳибкорон чизи дигар мегӯянд

Масъулини бозор гуфтанд, танҳо ду-се мағоза ба коми оташ рафтааст, аммо тоҷирон дар сӯҳбати бидуни сабт иддао доранд, ки дар ин сӯхтор аз 8 то 10 мағоза зарар дидааст. Кормандони бозор таъкид карданд, ки сӯхтор соати 4-и субҳ ба амал омада, сари вақт аз сӯи сӯхторхомушкунон бартараф карда шуд. Аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд.

Ҳабибулло Содиқов, ки солҳост дар ин бозор ронандаи мошини боркаш аст мегӯяд, "вақте омадем соат 7:30-и субҳ буд, сӯхтор идома дошт. Мошинҳои сӯхторхомушкунӣ чанд адад буд, омада оташро хомӯш мекарданд."

"Бозор мутааллиқ ба Муродалӣ Алимардонов буд"

Масъулини бозор ҳодисаро шарҳ надоданд. Чанде аз тоҷирон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мунтазиранд, ки масъалаи ҷуброни зарарашон чӣ мешавад.

Бозори масолеҳи сохтмонии Ҳисор дар 25 километрии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, беш аз 10 гектар масоҳат дорад. Масъулин гуфтанд, дар бозор беш аз 70 соҳибкор фаъолият мекунанд.

Баъзе ҳамсӯҳбатони мо дар ҷои ҳодиса ин бозоррро муталлиқ ба Муродалӣ Алимардонов, яке аз мансабдорони собиқи ҳукумати Тоҷикистон медонанд. Вале маълум нест худи ӯ дар ин бора чӣ назар дорад.

Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.

Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ задани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

Барои сохтани хонаҳои вайроншудаи Кӯлоб масҷидҳо низ пул медиҳанд. ВИДЕО

Яке аз масҷидҳои Кӯлоб
Яке аз масҷидҳои Кӯлоб

Хонаҳоеро, ки дар садамаи маргбори 6-уми август дар шаҳри Кӯлоб осеб дидаанд, аз нав месозанд. Дар ҳоле, ки чор манзили сокинон дар пайи бархӯрди мошини як ширкати воридкунанда осеб дид, мақомот барои ҷуброни зарар аз масҷидҳо маблағ ҷамъ мекунанд. Мухолифони ҳукумат аз ҷумла Шарофиддин Гадоев мегӯяд, мошини боркаше, ки садама кард, марбут ба ширкати Шамсулло Соҳибов, домоди президент аст. Бо гузашти қариб як моҳ аз ҳодиса, худи Соҳибов дар ин бора чизе нагуфтааст.

Шаҳрдори Кӯлоб эълон кард, ки хонаҳои нав бояд қабл аз расидани фасли сармо бунёд шаванд. Сохтмони манзилҳо дар маҳаллаи Дӯстии ин шаҳр идома дорад, аммо сармоягузорӣ бо мушкилоте мувоҷеҳ шуда аст. Барои ҳамин ҳукумати маҳаллӣ барои кумак дар “Амонатбонк” суратҳисоб боз кардааст.

Мунавваршоҳ Ташрифзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маблағи воридшуда ба ҳисоби ширкате меравад, ки хонаҳоро бояд созад. Ташрифзода аз ин ширкат ном набурд.

Барои сохтани як хона аз 300 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ зарур аст ва ҳоло мақомот барои ёфтани пул рӯйи ниёз ба масҷидҳо овардаанд. Дар намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта бархе аз имомхатибон аз сокинон хостанд, барои сохтани хонаҳо кӯмаки молӣ кунанд.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Хонаҳои вайроншудаи Кӯлобро бо кумаки мардум месозанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Чанд тан аз сокинон низ ба Радиои Озодӣ нома навишта, изҳор доштанд, ки аз онҳо хоста шудааст аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ ба масҷиди марбутаи худ кӯмак кунанд. Ҳукумати Кӯлоб ҳам тасдиқ кардааст, ки масоҷид то кунун ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ намуданд.

Мунавваршоҳ Ташрифзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб мегӯяд, “масҷидҳо дар ҳузури раиси вилоят бунёди яке аз манзилҳои истиқоматира ба уҳда гирифтанд.”

Ҳангоми сафари Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба маҳалли сохти хонаҳо, имомҳо ҳам ӯро ҳамроҳӣ карданд.

Дар Кӯлоб 75 масҷид аз ҷумла 11 масҷиди ҷомеъ амал мекунад. Бар асоси ҳисобҳо, агар ин масҷидҳо аз се ҳазор то 5 ҳазор сомонӣ кӯмак ҷамъоварӣ кунанд, тамоми маблағи ҷамоваришуда метавонад то 249 ҳазор сомонӣ бирасад.

Ширкати боркашонӣ чӣ масъулият дорад?

Мақомот мегӯянд, мошине, ки 6-уми август ба чанд нақлиёти дигар ва манзили сокинонро хароб кард, ба ширкати “Кафолат Воридоту Содирот» тааллуқ дорад. Мақомот номи молики ин ширкатро намегӯянд. Шарофиддин Гадоев, мухолифи ҳукумат, ки дар гузашта дар Тоҷикистон ширкати боркашонӣ дошт, иддао дорад, ки мошин мутаалиқ ба яке аз ширкатҳои Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон аст. Соҳибов ошкоро инро тасдиқ ё рад накардааст.

Шамсулло Соҳибов, шавҳари Рухшона Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳоло сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир аст. Соҳибов молики ширкати "Фароз" аст, ки дар соҳаҳои зиёде фаъолият дошт. Пас аз интиқодҳои зиёд "Фароз" эълон карда буд, ки фаъолияташро қатъ кардааст, вале таҳқиқ нишон дод, ки ин ширкат бо номҳои дигар тиҷоратҳои сердаромадро дар Тоҷикистон дар даст дорад.

Дар садамаи 6 август чандин мошин осеб дид
Дар садамаи 6 август чандин мошин осеб дид

Дар пайи садамаи маргбор дар шаҳри Кӯлоб даҳҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ талаб карданд, ки зарари сокинонро бояд ҳамон ширкате ҷуброн кунад, ки мошинаш садама кардааст.

Тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, соҳибони нақлиёт бояд мошини худро бима (суғурта)-и давлатӣ кунанд ва дар ҳолати сар задани ҳодисаҳои нохуш, ширкати суғурта бояд зарарро ҷуброн кунад. Дар ҳолати набуди суғурта, соҳиби мошин зарари расондаро ҷуброн мекунад. Аммо мақомоти Тоҷикистон намегӯянд, ки дар садамаи Кӯлоб чаро зарарро на ширкати суғуртавӣ ва на молики мошини боркаш пардохт накарданд ва кор ба хайру ниёзи масҷидҳо монд.

Хабарнигоронро ба маросими дафни Исматуллоев роҳ надоданд. ВИДЕО

Бонкдори шинохтаи тоҷикро ба хок супурданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон ба хабарнигорон иҷоза надоданд, то маросими ҷанозаи Шӯҳрат Исматуллоевро сабт кунанд. Онҳо наворҳои бардоштаи хабарнигоронро аз марсими видоъ пок карда, ба рӯзноманигорон ҳушдор додаанд, ки дигар наворбардорӣ накунанд.

Баъди бештар аз ду ҳафтаи пайдо шудани ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси "Ориёнбонк", 30-юми август, вақти намози пешин дар масҷиди Сариосиёи Душанбе ҷанозаи ӯ баргузор гардид. Ӯро баъди намози пешин ба хок супурданд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки мавзӯъро аз аввал пайгирӣ доштанд, нахуст ба манзили марҳум, воқеъ дар кӯчаи Шукуфони пойтахт рафтанд. Вале наздиконаш нахостанд дар ин бора сӯҳбат кунанд. Барои наворгирӣ низ иҷоза надоданд.

Баъдан рӯзноманигор ва наворбардори Озодӣ барои инъикоси маросими ҷаноза ва дарёфти иттилоъ аз дӯсту шиносҳои ӯ ба масҷиди Сариосиёи Душанбе рафтанд. Вале онҷо низ тадобири шадидӣ амниятӣ ҷорӣ гардида буд.

Чаҳор нафар, ки дар тан либоси мулкӣ дошта худро кормандони мақомоти қудратӣ муаррифӣ карданд, наворҳои хабарнигорони Озодиро пок карда, барои иҷрои вазифаҳои касбияшон монеа эҷод намуданд.

Ин афрод ба хабарнигорони "Азия плюс" ва ҳафтаномаи "СССР" низ монеа эҷод намуда, нагузоштанд онҳо аз маросими видоъ навор гиранд. Телефони мобилии хабарнигори “Азия плюс”-ро тавре худи ӯ нақл кард, бо худ бурданд.

Вақте хабарнигори Озодӣ аз онҳо пурсид, ки наворбардорӣ аз маросими ҷаноза чӣ мушкил дорад, бо лаҳни дурушт посух доданд, ки “шумо ҳақ надоред моро савол диҳед”.

Чунин рафтори кормандони мақомот дар ҳолест, ки қазияи рабудан ва куштори Шӯҳрат Исматуллоев дар ҷомеа сару садои зиёде ба миён оварда, таваҷҷӯҳи бисёриҳоро ҷалб карда буд. Расонаҳои дохилу хориҷ ҳам аз аввал ин қазияро пайгирӣ мекарданд.

Монеъ шудан ба кори рӯзноманигорон бар асоси қонунгузории Тоҷикистон ҷиноят аст ва Кодекси ҷиноӣ барои он то 50 ҳазор сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ кардааст. Аммо бо вуҷуди онки солҳои ахир чандин маротиба ба кори хабарнигорон аз ҷумла рӯзноманигорони Радиои Озодӣ монеа эҷод шудааст, мақомот бо ин иттиҳом парванда боз накардаанд.

Ба мушоҳидаи хабарнигорони Озодӣ, дар маросими ҷанозаи Шӯҳрат Исматуллоев баъзе мансабдорони сатҳи болоӣ, аз ҷумла вазирони рушди иқтисод ва савдо, энержӣ, нақлиёт, чанде аз раисони кумитаву оҷонсиҳои давлатӣ ва бархе аз вакилони порлумон ширкат кардаанд.

Ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев, бонкдори шинохта пас аз тақрибан ду моҳи ҷустуҷӯ дар дарёи Зарафшон дар минтақаи Саразми Панҷакент пайдо шуд.

Мақомот гуфтанд, ӯро моҳи июни имсол як гурӯҳ дар Душанбе рабуда, баъди куштан ба дарёи Зарафшон партофтанд. Ҳодисаи вобаста ба мансабдори бонки наздик ба хонаводаи президенти Тоҷикистон сарусадои зиёде ба бор овард.

Русия ду гумонбаршудаи қатли Шӯҳрат Исматуллоевро дастгир кардааст 

Дилшод Саидмуродов собиқ корманди додситонӣ ва УБОП
Дилшод Саидмуродов собиқ корманди додситонӣ ва УБОП

Русия ду фарди гумонбаршуда дар қатли бонкдори  тоҷик Шӯҳрат Исматуллоевро дастгир кардааст.  Дар ин бора рӯзи 29-уми август вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар дидораш бо ҳамтои тоҷики худ Рамазон Раҳимзода хабар додааст.   

Ба эҳтимоли зиёд яке аз дастгиршудаҳо Дилшод Саидмуродов, гумонбари асосӣ дар қатли бонкдор аст ва сафари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Маскав барои истирдоди ӯ анҷом меёбад.

Як рӯз пеш Дафтари матбуоти ВКД аз сафари Рамазон Раҳимзода ба Русия хабар дода гуфт, яке аз мавзӯҳои аслии мулоқоти вазири тоҷик бо ҳамтои русаш, боздошти Дилшод Саидмуродов, маъруф бо лақаби "Дилшоди СБ" аст.

Саидмуродов корманди собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст. Қаблан мақомоти тоҷик гуфта буданд, Дилшод Саидмуродов яке аз гумонбаршудагони асосии рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев баъди анҷоми ҷиноят ба Русия фирор кардааст.

Дар ин байн хабари дар бораи пайвастани Саидмуродов ба гуруҳи "Вагнер" ҳам расонаӣ шуда буд, ки мақомот онро "беасос хонданд."

Вазорати корҳои дохилии Русия, боздошти ду гумонбари қатли бонкдори тоҷикро натиҷаи хуби ҳамкории байни мақомоти ду кишвар хондааст. Ба иттилои ҷониби Русия, Дилшод Саидмуродов ва гумонбари дигар дар чаҳорчӯби амалиёти байнидавлатии “ҷустуҷӯ” дастгир шудаанд.

Ҳамчунин дар мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев аз ошкор шудани фаъолияти як гурӯҳи ҷиноие хабар дода шудааст, ки ба тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ алайҳи муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав машғул будааст.

Боздошти ду гумонбари дигар дар марги Шӯҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки қарор аст имрӯз дар масҷиди “Сари осиё”-и шаҳри Душанбе ӯро ба хок супоранд.

Бонкдори шинохта моҳи июн рабуда ва кушта шуд. Ҷасади Исматуллоев, баъди тақрибан 2 моҳи ҷустуҷӯ дар дарёи Зарафшон дар минтақаи Саразми Панҷакент пайдо карда шуд. Гуфта мешавад, дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев 15 нафар даст доштанд, ки то ин вақт 13 нафари онҳо боздошт шудаанд.

"Ба ғайр аз об ҳеч кумак нагирифтем." Сокинони зарардида чӣ ҳол доранд? ВИДЕО

Оқибатҳои сел дар Ваҳдат
Оқибатҳои сел дар Ваҳдат

Бо гузашти ду рӯз аз сар задани офати табиӣ, мардуми зарардида мегӯянд то ҳол ёриҳои аввалияро дарёфт накардаанд. Масъулин баръакс аз дастрас шудани кӯмак ба сокинон хабар медиҳанд.  

Сокинони ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат мегӯянд, ин шабу рӯз ба кумаки бештар ниёз доранд. Сели харобиовар шаби 27-уми август мисли даҳҳо хонаи дигар дар ин ҷамоат, манзили Гулнора Шероваро ҳам хароб кард. Ӯ мегӯяд, ду рӯз боз мунтазири кумаки мақомот аст.

"Омада диданд, навиштанд, вале то ҳол ягон кумак накардаанд. Мо ҳамроҳи кудакон шабро дар берун рӯз кардем. Бубинед чӣ аҳвол дорем," - афзуд Гулнора.

Гулнора Шерова, сокини маҳаллаи Ҷавонии ҷамоати Чӯянгарони Ваҳдат рӯзи 29-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 12 сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия кор карда, хона бунёд намуд. Вале дар як шаб тамоми меҳнатҳояш барбод рафт.

"Дар ин ду рӯз дар берун курпача партофта ҳамроҳи писарам хобем. Дигар куҷо равем? Ду бача дорам, шавҳар надорам. Падару модарам вафот карданд дар Русия будам, кор кунам як хона бунёд кунам гуфта, натавонистам ба маросими дафнашон биоям. Хоҳиш мекунам хонаамро барқарор кунанд ё як хона бунёд карда, диҳанд,"-мегӯяд ин сокини Ваҳдат.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Осебдидагони селу обхезӣ дар Ваҳдат муҳтоҷи кумак шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Дар ин маҳалла худи сокинон маҷбур шудаанд ба таври ҳашар ё дастаҷамъона обу лойро аз ҳавлиҳояшон берун бароранд.

Сел мошини хонаводаи Асолат Муродоваро ҳам бурда, қисме аз манзилашро вайрону захираи озуқаашро нобуд кард. Ин оилаи акнун бе маводи ғизоӣ ва чашм ба роҳи кумак мондаанд. "Интизорем, ки кай кумак мекунанд. Охир ёрдам кунанд, то ҳол кумаке накардаанд,"- гуфт Асолат Муродова.

Масъулин мегӯянд, ба сокинон то ҷое кумак дастрас кардаанд ва ҳоло барои пурра муайян намудани ҳаҷми зарару масоҳати он баруйхатгирии зарардидагон ҷараён дорад.

Муҳаммадӣ Қурбонов, намояндаи Кумитаи ҳ олатҳои фавқулодаи Тоҷикистон 29-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои расидагӣ ба мушкили мардум гурӯҳҳои корӣ ташкил шудааст. Муҳаммад Қурбонов гуфт, "10 гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, хона ба хона вобаста ба шароити зисти мардуми зарардида кумаки молиявӣ, яъне хурока ва маводи зарурии гигиенӣ расонида шуда истодааст".

Аммо сокинони маҳалла шикоят карданд, ки то ҳол ба ғайр оби ошомиданӣ, дигар ҳеҷ кумаке нагирифтаандбархурдор нашудаанд. Сокинон мегӯянд, агар ба мушкили онҳо расидагӣ нашавад, аҳволашон бадтар хоҳад шуд.

Дар пайи борони пуршиддат ва омадани сел сокинони маҳаллаи Ҷавонии Ваҳдат ду рӯз боз аз обу барқ маҳруманд. Ин маҳалла дар 40 километрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Мисли зарардидагон дар Ваҳдат, сокинони бархе аз гӯшаҳои дигари кишвар низ мунтазири кумакҳои мақомот ҳастанд.

Селу боришоти пуршиддат дар баробари чанд маҳаллаи Ваҳдат, ба сокинон ва роҳу пулҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод низ зарар расонидааст.

"Имкон дошт, ки талафот ва зарари расида аз сел кам бошад"

Тибқи иттилои расмӣ, шумораи қурбониёни ҳодиса феълан ба 17 нафар расидааст ва эҳтимол аст чунин омор тағйир ёбад. Зеро баъзе ҳамсуҳбатони мо дар маконҳои зарардида гуфтанд, ҳанӯз ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома дорад. Мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Худи сокинон бовар доранд, ки дар пайи ҳодиса имкон дошт, талафоти моливу ҷонӣ камтар бошад.

Икромҷон Шоев, сокини ҷамоати Чӯянгарон бар ин аст, ки масъулони идораҳои марбута ба сокинон дар назди руду дарёҳо ё минтақаҳои хатарзо замин медиҳанд ва баъди чанд соли бунёди манзил сел то манзилҳояшон меояд: "Чун ки хонаро дар роҳи сел бунёд кардаанд ё дар назди дарё, ки бо пур шудани оби дарё сел хонаи сокинонро вайрон мекунад. Барои такрор нашудан бояд сокинон аз минтақаҳои хатарзо дур бурда шаванд".

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, аз қабл дар бораи хатари боришоти борон мардумро огоҳ карда буданд. Барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ, Кумита бо муроҷиат ба мардум гуфтааст, бояд сари вақт ҷӯю каналҳо ва селроҳаҳои атрофи худро аз ҳар гуна монеаҳо тоза кунанд.

Ин ниҳод бо истинод ба Оҷонсии ҳавосанҷии кишвар хабар додааст, ки хатари омадани сел дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ, ба истиснои вилояти Хатлон ва шарқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон боқӣ мемонад.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода,аз аввали имсол 472 офати табиӣ рух додааст, ки дар пай сӣ нафар ҷон бохта, 470 хона, чаҳор мактаб ва панҷ пул, 404 километр роҳи мошингард ва ҳудуди ду ҳазор гектар замини кишоварзӣ корношоям шудааст.

Тоҷикистон як кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ аст ва солона аз онҳо миллионҳо доллар зиён мебинад.

Писари Муҳаммадиқболи Садриддин гуфт, аҳволи падараш бад шудааст

Муҳаммадиқболи Садриддин
Муҳаммадиқболи Садриддин

Писари Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, падараш рӯзи гузашта бемор шудааст ва ҳоло дар шуъбаи эҳёгарии яке аз шифохонаҳои Фаронса бистарӣ аст.

Умар Муҳаммадиқболиён рӯзи 28-уми август бо нашри аксҳои падараш дар Фейсбук навиштааст, ки ҳоли Муҳаммадиқболи Садриддин пас аз зуҳри дирӯз бад шуд ва аз ҳуш рафт. Дар ин аксҳо ӯ бо чашмони баста, дар бистари беморист.

Ба қавли Умар Муҳаммадиқболиён падараш чанд рӯзи ахир машғули навиштан буд ва тақрибан намехобид. Яке аз дӯстони Муҳаммадиқболи Садриддин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ бемории қанд дорад ва ба сабаби афзоиши мизони қанд, аҳволи ӯ бад шудааст.

Муҳаммадиқболи Садриддини 44-сола дар Фаронса паноҳҷӯст ва дар вебсайти "Ислоҳ"-у саҳифаҳои ҳамноми он дар шабакаҳои иҷтимоӣ амалкардҳои ҳукуматро бо лаҳни тунд танқид ва мушкилоти гуногуни иқтисодиву иҷтимоии мардумро ба таври густурда инъикос мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон чанд моҳ пеш ба Фаронса дархости истирдоди Муҳаммадиқболи Садриддинро фиристода, гуфтаанд, ӯро ба қаллобӣ дар соли 2010 гумонбар медонанд. Муҳаммадиқболи Садриддин гуфт, парвандааш ангезаи сиёсӣ дорад.

Саҳифаҳои ӯро додгоҳи Тоҷикистон ифротӣ эълон кардааст ва дастрасӣ ба онҳо дар кишвар манъ аст.

"На барқ дорем на об." Сокинони Душанбе мунтазири кумак. ВИДЕО

Манзили яке аз сокинони Душанбе
Манзили яке аз сокинони Душанбе

Манзили даҳҳо сокини шаҳри Душанбе аз борону сел зиён дид ва маҳаллаҳои зиёде дар пойтахт рӯзи 28-уми август оби ошомиданӣ надоштанд. Сокинон шикоят доранд, ки мақомот ба мушкилашон расидагӣ намекунанд. Онҳо гуфтанд ноилоҷ ва мунтазири дарёфти кумакҳо аз ҷониби ҳукумат ҳастанд.

Бар асари боронҳои сахт ва селобҳои шаби гузашта дар Душанбе беш аз 30 хона дар маҳаллаи Хуҷамбиёи поён зери обу лой мондааст. Гулсара Фидоева, сокини маҳалла рӯзи 28-уми август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳавлӣ ва се хона пур аз лой аст. Ошхонаву таҳхона пури об. Маводи хӯрока дигар нест. Қолину курпаҳо ҳама корношоям шуданд. Хонае надорам, зиндагӣ кунам. Имшаб дар хонаи ҳамсоя будам».

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Сокинони маҳаллаҳои офатзадаи Душанбе мунтазири кумак ҳастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Набуди об ва барқ низ дар ин маҳалла мушкили сокинонро дучанд кардааст. Малика Шоева, сокини дигари маҳалла гуфт, сел замоне ба манзили онҳо омад ки аҳли хонавода хоб буданд. Ӯ гуфт, бо кумаки ҳамдигар аз ҳавлӣ берун шуда, фарзандонашро ба хонаи хешовандон фиристодааст. Аммо худаш шабро дар кӯча рӯз кардааст.

"На барқ дорем на об. Аз шаб ҳам барқро хомӯш карданд, об ҳам қатъ шудааст. Намедонам, шояд раиси ноҳия биёяд. Пеши раиси маҳалла рафтам. Гуфтам биёед, бинед манзили ман дар чӣ ҳол аст. Шавҳарам ҳамроҳ бо писарам дар Русия аст, ман бо чор духтар чӣ кор кунам? - гуфт ӯ.

Гулсара Фидоева, сокини шаҳри Душанбе
Гулсара Фидоева, сокини шаҳри Душанбе

Бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон шаби гузашта шоҳиди тундбод ва боронҳои сел буданд. Дар шаҳри Душанбе дар пайи тундбод ва борони сахт нерӯи барқ барои чанд соат қатъ шуд. Мақомот гуфтанд, феълан дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулода кор ва ҳаҷми осебро муайян мекунад. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе талафоти ҷонӣ сабт нашудаанд.

Исломиддин Одинаев, раиси маҳаллаи "Шафақ"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "асосан оби борон, ки аз теппаҳо меояд, ба манзили сокинон даромадааст. Ҳар чанд сол чунин мешуд, вале имсол зиёдтар зарар расонид. Ҳоло идораи обу корез ин мушкилро ҳал карда истодааст."

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар пойтахт нишон дод, ки рафъи пайомадҳои офати табиӣ пурра ба анҷом нарасидааст. Бештари кор на бо техника, балки дастӣ ва бо ёрии кормандони комуналӣ ва сокинони маҳалла анҷом меёбад.

Шораҳим Ҳотамов, сокини дигари маҳаллаи "Шафақ" гуфт, мунтазири кумаки мақомот аст, зеро имкони бо даст тоза кардани ҳавливу дохили хонаҳояшро аз обу лой надорад. Ӯ бо нигаронӣ гуфт, "соати яки шаб буд, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода омад, як дастгоҳ дошт. Обро камтар кашиданд, ки зӯраш нарасид. Гуфтанд зӯри мо намерасад, гирифта бурданд. Даруни хонаҳо пури лой аст".

Бисёре аз бахшҳои пойтахти Тоҷикистон аз шаби гузашта ба ин сӯ оби ошомиданӣ надоранд. Бархе аз кӯдакистонҳо бо сабаби набудани об аз волидон хостанд, кӯдакони худро дар хона нигоҳ доранд. Дар бархе аз маҳаллаҳо мошинҳои обкаш ба сокинон об дастрас мекунанд. Сокинони биноҳои баландошёна гуфтанд, беобӣ метавонад, боиси хуруҷи бемориҳои сироятӣ шавад.

Аз ҷумла давоми як рӯз барқарор нашудани оби ошомиданӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси корбаронро овард. Қироншоҳ Шарифзода устоди донишгоҳ ва сокини маҳаллаи Зарафшони пойтахт навишт, "корношоямии ниҳодҳои хидматрасони пойтахтро ба гардани офатҳои табиӣ набояд бор кард. Дар пойтахти кишвар давоми як рӯзи дароз ислоҳ карда натавонистани камбуд ва бо оби нӯшокӣ таъмин намудани сокинон оё аз рӯйи инсоф аст?”

Селу обхезии шаби 27-уми август сокинони Тоҷикистонро бахусус дар Душанбе ва атрофи он ғофилгир кард. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин офати табиӣ 13 сокини шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расида, даҳҳо манзилу нақлиёт осеб дид. Бино гузоришҳо, теъдоди қурбониён метавонад, бештар бошад, чун поксозӣ ва рафъи оқибатҳои фалокат идома дорад.

Сел Садоқати 24-соларо бурду ду тифлашро ятим кард. АКС. ВИДЕО

Тобутро барои Дилафрӯзи ҷавонмарг овардаанд.
Тобутро барои Дилафрӯзи ҷавонмарг овардаанд.

Ҷӯрабек Давлатов, сокини деҳаи Бӯстонсаройи шаҳри Ваҳдат барои дафни келини 24-солааш Садоқати ҷавонмарг омодагӣ мегирад. Сели мудҳиши шаби 27-уми август, ӯро ғофилгир кард.

Ҷӯрабек Давлатов: “Пеш аз ҳамин воқеа як овоз ба гӯшам омад ва хеста дарвозаи майдаро кушодам ва калонашро бастам. Овози даҳшатноке шунида мешуд. Сел маро ба девор зад.”

Келинаш зери селоб ҷон бохтааст ва ду набераи хурдсолаш бе модар мондаанд. Сел дар ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат низ мушоҳида шудааст.

Ҷамолиддин Аҳмадов, посбони як корхонаи хиштпазӣ дар канори рӯдхонаи Мағоб аст:

“Як мошини наве дар канори мо меистод, сел гирифта бурд. Вагоне, ки дар он зиндагӣ мекардем, онро ҳам бурд. Мошине, ки дар канори роҳ истодааст, аз дохилаш як зиндаву як мурдаро баровардем. Зани зиндамонда баъдтар дар бемористон фавтидааст. Субҳи имрӯз ду ҷасадро дар канори рӯдхона пайдо карданд, як духтараки 14-сола ва як мӯйсафеди 60-соларо.”

Сел Садоқати 24-соларо бурду ду тифлашро ятим кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Ҷамолиддин Аҳмадов афзуд, субҳи 28-уми август чаҳор ҷасади дигар ёфтаанд. Шералӣ Қодиров, ки то бист рӯз пеш раиси яке аз маҳаллаҳои ҷамоати “Нӯъмон Розиқ” буд, ба ин назар аст, ки теъдоди фавтидагон дақиқ нест. Ба гуфтаи ӯ: "Сарнавишти ду кӯдак номаълум аст. Мумкин хешутабораш бурда бошанд ё, аниқ маълум нест.“

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таҳқиқи хисорот дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ комиссияи давлатӣ таъсис шудааст ва бояд ба осебдидагон кӯмакҳои фаврӣ расонда шавад. Шералӣ Қодиров мегӯяд, то ҳол кӯмаке дарёфт накардаанд.

Дар шаҳри Ваҳдат сел роҳу пулҳоро вайрон карда ва ба хонаҳои мардум осеби зиёд расонидааст. Тоҷикистон як кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ аст ва солона аз онҳо миллионҳо доллар зиён мебинад.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, аз аввали имсол 472 офати табиӣ рух додааст, ки дар пайи онҳо сӣ нафар ҷон бохта, 470 хона, чаҳор мактаб ва панҷ пул, 404 километр роҳи мошингард ва ҳудуди ду ҳазор гектар замини кишоварзӣ корношоям шудааст.

Сел деҳаи Тангаӣ дар Ваҳдатро вайрону валангор кард

Сел деҳаи Тангаӣ дар Ваҳдатро вайрону валангор кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Дар натиҷаи боронҳои сахти шаби 27-уми август, ду деҳа бахусус деҳоти Тангаӣ ва Шоразм дар шаҳри Ваҳдат сахт осеб диданд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки сел дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат то кунун 13 нафарро куштааст.

Шикояти наздикони муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик дар Барнаул

Хонаводаи як муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик, дар шаҳри Барнаули Русия шикоят доранд, ки Кумитаи тафтишотӣ фарзанди онҳоро бегуноҳ боздошт ва дар содир кардани ду ҷиноят айбдор мекунад. Онҳо бо муроҷиат ба мақомоти Русия хостори бекор кардани айбномаи писарашон шудаанд.

Фаридун Мусоев 29 соларо аввали моҳи августи имсол бо гумони дастдарозӣ ё ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбат ба як духтари ноболиғ ва пешниҳоди ришва дастгир кардаанд. Парвандаи ӯро Раёсати Кумитаи тафтишотии минтақаи Олтой таҳқиқ дорад.

Волидон ва вакили мудофеи муҳоҷири тоҷик, ин иттиҳомро рад карда, мегуянд, вай нисбати ноболиғ ҳаракати маҳрамона накардааст. Ба гуфтаи наздикон, Фирдавс Мусоев, 10 соли ахир дар Русия кору зиндагӣ мекард ва дар ин кишвар таҳсил кардаву оиладор шудааст.

Моҳи июли соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он дида мешавад, муҳоҷири тоҷик дар паси рули мошини “Фолксваген” мунтазири касе нишастааст. Муаллифи навор иддао кардааст, ки ронанда як духтари ноболиғро то назди хонаашон таъқиб кардаву “ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ” анҷом додааст. Дар навор духтари ноболиғ дида намешавад.

Дар пай кормандони Мақомоти тафтишотӣ Фаридун Мусоевро боздошт намуда, нисбати ӯ бар асоси ду моддаи қонуни ҷиноии Русия (моддаи 132 ва 291) парванда боз карданд. Ӯ ба иҷрои ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғ муттаҳам дониста мешавад. Дар ҳоли ҳозир вай дар боздоштгоҳи Барнаул нигаҳдорӣ мешавад.

Николай Гладишев, вакили мудофеъи Фаридун Мусоев бо пешниҳоди чанд далел ба мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, иттиҳоми анҷоми “ҳаракати маҳрамона” нисбати Фаридун Мусоев беасос аст. Ӯ хостааст, ин иттиҳом аз парвандаи ҷавони тоҷик бардошта шавад.

Аммо 7-уми август Шӯъбаи тафтишоти ҷиноятҳои махсусан вазнини минтақаи Олтой муроҷиат ва дархости вакили дифои муҳоҷири тоҷикро рад кардааст.

Фаридун Мусоев, ба мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, “воқеан дар дохили мошини Волксваген “Поло” қарор дошт ва азбаскӣ ҳаво гарму шимаш танг буд “онро каме поин кашида буд”. Вай гуфтааст, ин кораш бо ҳадафи намоиш ба касе набуд ва ноболиғеро, ки дар парванда чун ҷабрдида ширкат дорад, намешиносаду намедонад, кӣ ӯро ба навор гирифта, ба полис шикоят бурдааст”.

Ҳамза Мусоев, падари Фаридун рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ аз Барнаул гуфт, дар боздоштгоҳ бо фарзандаш суҳбат кардааст ва саломатиаш хуб аст. “Фаридун мегӯяд, ин ҳама айбе, ки дар гарданаш бор кардаанд, туҳмат аст. Инҳо мехоҳанд бо ҳар роҳе туҳматаш зананд ва кори накардаро бораш кунанд.” – афзуд, Ҳамза Мусоев.

Мақомоти тафтишотии вилояти Олтой гуфтааст, Фаридун Мусоевро ҳангоми талоши фирор ба Тоҷикистон ва замоне боздошт карданд, ки барои дарёфти шиносномаи қалбакӣ мехост, ба корманди Хадамоти муҳоҷират ришва диҳад.

Ҳамза Мусоев, падари Фаридун мегӯяд, писарашро афроди дигар ба ҷиноят кашидаанд ва ӯ ин корро накардааст. Вай ният дорад, барои исботи бегуноҳии писараш ба Маскав рафта, барои кӯмак дар ин қазия ба сафири Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кунад.

Падари муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик, мехоҳад мақомоти Тоҷикистон барояш кӯмак кунанд, то арзашро ба раҳбарияти Кумитаи тафтишотии Русия бирасонад. Ӯ аз рафтори ба гуфтаи худаш ноодилонаи мақомоти тафтишотии Барнаул шикоят кардан мехоҳад.

Пайвандони Фаридун Мусоев, боздошту иттиҳоми ӯро ба амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия пайванд медиҳанд, ки моҳҳост ҷараён дорад ва ба иддаои муҳоҷирон ҳатто онҳое ҳам, ки тамоми санадҳои будубошашон дуруст асту қонуншикание накардаанд, боздошту азият ва ихроҷ мешавад.

Марги Пригожин тасдиқ шуд. Суқути ҳавопамои ӯ тасодуфӣ буд ё фармоишӣ? ВИДЕО

Баъди чаҳор рӯз аз суқути ҳавопаймои ширкати хусусии низомии “Вагнер” Кумитаи тафтишотии Русия марги Евгений Пригожин, мудири ин ширкатро тасдиқ кард.

Ин ниҳод рӯзи 27-уми август эълон кард, ки ҳуввияти 10 нафари кушташуда дар суқути ҳавопаймо маълум шудааст ва номи онҳо ба рӯйхати мусофироне, ки пештар нашр шуда буд, мувофиқат мекунад.

Қаблан идораи "Росавиатсия" хабар дода буд, ки дар байни мусофирони ҳавопаймо Евгений Пригожин, роҳбари "Вагнер" ва муовини ӯ Дмитрий Уткин ҳам буданд.

Ҳавопаймои “Вагнер” рӯзи 23-юми август дар роҳ аз Маскав ба Санкт-Петербург, дар Твер афтод. Наҷотбахшон дар ҷойи ҳодиса ҷасади 10 мусофирро пайдо карданд.

Пригожинро кӣ кушт, фалокат, ё ФСБ-и Русия?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Фарзияҳои марги Пригожин

Кумитаи тафтишотӣ ҳанӯз омилҳои аслии суқути ҳавопайморо эълон накардааст, аммо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ фарзияҳои мухталифе дар ин бора садо медиҳанд.

Бисёре аз таҳлилгарони ғарбӣ ба даст доштани Ҳукумати Русия дар марги Пригожин ишора мекунанд.

Кремл ин иддаоҳоро рад мекунад. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия сару садоҳо дар бораи даст доштани Кремл дар суқути ҳавопаймо ва марги Евгений Пригожинро "як дурӯғи комил" номид.

Бо ин ҳама бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки сарнагун шудани ҳавопаймои Вагнер тасодуфӣ набуд. Скот Лукас, профессори бахши сиёсатҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи Дублин гуфт: “Хадамоти махсуси Амрико ва Оҷонсиҳои иктишофии Аврупоӣ, пайём медиҳанд, ки зоҳиран ҳавопаймо бо мушаки зидди ҳавоӣ сарнагун шудааст. Агар ба ин фарзия, ки мушакҳои Русия аз идора берун шудаанд, ё хатои фалокатборе шуд, бовар накунем, пас мешавад хулоса кард, ки ин як кори ҳадафмандона ва фармоишӣ буд.”

"Ӯ қоидаи муҳимтарини Кремлро вайрон кард"

Ошӯби Пригожин ба зидди фармондеҳони баландрутбаи Русия ҳадсу гумонҳоро дар атрофи марги ӯ бештар кардааст.

Ду моҳ қабл, рӯзи 23-юми июн раҳбари “Вагнер” бо зархаридонаш исёни кӯтоҳмуддате бардошта, ба тарафи Маскав ҳаракат карданд, аммо бо миёнҷигарии раҳбарони Беларус ва бар пояи як созиш бо Кремл аз нимароҳ баргашта, ба Беларус рафтанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ошӯб, Андрей Коробков, коршиноси масоили Русия, мегӯяд, марги Евгений Пригожин пешгӯишаванда буд. “Аз он ошӯб расо ду моҳ гузашт. Ин бисёр рамзӣ аст. Ман ва дигарон ҳам аз аввал мегуфтем, ки ба Пригожин раҳм нахоҳанд кард. Ӯ қоидаи муҳимтарини Кремлро вайрон кард. Ба пешво содиқ набуд. Ҳодисаи ду моҳи пеш, барои Путин бисёр ҳиҷолатовар буд. Бинобар ин чунин поёнеро интизор шудан мумкин буд.”- афзуд вай.

Таҳлилгар, Скот Лукас мегӯяд, агар ҳавопайморо қасдан нобуд карда бошанд, пас ин як пайёми Путин ба аъзои дигари ҳукумат аст. Вай гуфт: “Бо ин роҳ ӯ ба дигар намояндагони ҳукумати худ, низомиёну сиёсатмадорон ва дигар раҳбарон, пайём фиристод, ки “агар аз пеши роҳи ман мегузаред ё эътироз мекунед, баҳои гарон пардохт хоҳед кард.” -

Ба андешаи таҳлилгарон, агарчӣ марги раҳбари “Вагнер” ба фоидаи Владимир Путин хоҳад буд, вале айни замон кушта шудани Пригожин, ки бо ҷалби зархаридон дар ҷанги Русия дар ҷанги Украина нақши муҳим дошт, эҳтимол ба нафъи низомиёни кишвар нест.

Андрей Коробков, коршинос оид ба масоили Русия гуфт: “Пригожин худро ҳамчун раҳбар ва фармондеҳи корсоз нишон дод. Ҳоло шояд, назорат шадидтар ва талабот аз фармондеҳон бештар шавад. Ба ҳар ҳол ин тағйирот метавонад, ба коҳиши самаранокӣ ва аз даст додани назорат ба зархаридони “Вагнер” ва низомиёни дигар сохторҳо сабаб шавад”

Сарнавишти зархаридони "Вагнер" чӣ мешавад?

Рӯзи панҷшанбе Путин ба хонаводаҳои қурбониёни суқути ҳавопаймо изҳори ҳамдардӣ кард ва гуфт, Пригожин "шахси боистеъдод" буд, аммо "ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ дод". Раиси ҷумҳури Русия ду моҳ пеш ӯро "хоин" хонда буд.

Баъди марги раҳбари ширкати “ЧВК Вагнер” Евгений Пригожин чандин масъала, аз ҷумла сарнавишти ҷангиёни аъзои ин гурӯҳ норӯшан мемонад.

“Вагнер” аз роҳи ҷалби зиндониён дар маҳбасҳои Русия дар қатори нирӯҳои вазорати дифоъ дар ҷанги зидди Украина иштирок мекард ва ҳодисаҳои зиёди аз зиндонҳо ба ҷанг бурда шудани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро Радиои Озодӣ ҳам хабар додааст. Ҳамакнун онҳоро чӣ интизор хоҳад буд?

Ба андешаи Алишер Илҳомов таҳлилгари масоили минтақа, ҳоло барои Путин муҳим аст, ки зархаридони “Вагнер” дубора ба ҷабҳа баргашта, фаъолияти низомии худро идома диҳанд.

“Мо хабар дорем, ки чанде пеш дар мулоқоташ бо раҳбарияти “Вагнер” ва худи Пригожин, ӯ аз онҳо хоста буд, ки баргашта, бо вазорати дифоъ созише имзо карда дубора ба ҷабҳа бираванд. Дар ҳамон мулоқот Пригожин мушаххасан гуфт, ки дигар ба ҷанги Украина барнамегардад, вале омода аст, дигар корҳоро анҷом диҳад. Аз ҷумла, дар Беларус истода ба омода кардани нирӯҳои беларусӣ кӯмак кунад ва баъдан ба Африқо баргашта, кореро, ки то ҳол мекард, яъне кӯмак ба диктатураҳои он ҷо идома диҳад. Вале Путин зоҳиран бо ин розӣ набуд, чун вазъи артиши Русия бӯҳронӣ аст ва ӯ мехост, ки дубора нирӯҳои “Вагнер”-ро ба ҷабҳаи Украина баргардонад. Эҳтимолан акнун аз ин ҷангиён тақозо мешавад, ки дар ҳайати як воҳиди ҷудогонае зери назари вазорати мудофиа, ҳамонгуна, ки дар ҳайати “Вагнер” буданд, ба фаъолияти худ идома диҳанд”- гуфт, коршинос, Алишер Илҳомов.

Моҳи июл, як моҳ баъд аз исёни якрӯзаи Пригожину созишаш бо Кремлин ва эълони даст кашидани ӯ аз ширкат дар ҷанги Украина, телеграм-канали "Разгрузка Вагнера", ки ба ин гурӯҳ наздик аст, навишт, дар ҷанги зидди Украина ин гурӯҳ 78 ҳазор нирӯ дошт, ки 49 ҳазор нафараш аз ҳисоби зиндониҳо ташкил шуда буд.

Аз инҳо, ба қавли ин вебсайт 22 ҳазор нафарашон дар ҷанг кушта шуданд. Мақомоти Русия ҳеҷ гоҳ ин оморро тасдиқ ё рад накарда, танҳо гуфтаанд, талафоти Русия дар ҷанги зидди Украина наздики 6 ҳазор нафар аст.

Евгений Пригожин. Аз зиндон то ошхонаи Кремл ва ҷанг дар Украина

Номи Евгений Пригожин, мудири ширкати ҳарбии "Вагнер" ва яке аз сарватмандони наздик ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки ҳазорҳо нафар, аз ҷумла садҳо тоҷики зиндониро ба ҷанг дар Украина бурдааст, дигарбора дар сархати расонаҳои ҷаҳон ҷой гирифт.

Ин дафъа, бино ба гузоришҳои расида, ҳавопаймое, ки эҳтимол ӯ дар дохилаш буд ва аз Маскав ба Санкт-Петербург мерафт, шоми 23-юми август дар вилояти Твери Русия сарнагун шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ҳавопаймо даҳ нафар буд ва ҷасадҳоро дар ҷойи ҳодиса ёфтанд, вале дар бораи ташхиси онҳо ва тасдиқи марги Пригожин чизе иброз нашудааст.

Маҳалли афтодани ҳавопаймо
Маҳалли афтодани ҳавопаймо

Гузоришҳо дар бораи эҳтимоли ҷон бохтани Евгений Пригожин дар ҳоле мерасанд, ки ӯ ва нерӯҳояш дар моҳи июни имсол аз Украина баргашта, як минтақаи Русияро ишғол карданд ва ба тарафи Маскав ҳаракат намуданд. Дертар аз роҳи худ пас гаштанд, аммо сарнавишти Пригожин ва зердастонаш норӯшан монд. Гуфта мешуд, ба Беларус кӯчидаанд.

Дар асл Евгений Пригожин кӣ буд, чӣ гуна то ба Кремл роҳ ёфт ва ба муҳраи муҳим дар ҷанги Украина табдил шуд? Ин матлаб моҳи июни имсол дар рӯзи ошӯби ҷангҷӯёни "Вагнер" омода ва нашр шуда буд:

Евгений Пригожин 62-сола ва зодаи шаҳри Санкт-Петербург аст. Дар навҷавонӣ ба сабаби дуздӣ ва қочоқ дастгиру муҳокима шуда.

Вай соли 1990, замоне ки Иттиҳоди Шӯравӣ зери раҳбарии Михаил Горбачев ислоҳоти маъруф ба "гласност" ва "престройка"-ро таҷриба мекард, аз зиндон баромад. Пас аз раҳоӣ ҳамроҳи шавҳари дувуми модараш дӯкони ҳот-дог кушод ва вориди тиҷорат шуд. Худаш он давраро ҳамвора таҷрибае муваффақ номидааст.

Ба назар мерасад, нахустин тамос ва ошноии ӯ бо Владимир Путин дар солҳои 90-ум иттифоқ уфтодааст. Путин он замон фаъолияти сиёсиро дар дафтари шаҳрдории Санкт-Петербург оғоз намуда буд. Пештар дар идораҳои ҷосусии Иттиҳоди Шӯравӣ кор мекард.

Евгений Пригожин дар кушта шудани садҳо сарбози зархаридаш мансабдорони низомии Русияро муттаҳам мекард
Евгений Пригожин дар кушта шудани садҳо сарбози зархаридаш мансабдорони низомии Русияро муттаҳам мекард

Силсилаи тарабхонаҳои муҷаллале, ки дертар Евгений Пригожин дар Санкт-Петербург ба роҳ монд, ба маҳалле барои рафтуомади қудратмандону элитаҳои ин шаҳри бузург ва таъсиргузори Русия табдил шуд.

Ӯ кори бозаргониро бо ташкили маъракаҳои бузург ва таъмини мактабу бемористону зиндонҳо бо маводи хӯрокворӣ густариш дод ва ниҳоят ба Кремл ҳам роҳ ёфт. Лақаби “ошпази Путин” ёдгори он даврон аст, дар ҳоле ки худаш ба тозагӣ гуфт, ҳаргиз ошпазӣ накардааст ва агар ба ӯ номи “қассоби Путин”-ро медоданд, дурусттар буд.

Бастану шикастани қарордод

Замоне ки раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ба Кремл даъват мешуданд, зиёфатҳои Кохи Сурх бар асоси қарордод бо ширкати Пригожин баргузор мешуд.

Тавофуқ бо Вазорати дифои Русия барои пешниҳоди хӯрок ва пазироӣ дар артиш, ки дар соли 2012 баста шуд, низ даромаде саршорро насиби ӯ кард. Замоне ки Сергей Шойгу, ёри вафодори Путин, ба мансаби вазири дифоъ расид, қарордоди фоидаовар ногаҳонӣ поён ёфт. Гуфта мешавад яке аз сабабҳои кинагирии Пригожин аз Шойгу ҳамин будааст.

Дақиқ нест, ки Евгений Пригожин кадом вақт ба арсаи ширкатҳои амниятӣ ва низомӣ ворид шуд. Баъзе аз нозирон эҳтимол ҷанги дохилии Сурияро сароғози ин тағйири масир барои Пригожин медонанд.

Бо ин ҳол, нахустин бор, замоне ки гуруҳи мавриди пуштибонии Русия дар шарқи Украина дар соли 2014 сар баровард, номи гуруҳи "Вагнер" ба унвони ширкати зархарид бо ҳадафҳои амниятӣ ва низомӣ ба гӯш расид. Пригожин танҳо ҳашт сол баъд, дар соли 2022, иқрор кард, ки ӯ танҳо яке аз сармоягузорони ширкати "Вагнер" нест, балки соҳиби он аст.

Суқути ҳавопаймое, ки гумон меравад Пригожин дар дохилаш будааст
Суқути ҳавопаймое, ки гумон меравад Пригожин дар дохилаш будааст

Дар як даҳаи охир номи зархаридони "Вагнер" на танҳо ба унвони гуруҳе ки сабаби ҷиноятҳои ҷангӣ шудааст, матраҳ буд, балки муздурони мусаллаҳи он дар набардҳои сарзаминҳои пуртаниш, аз Судон то Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, дахолат кардаанд. Бисёре аз дахолатҳои онҳо дар Африқо бо ҳадафи гирифтани фоида аз истихроҷи тилову маъданҳои дигар будааст.

Ду сол пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, ки дар натиҷаи он Доналд Трамп ба Кохи Сафед роҳ ёфт, Вазорати адлияи ИМА Евгений Пригожин ва 13 руси дигарро ба кӯшиши дахолат дар интихобот муттаҳам кард ва ҳукми ҳукми боздошти онҳоро баровард.

Вақте Киев таслим нашуд...

Замоне ки Владимир Путин фармони "амалиёти вижа"-ро алайҳи Украина баровард, Кремл ва фармондеҳии низомии Русия бар ин бовар буданд, ки Киев зуд таслим хоҳад шуд. Чи гунае, ки Маскав ҳашт сол пеш ба осонӣ нимҷазираи Қрими Украинаро тасарруф кард. Ҳадафҳои Русия ин бор иҷро нашуд ва баръакс сустии артиши ин кишвар падидор гардид.

Дар ҳамин вақт нерӯҳои “Вагнер” вориди корзор шуда, аввал дар муҳосираи Мариупол ва сипас дар ҷангҳои Лисичанск ва Бахмут ба нерӯи пештозу муваффақтар аз артиши Русия табдил шуданд.

Дар ҳоле ки Пригожин ва даҳҳо ҳазор нерӯяш дар ҷабҳа буданд, ба ҷалби бештари зархаридон рӯй оварданд. Ӯ барои ин ҳадаф зиндониёнро дар Русия моил кард, ки дар ивази афву раҳоӣ ба майдонҳои даргирӣ бираванд.

Ҳар қадаре ки иҷрои ҳадафҳои низомии Русия дар Украина тӯл кашид, Пригожин ба худ ҷуръат дод, ки танқид аз вазири дифоъ ва раиси ситоди артиши Русияро зиёд кунад ва онҳоро ба тавҳин бикашад. Ӯ аз ташвиқгарони Путин дар эъломи сафарбарӣ ё мобилизатсия ба артиш буд.

Дар шароите, ки ҳазорон нерӯи худро дар канори даҳҳо ҳазор сарбоз дар Бахмут аз даст дод, садои эътироз ва интиқодаш аз фармондеҳони низомии Русия баландтар гардид ва иддао дошт, ки онҳо барқасдона ба ӯ силоҳу муҳиммот намерасонанд.

Пригожин дертар дар мусоҳиба бо саҳифаҳои тарафдори Кремл дар Телеграм гуфт, нерӯҳои артиши Русия амдан дар роҳи ҷангҷӯёни ӯ мина гузошта буданд, то онҳоро бикушанд. Вай ҳамчунин борҳо ҳушдор дод, ки агар бори сангини ҳузур дар ҷабҳаҳои ҷанг танҳо бар дӯши сарбозон аз оилаҳои одӣ ва фақири Русия бошад, оқибати ин кишвар чизе ҷуз ҳодисаҳои монанд ба соли 1917 нахоҳад буд.

навшуда

Росавиатсия: Пригожин дар дохили ҳавопаймои суқуткарда буд

Аксҳо аз суқути ҳавопаймои "Вагнер"
Аксҳо аз суқути ҳавопаймои "Вагнер"

Дар пайи суқути ҳавопаймои ширкати муздурии "Вагнер" даҳ нафар зархаридони ин гуруҳ ба ҳалокат расиданд. Идораи "Росавиатсия" тасдиқ кард, ки дар дохили ҳавопаймо Евгений Пригожин, роҳбари "Вагнер" ҳам буд.

Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия, ҳодиса 23-юми август дар ноҳияи Бологовскии вилояти Твер рух додааст.

Дар хабарномае, ки идораи "Росавитсия" кард, номи ҳафт мусофир ва се халабони ҳавопаймо зикр шудаанд. Ба ҷуз Пригожин, номи Дмитрий Уткин, яке аз фармондеҳони "Вагнер ҳам дар миёни мусофирони ҳалокшуда ҳаст. Телеграм канали "База" дар бораи пайдо шудани даҳ ҷасад хабар додааст. "Онҳо сӯхтаанд ва шиносоӣ то ҳол анҷом нашудааст,"-омадааст дар хабар.

Лаҳзаи суқути ҳавопаймо:

Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия хабар дод, ки таҳқиқи сабабҳои ҳавопаймои Embraer оғоз шудааст. Хабаргузории РИА "Новости" аз қавли хадамоти наҷотдиҳӣ навишт, ҷасади ҳашт нафар пайдо шудааст. Дар бораи шахсияти онҳо хабар дода нашудааст.

Дар наворҳое, ки телеграм каналҳои "База" ва "Mash" нашр карданд, лаҳзаи суқути ҳавопаймо сабт шудааст. Дар яке аз наворҳо лаҳзаи таркиш дар осмонро дидан мумкин аст.

Гуруҳи "Вагнер" дар бораи ин ҳодиса то ҳол хабар надодааст.

Номи Евгений Пригожин ва гуруҳи муздури "Вагнер" дар пайи ошӯби рӯзи 23-юми июн хабарсоз шуд. Муздурони ин гуруҳ барои чанд соат шаҳри Ростови лаби Донро ишғол карда, ба тарафи Маскав равона шуданд. Вале баъди миёнҷигарии Александр Лукашенко, роҳбари худкомаи Белорус, Евгений Пригожин ба ошӯбаш поён дода, неруҳояшро ба Белорус бурд. Исёни онҳоро бузургтарин хатар дар аҳди 23-солаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия медонанд. Аъзоёни "Вагнер" дар кишварҳои африқоӣ низ ҳузур доранд ва баъзе расонаҳо навиштанд Евгений Пригожин аз Африқо ба Русия бармегашт.

Боздошти як фармондеҳи марзбонӣ барои марги сарбоз

Фармондеҳ ва як сарбози қисми ҳарбии “0201”-и Раёсати неруҳои марзбонӣ дар ноҳияи Мастчоҳро дар робита ба марги Абубакр Ҳусейнзода, аскари ҳамин қисми ҳарбӣ боздошт кардаанд.

Абубакр Ҳусейнзодаи 22 - сола рӯзи 4-уми август дар шароити номаълум, дар қисми ҳарбӣ ҳалок шудааст.

Додситонии ҳарбии вилояти Суғд таҳқиқи марги наваскари нерӯҳои марзбониро шурӯъ карда, дар робита ба ин қазия ду нафар, як фармондеҳ ва сарбоз ба ҳабс гирифта шудаанд.

Бино бар иттилои Додситонӣ, онҳо дар “Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ва “Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” муттаҳам мешаванд. Ба айбдоршавандаҳо то 17 соли зиндон таҳдид мекунад.

Як муфаттиши Додситонии ҳарбии Суғд рӯзи 22-юми август, бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтишоти пешакӣ идома дорад ва “ба хотири халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот аз овардани номи боздоштшудаҳо ва ҷузъиёти парванда худдорӣ мекунем”

Мурод Ҳусейнов, падари сарбози фавтида рӯзи сешанбеи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт ӯро ҳамчун ҷабрдида ба Додситонии ҳарбии вилоят даъват намуданд, аммо ӯро фақат бо сарбозе, ки дар марги Абубакр гумонбар аст, рӯ ба рӯ кардаанд: “пурсидамаш, ки чӣ шуд, чаро писари ман ҳалок шуд? сарашро намебардошт ба чашми ман нигоҳ намекард, дастонашро бардошта, ҳамин хел шуд, ҳамин хел шуд такрор карду дигар ҳарфе назад. Ба дигар ҳарфҳои ман ҷавоб намедод, хомуш меистод. Ман аз муфаттиши парванда хоҳиш мекунам ин ҳолатро бо ҷиддият баррасӣ кунанд”- гуфт, падари Абубакр.

Ҷасади Абубакр Ҳусейнзодаи 22-сола, сарбози қисми ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ, воқеъ дар ноҳияи Масчоҳро, рӯзи 5-уми август ба пайвандонаш супурдаанд.

Мақомот расман ҳодисаи марги сарбозро шарҳ надодаанд, вале ҳангоми супурдани ҷасад, сардори қисми марзбонӣ гуфтааст, Абубакр “дар долони бинои қисми низомӣ ногаҳон афтод ва мурд.” Падари сарбози фавтида ба ин бовар надорад ва мегӯяд, дар пушти сараш “доғи зарби сахт” намудор буд.

Ба гуфтаи пайвандон, Абубакр Ҳусейнзода соҳиби як фарзанд буда, баҳори имсол пас аз хатми Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, довталабона ба артиш рафта буд. Ӯ ният доштааст, ки пас аз хидмат дар бонкҳои маҳаллӣ кор кунад.

Мурод Ҳусейнов, падари сарбози фавтида, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш дар қисми марзбонӣ, воқеъ дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Масчоҳ хидмат мекард. “Як ҳафтаи охир бисёр афсурда буд ва зиёд хоҳиш мекард, ки ӯро ба дигар қисми низомӣ кучонем. Вақте рӯзи 4-уми август тағояш ба дидораш рафтааст, сардораш гуфтааст, ки Абубакр дар беморхона аст ва каме баъдтар аз маргаш хабар додаанд,”-гуфт ӯ.

Марги сарбозони тоҷик дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани аскарон мушоҳида шудааст.

То кунун даҳҳо сарбозу хидматчиёни ҳарбӣ барои латту кӯби ҳамхидмат ё зердастони худ муҷозот шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби "риоят нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.

Дар муддати се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд.

Додситон ҷанҷоли сокинони Лакатро бо милисаҳо шарҳ дод. ВИДЕО

Акс аз навори корбарон
Акс аз навори корбарон

Парвандаи ҷанҷоли сокинони Лакатро дар Истаравшан бо маъмурони милиса ба додгоҳ фиристодаанд.

Мақомот мегӯянд, як гуруҳ мардуми деҳа “монеи кори маъмурони интизомӣ шуданд”. Сокинон иддао доранд, ки қазия ба кӯшиши дастдарозӣ ба духтари ноболиғ рабт дорад.

Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд, гуфт, ҳодиса ба ҷустуҷӯйи ҷавоне пайванд мегирад, ки солаш ба хидмати ҳарбӣ мувофиқ шудааст.

“Маълум мекунанд, ки писар бо як духтари ҳамдеҳааш робита доштааст. Кормандони милиса ӯро ёфта, ба шуъбаи корҳои дохилӣ даъват мекунанд. Баъд якҷоя ба ёфтани даъватшаванда мераванд, ки дар саҳро машғули кишту кор будааст,” – шарҳ дод ӯ дар нишасти матбуотӣ.

Чанде пеш Адҳам Маъмурзода, шаҳрдори Истаравшан ҳам гуфт, масъала ба даъвати баҳории ҷавонон ба артиш пайванд дорад.

Духтари ноболиғ, ки аз “дастдарозӣ”-и маъмурони милиса шикоят дошт, дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ муносибаташро бо ҷавони даъватшаванда рад карда буд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Таҳқиқи парвандаи ҷанҷолии Лакат поён ёфтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Ҷанҷоли сокинони деҳаи Лакати Истаравшан бо маъмурони милиса дар охири моҳи майи имсол рӯй дод. Пахши ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Бархе гуфтанд, бояд аъмоли милисаҳо низ таҳқиқ ва муҳокима шавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамвора маъмурони милисаро ҷабрдида ҷилва дода, гуфтааст, гурӯҳе аз сокинони деҳаи Лакат онҳоро задаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ қаблан ба ҷойи ҳодиса рафта, бо баъзе аз шоҳидон суҳбат кард. Аъзои як хонавода дар ин деҳа иддао карданд, ки чанд маъмури милиса духтари ноболиғи онҳоро маҷбурӣ ба мошин бор карда, "пешниҳодҳои гуногун додаанд" ва сабаби моҷаро ҳам ҳамин аст.

Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд, гуфт, “духтар барои аз ҷавобгарӣ озод кардани хешу табору амакҳояш нишондодро дигар мекунад. Мегӯяд, маро маҷбурӣ оварданд. Барои алоқаи ҷинсӣ кардан. Боз шоҳидон ҳастанд. Агар онҳо чунин ният медоштанд, ба саҳро не, шояд ба ягонҷои дигар мебурданд.”

Ҳоло ду амаки духтар ва се сокини дигари деҳаи Лакат гумонбари қазия ҳастанд, вале наздиконашон дар бораи онҳо ва вазъу ҳолашон зиёд суҳбат намекунанд. Пас аз нашри гузориш дар расонаҳо пайвандони духтари ноболиғ дар Истаравшан гуфтанд, мақомот ба ҷойи ба доди онҳо расидан, баръакс, фишор овардаанд, ки бо рӯзноманигорон гап назананд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG