Рӯзи 25-уми октябр як пораи бузурги пиряхи Деҳдал дар ноҳияи Тоҷикобод канда шуд. Навори ин ҳодиса ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва нигаронии корбаронро ба миён овард.
Дар ноҳияи Дӯстӣ, маҳалли иқомати ҳазорон туркмантабор дар вилояти Хатлон, имсол толеи сокинон баландӣ кардааст. Пас аз сармое, ки ду се сол пеш аҳволи анорзорҳои ноҳияро бад кард, имсол дарахтон дигарбора ҷон гирифтаанду ҳосил додаанд.
Пизишкон мегӯянд, пас аз бемории ҳамагири “КОВИД-19” гирифторони диабети қанд дар Тоҷикистон бештар шудааст.
Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдо аз мақомаш барканор шуда, ба ҷои ӯ Абдураҳмон Абдураҳмонзода таъин шудааст.
Донишмандони тоҷик "таъқиботи сталинӣ"-ро ба тарзҳои гуногун шарҳ дода, омилу сабабҳо ва фитнаҳоеро, ки он замон мегузашт, номбар кардаанд. Яке аз онҳо адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон аст ва Радиои Озодӣ дар як суҳбати вижа ин мавзуъро бо ӯ дар миён гузошт.
Мақомоти Русия 20 шаҳрванди Тоҷикистонро дар пайи занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар маҷмааи истиқоматии “Прокшино” дар шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Занозанӣ рӯзи 25-уми октябр рух дод.
Хонаҳои сард ва соатҳо маҳрум аз барқ; омодагӣ ба насби бухорӣ ва нигаронӣ аз сиҳатии беморону кӯдакон дар бебарқӣ. Ин тасвир аз ягон деҳаву ноҳияи дурдасти Тоҷикистон нест. Сокинони баъзе аз гӯшаҳои шаҳри Душанбе ин рӯзҳо ҳамин аҳволро доранд.
30-юми октябр дар Русия ва кишварҳои дигари шӯравии собиқ ба унвони Рӯзи ёдбуди қурбониҳои сиёсии солҳои 30-юм ё “таъқиботи сталинӣ” ёд мешавад. Ҳарчанд дар поёни умри шӯравӣ ин яке аз мавзуъҳои доғ буд, вақтҳои охир ба гунае фаромӯш шудааст ё дар борааш камтар суҳбат мешавад.
Дар як таркиши интиҳорӣ ё маргталабона дар наздикии бинои додгоҳе дар Исломобод, пойтахти Покистон, дастикам 12 нафар кушта ва 27 тани дигар захмӣ шудаанд. Манобеъ дар бемористонҳои Исломобод гуфтаанд, ки вазъи чанде аз захмиҳо вазнин аст.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз марги Саидаъзам Раҳмонови 29-сола дар боздоштгоҳе дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Баёнияи ин созмони муътабар рӯзи 11-уми ноябр нашр шуд.
Дар ноҳияи Мӯъминобод даъвои як падар бо омӯзгори мактаб ҳанӯз идома дорад. Давлатмурод Алимшоев муаллимаи мактаб Шарифамоҳ Шаҳромиро ба он муттаҳам мекунад, ки писари хурдсолаш Муборизро зада, сабаби осеб дидани сараш шудааст. Мақомоти ноҳияву мактаб мегӯянд, даъвои падар асос надорад.
Ҷасади Исфандиёр Мулломаҳмадшарифови 34-соларо, ки ҳафт моҳ пеш дар Русия нопадид шуда буд, рӯзи 5-уми ноябр ба наздиконаш дар деҳаи Шаватки Болои ноҳияи Айнӣ супурдаанд. Ба онҳо гуфта шудааст, ки “ӯ дар ҷанги Украина кушта шуд”.
Ёфтҳои бештар