Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми ноябр бо имзои фармоне Завқӣ Завқизодаро сафир дар Амрико таъин кардааст.
Завқӣ Завқизода аз соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдо буд.
Фаррух Ҳамрализода, ки панҷ соли ахир сафири Тоҷикистон дар ИМА буд, аз мақомаш барканор шудааст, вале дар бораи таъин шуданаш ба мансаби дигар хабаре нест.
Ба ҷои Завқизода, Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири нави рушди иқтисод ва савдо шудааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми ноябр хабар додааст, ки Абдураҳмонзода "собиқаи корӣ ва таҷрибаи кофӣ дар мақомоти давлатӣ" дорад. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Абдураҳмонзода Абдураҳмон, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон буда, бародари Мизробшоҳ Абдураҳмонзода, додситони шаҳри Душанбе ҳаст. Ӯ то ин дам муовини раиси шаҳри Душанбе буд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сафирони Тоҷикистон дар Фаронса, Австрия ва Италияро низ дигар кардааст.
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси собиқи шаҳри Душанбе буд, ки бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, сафири Тоҷикистон дар Италия шудааст.
Ҷамшед Ҳомидзода ҷойгузини Ҷамолиддин Убайдулло дар мақоми сафири Фаронса гаштааст. Ӯ сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.
Идибек Қаландар, ки аз соли 2017 сафири Тоҷикистон дар Австрия, Руминия, Словакия, Венгрия, Норвегия ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо буд, аз мақомаш барканор шудааст. Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон дида мешавад, ки ба ҷойи ӯ дар Австрия Ҷобир Манучеҳр сафири Тоҷикистон таъин шудааст, вале маълум нест, ки ӯ Тоҷикистонро дар чор кишвари дигари аврупоӣ ва САҲА ҳам намояндагӣ хоҳад кард ё на.
Таъиноти кадрии ҳукумати Тоҷикистонро мухолифон ва мунтақидон "ҷойивазкунии кадрҳо" меноманд.
Мухолифон мегӯянд, мансабҳо на аз рӯи шоистагӣ, балки аз рӯи наздикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ва садоқат ба ӯ дода мешаванд.
Гуфтугӯ