Мақомоти Русия 20 шаҳрванди Тоҷикистонро дар пайи занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар маҷмааи истиқоматии “Прокшино” дар шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Занозанӣ рӯзи 25-уми октябр рух дод.
Муҳоҷири тоҷикистонӣ Зафар, ки худро пайванди яке аз боздоштшудаҳо муаррифӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, “ду гурӯҳи муҳоҷирон барои гирифтани таъмири хонаи якҳуҷраӣ ҷанҷол карданд”.
“Бачаҳои мо кам буданд, 10-15 кас. Тарафи дигар 40-50 кас. Корро бачаҳои мо ёфтаанд. Як хонаро мегиранд, баъд онҳо омада, нархи корро арзон мекунанд. Аз ин сӯву он сӯ ҷамъ мешаванд. Бо бел бачаҳои моро мезананд. Бачаҳоро то 25-уми декабр дар боздоштгоҳ ҷой карданд. Даҳ кас аз онҳо, даҳ кас аз мо,” – шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.
Зафар гуфт, нисбат ба боздоштшудаҳо бар асоси моддаи “авбошии гурӯҳӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Пулиси Русия ба иловаи парвандаи ҷиноӣ, нисбат ба иштирокдорони дигари занозанӣ ҷазои маъмурӣ таъйин кардааст. Нашрияи “Коммерсант” дар Русия ба нақл аз Кумитаи тафтишотии он кишвар навишт, ҷанҷоли муҳоҷирон “ихтилоф бар сари нархи таъмири хона” будааст.
Як муҳоҷири фаъоли тоҷикистонӣ дар Русия гуфт, бештари занозании муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳо аз баҳс атрофи нархи кор сар мезанад. Ӯ бо шарти фош нашудани номаш гуфт, “дар бозорҳо муҳофизон ҳастанд, онҷо ин хел корҳо намешавад. Ин корҳо асосан дар сохтмонҳо мешаванд. Вақте ба номуси одам мерасанд, вай дигар на депортро нигоҳ мекунад, на озодиашро. Бачаҳои ҷавон ин корро мекунанд, одамони калонсол ин корро намекунанд."
Дар гузашта низ борҳо миёни муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия занозании гурӯҳӣ сар задааст. Мақомоти Русия баъди ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани иштирокдорони занозанӣ онҳоро аз он кишвар барои муҳлатҳои тӯлонӣ ихроҷ мекунанд.
Он чӣ ахиран навгонӣ дониста мешавад, дар сурате агар муҳоҷирон шаҳрвандии Русияро дошта бошанд, бо баҳонаи иштирок дар занозанӣ шаҳрвандии онҳоро низ бекор мекунанд. Дар занозании “Прокшино” мақомоти Русия гуфтанд, шаҳрвандии ду тан аз иштирокдорони ҷанҷол бекор хоҳад шуд.