Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдураҳмони Абдуманнон: "Ҳеч кас ҳақ надорад одамонро бо туҳмат аз байн барад"


Абдураҳмони Абдуманнон ҳангоми мусоҳиба дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе
Абдураҳмони Абдуманнон ҳангоми мусоҳиба дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе

30-юми октябр дар Русия ва кишварҳои дигари шӯравии собиқ ба унвони Рӯзи ёдбуди қурбониҳои сиёсии солҳои 30-юми асри гузашта ё “таъқиботи сталинӣ” ёд мешавад. Ҳарчанд дар поёни умри шӯравӣ ин яке аз мавзуъҳои доғи расонаҳо ва маҳфилҳои гуногун буд, вақтҳои охир ба гунае фаромӯш шудааст ё дар борааш камтар суҳбат мешавад.

Донишмандони тоҷик ба тарзҳои гуногун ба баррасии ин мавзуъ пардохта, омилу сабабҳои гуногунро номбар кардаанд. Яке аз онҳо адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон аст ва Радиои Озодӣ дар як суҳбати вижа посухи чанд суолро аз ӯ пурсид.

"ЯК ОЗМОИШИ БИСЁР ПУРФОҶИА БУД”

Радиои Озодӣ: Очерки мустанади шумо, “Танҳоӣ”, дар бораи фоҷиаҳоест, ки ба сари яке аз хонаводаҳои фарҳангии мо Абдулло Абдухолиқов, фарзандонаш Рашид ва Ғанӣ Абдулло ва ҳамчунин домодҳои ин оила Маъруф Расулӣ ва Абдуҳаким Қосимов дар он солҳо омадааст. Очеркро бе оби чашму асабоният хонда намешавад. Барои чӣ ин чеҳраҳои фарҳангиву адабӣ мавриди таъқиб қарор гирифтанд ва ба ин гирдоб чӣ гуна кашида шуданд?

Абдураҳмони Абдуманнон: “Ин як давраи бисёр мураккаби бунёдшавӣ ва андак-андак рушд кардани давлати шӯравӣ, як озмоиши бисёр пурфоҷиа буд. Яъне, чашми мардуме, ки маърифат доштанд, мардуме, ки сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонистанд, аз як тараф бояд тарсида бошад ва аз тарафи дигар ба ҳар чи ҳукумати нав эълон медораду талаб мекунад, розӣ ва мувофиқ бошанд. Дувум, насли ҷавон бояд дар рӯҳияи фармонбардорӣ тарбия ёбанд ва ҳар чи аз боло гуфта шавад, иҷро кунанд. Медонед, ин як усули нави давлатдорӣ буд. Муаррихон, сиёсатмадорон, аҳли илму адаб аз Русия ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ навиштанд ва ҳоло ҳам менависанд, вале то ҳол ба сабаби ҳамин хел роҳбарӣ ё усули ҷазо доданё тобеъ кардани мардум боз нашудааст. Агар вазъи ҳамонвақтаи давлати шӯравӣ ва вазъияти дунё, давлатҳои абарқудрати ҳамонвақта ва муносибатҳои байни инҳо, ҳаматарафа ба назар гирифта шавад, бисёр душвор аст сафед ё сурх ё сиёҳ гуфтани ин сиёсат. Бисёр душвор аст. Баъзеҳо мегӯянд, хайр, 5 ё 10 дар сад қурбонӣ шуд, лекин ба ивази ин як давлат сохта шуд. Черчил гуфтааст, Сталин ин давлатро бо асои чӯбӣ қабул кард ва бо бомбаи атомӣ мерос гузошт.”

Радиои Озодӣ: Шумо бо ин назаре, ки даҳ дар сад кушта шуд, вале як давлат сохта шуд, мувофиқ ҳастед?

Абдураҳмони Абдуманнон: “Не, албатта. Мегӯям, ки ҳамин гуна назар ҳаст. Аз ҷумла, мегӯянд, ки ҳамин гуна қурбонӣ зарур буд, тақозои таърих ва шароити ҳамон вақт буд. Аммо ҳеч кас ҳақ надорад, ки инсонҳоро ба воситаи туҳмат, ба василаи айбдор кардани беасос аз байн барад, нест кунад. Ҳеч кас ин хел ҳуқуқ надорад.”

Пайкараи Сталин дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд
Пайкараи Сталин дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд

"ГУФТА НАМЕТАВОНАМ, КИ СТАЛИН… ГУНОҲ НАДОШТ"

Радиои Озодӣ: Дар яке аз мусоҳибаҳоятон навъи муносибати Сталинро бо адабиёт ва адибон тақрибан дуруст мешуморед. Мегӯед, ки Сталин осори аксар адибони намоёнро мутолиа мекард ва сипас ё нома мефиристод ё телефонӣ андешаҳояшро баён мекард, ки ин бо вуҷуди тамоми гуноҳҳое, ки ба Сталин ва муҳити ӯ нисбат медиҳанд, нишонаи маърифати баланди вай аст. Мехостам, манзуратонро аз ин баҳогузорӣ мушаххастар бигӯед.

Абдураҳмони Абдуманнон: “Ин ки Сталин, воқеан асарҳои бадеиро мехонд, ҷойи баҳс надорад. Мехонд, бо адибон суҳбатҳо ҳам мекард. Масалан, ман дар осорхонаи Пастернак дидам, ки дар ду маҷмӯа дар ҳошияҳо қайдҳои Сталин буд. Китобҳоро хонда, фикрҳояшро навишта, китобро баргардонидааст. Пастернаке, ки забони русиро бисёр нағз медонист, яке аз нависандҳои хеле матраҳ буд. Сталини гурҷие, ки омӯзишгоҳи рӯҳониро хатм кардааст, ба масъалаҳои забони русӣ эрод гирифтааст. Эродҳои сиёсӣ не, эродҳои забоншиносиву адабиётшиносӣ. Лекин ман ҳеч вақт гуфта наметавонам, ки Сталин ба хотири ин ки донишманд буд, хеле санҷидаву омӯхтаи ҳизб буд, гуноҳ надошта бошад. Ин хел набуд. Дар айни замон, вақти сиёҳ кардани Сталин аз хидматҳои ӯ чашм пӯшидан аз рӯйи адолат нест."

"ИНҲОРО ЧАШМИ ДИДАН НАДОШТАНД"

Радиои Озодӣ: Шумо дар навиштаҳои зиёд, аз ҷумла китобҳои “Пиндорҳо ва ингорҳо” ва “Ламҳае ба роҳи рӯзгор” ба ин мавзуъ пардохтаед. Дар бораи Раҳим Ҳошим ва дар бораи баъзе аз аъзои хонаводаи шумо, ки мавриди таъқиб қарор гирифтаанд, навиштаед. Яъне бевосита ба ин мавзуъ ба истилоҳ даст задед ва ҷустуҷӯ кардаву омӯхтед. Ҷудо аз ин, дар очерки “Танҳоӣ” ба рӯзгору кору пайкори шахсиятҳои зиёди фарҳангӣ ошно шудед. Аз нигоҳи шумо, омили аслӣ ин ҷо чӣ буд? Муҳите, ки раҳбарии шӯравӣ сохта буд, шахси Сталин ё омили дигар?

Абдураҳмони Абдуманнон: “Ман фикр мекунам, ҳар озодандешӣ, ҳар бедорфикрӣ дар ҳамон марҳалаи аввали созмон додани давлати шӯравӣ, як навъ эътироз, як навъ зиддият ба роҳе дониста мешуд, ки болшевикон интихоб карда буданд. Шахсиятҳое, ки нисбат ба коргарони ҳизбӣ, роҳбарони ҳизбӣ, хусусан дар маҳаллҳо хеле донишмандтар буданд, назарашон ҳам ба ҷаҳон, ҳам ба инсон ва ҳам ба сиёсату иқтисоду маърифат нисбат ба як роҳбари ҳизбие, ки аз куҷое оварда буданд, огоҳонатар буд. Инҳоро чашми дидан надоштанд, ингунаҳоро бояд нест мекарданд, инҳо бояд намебуданд. Барои он ки эътибори роҳбари ҳизбӣ аз эътибори як олим, як нависанда бояд зиёдтар мебуд.”

"КИТОБҲОРО ПИНҲОН КАРДА БУДАНД"

Радиои Озодӣ: Гуноҳе, ки ба аксари инҳо мезаданд, “душмани халқ”, “тарғиботи зидди шӯравӣ”, дар воқеъ ҳамин чиз дар он давра дар миёни нависандагону аҳли илму адаб вуҷуд дошт?

Абдураҳмони Абдуманнон
Абдураҳмони Абдуманнон

Абдураҳмони Абдуманнон: “Набуд. Агар бошад ҳам, як дар сад шояд. Якум ин ки метарсиданд, дуюм, аксари адибон озодфикр буданд, огоҳ буданд, мефаҳмиданд. Лекин ин ҷо чанд омил аст. Омили дин аст, дин ва давлат. Он роҳи атеистие, ки давлати шӯравӣ пеш гирифт, ба мафкураи мардуми босавод, ки гуфтан мумкин аст, қариб 98-99% диндор буданд, мутобиқат намекард. Барои ҳамин, ҳеч чиз агар наёбанд, ҳамон китобҳои ба хати арабӣ навишташударо меёфтанд. Мегуфтанд, ин мулло аст, диндор аст. Дар хонаи мо, бобои модариям дар охири умрашон, ки ман тақрибан 5-6-сола будам, аз болои васаҳо дар шифти хона ҷой сохта, китобҳоро пинҳон карда буданд. Китобҳои динӣ не, китоби Бедил, девони Ҳофиз ва китобҳои дигар.”

Радиои Озодӣ: Баъзе аз касоне, ки мехоҳанд ин гуноҳро аз гардани Сталин “бардоранд” бар ин назаранд, ки Сталин аз куҷо медонист фалон муаллим дар Бадахшон чӣ гуноҳ дорад. Ҳатто онҳое, ки солҳои зиёдро дар зиндону бадарға пушти сар карданд, мегуфтанд, ин ҷо гуноҳи мансабдорон ва мақомоти маҳаллӣ аст. Оё чунин буд? Ин тасаввур дуруст аст?

Абдураҳмони Абдуманнон: “Ин тасаввур то андозае воқеият буд. Он сиёсатро дуруст гуфтан мумкин нест, вале агар ҳатто дуруст буд, татбиқаш нодуруст буд.”

“НОМА НАМЕРАСИД”

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо барои исботи бегуноҳияшон ба унвони роҳбарон мактуб менавиштанд. Аз ҷумла, шумо номаи Абдулло Абдухолиқовро нашр кардаед. Шоирону нависандаҳои дигаре низ, ки ба ин гуна туҳматҳо гирифтор шуда буданд. Шумо, ки таҳқиқ кардаед, чаро садои онҳо шунида намешуд?

Абдураҳмони Абдуманнон: “Пеш аз ҳама нома намерасид. Ба он ҷойе, ки хаёл мекарданд, ки то ба мақомоти болои ҳизбӣ мерасад, нома намерасид. Дар зинаҳои поёнӣ ҳал мешуд. Зеро ин зинаҳо гумон доштанд, ки дар боло вақт надоранд, ки ҳар як номаи гумонбарро пурра баррасӣ кунанду ба он ҷавоб нависанду чора бинанд. Ман инро аз рӯйи нақли тағоҳо ва хешоне мегӯям, ки шунидаам. Бобои ман мулло буданд. Мулло Рафиқ, аз шаҷараи Шайх Умари Валӣ. Хоҷа Аҳрори Валӣ абераи Шайх Умари Валӣ буд. Ҳоло дар Тошканд як ноҳияи шаҳрро ба номашон монданд. Бобои ман хонаи хубе доштанд. Он кас мулло не, усто буданд, хона месохтанд, баққол буданд. Мегуфтанд, барои муллоӣ пул гирифтан ё чизи дигар куфр аст. Лекин хонаашонро, ки яке аз бузургтарин хонаҳои деҳа буд, гирифтанду чойхонаи сурх карданд. Ин касро дар оғили як ҳамсояашон ҷо доданд. Мебахшед, комсомолҳо баромада дар сутунҳои хонаашон шошиданд, ки мана, хонаи муллоро ин хел мекунем. Тағоям аз деҳаи Боғистон се рӯз пиёда то Чимкент, ки он вақт ноҳияи мо дар Қазоқистони Ҷанубӣ дохил мешуд, рафтанд ва коре карда хонаашонро гардонда гирифтанд. На ҳар кас ин корро мекард. Ба як роҳбари дараҷаи поён шикоят мекард ё мактуб менавишт, ӯ мегуфт, рав, гапат нодуруст, тамом. Ҷомеа ба чанд гурӯҳи иҷтимоӣ тақсим шуда буд, хусусан дар ин ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаи мо, ки шикояту арз ба гумони ман аз ноҳия онтарафтар намерафт.”

Радиои Озодӣ: Ба ҷуз аз бобоятон, боз чӣ касоне аз хонаводаи шумо мавриди таъқиб қарор гирифтанд?

Абдураҳмони Абдуманнон: “Падарам. Ягона фарде дар деҳа буданд, ки узви колхоз нашуданд. Бадавлат будем, вале меҳнати ягон ғулом ё каси дигарро истифода намекардем. Худашон кор мекарданд, боғ доштем, ҳоло ҳам ҳаст 1,5 ҳектор. Мол доштем, то вақте Хрушев маҳдуд кард, ман бача будам, ёд дорам, ду гов, як буққа, ду асп, ду хар, тақрибан 40-50 гӯсфанду буз доштем. Аъзои хонавода ин ҳамаро саришта мекард. Ё агар касеро кор мефармуданд, ҳаққи хидматашро медоданд. Аммо узви колхоз набуданд ва ба ҳар баҳона чанд бор ҳабс шуданд. Охирин бор ҳабс шуданашон ба ёдам ҳаст. Як ҳамсояамонро, ки чанд кӯча аз мо поён зиндагӣ мекард, водор карда буданд, гӯяд, ки бузаш ба боғи Абдуманнон даромадааст ва падарам бузи ӯро доштаву аз болои шиғ партофтааст, ки буз мурдааст.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

"Таъқиботи сталинӣ" аз дидгоҳи адабиётшиноси тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:26:41 0:00

Бахши дувуми суҳбат рӯзи 13-уми ноябр нашр мешавад

Абдураҳмони Абдуманнон

78-сола. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Соли 1973 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Қасида ва анъанаҳои он дар эҷодиёти Маликушшуаро Баҳор” дар Маскав дифоъ кардааст. Ходими илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ, мудири шуъбаи Энсиклопедияи советии тоҷик, ходим ва муовини раиси Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Академияи илмҳо ва муовини аввали раиси Иттиҳодияи нависандагон буд. Аз соли 2005 то 2010 дар мақоми муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радио кор кардааст. Муаллифи китобҳои “Нуқтаи назар”, “Пиндорҳо ва ингорҳо”, “Ламҳае ба роҳи рӯзгор”.

XS
SM
MD
LG