Дар бораи сабабҳои канда шудани ин пирях ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон сӯҳбате доштем бо Абдусамад Ҳоҷиев, сардори Шӯъбаи яхшиносӣ ва барфу тармасанҷии Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон. Нахуст аз Ҳоҷиев пурсидем, ки сабабҳои асосии канда шудани пораи бузурги пиряхи Деҳдал чӣ буд?
Абдусамад Ҳоҷиев: Тайи солҳои ахир дар ҳавзаи дарёи Сурхоб боришот кам ба қайд гирифта шуда истодааст. Ба гуфтаи сокинони ноҳияи Лахш, имсол аз моҳи май то оғози моҳи октябр барфу борон наборидааст. Ин яке аз заминаҳои мусоид барои обшавӣ ва кандашавии пиряхҳо шуда метавонад. Ин пиряхҳо доимо таҳти назорат ҳастанд, аз ҷумла пиряхи Деҳдал, ки ахиран ҳаракат намуд.
Радиои Озодӣ: Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки аз 1 то 3-юми ноябр пиряхи Деҳдал то 72 метр ба поён ҳаракат кардааст. Интизории шумо чӣ аст? Оё ҳаракати ин пирях идома хоҳад кард?
Абдусамад Ҳоҷиев: Пиряхи Деҳдал яке аз пиряхҳои ҳаракаткунанда ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо чунин пиряхҳои ҳаракаткунанда ҳастанд. Бо вуҷуди он, ки Деҳдал пиряхи ҳаракаткунанда ба ҳисоб мерафт, лекин ин пирях дар муддати аз 20 то 45 сол якбор ҳаракат мекард. Кандашавии пирях соли 1974 як маротиба ба қайд гирифта шудааст. Соли 2016 чунин ҳолат яъне кандашавӣ дар пиряхи Деҳдал ба қайд гирифта шудааст. Аз соли 2016 то имрӯз вақти бениҳоят кам мебошад. Албатта сабаби асосии кандашавӣ баландшавии ҳарорати ҳаво ва кам будани боришот мебошад. Мо пешбинӣ накарда будем, ки дар чунин муддати кутоҳ пирях метавонад боз канда шавад. Лекин дар шароити тағйирбии иқлим пешбинии бисёр равандҳо номумкин гаштааст. Мисоли баръало ҳамин пиряхи Деҳдал шуда метавонад, ки аз соли 1974 то 2016 як бор ҳаракат кардааст, аммо дар 9 соли ахир ҳаракати дуюми ин пирях сабт шуд.
Радиои Озодӣ: Кандашавии пораи пиряхи Деҳдал барои сокиноне, ки дар поёни он зиндагӣ мекунанд чӣ хатарҳо дорад?
Абдусамад Ҳоҷиев: Марказии яхшиносӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамкории зич доранд. Ҳангоме, ки ин ҳолат рух дод, намояндагони Кумита онҷо ҳузур доштанд. Мо барои фаҳмондани вазъият нишасти матбуотӣ баргузор кардем. Чун бисёре аз корбарон номи пирях ва қаторкуҳро хато навиштанд. Мо барои онки расонаҳои Тоҷикистонро огоҳ кунем, ки ин пирях Деҳдал ном дошта, дар қаторкуҳҳои Пётри Якум дар ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир аст. Мо бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамкории зич дорем. Ин минтақа дарае аст, ки минтақаи селфаро ба ҳисоб меравад. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пешниҳод карданд, ки барои зарар нарасидан ба сокинон соҳилҳоро мустаҳкам кунанд. Агар чунин миқдор пирях ба поён ҳаракат кунад, метавонад як пули мошингузарро хароб созад. Лекин деҳаҳои атрофи онҷо аз минтақаи селгузар дуртар ҷойгир шудаанд. Албатта боз ҳам мегӯям, ки офати табииро пешгӯӣ кардан мушкил шудааст. Мушоҳидаи мо аз рӯи тасвирҳои моҳвораӣ нишон медиҳад, ки баъд аз боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ҳаракати пирях мушоҳида нашуда истодааст.
Радиои Озодӣ: Обшавии пиряхҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон чигуна аст?
Абдусамад Ҳоҷиев: Кандашавии пирях дар Тоҷикобод, ки дар ҳавзаи дарёи Сурхоб ҷойгир аст, мисоли баръало аст, ки инҷо минтақаи ҳасос аст ва обшавии пиряхҳо бештар ба назар мерасад. Инчунин ҳавзаи дарёи Хингоб, Зарафшон, ки яке аз ҳавзаҳои муҳим барои Тоҷикистон мебошанд. Дар ин ҳавзаҳо нисбат ба дигар ҳавзаҳо обшавии пиряхҳо бештар ба назар мерасад. Лекин дар тамоми Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим ва баландшавии ҳарорати ҳаво обшавии пиряхҳо зиёд ба назар мерасад.
Радиои Озодӣ: Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон обшавии пиряхҳо чигуна ба назар мерасад?
Абдусамад Ҳоҷиев: Дар ВМКБ бахусус дар минтақаи Помири Ғарбӣ, ки пиряхи Федченко ҷойгир аст, нисбат ба Помири Шарқӣ обшавии пиряхҳо бештар аст. Помири Шарқӣ нисбатан дар баландии бештар аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва Помири Ғарбӣ нисбат ба он пастар аст. Дар Тоҷикистон пиряхҳое, ки об шуда истодаанд дар ҳавзаҳои дарёи Зарафшон, Сурхоб, оби Хингоб, Варзоб ва Кофарниҳон ҷойгир шудаанд. Дар қисмати Помири Ғарбӣ низ обшавии пиряхҳо мушоҳида мешавад, вале на ба он андозаи он ҳавзаҳое, ки номбар кардем.
Радиои Озодӣ: Нигаронӣ аз обшавии пиряхҳо солҳост, ки садо медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон барои коҳиши суръати обшавии пиряхҳо чӣ корҳоро анҷом дода истодаанд ва чӣ нақшаҳо доранд?
Абдусамад Ҳоҷиев: Кумитаи ҳифзи муҳити зист стратегияи махсус барои шинондани ниҳолҳо дар минтақаҳои Тоҷикистонро ба роҳ мондааст ва бар асоси он миқдори бениҳоят зиёди дарахтҳо бояд шинонда шаванд. Яке аз роҳҳое, ки метавонад барои пешгирӣ аз газҳои гулхонаӣ ва хориҷ намудани оксиген ва таъмини боду ҳавои тоза дар минтақаҳо гардад. Чун кишвари мо яке аз кишварҳое аст, ки энергеяи сабзро ба роҳ мондааст ва бунёди обанборҳоро дар назар дорад. Ноҳияҳое, ки дар атрофи обанбори Норак ҷойгир ҳастанд, дар онҷо боришот зиёд аст. Барои намуна, тибқи маълумотҳои метрологие, ки мо дорем, қабл аз бунёди обанбори Норак дар ноҳияи Ёвон боришот кам буд ва баъди сохтани обанбор боришот дар Ёвон бештар шуд. Баъд аз сохтани обанбори Норак ноҳияҳое, ки дар атрофи обанбори Норак ҷойгир ҳастанд, боришот дар онҷо бештар шудааст
Гуфтугӯ