Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анорзорҳои туркмантаборони Дӯстӣ имсол серҳосил шудааст


Дар ноҳияи Дӯстӣ, маҳалли иқомати ҳазорон туркмантабор дар вилояти Хатлон, имсол толеъи сокинон баландӣ кардааст. Пас аз сармое, ки ду се сол пеш аҳволи анорзорҳои ноҳияро бад кард, имсол дарахтон дигарбора ҷон гирифтаанду ҳосил додаанд.

"Бо ҳамин анор зиндагӣ дорем. Мо дору мегирем. Нитроаммофос медиҳем, то зуд пазад. Барои ҳосил додан ду-се сол лозим аст, кор мехоҳад. Тоза мекунем, кор мекунем", мегӯяд Уғулҷумъа Худойқулова, як зани 50-солаи туркман, ки ин шабу рӯз бо аъзои оилааш дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон серкоранд.

Онҳо дар чаҳор гектар ниҳоли анор доранд ва имсол ҳосили хуб гирифтаанд.

Уғулҷумъа мегӯяд, анорро то охири моҳи декабр дар анбор нигоҳ дошта, баъди он, ки маҳсулоти воридотӣ аз Афғонистону Узбекистон дар бозорҳои маҳаллӣ кам шуд, ба фурӯш мегузоранд.

Дар гӯшаи дигари ноҳияи Дӯстӣ, дар деҳаи Гарди Гулмурод ҳам, ки аксаран туркманҳо зиндагӣ мекунанд, сокинони зиёде ба ҷамъоварии анор машғуланд.

Ойнабот Холова, зани дигари туркман, гуфт, ҳосили фаровон хуб асту сабаби хушҳолии онҳо шудааст, аммо ҳамзамон заҳмати зиёд металабад.

"Ҳоло анорҳои майда ва кафидаро мефурӯшем. Аз саҳар мешинем то нисфирӯзӣ, каме истироҳат карда, боз то шаб кор мекунем. Ҷудо мекунем, дар халтаҳо мегирем, албатта, кор мекунем. Агар анор бошад, зиндагӣ ҳам беҳтар мешавад. Як сол аз хунукӣ анор нашуда буд".

Ишораи Ойнабот ба сармои шадиди ду сол пеш аст, ки бар асари он баъзе аз дарахтон, аз ҷумла анор осеб дида, ҳосил надоданд.

Имсол барои анорзорзҳои туркмантаборони Дӯстӣ соли серҳосил шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Раҷаб Элмуродов, ки дар гузашта ба муҳоҷирати корӣ мерафт, баъди душвор шудани будубош дар Русия ба зодгоҳаш баргаштааст. Ӯ се сол боз анор мепарварад ва аз тасмимаш пушаймон нест.

"Инҷо як гектар замин дорем. Ду сол пеш хунук зад, ҳоло хеле хуб шудааст. Имсол то панҷ-шаш тонна анор мегирем. Мо дар анбор халта карда мегузорем, халта вазни онро хуб нигоҳ медорад. Дар моҳҳои декабр ва январ мефурӯшем".

Ҳоло як кило анор дар бозорҳои маҳаллӣ аз 5 то 7 сомонист. Арзиши он дар зимистон боз боло хоҳад рафт.

Мақомот мегӯянд, ҷомеаи туркманҳо дар ноҳияи Дӯстӣ аз 10 ҳазор нафар бештар аст ва онҳо ба ҷуз кишоварзӣ, дар бахшҳои маорифу фарҳангу тандурустӣ низ ҳузур доранд.

Аммо бахши аъзами онҳо ба мисли Уғулҷумъаву Ойнабот дар замин кор мекунанд ва бо ҳосили гирифтаи худ ҳам бозорро пур мекунанд, ҳам зиндагии худро мечархонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG