Зиёда аз ҳазору дусад минтақа дар Тоҷикистон зери хатари офатҳои табиӣ эълон шуданд. Ба онҳо селу баҳман ё тарма, ярчу сангрез ва фурӯравии замин таҳдид мекунад.
Баъзе аз муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрону Покистон мегӯянд, сабаби асосии муҳоҷираташон ба ин ду кишвари ҳамсоя маҳрум шудани духтарон аз ҳаққи таҳсил дар синфи болотар аз шашум аст.
Таҳқиқи кӯтоҳи Радиои Озодӣ дар бораи мушкилоти зиёди шаҳри Душанбе бо вуҷуди имтиёзҳои бешумори ҳукумат ба шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои пойтахти Тоҷикистон.
Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар, ҷузъиёти номаеро расонаӣ кард, ки ӯ ва ду ҳамкораш дар бораи баста шудани 700 созмони иҷтимоӣ ба мақомоти Тоҷикистон фиристодаанд.
Як созмони муътабари амрикоӣ аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳида хостааст, ба зидди он идора ва мансабдорони Тоҷикистон, ки дар поймол кардани озодии динии сокинон нақш доранд, таҳримҳои ҳадафмандона (мақсаднок) ҷорӣ кунад.
Як акси Отабек Умаров, домоди раиси ҷумҳури Узбекистон, ки блогер Санҷар Хоҷа дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст, баҳс барангехт.
Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон, хабар дод, ки муроҷиат ва шикояти мардум аз ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиши Тоҷикистон дар даъвати имсолаи баҳорӣ "кам шудааст". Натиҷаи афзоиши ихтиёриён аст ва ё тарсу ҳароси волидон?
Дар пайи боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия, раҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расидаанд, ки намояндагони ду тараф якҷо нишаста, ин масъаларо баррасӣ кунанд.
Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баъди моҳи апрел шумори корҷӯён аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон 60% ва аз Узбекистон 40% кам шудааст.
Ғаффор Мирзоев (Ғаффор Седой), яке аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва аз ёрони пешини президент, бори дигар хоҳони бозбинии ҳукмаш шудааст.
Раиси ширкати “Даври истиқлол”-ро, ки бо ваъдаи ба Бритониё бурдан аз даҳҳо корҷӯйи тоҷик пул гирифтааст, дастгир кардаанд.
Байни рӯҳониён ва як блогер дар Қирғизистон ҷанҷол сар задааст. Айнура Сағинбоева дар саҳифааш дар "Тик-Ток" гуфт, ки робитаи ҷинсии бе никоҳ "гуноҳ нест". Идораи мусулмонони Қирғизистон ӯро ба даъват ба зино муттаҳам кард.
Ёфтҳои бештар