Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи "робитаи бе никоҳ" ҷанҷолӣ шуд. Баҳси як блогер бо рӯҳониён


Айнура Сағинбоева
Айнура Сағинбоева

Байни рӯҳониён ва як блогер дар Қирғизистон ҷанҷол сар задааст. Айнура Сағинбоева дар саҳифааш дар "Тик-Ток" гуфт, ки робитаи ҷинсии бе никоҳ "гуноҳ нест". Идораи мусулмонони Қирғизистон ӯро ба даъват ба зино муттаҳам кард.

Айнура Сағинбоева наворро дар бораи робитаи маҳрамона аз саҳифааш дар "Тик-Ток" пок кард, аммо видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз мечархад.

"Писарҳо агар ба назди духтарон наравед, кори мушаку рагҳои хунгард бад мешавад. Сипас менависед, ки ба мушкил гирифтор шудаед. Барои ҳамин, ба назди духтарҳо равед, ин гуноҳ нест, аммо рифоларо фаромӯш накунед. Бо рифола гуноҳ нест, бе рифола гуноҳ аст," – гуфтааст Сағинбоева дар навор.

Муфтиёти Қирғизистон Айнура Сағинбоеваро ба "шарҳи нодурусти масъалаи исломӣ" муттаҳам кард. Идораи мусалмонон гуфт, агар Сағинбоева чунин суҳбатҳои хилофи арзишҳои динӣ ва миллиро бас накунад, ба мақомот шикоят мебаранд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар Қирғизистон баҳси блогеру муллоҳо ҷанҷолӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00

Айнура Сағинбоева худро равоншинос, ороишгар ва мушовири робитаҳои ҷинсӣ муаррифӣ мекунад ва ҳамин мавзуъҳоро бо бештар аз 100 ҳазор обуначии худ дар миён мегузорад. Суҳбатҳояш дар бораи робитаҳои ҷинсӣ аксаран пурбаҳс мешаванд. Мегӯяд, ба ҷанбаи динии ин мавзуъ рӯй овардан намехост, аммо бо дархости зиёди корбарон назарашро гуфт.

"Бо мавзуъҳои динӣ ва диндорон бояд эҳтиёт шуд. Ин мавзуъ бисёр нозук ва ҳассос аст. Шояд ман ҳам на "гуноҳ", балки бояд "лозим аст" мегуфтам. Ана ҳамин калима нодуруст истифода шуд," – шарҳ дод ӯ.

Айнура мегӯяд, дар мавзӯи робитаи ҷинсӣ бештар аз нигоҳи пизишкӣ ва равоншиносӣ изҳори назар мекунад, вале баъзе аз корбарон суҳбатҳои ошкорои ӯро хуш надоштаанд: "Ҳамон одамоне, ки ин мавзуъро пурсару садо карданд, ба назари ман, бар асоси қонунҳои шариат зиндагӣ намекунанд. Ин ғайбат аст. Ман ба яке аз онҳое, ки ба муфтиёт шикоят кард, навиштам, ки биёед суҳбат кунем. Ӯ маро аз саҳифааш ронд. Ҳадафи онҳо на ҷалби мардум ба дин, балки реклама аст."

Ҳуқуқшинос Эрҷан Сулаймонов мегӯяд, муҳтавои баъзе аз суҳбатҳои Айнура Сағинбоева "табъизомез аст". Аз ҷумла, даъвати ӯ аз писарон барои парҳез накардан аз иртиботи ҷинсӣ.

Вай афзуд: "Ҳамин даъвати рафтан ба назди духтарон барои муносибати маҳрамона ва маҳз барои ҳифзи саломатӣ, ба назари ман, таҳқири занон аст. Муфтиёт метавонист ба ҷойи таҳдиди рафтан ба додгоҳ мавзуъро аз нигоҳи ислом шарҳ диҳад. Яъне, бояд мегуфт, ки роҳи дуруст кадом аст."

Бархе бо ишора ба озодии баён дар саҳифаи шахсии блогер мегӯянд, ӯ ягон амали нодурусту ғайриқонунӣ накардааст. Ҳуқуқдон Татубубу Эргашбоева гуфт: "Бештар аз назари тиббӣ суҳбат мекард. Шахсиятҳои дигари маъруфе ҳам ҳастанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин андеша доранд. Пас, бояд чораҳои ҳуқуқӣ нисбат ба ҳама баробар дида шавад."

Гурӯҳе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ муфтиёти Қирғизистонро барои он танқид кардаанд, ки ба ин мавзуъ зуд таваҷҷӯҳ ва вокуниш кард, аммо дар масъалаҳои пурсарусадои дигаре мисли хушунат ба зан сукут меварзад.

Новобаста ба танқиду таҳдидҳо, Айнура Сағинбоева ният дорад суҳбатро дар бораи тарбияи ҷинсӣ идома бидиҳад. Вай бовар дорад, пинҳон доштани ин мавзуъ ва парҳез аз он мушкилоти зиёд офарида, сабаби афзоиши талоқу хиёнати ҳамсарон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG