Радиои Озодӣ баъзе аз ҷузъиёти парвандаи чор маъмури милисаи Хуҷандро ба даст овард, ки ба шиканҷаи як боздоштшуда гумонзад ҳастанд. Муовини пешини сардори Шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд ва се зердасташ ба он муттаҳам мешаванд, ки Неъмат Ашӯрматовро боздошт карда, ҳангоми бозпурсӣ азоб додаанд.
30 октябр дар кишварҳои Шӯравии собиқ рӯзи ёдбуди қурбониёни саркӯбҳои даврони сталинӣ аст, ки 11 миллион нафар ҷабри онро кашидаанд. Ин мавзуъ дар Тоҷикистон дуруст омӯхта нашудааст, вале муҳаққиқони масоили ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ҳодисаҳои 80 сол пеш имрӯз ба навъе дар Тоҷикистон такрор мешавад.
Баъзе аз муҳоҷирони корӣ дар Русия мегӯянд, ки ҳамла ба хобгоҳ ва боздошту азияту таҳқири онҳо дар он кишвар ба кори маъмулӣ табдил ёфтааст. Мақомоти Русия дар се рӯзи охир аз боздошти беш аз 500 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ хабар доданд.
Ҳарчанд солҳои ахир шаҳрдории Душанбе талош дорад, ки пойтахтро ба сарсабзтарин шаҳри минтақа табдил диҳад, аммо ниҳодҳои байналмилалӣ ҳавои Душанберо дар раддабандиҳояшон яке аз олудатаринҳо нишон медиҳанд.
“Шавҳар доред?”, “Ба наздикӣ ба шавҳар баромаданӣ нестед?”, “Чанд фарзанд доред?”, “Нияти боз таваллуд кардан надоред?”. Чунин суолҳоро бонувон дар Тоҷикистон ҳангоми ҷустуҷӯйи кор зиёд мешунаванд.
Баъзе аз сокинон дар шаҳри Душанбе шикоят доранд, ки теъдоди талбандаҳо дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт афзудааст. Ин вазъ баёнгари чист: бекорӣ, шароити бади иқтисодӣ ё суистифода аз бовару муҳаббати мардум?
Тайи моҳҳои охир чанд мансабдори Русия ҷорӣ кардани низоми раводид (виза)-ро барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар миён гузоштанд.
Мақомоти Тоҷикистон аз бештар аз 120 ҳазор шаҳрванди кишвар хостаанд, ки то 3 моҳи дигар санадҳояшонро дар Русия дуруст кунанд. Дар акси ҳол, ба гуфтаи мақомот, ба феҳрасти онҳое меафтанд, ки бояд аз Русия бечунучаро ронда шаванд.
Аз ҳамла ба толори мусиқии "Крокус Сити Ҳолл" дар канори Маскав, ки ба гумони тарҳрезӣ ва иҷрои он камаш 14 зодаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд, 7 моҳ гузашт.
Нерӯҳои вижаи Русия дар ҷустуҷӯйи муҳоҷирон ба як анбори шаҳри Самара даромадаанд. Дар ин амалиёт, ки рӯзи 20-уми октябр сурат гирифт, ба иттилои расмӣ, чордаҳ мавриди қонуншиканӣ аз сӯйи хориҷиён ошкор шуд.
Рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) мегӯяд, ӯро аз кор дар Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “равонданд”. Масъулони ин ниҳод, баръакс, иддао доранд, ки ӯ бо хоҳиши худ рафт.
Саноат Шукурова, зани нобиноро дар шаҳри Ҳисор баъди 16 сол омӯзгорӣ ба нафақа фиристодаанд. Вай мегӯяд, қатъи назар аз дархостҳои зиёдаш, ӯро бо баҳонаи син аз шуғли дӯстдоштааш маҳрум карданд.
Ёфтҳои бештар