Аз соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад. Соли 1993 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Дар гузашта хабарнигори нашрияҳои "Самак", "Нигоҳ" ва хабаргузории TojNews буд.
Рӯзи 25-уми октябр як пораи бузурги пиряхи Деҳдал дар ноҳияи Тоҷикобод канда шуд. Навори ин ҳодиса ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва нигаронии корбаронро ба миён овард.
Cуръати пасти интернет ва норасоии қувваи барқ ду монеаи асосии ҷалби сармоя ба Тоҷикистонанд. Ин хулосаи мақомоти тоҷик аст, ки дар барномаи ҳукуматии ҷалби сармоя зикр шудааст. Коршиносон мегӯянд, талошҳои мақомот ба ҳалли ин ду мушкил кофӣ нест.
Тоҷикистон ва Эрон ба тавофуқ расидаанд, ки муҳлати бозгардонии сармояи неругоҳи “Сангтӯда -2”-ро то шаш соли дигар ба таъхир гузоранд. Тибқи тавофуқи аввал, Тоҷикистон то моҳи августи соли 2026 маблағи бунёди неругоҳи “Сангтӯда-2”-ро ба Эрон бармегардонд ва баъдан ин неругоҳ моли Тоҷикистон мешуд.
Мадина Ҳалимова, зане, ки худ ва чор фарзандашро ба дарё партофта буд ба 20 сол зиндон маҳкум шудааст. Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ҳукми Додгоҳи минтақаи Кӯлоб 9-уми октябр содир шудааст. Хонаводаи Мадина Ҳалимова мегӯянд, нияти шикоят бурдан аз болои қарори додгоҳро надоранд.
Барои сафари раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва дигар роҳбарони кишварҳои ИДМ ба Душанбе, мақомот дар пойтахти Тоҷикистон чораҳои амниятие ҷорӣ кардаанд, ки ҳадди ақал дар чанд соли ахир назир надошт.
Шоми 8-уми октябр раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки чаро мақомот то ҳол натавонистанд мардумро пурра бо барқ таъмин кунанд?
Тибқи қонунҳои нави Швейтсария, волидайн дар вақти тарбияи фарзанд набояд аз “зӯроварӣ ҷисмӣ" истифода баранд. Дар Тоҷикистон бархеҳо ҷазо додани фарзандро як роҳи тарбия медонанд. Радиои Озодӣ аз сокинон дар Душанбе пурсид, ки чаро то ҳол бархеҳо ҷазои ҷисмониро як роҳи тарбия медонанд?
Пас аз танқидҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ иҷрои нақши Абдураҳмони Ҷомиро дар филми “Ахтарон” аз Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси идораи “Тоҷикфилм” гирифта, ба Қурбони Собир додаанд. Ин иттилоъро ду манбаи огоҳ рӯзи 26-уми август ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.
Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд, дар акси ҳол ҷарима хоҳанд шуд. Мақомоти Тоҷикистон як сол аст маъракаи мубориза бо фолбин ва ҷодугарҳоро ба роҳ мондаанд.
Аз моҳи сентябри соли 2025 маоши омӯзгорон дар Тоҷикистон 30 дарсад боло меравад. Ба гуфтаи мақомот, баъди ин зиёдшавӣ маоши омӯзгорон ба 1700 то 2700 сомонӣ ($ 180-280) мерасад. Хабарнигорони Озодӣ аз ҷавонон дар Душанбе пурсиданд, ки дар шароити феълӣ ва бо чунин маош мехоҳанд омӯзгор шаванд?
Радиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти парвандаи афсари милисаеро пайдо кард, ки барои шиканҷаи як гумонбар ба 13 сол зиндон маҳкум шудааст. Музаффар Маҳмудзода, муовини сардори яке аз шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар Душанбе буд ва баҳсаш дар чанд додгоҳ идома дошт.
Ҳукумати Тоҷикистон тарҳеро пазируфтааст, ки бо харҷи 324 миллион доллар бояд дастрасии 72%-и аҳолиро бо оби пок таъмин кунад. Бо вуҷуди таблиғоти расонаҳои давлатӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон барои ҳалли мушкили об дар ҷаҳон, беш аз нисфи аҳолӣ, бахусус сокинони деҳаҳо оби ошомиданӣ надоранд.
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, даҳҳо “майнинг-ферма”-ро ошкор кардаанд, ки “ғайриқонунӣ ба тавлиди асъори рақамӣ (криптовалюта) машғул буданд”. Ба иттилои Ҳабибулло Волҳидзода, соҳибони ин дастгоҳҳои пулсозии рақамӣ ба миқдори қариб 39 миллион сомонӣ барқро пинҳонӣ истифода бурдаанд.
Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, дар зиндонҳои кишвар ба ҳама маҳбусони бемор ёрии пизишкӣ расонда мешавад. Изҳороти Музаффар Ашӯриён дар ҳолест, ки пайвандони баъзе аз чеҳраҳои шинохта аз бад шудани вазъи саломати наздиконашон дар зиндон шикоят доранд.
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон муҳлати барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро то моҳи июни соли 2027 дароз кард. Намояндагони додгоҳ гуфтанд, мудирони махсус давоми ду соли оянда бояд амволи бонкро фурӯхта, пули амонатгузоронро баргардонанд.
Додгоҳи низомии вилояти Хатлон як сарбози неруҳои марзбониро бо гуноҳи ба марг расондани ҳамхизматаш 10 сол зиндонӣ кард. Ҳукм 29-уми июл эълон шуд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон як сокини шаҳри Турсунзодаро бо иттиҳоми шиканҷа ва ба марг расондани фарзандаш боздошт кардаанд.
Ёфтҳои бештар