Фарзандони хурдсоли Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонии тоҷик бори аввал соли навро бе ҳузури модар ҷашн мегиранд. Яке якуним сола ва дуввумӣ сеюним сола аст. Бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрори волидайни Рухшона Ҳакимова додгоҳ ин рӯзноманигорро ҳадди ақал ба хотири фарзандони хурдсолаш озод накард.
"Соли нав омад, шоду ғазалхон, табрик созем онро рафиқон.
Имрӯз рӯзи 1-уми январ, рӯзи муборак, рӯзи мунаввар."
Шаҳнура, духтари Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонии тоҷик барои модараш суруд мехонад. Хумори дурӣ аз модарро бо сӯҳбатҳои телефонӣ мешиканад.
"Буваҷон, ассалом. Нағз-мӣ ту? Мана ёд кардӣ-мӣ? Ҳо, то осмон... ҳоло ман барои ту сюрпризҳо тайёр кардам"
Духтарони Рухшона Ҳакимова қариб як сол боз аз модар ҷудо ҳастанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2025 рӯзноманигор Рухшона Ҳакимоваро бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ба 8 сол зиндон маҳкум кард.
Худи Рухшона, вакили мудофеъ ва пайвандонаш ҳукмро ноодилона хонда, ба додгоҳи болоӣ шикоят бурданд. Аммо ҳамаи шикоятҳо то ин дам бенатиҷа будааст. Додгоҳ ҳатто дархостҳоро барои ба таъхир андохтани иҷрои ҳукм то бузург шудани фарзандони Рухшона рад кард.
Мақсуда Шарофова, модари Рухшона Ҳакимова: "Вақте ӯро маҳкум карданд, ҳама медонад, ки кӯдакаш ҳаштмоҳаи ширхора буд. Дар аввал бисёр азоб кашид, шабҳо гиря мекард, ба шири сунъӣ тез одат накард. Барои ҳамин, бисёр бемор мешуд ва шаб гиря мекард. Шаҳнура, духтари калониш ҳанӯз сесола набуд, вай ҳам ҳар рӯз мепурсид, модарам канӣ. Аз кӯдакистон омада, аз дар медаромад ва мепурсид ки модарам омад? Ба ҳар куҷо нигоҳ мекард. Мо гуфтем, ки модарат дар беморхона. Ҳоло ҳам фикр мекунад, ки модараш дар беморхона. Одат кардем гӯем ҳам, ба фарзандонаш мушкил. Мо саъй мекунем, хуб нигоҳ кунем аммо ҷойи модарро ҳеч кас намегирад. Азоб."
Шукрона ҳоло модарро ба серӣ надидааст. Ӯ ҳаштмоҳа буд, ки модарашро зиндонӣ карданд. Фарзандони Рухшона Ҳакимова ҳоло ҳар ду моҳ бо модарашон дар маҳбаси занонаи Норак вомехӯранд. Баъди ҳар дидорбинӣ кӯдакон намехоҳанд аз назди модар баргарданд.
Мақсуда Шарофова, модари Рухшона Ҳакимова: "Ҳоло ба дидорбинӣ меравем, вақти омадан бисёр гиря мекунад, ки ман ҳамроҳи модарам мемонам. Як бало карда мебиёрем. Боз мебиёяд, як ҳафта зиқ мегардад дар фикри модараш."
Ин кӯдакон чӣ будани зиндон ва додгоҳро ҳоло намефаҳманд. Танҳо умед доранд, ки рӯзе табобати модарашон поён меёбаду ба наздашон бармегардад.
Модари Рухшона Ҳакимова: "Мо мегӯем, ки баъди 3-4 рӯз назди модарат меравем, хурсанд мешавад. Ҳар саҳар мехезад, ки як рӯз монд, ду рӯз монд, назди модарам меравам. Модарам ин қадар соз нашуд мегӯяд. Вақте мераванд, Рухшона мегӯяд, боз чор уколам (сӯзандору) монд, уколам тамом шавад, меравам бачам. Ба умед, бечора."
Пайвандонаш мегӯянд, Рухшона Ҳакимова аз шароити зиндон шикоят надорад ва аҳволаш хуб аст. Ӯ дар маҳфилҳои зиндон ширкат мекунад ва забони англисӣ меомӯзад. Аммо дурӣ аз фарзандони хурдсол барояш сахт аст. Ба гуфтаи пайвандон, Рухшона Ҳакимова худро бегуноҳ меҳисобад ва ҳеч гоҳ иттиҳоми эълоншударо напазируфтааст.
Додгоҳ парастории ду фарзанди Рухшона Ҳакимоваро ба дӯши волидонаш гузоштааст. Падару модари Рухшона мегӯянд, аз чизе камбуд надоранд, аммо дарди дурӣ аз модар барои тифлонаш осон нест. Умеди ягонаашон ҳамин аст, ки ин ҳиҷрони талх ҳарчӣ зуд поён ёбад ва Рухшона Ҳакимова ба назди фарзандонаш баргардад.
Шаҳнура:
"Хонаи бобо дар сари кӯча, ҷойи нишасташ дар зери арча.
Ту чигуна зимистон, ҳаво софу беғубор, равон обаки ҷӯйбор."