Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ 17 дарсад гаронтар шуд


Тарҳи боло бурдани нархи барқу гармӣ дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон пазируфта шудааст
Тарҳи боло бурдани нархи барқу гармӣ дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон пазируфта шудааст

Дар шароите ки сокинони рустоҳои Тоҷикистон аз камбуди шадиди барқ азият мекашанд, ҳукумат нархи истифода аз нерӯи барқро барои аҳолӣ ва корхонаҳо зиёд кард.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон 29-уми декабр навишт, ки нархномаи нави нерӯи барқ ва гармӣ дар маҷлиси ҳукумат тасдиқ шуд, аммо рақами дақиқеро наовард. Мақомот танҳо гуфтанд, пардохт бар пояи нархномаи нав аз 1-уми феврали соли 2026 сар мешавад.

Ду манбаи наздик ба ширкати “Барқи тоҷик” 29-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нархи ҳар киловат-соати барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳо 17 дарсад зиёд хоҳад шуд.

“Нархи ҳар киловат барқ барои аҳолӣ аз 35,36 дирам ба 41,37 дирам боло бурда мешавад. Барои корхона ва идораҳо низ арзиши барқ мутаносибан 17 дарсад боло бурда шуд”, - гуфт яке аз манбаъҳо.

Ҳукумати Тоҷикистон бори охир моҳи апрели соли 2025 арзиши барқро зиёд карда буд. Он вақт ҳар киловат-соат барои аҳолӣ аз 30,75 дирам ба 35,36 дирам боло бурда шуд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз боло бурдани нархи барқ рушди соҳаи энергетика ва расидан ба худкифоии ширкатҳои “Барқи тоҷик” ва Шабакаҳои интиқолу тақсими барқ аст.

Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, об яке аз боигариҳои асосии кишвар аст ва чун бахши аъзами нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мешавад, набояд нархи он бештар аз тавони молии мардум бошад.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз мансабдорон дар телевизионҳои давлатӣ ва матбуоти кишвар ва ҳатто шабакаҳои иҷтимоӣ иддао мекунанд, ки нархи барқ дар Тоҷикистон пасттарин дар ҷаҳон аст ва биноан мардум онро суистифода мекунанд. Ахиран касе, ки чунин гуфт, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим аст. Барои муқоиса нархи барқ дар Тоҷикистон аз ҳамсояаш Қирғизистон болотар ва бо назардошти даромади аҳолӣ хеле гарон аст.

Ҳоло нархи барқ дар шароите боло бурда мешавад, ки сокинони рустоҳои Тоҷикистон аз камбуди шадиди барқ азият мекашанд. Феълан беш аз 70 дарсади аҳолӣ дар шабонарӯз ба ҳисоби миёна то 6-7 соат барқ мегиранд.

XS
SM
MD
LG