Мадина Ҳалимова, зане, ки худ ва чор фарзандашро ба дарё партофта буд ба 20 сол зиндон маҳкум шудааст. Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ҳукми Додгоҳи минтақаи Кӯлоб 9-уми октябр содир шудааст. Хонаводаи Мадина Ҳалимова мегӯянд, нияти шикоят бурдан аз болои қарори додгоҳро надоранд.
Сайфулло, падари Мадина Ҳалимова 13-уми октябр содир шудани ҳукмро тасдиқ кард, аммо нахост дар бораи қазия суҳбат кунад. Падари Ҳалимова танҳо гуфт, аз болои ҳукм шикоят намекунад. "Дигар чӣ шикоят мебарӣ, шикоят кардан фойида надорад".
Шаби 29 ба 30-уми июн Мадина Ҳалимова, модари 27-солаи чаҳор тифли хурдсол, ки хурдӣ семоҳа ва бузургӣ 5-сола буд, чаҳор фарзанд ва худашро зоҳиран бо қасди худкушӣ ба рӯдхонаи Сурхоб андохт. Чор фарзандаш ғарқ шуда ҷон доданд, вале худаш зинда монд. Ҷасади се тифлашро пайдо кардаанд, аммо фарзанди чоруми ин зан пайдо нашуд.
Бо гузашти чор моҳ аз ҳодиса дақиқ нашуд, ки Мадина Ҳалимова чаро қасди ҷони фарзандонаш кард? Ҳадсу гумон дар бораи ин фоҷиа зиёд аст. Мақомоти ноҳияи Фархор гуфтанд, Мадина Ҳалимова аз сабаби "рашк", фарзандони худро ба дарё андохтааст. Вале хонаводаи Қудратулло Шарифов, ҳамсари Мадина Ҳалимова фарзияи "баҳси хонаводагӣ ва доштани зани дуюм"-ро рад карданд.
Хонаводаи шавҳари Мадина Ҳалимова мегӯянд, ӯ мушкилоти равонӣ доштааст, аммо ин фарзия ҳам тасдиқ нашуд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ 13-уми октябр аз падари Мадина Ҳалимова пурсид, ки духтараш дар бораи сабабҳои даст ба ин кор заданаш дар додгоҳ чӣ гуфт? Сайфулло, падари ин зан гуфт, намехоҳад дар ин бора суҳбат кунад ва гӯширо гузошт.
Дар соли равон ин ягона ҳодисае нест, ки волидайн қасди ҷони фарзандонашонро мекунанд. Моҳи июни имсол Юлдуз Бозорова, як сокини 24-солаи ноҳияи Қубодиён фарзандони худ Муҳаммадҷони 5-сола, Исои 4-сола ва Ҳадичаи шашмоҳаро чанд кордӣ задааст. Ҳадичаи шашмоҳа, ки аз се ҷои баданаш захм бардоштааст, рӯзи 5-уми июл дар шифохонаи ноҳияи Шаҳритус ҷон дод. Додгоҳи вилояти Хатлон моҳи сентябри имсол ин занро ба 28 сол зиндон маҳкум кард.
Ҳамчунин моҳи июли имсол Парвиз Одинаев, як сокини шаҳри Турсунзода писараш Хусрави 15-соларо шиканҷа кардва ноболиғ чанд соат баъд дар хонаашон фавтид. Ин парванда феълан дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ мешавад ва ҳукм содир нашудааст.
Се ҳодисаи марги фарзандон аз дасти волидайн бори дигар мавзӯи бадрафтории волидайн ба фарзандонро дар Тоҷикистон доғ кард. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар пайи ин ҳодисаҳо гуфт, зарур аст, ки барои ҳифзи кӯдакон чораҳои бештар андешида шавад.
Тибқи иттилои расмӣ, имсол хушунати зидди наврасон 30 дарсад зиёд шудааст.