Ба наздикӣ як рӯҳонии тоҷик эълон кард, ки занҳо барои дигар кардани чеҳраашон бо сӯзандору дар “рӯзи қиёмат” посух хоҳанд дод. Дар кишвари дигари Осиёи Марказӣ, Туркманистон, занҳоро барои зебоии зоҳирӣ на танҳо дар он, балки дар ин дунё низ ҷазо медиҳанд. Дар ин кишвар ҳатто занонро бо лабҳои барҷастаи тағйирдода ва абрӯю мижгони сохта ба парвози хориҷӣ роҳ намедиҳанд. Чаро рӯҳониён ва ҳукуматҳои дунявӣ дар минтақа талош доранд, ки чеҳраи зоҳирии занҳоро назорат кунанд?
"БОТОКС НАКУНЕД ВА ЛИБОСИ ТАНГ НАПӮШЕД"
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар намози ҷумъаи 17-уми октябри имсол муд шудани "ботокс" ва абрӯю мижаҳои сунъиро дар миёни занҳои тоҷик танқид кард. Навори суҳбати ӯ дар саҳифаи Шӯрои уламои Маркази исломӣ нашр шуд ва ҳазорон нафар онро диданд.
Абдулқодирзода ҷарроҳиро барои зебоӣ "ҳаром" номида, даъват кард, ки занҳо бояд ботину рафторашонро дигар кунанд, на дар пайи тағйири зоҳирӣ бошанд.
Ӯ бо сӯзандорӯ бузург кардани лаб ва ҷарроҳии пластикии чеҳраро танқид карда, гуфт, ин зоҳирро Худо ба занҳо додааст ва дигар кардани он “амали ношоиста" буда, дар охират ҷавобгарӣ дорад.
Раванди дахолат ба либосу чеҳраи занҳо дар Тоҷикистон пештар аз ин, дар сатҳи ҳукумат оғоз шуда, якуним сол қабл расман дар пӯшиши либос маҳдудият ҷорӣ шуд. Баҳори соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, тарҳи тағйир ба қонуни танзими ҷашну маросимро имзо кард, ки мутобиқи он воридоти “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона", фурӯш ва таблиғи онҳо манъ дониста шуд. Барои риоя накардани он аз 7920 то 57600 сомонӣ (аз 860 то 6260 доллар бо қурби имрӯз) ҷарима пешбинӣ шудааст.
Дар матни қонун равшан гуфта нашудааст, ки манзур аз "либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона" кадом аст, вале коршиносон мегӯянд, бештар либосҳои хоси кишварҳои Ховари Миёна, мисли ҳиҷобу ниқоб дар назар аст. Дар навиштаи расонаҳои давлатӣ ва забони таблиғгарони ҳукумат ин бештар бо номи "либоси бегона" садо медиҳад.
Як мансабдор боре соҳибони чунин либосро "маймун" ва "зоғҳои сиёҳ" низ номида буд. Расонаҳои маҳаллӣ борҳо гузориш доданд, ки занҳоро бо сатру ҳиҷоб ба идораҳои давлатӣ, мисли мактабу беморхона роҳ намедиҳанд ва аз онҳо талаб мекунанд, ки бо «либоси миллӣ» биоянд.
Дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон гоҳо зери ибораи "либоси ба фарҳанги миллӣ бегона" куртаҳои доманкӯтоҳ ва нимтанаҳо низ зикр мешаванд. Моҳи июли соли 2024 кормандони милисаи шаҳри Душанбе ду зани ҷавонро боздошт карданд, ки дар саҳифаҳояшон дар Инстаграм бо либоси нимтана ва нимбараҳна акс гузоштаанд. Пулиси Душанбе навишт, ки бо чунин тарзи либоспӯшӣ онҳо "шарафи зани тоҷикро паст задаанд". Мақомот акси онҳоро бе он ки чеҳраашон пӯшонда шавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.
Ба гуфтаи пулис, пас аз "корҳои фаҳмондадиҳӣ" духтаронро раҳо карданд, вале акс ва ному насаби онҳо ҳанӯз дар шабакаҳои иҷтимоии вобаста аз Вазорати корҳои дохилӣ мондааст.
Ҳамзамон, Шӯрои уламои Тоҷикистон зидди либосҳои "танг, сиёҳ ва ҳарир", ки баданро пурра намепӯшонанд, фатво дод ва гуфт, ки чунин либоспӯшӣ хилофи "фарҳанги миллӣ" мебошад.
"Либосҳои миллии анъанавии модарону хоҳарони тоҷик, ки аз рӯймол, курта ва пойҷома иборат аст, ки комилан ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз ин рӯ, пӯшидани либоси миллии мо дар фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ иҷозат буда, нисбат ба ҳар навъи либоси дигар афзалият дорад. Пӯшидани либосҳои рангаи миллӣ дар мазҳаби мо ҷоиз аст," – гуфта шудааст дар фатвои Шӯрои уламо.
Дертар, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дастурамали либосҳои миллиро нашр кард, ки дар он ба занҳо вобаста ба син ва мавсим пӯшидани либосҳои миллиро тавсия медод. Мақомот гуфтанд, ки "дар дастурамал либосҳо барои хидматчиёни давлатӣ, барои сайру гашт, барои чорабиниҳои фарҳангӣ, барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бо назардошти арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ хос” либос тавсия шудааст.
Ҳадафи ин тавсияро “ҳифзи фарҳанги миллӣ” номиданд, вале коршиносон мегӯянд, ба баҳс кашидани либоси миллӣ дар сатҳи ҳукумат дур кардани зеҳни мардум аз мушкилоти бекориву нодорӣ ва болоравии нархҳо аст.
Як ҷомеашинос, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, вақте дар кишвар сатҳи зиндагӣ поин рафтааст ва мушкилот бештар мешавад, ҳукумат барои гурез аз ҳали мушкилот ба “мавзуъҳои ахлоқӣ” тамаркуз мекунанд.
“Ин як шакли назорати иҷтимоӣ аст, ки дар зери ниқоби ғамхорӣ дар бораи ахлоқ пинҳон шудааст. Дар баробари ин, масъалаи намуди зоҳирии зан ба як абзори таъсиррасонии идеологӣ, мисли мубориза бо "либосҳои бегона", табдил ёфтааст,”—гуфт ӯ.
ҶАЗО БАРОИ ПОЙМОЛИ “АРЗИШҲОИ ТУРКМАНӢ”
Дар Туркманистон кор ба ҷое расидааст, ки ниҳодҳои давлатӣ талош мекунанд, то намуди зоҳирии занҳоро танзим кунанд. Пас аз сари қудрат омадани Сардор Бердимуҳаммадов дар соли 2022 (ӯ ин вазифаро аз падараш, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов мерос гирифт) назорат сахттар шуд. Ба занони туркман пурранг кардани чеҳра, ранг кардани мӯй, часпондани мижгону нохунҳои сунъӣ ва сӯзандору барои ботокс манъ шуд.
Дар соли 2023 дар шаҳри Марв пулис ду занро барои либосҳои "ба фарҳанги туркманӣ бегона" боздошт карданд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки онҳоро пас аз соатҳо бозҷӯӣ раҳо кардаанд.
Ба қавли шоҳидон, пулис ба ин занҳо гуфтааст, ки “мисли туркманҳо либос напӯшидаед ва синаҳоятон намоён аст.”
Ҳамон сол, бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар фурудгоҳи Ишқобод чанд занҳеро, ки мижгони сунъӣ ва ботекс доштаанд, аз сафар пас гардонаанд. Кормандони фурудгоҳ гуфтаанд, ки дурбинҳои шиносоии фурудгоҳ бо сабаби тағйири чеҳра онҳоро натавонистаанд, шиносоӣ кунанд.
Дар пайи танқидҳои байнулмилалӣ, Сардов Оразов, вакили туркман дар порлумони ин кишвар гуфтааст, ки ин танҳо тафтиши “вазъи беҳдоштӣ” буда, ҳеч рабте ба “маҳдудияти ҳуқуқи занҳо”надорад.
“Ба фикрам, ба шумо дар бораи намуди зоҳирии занон хабари нодуруст додаанд. Мо ин масъаларо аз нигоҳи тиббӣ баррасӣ кардем. Як таҳлили густарда анҷом шуд, ки дар он нуктаҳо ва бандҳо оид ба зиддисанитарӣ ва кори ғайриқонунӣ дар соҳаи косметология ошкор гардид,“--гуфт ӯ.
Зимнан, кормандони пулис дар кӯчаҳо санҷишҳо гузаронида, занонеро, ки "ороиши аз ҳад зиёд" ва "либоси номуносиб" доранд, боздошт мекунанд. Барои нақзи "фарҳанги туркманӣ" (ҳукумат зери ин мафҳум аз либоспушӣ то рафтори сокинонро назорат мекунад) ҷарима ва аз кор рондан таҳдид мекунад.
Бино ба гузоришҳо, даҳҳо зан дар ширкати миллии ҳавопаймоӣ ва хадамоти роҳи оҳан, гӯё ба далели бузург кардани лаб ё насби пистонҳои сунъӣ, аз кор ронда шудаанд.
Дар қонунгузории Туркманистон феҳристи либосҳои «муносиб» ё «номуносиб» барои занони туркман нишон дода нашудааст ва қоидаҳои муайяни рафтори онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, мақомот бо баҳонаи нақзи «фарҳанги туркманӣ» назорату маҳдудиятро сахттар мекунанд.
"ДАСТАК БАРОИ НАЗОРАТИ ЗАНҲО БО БАҲОНАҲОИ АХЛОҚӢ"
Коршиносон бар ин назаранд, ки дар Туркманистон ва Тоҷикистон бо баҳонаи «ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ахлоқӣ» зиндагиву кори занонро назорат карда, таваҷҷӯҳи ҷомеаро аз мушкилоти асосӣ дур мекунанд.
Анора Содиқова, ҷомеашинос аз Душанбе мегӯяд, «Вақте ки ҳукумат ё фаъолони динӣ дар бораи ботокс ва либос баҳс мекунанд, онҳо аз суҳбат дар бораи бекорӣ, фасод ва болоравии нархҳо дурӣ меҷӯянд. Ин як амали санҷидашуда аст. Бо баҳонаи ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, мақомдорони ин кишварҳо "зани идеалӣ"— итоаткор, хоксор ва бе ҳаққи интихобро месозанд».
Як фаъоли ҷамъиятӣ дар Душанбе, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, ҷомеае, ки садҳо мушкили иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳалношуда дорад, назорат ба зоҳиру рафтори занон як роҳи мувофиқ барои ҷалби таваҷҷӯҳ аст. Ҳамзамон ба гуфтаи ӯ, ин нобаробарии ҷинсиро ба бор меорад, ки чаро мақомот бештар ба рафтору шакли зоҳирии занон кор мегиранд, вале ба мардон коре надоранд.
Ӯ гуфт, мардҳо, аз ҷумла мансабдорон чеҳраи худро зебо мекунанд, вале ҳеч гоҳ мақомот аз онҳо намехоҳад, ки либоси миллӣ пӯшанд ва бо тоқиву ҷома гарданд. Ба гуфтаи ӯ, мардҳо ҳам мӯй мечаспонанд ва либосҳои бегона мепӯшанд, вале касе ба онҳо кор надорад.
"ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ" ТАМОЮЛЕ ДАР МИНТАҚА
Шеваи назорати зоҳирии занҳо дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба назар мерасад.
Дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳанӯз расман танқиди ороишии сунъии зоҳирии занҳо садо надодааст, вале бо баҳонаи «ҳифзи арзишҳои миллӣ» шеваи либоспӯшии занҳо назорат мешавад.
Бо нигаронӣ аз афзоиши нуфузи ислом, ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки худро дунявӣ меноманд, зуд-зуд мавзӯи намуди зоҳирии шаҳрвандонро ҳамчун воситаи назорати иҷтимоӣ ва идеологӣ баҳс мекунанд.
Дар моҳи августи соли 2025 дар шаҳри Намангон, дар шарқи Узбекистон, ба занҳои рӯҳониён супориш дода шуд, ки сатрҳояшонро мувофиқи урфу одати маҳаллӣ, бипӯшанд, на инки монанда ба арабҳо. Манъи ниқоб дар Узбекистон ҳанӯз соли 2023 ҷорӣ шуда буд. Мақомот гуфтанд, ки ба хотири шиносии чеҳраи сокинон дар дурбинҳои назоратӣ ин тартибро қабул кардаанд ва барои нақзи он аз 400 то 800 доллар ҷарима пешбинӣ шудааст.
Тобистони соли 2025 президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев қонунеро имзо кард, ки пӯшидани либосҳои рӯйпӯшро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекунад.
Дар Қирғизистони ҳамсоя манъи ниқоб аз моҳи январи соли 2025 эътибор пайдо кард. Барои риоя накардани ин қонун тақрибан 230 доллар ҷарима таҳдид мекунад. Вакилон гуфтанд, ки ин қонун бо ҳадафи бехатарии сокинон қабул шудааст ва маҳдудияти пӯшидани либосро дар назар надорад.
Дар баробари ин, Қирғизистон ягона кишвари минтақа боқӣ мемонад, ки дар он пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳо ва идораҳо иҷозат шудааст. Дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ, идораҳои давлатӣ ва биноҳои ҳукуматӣ манъ аст.
Дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалии Дидбони ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), Афви Байналмилал (Amnesty International) инчунин Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои динӣ ишора мешавад, ки мақомоти Осиёи Марказӣ бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ назорат аз болои намуди зоҳирӣ, рафтор ва ибодати сокинонро сахт назорат карда, ҳаққи сокинонро ба интихоби озод маҳдуд менамоянд.