Мануэл Микаллер, сафири Амрико дар Тоҷикистон, меҳмони Радиои Озодӣ шуд, то дар бораи равобити Вашингтону Душанбе бештар шарҳ диҳад. Суоли аввали мо аз сафири Амрико ин буд, ки аз соли 2023 тамосҳои сиёсию корӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА ба назар бештар шуданд ва то куҷо ин раванд бо омадани Доналд Трамп ба Кохи Сафед ҳифз мешавад? Чун дар давраи аввали раёсатҷумҳурии Трамп ба назар мерасид, кишварҳои Осиёи Марказӣ барои маъмурияти ӯ гуё муҳим нестанд.
Мануэл Микаллер: “Муҳим аст, ки ин равандро дар дарозмуддат ҳифз кунем. Борҳо зикр кардам ва инҷо ҳам мегӯям, ки ифтихор дорам, Иёлоти Муттаҳида яке аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро эътироф кард ва муносибатҳои дипломатиро бо кишвари тозаистиқлол барқарор кард. Ман инчунин ифтихор дорам, ки ин муносибат дар тӯли зиёда аз 30 сол дар давраи маъмурияти ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо рушд ёфт. Ҳадафҳои мо бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон муштарак ва равшану шаффоф ҳастанд. Ин ҳадафҳо дастгирӣ ва тақвияти истиқлол, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва рушди иқтисодии доимии Тоҷикистон ва ба манфиати мардуми ин кишвар мебошанд. Итминон дорам, ки ин равиш дар давраи маъмурияти президенти ояндаи Амрико ҳам идома хоҳад ёфт. Ман бо тавсифи шумо дар бораи маъмурияти аввали Доналд Трамп розӣ нестам. Маъмурияти Трамп ба минтақаи Осиё-Уқёнусия ва минтақаи Ҳинду Уқёнусия тамаркуз карда буд. Ин сиёсат идомаи дастгирии дарозмуддати ҳукуматҳо ва мардуми Осиёи Марказиро низ дар назар дошт."
ЧАРО САРМОЯГУЗОРОНИ ҒАРБӢ БА ТОҶИКИСТОН КАМ МЕОЯНД?
Радиои Озодӣ: Бархилофи ширкатҳои чинӣ, ҳузури сармоягузорони ғарбӣ, аз ҷумла аз Амрико дар Тоҷикистон кам аст. Оё мақомоти Тоҷикистон дар суҳбат бо Шумо ин мавзуъро матраҳ карданд? Посух чӣ буд?
Ман намехоҳам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон қурбонии шахсони беинсоф, қочоқбарон ва миёнаравон шаванд...
Мануэл Микаллер: “Ман пайваста дар бораи шароити тиҷорат ва сармоягузорӣ бо мақомоти Тоҷикистон ва бахши хусусӣ суҳбат мекунам. Онҳо мехоҳанд, сармоягузорони амрикоӣ бештар ба Тоҷикистон оянд. Ин ҳадафи муштараки ман бо ҳукумат, мардум ва бахши хусусии Тоҷикистон аст. Мехоҳам, ки сармоягузорони бештари амрикоӣ дар ин ҷо бошанд, хидматрасонӣ ва маҳсулоти бештари амрикоӣ барои мардуми Тоҷикистон дастрас бошад ва сайёҳони бештари амрикоӣ ба кишвари зебои шумо биоянд. Дар суҳбатҳое, ки бо мақомоти Тоҷикистон дорем, ин бахш ҳам ҳаст, ки чӣ гуна метавонем фазои тиҷорату сармоягузориро дар Тоҷикистон беҳтар созем. Тобистони гузашта бузургтарин ҳайати тиҷоратии ИМА ба Тоҷикистон омада буд ва онҳо созишномаҳои судмандро барои ҳар ду ҷониб имзо карданд. Аз ҷумла ҷорӣ кардани низоми пардохти “Google Pay” дар Тоҷикистон. Шумо комилан дуруст мегӯед, ки дар инҷо сармоягузорони амрикоӣ ба он дараҷае, ки ҳарду кишвар мехоҳанд, нестанд. Аммо ҳар як тиҷорати амрикоӣ, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳузур дорад, кӯшиш мекунад, ки фаъолияти худро васеътар кунад. Дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла бахши истихроҷ, энергияи сабз, фанновариҳои нав ва тандурустӣ имкони овардани ширкатҳои амрикоӣ ҳаст. Як қисми асосии барномаҳои мо тавассути USAID (Оҷонси ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ) ва дигар ниҳодҳои ҳукуматии ИМА ин аст, ки ба Тоҷикистон ёрӣ кунем, то имкониятҳои бузургро амалӣ созад."
“1600 ТОҶИКИСТОНӢ РАВОДИД ГИРИФТАНД”
Радиои Озодӣ: Солҳои охир шумори муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар ИМА меафзояд. Шумо дар бораи омори умумии тоҷикистониҳои муқими Амрико чӣ маълумот доред? Онҳо асосан бо чӣ кор машғуланд ва шумори занону кӯдакон аз миёни онҳо чанд аст?
Мануэл Микаллер: “Дар бораи шумора ё макони тоҷиконе, ки имрӯз дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунанд, маълумоти мушаххас надорам. Танҳо гуфта метавонам, ки соли гузашта зиёда аз 1600 шаҳрванди Тоҷикистон имкони сафар ба Иёлоти Муттаҳидаро доштанд. Ду сол пеш сафорати ИМА дар Душанбе бори аввал ба баррасии ҳуҷҷатҳои раводиди муҳоҷиратӣ оғоз кард. Аз он вақт мо садҳо раводиди муҳоҷиратӣ содир кардем ва ин кор идома меёбад. Сиёсати ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ин аст, ки шаҳрвандон ва меҳмонон ба ин кишвар қонунӣ сафар кунанд."
ТРАМП БО МУҲОҶИРОН ЧӢ МЕКУНАД?
Радиои Озодӣ: Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, гуфтааст, ки муҳоҷирати ғайриқонуниро таҳаммул нахоҳад кард ва ин мавзуъ бисёриҳо, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро нигарон кардааст. Шумо дар бораи нақшаҳои Трамп дар ин замина чӣ хабар доред ва ба муҳоҷироне, ки дар хоки ИМА ҳастанд, чӣ машварат медиҳед?
Мануэл Микаллер: “Ман ҳамеша ба меҳмонони амрикоӣ, ки ба кишвари зебои Тоҷикистон меоянд, чанд нуктаро таъкид мекунам: ҳамаи мо меҳмонони ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳастем, бинобар ин муҳим аст, ки қонун, фарҳанг ва таърихи ин кишварро эҳтиром кунем. Ҳар кишвар, ҳар ҳукумат, ҳуқуқ ва масъулияти таъмини амнияти сарҳадҳои худ, татбиқи қонун ва қоидаҳои муҳоҷиратро дорад. Ҳамчун сафир бисёр мехоҳам имкониятҳои сафар барои тоҷикистониҳо ба Иёлоти Муттаҳида, таҳсил, баҳрабарӣ аз таърих ва фарҳанги мо бештар шавад. Аммо аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки инро ба таври қонунӣ, бехатар ва бо масъулият анҷом диҳанд, шуруъ аз эҳтиром гузоштан ба қонунҳои мо. Ин хеле муҳим аст, зеро ман намехоҳам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон қурбони шахсони беинсоф, қочоқбарон ва миёнаравон шаванд, ки ба онҳо маълумоти нодуруст пешниҳод мекунанд. Хеле муҳим аст, ки тоҷикон ба таври бехатар ба ИМА сафар кунанд. Дар инҷо тамошобинон ва хонандагони шуморо ҳам ташвиқ мекунам, ки барои гирифтани маълумот дар бораи муҳоҷират ба Амрико ва гирифтани раводид танҳо ба манбаъҳои расмӣ муроҷиат кунанд. Аз ҷумла, сомонаи расмии сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо нишонии www.tj.usembassy.gov."
Радиои Озодӣ: Шумо дар бораи нақшаҳои Трамп дар ин замина чӣ хабар доред?
Ҳеч рӯзноманигор барои анҷоми вазифаи касбии худ, хидмат ба мардум ва ҳукумати Тоҷикистон набояд мавриди озор, таҳдид ё ҳабс қарор гирад.
Мануэл Микаллер: "Президенти мунтахаб Донадл Трамп 20-уми январи соли оянда ба вазифа шуруъ мекунад. Танҳо пас аз оғози кори президент ва кобинаи нав, мо дар бораи сиёсат ва барномаҳои ӯ маълумоти бештар мегирем, аз ҷумла дар бахши муҳоҷират. То он вақт Ҷо Байден президенти мо мемонад ва мо сиёсати маъмурияти Байденро пеш мебарем."
ТАВСИЯИ САФИР
Радиои Озодӣ: Дар Амрико шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия Салимҷон Насриддинов мунтазири ҳукми додгоҳ аст. Айни замон овозаҳое ҳаст, ки гуё ӯро бо дигар зиндониҳо метавонанд иваз кунанд. Шумо дар бораи ин нақшаҳо чӣ иттилое доред?
Мануэл Микаллер: "Дар бораи парвандаҳои мушаххас маълумот надорам. Инчунин дуруст нест дар бораи кори мақомоти тафтишотӣ суҳбат кунам. Танҳо ба шумо ва тамошобинон мегӯям, ки Иёлоти Муттаҳида як кишвари қонунманд аст ва ҳар касе, ки боздошт ё ҳабс мешавад, ба вакили дифоъ ва мурофиаи одилона дастрасӣ дорад. Бинобар ин, ҳамаи онҳое, ки дар ИМА боздошт ё ҳабс мешаванд, бояд ба адвокат муроҷиат кунанд. Ҳамаи меҳмонони Иёлоти Муттаҳида ҳуқуқи дастрасӣ ба вакили дифоъ доранд ва ҳар касеро, ки ба ин вазъият дучор мешавад, ташвиқ мекунам, ки аз ҳуқуқҳое, ки онҷо доранд, истифода баранд."
Радиои Озодӣ: Мо дар бораи дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои ИМА қарор доштани даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, асосан гумонбарон дар вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират хабарҳо дарёфт мекунем. Аз рӯи маълумоте, ки шумо доред, омори умумии тоҷикистониҳои зиндонӣ ва боздоштшуда дар ИМА чанд нафаранд?
Мануэл Микаллер: "Мутаассифона, дар бораи шумораи шаъсоне, ки дар Амрико барои нақзи қонун, аз ҷумла қонунҳои муҳоҷират боздошт шудаанд, маълумот надорам. Бинобар ин барои ман душвор аст дар бораи вазъи ҳуқуқии онҳое суҳбат кунам, ки боздошт шудаанд ё вурудашон ба Иёлоти Муттаҳида рад шудаааст. Он чизе, ки ба ҳамаи меҳмонони Иёлоти Муттаҳида тавсия медиҳам, ин аст, ки аз қонунҳои мо огоҳ бошанд ва онҳоро риоя кунанд. Лутфан ба Иёлоти Муттаҳида ба таври қонунӣ, бо масъулият ва бехатар сафар кунед ва пас аз вуруд ба Амрико аз ҳаққе, ки ба шумо дода шудааст, истифода баред."
АМРИКО БА САРКӮБИ ОЗОДИҲО ДИГАР ДИҚҚАТ НАМЕДИҲАД?
Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, дар миёни ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва рӯзноманигорон ин интиқод ҳаст, ки Амрико ба вазъи ҳуқуқи инсон ва маҳдудияту саркӯбҳо дар Тоҷикистон дигар бетавофут шудааст. 10-15 сол пеш намояндагони сафорати Амрико ба мурофиаи хабарнигорон меомаданд ё изҳорот медоданд. Давоми ду соли охир қариб даҳ хабарнигору блогер дар Тоҷикистон зиндонӣ шуданд. Аммо ягон вокуниши ҷиддии сафоратро нашунидем. Посухи Шумо ба ин танқидҳо чӣ аст?
Мануэл Микаллер: "Ман ба талошҳои 10-15 сол пеши сафорати ИМА, ки шумо зикр кардед, шинос ҳастам, зеро аз соли 2010 то 2013 роҳбари бахши сиёсӣ будам. Ман ин кӯшишҳоро барои ҳифзи ҳуқуқи инсон, дифоъ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешбурди озодии матбуот
роҳбарӣ мекардам. Ман ба шумо итминон медиҳам, ки аз замони бозгашти ман ҳамчун сафир дар ду соли пеш, ин суҳбатҳои ошкорро бо ҳукумат идома дода истодаем. Ман мунтазам ин масъаларо дар сатҳи баландтарини ҳукумат мебардорам, мунтазам нигаронии худро дар бораи озодии матбуот дар миён мегузорам ва парвандаҳои мушаххасро мебардорам. Ҳукумати Тоҷикистонро барои эътироф кардани ин соҳа ҳамчун як соҳаи қабулшудаи муколама байни мо табрик мекунам. Дар мубодилаи ошкор мо ин мавзуъро дар рӯҳияи шарикӣ баррасӣ мекунем. Мо бо матбуоти тоҷик, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумати Тоҷикистон кор мекунем, то арзишҳои пешбинишуда дар Конститутсияи Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодона ҷамъ шудан ва озодии баён амалӣ шаванд. Илова ба суҳбатҳои мунтазами мустақими мо бо мақомот, сафорат ва шахсан ман дар бораи ҳуқуқи инсон ва махсусан дар бораи озодии матбуот ошкоро сухан гуфтаем. Ду соли ахир дар Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ман аз ҳукумат даъват кардам, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорони зиндониро озод кунанд ва шахсони мушаххасро бо номашон гуфтам. Он чизе, ки мушаххас гуфтаам, ин аст, ки ҳеч рӯзноманигор барои анҷоми вазифаи касбии худ, хидмат ба мардум ва ҳукумати Тоҷикистон набояд мавриди озор, таҳдид ё ҳабс қарор гирад."
Радиои Озодӣ: Аммо сарфи назар аз ин нигарониҳо ва ҳам интиқоди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, давоми ду соли охир даҳ хабарнигору блогер дар Тоҷикистон зиндонӣ шуданд. Чаро нигаронии кишварҳои ғарбӣ дигар бетаъсир аст?
Мануэл Микаллер: "Барои ҷавоб гирифтан дар ин бора шумо бояд ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кунед. Бигзор онҳо бигӯянд, ки посухашон ба ҳарфҳои сафорати Амрико ва созмонҳои ҷаҳонӣ чӣ аст. Аммо иҷозат диҳед, ки хеле равшан бигӯям, ки ин мавзӯи нигаронкунанда барои мо мебошад. Мо суҳбат дар бораи ин мавзуъро бо ҳукумати Тоҷикистон идома медиҳем. Рӯзноманигорон барои хабар расондан набояд мавриди озор, таҳдид ё ҳабс қарор гиранд. Рӯҳияи сӯҳбатҳои мо бо ҳукумат ҳамин аст. Таҷрибаи мо дар Иёлоти Муттаҳида нишон медиҳад, ки матбуоти озод ва мустақил барои рушд, пешрафт ва тараққиёти ҳар як кишвар аҳамияти калон дорад. Орзуи ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон низ рушду пешрафт аст, ки бар аҳамияти озодии матбуот асос ёфтааст."
“ҲАВОПАЙМОҲО МОЛИ АМРИКО ҲАСТАНД”
Радиои Озодӣ: Чанд вақт қабл сафири Амрико дар Узбакистон гуфт, ки ҳавопаймо ва чархболҳое, ки аз Афғонистон ба Узбекистон дар пайи суқути ҳукумати Ғанӣ оварда шуданд, моли Узбекистон ҳастанд. Оё масъалаи таҳҷизоте, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон он замон оварда шуда буд, ҳал шуд?
Мануэл Микаллер: "Масъалаи ҳавопаймоҳое, ки соли 2021 дар инҷо фуруд омаданд, байни ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳавопаймоҳо моликияти ИМА мемонанд. Мехоҳам ба ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос гӯям, ки ҳаққи моликияти Иёлоти Муттаҳидаро ба ҳавопаймоҳо эътироф карда, талабҳои “Толибон”-ро барои баргардондани чархболҳо рад кард. Суҳбатҳои мо барои роҳҳои таъмини амнияти Тоҷикистон, пешбурди суботи минтақа ва тақвияти истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон идома доранд. Ҳукуматҳои ду кишвар дар вақти мувофиқ маълумоти навро пешниҳод мекунанд."
Навори пурраи суҳбатро дар инҷо бинед:
ДАР БОРАИ ХАТАРИ ГУРӮҲҲОИ ТУНДРАВ
Радиои Озодӣ: Гурӯҳҳои ҷанҷгӯ, ки дар Афғонистон мустақар ҳастанд, то кадом андоза ба амнияти Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистон, таҳдид мекунанд? Нигарониҳои кишварҳои минтақа ва Русия то кадом андоз воқеӣ аст?
Мануэл Микаллер: "Ман фикр мекунам, ки ин кишвар, ин ҳукумат бо таҳдидҳои воқеии берунӣ рӯ ба рӯ аст. Таҳдиди шохаи "Хуросон"-и ДОИШ, Ҷамоати Ансоруллоҳ ва гурӯҳҳои дигар ба Тоҷикистон ва дар асл ба ҳамаи мо воқеӣ аст. Боз ҳам зикр мекунам, ки ин ифротгароии хушунатомез ва терроризм таҳдиди муштарак аст. Мо талошҳо барои ҳифзи сарҳад ва ҳифзи мардуми Тоҷикистонро дар руҳияи шарикӣ идома медиҳем."
Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, моҳи ноябри соли гузашта Грегори Лоҷерфо, муовини аввали ҳамоҳангсози Бюрои мубориза бо терроризм дар Вазорати корҳои хориҷии Амрико зимни сафараш ба Душанбе дар суҳбат ба мо гуфта буд, гуруҳи «Ансоруллоҳ»-ро барои Тоҷикистон «хатари воқеӣ» меҳисобад. Толибон инро қабул надоранд ва мегӯянд, иҷоза намедиҳанд аз хоки Афғонистон алайҳи ҳамсояҳо хатаре таҳдид кунад. Дар ин миён то куҷо метавон ба ҳарфҳои Толибон эътимод кард?
Мануэл Микаллер: "Ман комилан бо арзёбии дӯстам Грегори Лоҷерфо дар бораи таҳдиди гуруҳҳои ҷангҷӯ, ифротгаро ва террористӣ, ки Тоҷикистон рӯ ба рӯ аст, мувофиқ ҳастам. Барои мо хеле муҳим аст, ки режими «Толибон»-ро на танҳо аз рӯи сухан, балки аз рӯи амалҳояш баҳо диҳем. Онҳо низ дар он тарафи сарҳад масъулият доранд, аммо мо кӯшишҳои худро барои дастгирии сарҳадбонони тоҷик ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома медиҳем, то сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон ҳифз шавад. Дар тӯли 30 соли охир мардуми Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 2 миллиард доллар дар шаклҳои гуногун ёрӣ расондаанд. Қисми зиёди ин маблағ барои амнияти сарҳад ва кумакҳои зиддитеррористӣ, аз ҷумла сохтани иншоот, омӯзиш, таҷҳизот ва технологияи муосир сарф шудааст. Ҳафтаи гузашта ман дар сарҳади Афғонистон будам, то иншооти сохташударо ба сарҳадбонони Тоҷикистон супорам ва аз онҳо барои хидмати зиёдашон ба Тоҷикистон миннатдорӣ кардам. Танҳо дар ҳафтаи гузашта ИМА барои бунёди биноҳо, расондани таҷҳизот ва гузарондани давраҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти қудратӣ, ба Тоҷикистон тақрибан 25 миллион доллар кумак расонд. Чаро? Ин муҳим аст. Ин як таҳдиди муштарак ба зидди ҳамаи мост. Уҳдадории доимии мо ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ин аст, ки роҳҳои дастгирӣ ва тақвияти истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии шуморо бар зидди таҳдидҳои берунӣ пайдо кунем. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои кумак дар безараргардонии минаҳо, муҳимоти нотаркида, ёрӣ ба қурбониёни минаҳо ва эҳёи иқтидори Маркази миллии безараргардонии минаҳо, ба Тоҷикистон беш аз 35 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст."
Радиои Озодӣ: Шумо ишора кардед, ки «Толибон»-ро на аз рӯи ҳарф, балки аз рӯи амалашон баҳо медиҳед. Ин гурӯҳ бештар аз 3 сол аст, ки дар Афғонистон ҳукумат мекунад, то куҷо онҳо дар ин муддат нишон доданд, ки дар пайи безарар кардани гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд?
Мануэл Микаллер: "25 миллион долларе, ки зикр кардам, танҳо дар ҳафтаи гузашта буд. Кумаке, ки ИМА ба Тоҷикистон барои ҳифзи сарҳад расонидааст, пеш аз тасарруфи Афғонистон аз сӯи «Толибон» буд. Мо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро дар мубориза бо таҳдидҳои муштарак шарики худ мебинем. Ман мавқеи усулии ҷаноби олӣ, президенти Тоҷикистонро нисбат ба низоми “Толибон” ҷонибдорӣ мекунам, ки ба ташкили ҳукумати фарогир ва ҳифзи ҳуқуқи тамоми мардуми Афғонистон даъват кард, аз ҷумла занон, кӯдакон, тоҷикон, туркманҳо ва дигарон. Ман бо нигаронии амиқи президент дар бораи вазъи мардуми Афғонистон ва даъватҳои ӯ барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон шарик ҳастам. Ин мавқеи ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мебошад. Ман инчунин мехоҳам суханони президенти Тоҷикистонро зикр кунам, ки гуфта буд, террорист ва терроризм ватан ва миллат надорад. Зеро боз такрор мекунам, мо дар мубориза бо ин таҳдиди муштарак шарик ҳастем. Дар инҷо мехоҳам озор, таҳдид ва интиқом бар зидди муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ, ки қурбони идеологияи бардурӯғи ифротгароии хушунатомез шудаанд, маҳкум кунам. Аз ин рӯ, илова бар ҳамкориҳои мо дар соҳаи мудофиа, амният ва мубориза бо терроризм, Иёлоти Муттаҳида барномаҳои худро барои дастгирии кӯшишҳо барои бартараф кардани сабабҳои аслии терроризм ва ифротгароро идома медиҳад, махсусан барномаҳои мо дар соҳаи маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон."
ТАЪСИРИ ҶАНГ ДАР УКРАИНА БА ТОҶИКИСТОН
Радиои Озодӣ: Шумо шахсан ба ваъдаи хатми ҷанги Русияву Украина дар давраи Трамп чӣ назар доред ва агар чунин шуд, ба фикри шумо, ин ҷанг бо чӣ шарту шуруте метавонад анҷомад?
: “Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастгирии Украина ва мардуми онро барои дифоъ аз худ дар баробари ҷанги ғайриқонунӣ ва таҷовузи беасос идома медиҳад. Чанде пеш котиби давлатӣ Энтони Блинкен изҳор дошт, ки мардуми Украина на танҳо барои худ меҷанганд, онҳо барои ҳамаи мо дар ҳимояи тартиботи байнулмилалие, ки бо қонун асос ёфтааст, меҷанганд. Пас, дар ин робита, мо ҳамеша барои ҳалли осоишта аз тариқи музокира, ки ҳуқуқи мардуми Украинаро эҳтиром мекунад, даъват кардаем. Ҳамчун сафири Амрико дар Тоҷикистон, ман аз таъсири ҷанги ғайриқонунии Русия бар зидди Украина ба мардуми Тоҷикистон ва саросари Осиёи Марказӣ хуб огоҳ ҳастам. Озор ва таҳдидҳои маҷбурии муҳоҷирони тоҷик дар хориҷро зикр кардам, ки ин таҳдид ва хатари воқеии маҷбурсозӣ ба хидмати ҳарбиро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, USAID аз соли 1993 ба ин тараф, барои рушди Тоҷикистон кумак мерасонад. Ман хеле хуб огоҳ ҳастам, ки ин ҷанги ғайриқонунӣ ба таваррум ва махсусан амнияти озуқаворӣ, нарх ва дастрасии озуқаворӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна фишор овардааст. Барои ҳамин диққати бештари мо барои бартараф кардани ин зарбаҳои иқтисодӣ ва оқибатҳои он равона шудааст."