Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими Трамп дар мавриди USAID. Кӣ пуштибон ва кӣ нигарон аст?


Доналд Трамп, Вашингтон, 20-уми январи 2025
Доналд Трамп, Вашингтон, 20-уми январи 2025

Маъмурияти Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳида, кори як ниҳоди муҳими амрикоиро, ки дар кишварҳои гуногун ба фаъолияти башардӯстона машғул буд, қатъ кардааст.

Кори USAID ё Оҷонси Рушди Байнулмилалии Амрико, ки дар Тоҷикистон низ тарҳҳои зиёдеро иҷро мекард, бо ҳадафи коҳиши хароҷоти ҳукумати ИМА бас шудааст. Созмонҳои байнулмилалии башардӯстона ҳушдор додаанд, ки қатъи кори Оҷонс метавонад пайомадҳои фалокатбор дошта бошад.

Қатъи муваққатии кори Оҷонси Рушди Байнулмилалии ИМА пешниҳоди миллиардер Илон Маск аст, ки ӯро Трамп масъули коҳиши хароҷоти ҳукумат гузоштааст. Ӯ бар ин назар аст, ки бо ин роҳ бо фасод мубориза мебарад ва як триллион касри буҷаи ҳукумати Амрикоро коҳиш медиҳад.

Чанд манбаи телевизиони CNN ва хабаргузории Associated Press гуфтаанд, кормандони дафтари марказии USAID дар Вашингтон нома гирифтанд, ки рӯзи 3-юми феврал “бо дастури раҳбари Оҷонсӣ” кор қатъ мешавад.

Сомонаи USAID, ки ба гуфтаи Созмони Милал 40 дарсади ёриҳои башардӯстонаро дар ҷаҳон анҷом медиҳад, рӯзи 3-юми феврал дастнорас шуд. Доналд Трамп иддао кард, ки Оҷонсиро “як гурӯҳ девонаҳои ифротӣ раҳбарӣ мекунанд”.

Вай рӯзи 2-юми феврал дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, “мо онҳоро меронем ва сипас дар бораи ояндаи он тасмим мегирем.” Изҳороти Доналд Трамп пас аз он садо дод, ки ба гузориши CNN ва Reuters ду маъмури баландпояи амниятии USAID аз вуруди кормандони Департаменти коромадии ҳукумат (DOGE) ба бинои Оҷонс монеъ шудаанд. Дертар, онҳо ба рухсатии иҷборӣ фиристода шуда, кормандони Департаменти коромадӣ ба ҳуҷҷатҳои сиррии USAID дастрасӣ пайдо кардаанд.

Департаменти коромадии ҳукумат (DOGE)-ро Трамп барои коҳиши харҷоти давлат таъсис додааст ва як раҳбараш Илон Маск аст. Худи Маск USAID-ро, ки даҳҳо миллиард доллар ёрии хориҷии Амрикоро бо ризоияти Конгресс дар саросари ҷаҳон тақсим мекард, "созмони ҷиноӣ" номида, гуфт, "вақти марги он расидааст".

Илон Маск
Илон Маск

Гурӯҳи сенаторҳо аз ҳизби Демократ дар номае ба Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 2-юми феврал навиштаанд, ки дар роҳи расидан ба амнияти миллӣ вуҷуди Оҷонсӣ хеле муҳим аст ва аз баста шудани он “нигаронии амиқ” карданд.

Ҳанӯз рӯзи 24-уми январ Вазорати корҳои хориҷии зери раҳбарии Рубио дастур дод, ки бо ҳадафи танзими сиёсатҳои хориҷӣ ва ҳамоҳангсозии барномаҳо кумакҳои ИМА ба ҷаҳони берун қатъ мешавад.

Марко Рубио моҳи гузашта гуфт, “ҳар долларе, ки сарф мешавад, ҳар барномае, ки маблағгузорӣ мекунем, ҳар сиёсатеро, ки амалӣ карданием, бояд ба се суоли сода посух дошта бошанд: Ин Амрикоро амнтар мекунад? Оё ин Амрикоро қавитар месозад? То куҷо Амрикоро пешрафта мекунад?”

Трамп дастур дод, ки ёриҳои хориҷии ИМА барои 90 рӯз боздошта шаванд. Дар ин муддат бояд маъмурияти Трамп ҳисобот диҳанд, ки то куҷо ин кумакҳо “самарбахш” ва “мутобиқ ба сиёсатҳои ИМА” будаанд.

Гурӯҳҳои башардӯстона ва созмонҳои иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳон аз қатъи кори USAID дар аҳди Доналд Трамп ибрози нигаронии амиқ карданд. Ҷон Игеланд, дабири кулли Шӯрои паноҳандагон дар Норвегия, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қатъи кори ин Оҷонс “барои 22 миллион афғонистонӣ, ки ба кумаки аввалия ниёзманданд, фоҷеабор хоҳад буд.”

Зиёда аз 22 миллион кас дар Афғонистон ба кумак эҳтиёҷ доранд
Зиёда аз 22 миллион кас дар Афғонистон ба кумак эҳтиёҷ доранд

Аз замони таҷовузи Русия ба Украина USAID дар тарҳҳои гуногун миллионҳо доллар ба украиниҳо мадад кардааст. Кори ин Оҷонс дар ин кишвар низ қатъ шудааст. Пештар Доналд Трамп кумакҳои иқтисодӣ ва низомиро ба Украина танқид карда буд.

Назарҳо дар дохил ва хориҷи Амрико ба баста шудани USAID гуногун аст. Бриан Маст, узви Конгресс аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ рӯзи 2-юми феврал дар суҳбат бо телевизиони CBS News гуфт, ӯ бо Рубио ҳамкорӣ ва аз пешниҳоди таҷдиди сохтори USAID пуштибонӣ мекунад.

Дар номаи худ сенаторҳо аз Ҳизби Демократ гуфтаанд, ки ҳар тасмим дар мавриди ояндаи USAID бояд бо тасдиқи Конгрес анҷом шавад.

USAID дар Тоҷикистон низ як созмони шинохта аст ва дар садҳо тарҳ сармоягузорӣ кардааст. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфта буд, ки ин созмон дар сӣ сол беш аз ду миллиард доллар ба Тоҷикистон ёрӣ расондааст.

XS
SM
MD
LG