Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 10-уми феврал дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, “то муайян шудани механизми фаъолияти USAID бо дигар роҳҳо ҳаракат мекунем, дар самтҳое, ки мо фаъолият мекунем, ягон мушкилот пайдо нашавад.”
USAID дар бахшҳои табобати бемориҳои сил, ВНМО (СПИД), солимии модару кӯдак ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Вазорати тандурустӣ кӯмаки молӣ мерасонид. Вазири тандурустии Тоҷикистон таъкид кард, ки созмонҳои дигари байналмилалӣ низ метавонанд ҷойгзуни USAID гарданд.
“Ташкилотҳои дигар ҳаст, "Глобал фонд" ҳаст, ки дар ҳамин самтҳо ба бемориҳои ВИЧ, сил, табларза фаъолият мекунанд, фаъолиятро идома медиҳанд. Боз манбаъҳои дигари маблағгузорӣ ҳастанд, ки ҳаракат мекунем, то корҳое, ки бо ин ташкилот карда будем, нисбат ба солҳои пешин коҳиш наёбанд”, --изҳор дошт Абдуллозода.
Мануэл Микаллер, сафири Амрико дар Тоҷикистон, дар поёни соли гузашта зимни як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфта буд, дар тӯли 30 соли охир мардуми Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 2 миллиард доллар дар шаклҳои гуногун ёрӣ расондаанд.
“Як қисми асосии барномаҳои мо тавассути USAID ва дигар ниҳодҳои ҳукуматии ИМА ин аст, ки ба Тоҷикистон ёрӣ кунем, то имкониятҳои бузургро амалӣ созад", - изҳор дошта буд сафир.
Сомонаи расмии USAID, ки ба гуфтаи Созмони Милал, 40 дарсади ёриҳои башардӯстонаро дар ҷаҳон анҷом медиҳад, рӯзи 3-юми феврал дастнорас шуд. Доналд Трамп иддао кард, ки Оҷонсиро “як гурӯҳ девонаҳои ифротӣ раҳбарӣ мекунанд”. Вале ҷонибдорони USAID изҳороти Трампро як изҳороти шадиди сиёсӣ дониста, онро беасос ва бидуни далелҳои воқеӣ қаламдод карданд.
Кори USAID ё Оҷонси Рушди Байнулмилалии Амрико, ки дар Тоҷикистон низ тарҳҳои зиёдеро иҷро мекард, бо ҳадафи коҳиши хароҷоти ҳукумати ИМА бас шудааст. Ин пешниҳодро миллиардер Илон Маск, ки ӯро Трамп масъули коҳиши хароҷоти ҳукумат гузоштааст, карда буд. Ӯ бар ин назар аст, ки бо ин роҳ бо фасод мубориза мебарад ва як триллион касри буҷаи ҳукумати Амрикоро коҳиш медиҳад.
Созмонҳои байнулмилалии башардӯстона ҳушдор додаанд, ки қатъи кори Оҷонс метавонад пайомадҳои фалокатбор дошта бошад.
Гуфтугӯ