Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли қонуну қоидаҳои нав, вале мушкилзо барои муҳоҷирон дар Русия


Амалиёти нерӯҳои Русия дар Новосибирск. Моҳи апрели соли 2025
Амалиёти нерӯҳои Русия дар Новосибирск. Моҳи апрели соли 2025

Соли 2025 барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон дар Русия соли пур аз дигаргунӣ ва қонуну қарорҳои нав буд. Қонунҳое, ки ба гуфтаи муҳоҷирон кору зиндагии онҳоро дар ин кишвар ба ҳадди охир сахту душвор кард.

Вакилон ва мансабдорони Русия бо қабули даҳҳо тарҳ қариб дар тамоми бахшҳои кору зиндагии муҳоҷирон дар ин кишвар, аз истифодаи замимаву паёмрасонҳои мобилӣ гирифта, то қоидаи убури марзу вуруд ба кишварро дигар карданд. Шумораи қонунҳои нав ва тағйиру иловаҳо аз 35 ҳам гузаштааст.

Дарёфти ҳаққи иқомати доимӣ ва шаҳрвандии Русия танҳо пас аз имзои қарордод ва хидмати ҳарбӣ аз қарорҳои охиринест, ки моҳи ноябри соли 2025 имзо шуд. Як муҳоҷири тоҷик гуфт, ба ин иллат дархости ӯ барои будубоши доимӣ дар вилояти Ханти-Мансии Русия рад шуд. Ба ӯ гуфтаанд, бояд аввал шартномаи ҳарбӣ бандад.

"Гуфтанд, ба хидмат меравӣ ва пас аз як сол ВНЖ мегирӣ. Ман не гуфтам. Фаҳмонданд, ки мардҳои аз 18 то 60-сола бояд ба хидмат раванд. Моҳи феврал РВК (ҳаққи муваққатии иқомат) гирифта будам. Барои ВНЖ ҳама ҳуҷҷатҳоро ҷамъ кардам, вале рад карданд. Чунин қонун баромадааст. Чӣ даркор, ман ҳам шартномаро намепазируфтам,” – гуфт мусоҳиби мо, ки ба далели амниятӣ номашро намеорем.

Мисли ин тоҷикистонӣ акнун садҳо муҳоҷире, ки солҳо талоши гирифтани ҳаққи иқомати доимиро дар Русия доштанд, бояд интихоб кунанд: ё ҷанг ва ё маҳрумият аз иқомати доимиву шиносномаи русӣ. Бо ин роҳ Русия шумори муҳоҷиронро кам ва сафи сарбозонашро бештар мекунад.

"Ба ягон қонуни байнулмилалӣ рост намеояд"

Қонуну қарорҳои нави Русия дар баробари зарба ба кору даромади муҳоҷирон, ҳамчунин, сабаби пароканда шудани даҳҳо оила шуд.

Русия баҳори имсол қоидаи қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳоро сахттар кард. Ин тасмим кӯдакони зиёдеро аз ҳаққи таҳсил дар канори волидон маҳрум намуд ва сабаби ба мактабҳои Тоҷикистон баргаштани онҳо шуд. Таҳлилгарон амали мазкурро хилофи қонунҳои байнулмиллалӣ медонанд.

Раҳмон Улмасов
Раҳмон Улмасов

Раҳмон Улмасов, таҳлилгари масоили муҳоҷират, гуфт: "Шумораи хонандагоне, ки соли хониши 2025-2026 ба мактаб рафтанд, 500 ҳазор кам шуд. Тасаввур кунед, ки баъд аз даҳ сол дар бозори кори Русия 500 ҳазор одам кам мешавад. Фикр мекунам, он коре, ки карданд, ба ягон қонуни байналхалқӣ рост намеояд ва баръакс зиён мерасонад."

  • Роҳандозии ангуштнигорӣ ва супурдани геном ё раванди гирифтани намунаи ДНК дар марз;
  • Ба кор андохтани феҳристи муҳоҷирони шубҳаовар;
  • Назорати ҳаракати муҳоҷирон тариқи барномаи "Амина";
  • Мушкил шудани талаботи дарёфти бимаи тиббӣ барои муҳоҷирон аз ҷумлаи тағйиротест, ки ҳузури коргарони хориҷиро дар ин кишвар мушкилтар ва садҳо нафарро аз Русия берун кард.

"Муҳоҷирати корӣ барои иқтисоди Русия ҳамчун витамин аст"

Раҳмон Улмасов гуфт: "Пайомадаш ин буд, ки дар ҷамъбасти соли 2025 ҳамагӣ 4 нафар аз Тоҷикистон шиносномаи Русия гирифтанд. Аз ин ду нафараш кӯдак. Агар 2-3 соли пешро гирем, дар як сол то 170-180 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрванди Русия мешуданд. Ҳар сол шумораи аҳолии Русия аз 500 то 700 ҳазор кам мешавад. Кам шудани аҳолӣ чӣ маъно дорад? Кам шудани аҳолӣ – кам шудани қувваи корӣ. Муҳоҷирати меҳнатӣ барои иқтисоди Русия ҳамчун витамин кумак мекунад. 6-7 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби муҳоҷирон. Агар инҳо набошанд, чӣ мешавад?"

Баъзе аз муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик то дер умедро аз даст надода, бо ҳар роҳ талоши бозгашт ба Русияро мекунанд. Фарҳод аз Рашт мегӯяд, "ду сол дар додгоҳҳо гаштам, вакил гирифтам, нашуд. Муносибаташон бад мешавад." Вале бархеи дигар аз ин ҳама монеаву маҳдудиятҳо хаставу ноумед шудаанду дигар қасди сафар ба Русияро надоранд.

Дар пурсишҳои сарироҳии мо аксар ҳамсуҳбатон гуфтанд, фурсате фаро расидааст, ки Тоҷикистон саноати худро рушд диҳад ва ҷойҳои нави кор эҷод намояд, то муҳоҷират барои қисми аъзами аҳолӣ дигар ҷаззоб нагардад ва сахтию таҳқиру фалокатҳо ба бор наорад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Қонунҳои нав, вале мушкилзо барои муҳоҷирон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00
XS
SM
MD
LG