Раиси Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ Надежда Атаева мегӯяд, баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус сити ҳолл” дар вилояти Маскав соли 2024 бархӯрд бо муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар берун аз Русия ҳам хеле дигар шудааст: парвандаҳои зиёди аризадиҳандагонро барои паноҳҷӯӣ рад ва аз хоки Аврупо берун мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, шумори муроҷиаткунандагон ба ҳомиёни ҳуқуқ зиёд мешавад, вале на ба ҳамаи онҳо ёрӣ додан имконпазир аст, чунки мақомоти дахлдор дар Аврупо ҳарчи бештар аризаи паноҳандагиро рад мекунанд.
Дар як сӯҳбате бо Надежда Атаева дар студияи Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага аз ӯ хоста шуд, вазъи тағйирёфта нисбати муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро шарҳ диҳад:
Надежда Атаева: Мо якбора боло рафтани мавридҳои муносибати табъйизомез нисбати шаҳрвандони Тоҷикистонро мушоҳида мекунем, ки бешубҳа, аз сиёсати Кремлин маншаъ мегирад. Ман ҳоло ба таърихчаи ҳодисаҳои “Крокус” муроҷиат намекунам ва дар бораи таҷрибаи муроҷиатҳо ба созмони мо мегӯям. Бешубҳа, аксар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Аврупо меоянд, рӯшанфикрон ҳастанд ва ҳам муҳоҷирони корие мебошанд, ки аз Русия тавассути марзи Беларусу Полша омадаанд. Ҳоло қонунҳои муҳоҷират ҳам сахттар мешавад ва онҳое, ки бори аввал дар аризаи мақоми паноҳандагӣ ҷавоби манфӣ гирифтаанд, дар сурати муроҷиат барои бозбинии аризаашон ҳам бештар ҷавоби манфӣ дарёфт мекунанд. Ба онҳое зиёдтар ҷавоби манфӣ медиҳанд, ки эътиқодманд будани худро ошкоро нишон медиҳанд, масалан, агар занҳо ҳиҷоб ва мардҳо риш дошта бошанд, маносики мазҳабиро риоя карда мавқеи динии худро пинҳон намедоранд. Таваҷҷуҳи бахусус ба онҳое дода мешавад, ки дар гирдиҳамоиҳову эътирозҳои дастаҷамъӣ иштирок мекунанд. Чаро чунин рӯйхати афроди заъфпазир тартиб дода мешавад?
Радиои Озодӣ: Яъне шумо гуфтанӣ ҳастед, ки масалан ҳар як давлати аврупоӣ як феҳристи сиёҳи хориҷиҳое ҳаст, ки ба назари онҳо, метавонанд хатар дошта бошанд?
Надежда Атаева: На, ман намегӯям, ки аврупоиҳо чунин феҳристи сиёҳи хориҷиҳоро доранд, на. Манзур ин аст, ки вақте масалан шаҳрвандони Тоҷикистон мавқеи шаҳрвандии фаъоли худро намоиш дода, дар ҳамоишҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, ин чиз мавриди таваҷҷӯҳи ҳукумат ва хадамоти вижаи Тоҷикистон мешавад. Тоҷикистон бо истифода аз ҳамкориҳои миёни сохторҳои махсус, масалан Интерпол ва созишномаҳои дуҷониба дар бораи шахсони муайян дархост мефиристад. Азбаски ин маълумот марбут ба сохторҳо ва пинҳонӣ аст, дар музокираҳои пӯшида аз гӯё содир шудани ҷиноятҳои бисёр вазнин сӯҳбат мешавад.
Радиои Озодӣ: Он чизе, ки шумо ҳоло гуфтед, бештар ба шахсони фаъоли маданӣ ё сиёсӣ рабт мегирад, вале вақте гап дар бораи афроди ғайрисиёсӣ - муҳоҷирони оддӣ меравад, мебинем, ки шумори онҳо хеле зиёд аст. Ин мардум бо андешаҳои иқтисодию молӣ барои пулкоркунӣ ба Аврупо меоянд. Оё онҳо ҳам таҳти фишори сангин ҳастанд?
Надежда Атаева: Фишоре, ки ин гурӯҳи муҳоҷирон таҷриба мекунанд, бештар ба қонунӣ кардани мақомашон рабт мегирад. Онҳо ба Аврупо дар ҷустуҷӯи кор меоянд, ангезаҳои иқтисодӣ доранд ва бисёри онҳо барои гирифтани мақоми паноҳандагӣ муроҷиат мекунанд, вале барои гирифтани созишномаи корӣ майл нишон намедиҳанд. Дар ин сурат онҳо на ҳамеша метавонанд афсари идораи муҳоҷиратро мутақоид кунанд, ки дар ватанашон ба онҳо хатар таҳдид мекунаду аз ин рӯ бояд дар ин кишвар паноҳанда шаванд. Мушкили асосӣ ин аст, ки ин гурӯҳи муҳоҷирон бисёр вақт бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба Аврупо роҳ меёбанд ва мушовирони онҳо нафароне ҳастанд, ки худашон бо қонун мушкил доранд.
Радиои Озодӣ: Яъне ҳодисаҳои “Крокус” боиси он шуд, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Аврупо таваҷҷӯҳи бештар равона шавад
Надежда Атаева: Бале, дуруст аст. Дар бисёр кишварҳои аврупоӣ маҳз ҳодисаҳои “Крокус” сабаб шуд, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир шавад. Пештар онҳоро ҳамчун шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ваё Авруосиё баррасӣ мекарданд. Ҳодисаҳои “Крокус сити” боло гирифт, дар баъзе давлатҳо ба омӯзиши робитаҳои ҷомеаи тоҷикон пардохтанд ва диданд, ки бисёриҳо дар рӯйхати созмонҳои мамнӯъ қарор доранд. Албатта, дуруст аст, ки бояд табиати сиёсии Тоҷикистон амиқ омӯхта шуда чӣ будани феҳристи созмонҳои мамнӯъ дар ин кишвар дуруст дарк карда шавад
Радиои Озодӣ: Баъди ҳодисаҳои “Крокус” оё ба шумо чӣ миқдор шаҳрвандони Тоҷикистон барои ёрӣ муроҷиат кардаанд ва хусусияти шикояти онҳо асосан аз чӣ иборат аст?
Надежда Атаева: Омори фақат созмони мо чандон бузург нест. Ҳоло мо бо парвандаи 20 шаҳрванди Тоҷикистон сарукор мегирем.
Радиои Озодӣ: Ин бештар аз солҳои гузашта аст?
Надежда Атаева: Бале, бештар. Ин нафароне ҳастанд, ки аз сарҳади Беларусу Полша ва ҳам тавассути Туркия ба Аврупо роҳ ёфтаанд. Дар Туркия то як сол пеш бевиза мерафтанд ва имкони ҳамоишёбии онҳо осонтар буд, чун шароити фарҳангию динӣ мусоид будааст. Вале “Крокус” ба онҳо ҳам таъсир кард ва дар зеҳни муҳоҷирони ба Аврупо равонашаванда як хаёли беҳудае вуҷуд дорад, ки дар кишварҳои аврупоӣ онҳоро дарк мекунанд, чунки ин ҷо ҷомеаи ҳуқуқбунёд вуҷуд дорад.
Шакли пурраи сӯҳбат ба забони русӣ ин ҷо аст:
Радиои Озодӣ: Яъне ҳоло дигар ин хаёли беҳуда аст, ба назари шумо?
Надежда Атаева: Хаёли беҳуда аст. Масалан кишварҳои мисли Шведсия бисёр қотеъ ҳастанд. Мо дар бораи парвандаҳои на фақат шаҳрвандони Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дорем, ки аризаҳои паноҳҷӯён дар идораи муҳоҷират бисёр хушку расмӣ баррасӣ шудаанд. Масалан, ҳолате ҳаст, ки аризаи шахс бояд аз рӯи моддаи “бешаҳрвандӣ” баррасӣ шавад, аммо ӯро аз рӯи аризаи “паноҳҷӯӣ” мебинанд, бар асоси ин аризаи ин шахс рад шуда, мӯҳри депортатсия дар муддати 30 сол зада мешавад.
Радиои Озодӣ: Аммо ҷорӣ кардани маҳдудият дар сиёсати муҳоҷиратро мо ҳоло дар бисёр ҷойҳо мушоҳида мекунем. Масалан, президенти Амрико Доналд Трамп сиёсати муҳоҷиратро дар авлавият қарор дод. Шумо ин вазъият ва ҷараёнро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
Надежда Атаева: Медонед, ҳар вақте ки мо дар мурофиаи додгоҳӣ мағлуб мешавем, ин ба маънои ғалабаи сохторҳои махсус аст.
Радиои Озодӣ: Бисёр аст чунин ҳолатҳо?
Надежда Атаева: Вақтҳои охир бисёр шудааст. Агар дар гузашта мо тахминан 30% посухҳои манфӣ дарёфт мекардем, баъд тахминан 50 ба 50 шуд. Ҳоло хеле кам шуда, танҳо дар 15-20 фоизи парвандаҳо мо метавонем ба мардум ёрӣ расонем. Ин ҳолат дар марҳилаи аввалияи парванда сурат мегирад, вақте муроҷиаткунанда аз қадами аввал бо мо ҳамкорӣ мекунад, муқарраротро аз оғоз дуруст иҷро карда, аз дучор шудани ба ҳолатҳои баде, ки дар боло гуфтам, пешгирӣ мешавад.
Гуфтугӯ